Рафтор ва ахлоқи зебои Паёмбар(с)

asari izdivaj

asari izdivajХудо дар ҳақи Расули Акрам ҳазрати Муҳаммад(с) мефармояд:

“Баростӣ, ки ту соҳиби ахлоқи бузург ва барҷастае ҳасти” (сураи Қалам ояти 4.)

Бандаи нотавоне чиқадр метавонад дар ҳаққи Паёмбаре, ки саропо фазилат ва раҳмат ва манбаи хайру некӣ ва бузургворӣ аст бигуяд ва тавсиф кунад? Ончи мегӯям қатрае аст аз дарё.

Ахлоқи Паёмбар(с) ва рафтори он бузургвор ва кирдори он ҳазрат, сармашқи мусулмонон ва балки намунаи олии ҳамаи инсонҳо аст. Инак заррае аз ахлоқ ва рафтори Паёмбар(с) ро ном мебарем.

1.Паёмбар(с) ба ҳамаи мусулмонон бо чашми бародарӣ ва бо ниҳояти меҳру муҳаббат рафтор мекард.

2.Ончунон сода либос мепушид ва бар руи замин менишаст ва дар ҳалқаи ёрон қарор мегирифт, ки агар ношиносе ворид мешуд намедонист Паёмбар(с) кадом аст.

3.Дар айни содагӣ, ба назофати либос ва бадан хеле аҳмият медод ва вузуи Паёмбар(с) ҳамеша бо мисвок кардани дандонҳо ҳамроҳ буд.

4.Ҳамеша атр истеъмол мекард.

5.Бо пиру ҷавон муаддаб буд.

6.Ҳамеша дар салом кардан пешдастӣ мекард.

7.Табассуми намакине ҳамеша бар лабонаш буд, вале аз баланд хандидан парҳез дошт.

8.Ба иёдати беморон зиёд мерафт.

9.Меҳмоннавоз буд.

10.Ятимон ва дармонадгонро мавриди лутфи хосс қарор медод ва дасти меҳр бар сари ятимон мекашид.

11.Аз хобидан бар руи бастари нарм парҳез дошт ва мефармуд:

“Ман дар дунё саворе ҳастам, ки соатҳо зери сояи дарахте истироҳат кунад ва сипас куч кунад”

12.Бо ҳамаи меҳр ва нармие, ки бо зердастон дошт дар баробари душманон ва мунофиқон бисёр шиддати амал нишон медод. Дар ҷангҳо ҳаргиз ҳаросе ба дил роҳ намедод ва аз ҳамаи мусалмонон ба ҷанг наздиктар буд.

13.Аз душманони сарсахт монанди куффори қурайш дар фатҳи Макка афв кард ва онҳо низ маҷзуби ахлоқи Паёмбар(с) шуданд ва даста даста ба Ислом рӯй оварданд.

14.Аз зару зевари дунё дури мекард.

15.Амволи умумиро ҳарчи зудтар байни мардум тақсим мекард.

16.Бо онки фармонраво ва Паёмбари Худо буд, ҳаргиз саҳме бештар аз дигарон барои худ барнамедошт.

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...