Роҳкорҳои амалии ваҳдат дар сираи Паёмбари Акрам(с) 1

ваҳдат

Муқаддима

   Ваҳдати уммати исломӣ аз усул ва арзишҳои мавриди таъкиди Паёмбари Аъзам(с) аст, зеро иззату қудрати ҳаматарафаи мусулмонон дар сояи ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар баробари душманони муштарак аст.

   Он ҳазрат ваҳдатро сабаби асосии иқтидори уммати исломӣ дар тамоми замонҳо ва маконҳо дониста ва барои амалӣ шудани он талошҳои зиёде намудаанд. Қудрату иззати ҷомеаи навпои исломӣ дар асри рисолат натиҷаи ваҳдат ва роҳкорҳои он ҳазрат(с) будааст. Илова бар гуфторҳои ишон дар бораи зарурату аҳамият ва фоидаҳои ваҳдат аз сираи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Паёмбар(с) ба даст меояд, ки он ҳазрат(с) бунёдгузори ваҳдати уммати исломӣ дар ҷомеаи араби он замон будааст. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: «Паёмбар(с) шикофҳои иҷтимоиро ба ваҳдат ислоҳ намуд ва фосилаҳоро ба ҳам пайванд дод.»[2]

   Паёмбари Аъзам(с) усваи комил ва намунаи ибрат дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ табиӣ аст, ки улгу қарор додани сираи он ҳазрат(с) барои мусулмонони имрӯз низ коромадтарин роҳкорҳоро барои таҳаққуқи ваҳдати исломӣ ироа менамояд. Ишон барои барпо намудани ваҳдат байни уммати исломӣ равишҳои гуногуне дошта аст, ки ин масъала дар сираи он ҳазрат(с) ба хуби таҷаллӣ ёфтааст, ки инак хулосавор дар ин ҷо ба баёни баъзеи онҳо пардохта мешавад.

а) Паймонномаи умумӣ дар Мадина

Дар оғози вуруди Паёмбар(с) ба Мадина миёни мусулмонон ва яҳудиён тафоҳуми нисбӣ вуҷуд дошт, зеро ҳар ду гурӯҳ худопараст ва бутшикан буданд ва ҷомеаи яҳудиён тасаввур мекарданд, ки бо тақвияти Ислом аз ҳамлаҳои масеҳиёни Рум дар амон хоҳанд монд ва миёни онҳо ва қабилаи “Авс” ва “Хазраҷ” ҳамбастагӣ ва паймонҳои дерина низ вуҷуд дошт. Аз ин ҷиҳат Паёмбар(с) қарордоде доир бар ваҳдати муҳоҷиру ансор навишт ва яҳудиёни Мадина низ онро имзо карданд. Расули Худо(с) оин ва сарвати онҳоро бо шароите муҳтарам шумурд, ки матни комили онро сиранависон забт кардаанд.[3] Аз онҷо ки ин қарордод як санади таърихии зинда ва ҳикояткунанда аст, (ки чигуна Паёмбар(с) ба онон эҳтиром гузошта ва бо ин паймон тавонист як ҷабҳаи муттаҳид дар баробари душманон ба вуҷуд оваранд) нуқоти ҳассоси ин санадро зикр мекунем. Албатта дар матни қарордод ба рушанӣ қайд шудааст, ки мусулмонон уммати воҳидаи ҷудо аз мардуми дигар ҳастанд ва иртиботе байни онҳо ва кофирон нест, аммо набояд байни худашон дурӣ бошад:

