Зарурати ҳифзи ваҳдат дар қуръон

habl

hablБо як нигоҳи кутоҳ ба таърихи гузаштаи ҷаҳони Ислом ва вазъияти имрӯзаи кишварҳои исломӣ ва мусулмонон ба хуби ин амри Худованди Таборак ва Таоло, ки мусулмононро ба ҳифзи ваҳдат ва якпорчагӣ даъват мекунад, равшан хоҳад гардид. Бар ҳеҷ фарди оқил ва дурандеш аҳамият ва зарурати ваҳдат ва иттиҳод пӯшида нест, зеро як ҷомеа пешрафти моддӣ ва маънавии худро мадюни ваҳдат ва иттиҳоди афроди ҷомеа аст.

Қуръони Карим уммати исломиро ҳамеша ба ваҳдат ва ҳамдилӣ фаро хонда ва онҳоро аз тафриқа ва дудастагӣ боз дошта аст, чунон ки мефармояд:

[1]“و لاتکونوا کالذین تفرقوا واختلفوا من بعد ماجاءهم البینات.”

ва ҳамонанди касоне, ки баъд аз омадани нишонаҳои рушан фирқа-фирқа шуданд ва ихтилоф карданд, набошед. Ва дар ҷои дигар бо ишора бар ин ки тафриқа чи паёмадҳое дорад бар зарурати ваҳдат таъкид намуда ва аз тафриқа боз дошта аст, чунонки фармуда: ”Итоати Худо ва расули ӯро кунед ва низоъ накунед, ки суст мешавед ва ҳайбататон аз байн меравад.

أطیعوا الله و أطیعوا الرسول و لاتنازعوا فتفشلوا و تذهب ریحکم

Дар ин оятт карима бо баёни ин ки «Эй мусулмонон агар бар ваҳдат ва ҳамдилии худ пойдору устувор набошед ва даст ба тафриқа ва ихтилоф бизанед ҳатман суст шуда ва шавкат ва азамати худро аз даст хоҳед дод. Ва ин сухани Қуръони Карим як воқеияте аст, ки имрӯз уммати исломӣ онро бо чашмони худ мебинад, зеро замоне буд, ки ҳамин уммати исломӣ бо такя бар ваҳдат ва ҳамдилӣ бар ду императории Эрон ва Рум пирӯз шуданд, аммо баъд аз он ки даст ба сӯи тафриқа ва фирқагароӣ дароз карданд, баъд аз муддате он азамат ва шавкати худро аз даст дода ва гирифтори мусибатҳои шадиде шуданд, то ҷое, ки имрӯз дар кишварҳои мусулмони Фаластин, Ироқ, Афғонистон ва … муслимин аз зулм ва ситаме, ки бар онон мешавад ба сутуҳ омада, аммо тавони кутоҳ кардани дасти золим аз сари худро надоранд.

Қуръон муслиминро ошкоро[2]   ва гоҳе бо ишора даъват ба ваҳдат ва иттиҳод намуда аст, ки зикри як намуна аз ишороти Қуръони Карим дар ин маврид ишора мегардад:

   Яке аз ваъдаҳои Худованди Таборак ва Таоло бар мусулмонон, ҷаҳонӣ шудани дини мубини Ислом аст ва дар китоби суннати набавӣ(с) суханони зиёде вуҷуд дорад, ки бар ин матлаб далолати возеҳ ва сареҳ доранд, то ҷое, ки ин амр яке аз орзуҳои анҷомшавандаи начандон дури мусулмонон гашта аст.

   Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд[3]:

هُوَ الَّذي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدى‏ وَ دينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَ لَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

Ӯ касе аст, ки фиристодаашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳама динҳо пирӯз гардонад, ва гарчи мушрикон нохушнуд бошанд.

   Зоҳири оят гӯёи ин матлаб аст, ки рӯзе фаро мерасад, ки Ислом ҳам аз назари мантиқ ва истидлол ва ҳам аз назари нуфузи зоҳирӣ ва ҳукумат бар тамоми адёни ҷаҳон пирӯз хоҳад шуд ва ҳамаро таҳти шуои хеш қарор хоҳад дод.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Худованд фармудааст[4]:

ذلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّراً نِعْمَةً أَنْعَمَها عَلى‏ قَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا ما بِأَنْفُسِهِمْ

бояд гуфт, ки ҷаҳонӣ шудани дини мубини Ислом худ ба худ анҷом нахоҳад шуд, балки ин амр аз тариқи асбоб ва муқаддамоти мавриди ниёзи худ ҷорӣ хоҳад шуд ва яке аз асбоб ва муқаддамоти мавриди ниёзи ин амр вуҷуди ваҳдат, иттиҳод ва ҳамдилӣ дар байни уммати исломӣ ва мазоҳиби исломӣ мебошад. Ва Қуръони Карим бо баёни ин ки рӯзе дини Ислом бар тамоми ҷаҳон ҳукмронӣ хоҳад кард бар тамоми уммати исломӣ талвиҳан расидан ба ин ҳадафро як зарурат дониста аст ва аз онҷо ки расидан ба ин ҳадаф мумкин нест, магар ин ки пайравони мазоҳиби исломӣ қадам барои ваҳдат ва иттиҳод гузоранд ва аз тафриқа ва дудастагӣ худро дур нигаҳ доранд, лизо бояд гуфт: Қуръони Карим бо таъйин кардани ин ҳадаф, ки рӯзе Ислом фарогир хоҳад шуд, уммати исломиро талвиҳан даъват ба ваҳдат ва иттиҳод намуда, зеро таҳаққуқи ин ҳадаф машрут ба ваҳдат ва иттиҳод аст.

[1] . Сураи муборакаи Оли Имрон, ояти 105.

[2] . Чунон ки ба бархе аз оёт дар ин замина ишора шуд.

[3] . Сураи муборакаи Саф, ояти 8 ва 9.

[4] . Сураи муборакаи Анфол, ояти 53.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.