    Мусулмонон дар баробари зулму таҷовуз бо ҳам муттаҳид хоҳанд буд.
    Имзокунандагони паймон миллати воҳидро ташкил медиҳанд. Муҳоҷирони Қурайш ба расми собиқи худ қабл аз Ислом дар пардохтани хунбаҳо боқӣ ҳастанд. Агар фарде аз онҳо касеро кушт ё фарде аз онҳо асир гардид, бояд ба кӯмаки ҳам хунбаҳои ӯро бипардозанд ва асири худро бихаранд.
    Ҳеҷ мӯъмине бе ишораи дигар мӯъминон дар ҷиҳоди дар роҳи Худо сулҳ намекунад ва сулҳ ҷуз барои ҳамагон иҷро нахоҳад шуд.
    Тамоми гурӯҳҳо (ки ба ҷанг машғуланд) ба тартиб вориди ҷанг хоҳанд шуд ва ҷангидан ба як гурӯҳ (ду мартаба пушти сари ҳам) таҳмил нахоҳад шуд.
    «Зимматуллоҳ»[4] нисбат ба ҳамаи афрод яксон аст.
    Агар ихтилофе байни муслимин ошкор шуд, марҷаи ҳалли он Худо ва Расул(с) хоҳанд буд.
    Муслимин фарди қарздор ва мадюнеро, ки дайни ӯ сангин аст, раҳо нахоҳанд сохт, балки ӯро кӯмак мекунанд.
    Ҳеҷ фарди боимоне ҳақ надорад мӯъминеро барои хотири куштани кофире бикушад ва ҳаргиз набояд кофиреро бар зидди мусулмоне ёрӣ кунад.
    Паймон ва аҳди Худо бо тамоми мусулмонон яке аст. Аз ин назар пасттарини онҳо метавонад тааҳҳудоте дар баробари куффор ба зимма бигирад.
    Мусулмонон дӯстон ва пуштибони якдигаранд.
    Ҳар фарде аз яҳудиён агар аз мо пайравӣ кунад ва Ислом биёварад аз кӯмак ва ёрии мо бархурдор хоҳад буд ва тафовуте миёни ӯ ва мусулмонони дигар нахоҳад буд ва касе ҳақ надорад ба ӯ ситам кунад ва ё дигареро ба зидди ӯ таҳрик карда ва душмани ӯро ёрӣ намояд.
    Дар ақду паймони сулҳ бояд мусулмонон мутааҳҳид шаванд ва ҳеҷ мусулмоне бе ҷалби назари мусулмонони дигар ҷуз бар адолат ва баробарӣ наметавонад сулҳ барқарор кунад.[5]

Дар бахши дигаре аз ин паймонномаи таърихӣ, ки ҳокӣ аз руҳи ваҳдатталабӣ байни мусулмонон аст, чунин омада аст:

1-        Ҳеҷ кас ҳақ надорад бе иҷозаи «Муҳаммад(с)» аз ин иттиҳодия берун биравад.

2-        Хуни ҳар маҷруҳе (то чи расад ба мақтул ва кушташуда) аз ин афрод муҳтарам аст ва ҳар кас хуни касеро бирезад, қисос домангири ӯ шуда, саранҷом худ ва оилаи худро ҳалок карда аст, магар ин ки қотил ситамдида бошад.

3-        Дар ҷангҳое, ки яҳудиён ва мусулмонон душодӯши ҳам меҷангиданд, харҷи ҳар кадом бар ӯҳдаи худи онҳост ва ҳар кас, ки бо муттаҳидони ин паймон биҷангад, бояд муттаҳидона бо ӯ ҷангид.

4-        Бояд муносиботи ҳампаймонон бар асоси некӣ ва хубӣ бошад ва низ бояд аз бадӣ дур бошанд.

5-        Ҳеҷ кас набояд дар ҳаққи ҳампаймони худ ситам кунад, ки дар чунин сурат бояд ситамдидаро ёрӣ кунанд.

6-        Дохили «Ясриб» барои имзокунандагони ин паймон минтақаи дорои эҳтиром (ва мамнӯъа) эълом мегардад.

7-        Ҷони ҳамсоягони касоне, ки паноҳ дода шудаанд, ба монанди ҷони мо аст ва набояд ба ӯ зарар расонид.

8-        Мусулмонон ва яҳудиён уммати воҳидаанд ва монанди як миллат дар Мадина зиндагӣ хоҳанд кард ва ҳар як дини худро доранд.[6]

Бо таваҷҷӯҳ ба матни паймоннома ба даст меояд, ки Паёмбар(с) барои эҷоди эҳсосоти муштарак талоши фаровон намудаанд ва ба гувоҳии таърих муваффақиятҳои зиёде низ ба даст оварда аст. Имрӯз низ таҳрики эҳсосоти муштарак нақши зиёде дар муттаҳид намудани умумии гуруҳҳо ва эҷоди ҳамбастагӣ ва ҳамдилӣ дорад.

 

идома дорад…

[2]Наҳҷулбалоға, хутбаи 231, (فلم الله به الصدع، ورتق و الفتق و…).

[3] Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.2, саҳ. 501

[4]Ҳаққе, ки Худованд бар мусулмонон дорад.

[5]Ибни Ҳишом, пешин ҷ.2, саҳ. 147-150, барои огоҳии бештар аз тафсили бандҳои ин паймоннома, Фуруғи абадият, ҷ.1, саҳ. 462 – 465

[6] Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.2, саҳ. 119-123

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...