ПУРСИШУ ПОСУХ

Савол: Башар чӣ ниёзе ба китоби осмонӣ дорад?

Посух: Тамоми корхонаҳои дунё, барои маҳсулоти сохтаи худ дафтарчаи роҳнамо таҳия карда онро дар канори маҳсулот ба харидор медиҳанд. Ин дафтарчаҳо харидоронро роҳнамоӣ мекунад, ки чӣ гуна аз он маҳсул баҳрабардорӣ кунанд.

Нависандаи ин дафтарчаҳо кист? Оё ғайр аз созанда каси дигаре шоистагии навиштани онро дорад? Ҳаргиз!

Мо низ созанда ва офаридагоре дорем, ки барои роҳнамоии мо дафтарчае ба номи Қуръон нозил кардааст ва каси дигаре ҳаққи қонунгузорӣ бар хилофи онро надорад. Зеро фақат созанда медонад, ки чӣ сохтааст ва танҳо ӯст, ки ба тамоми ҷанбаҳои маҳсули худ огоҳ аст ва роҳи баҳрагирии дурусти онро медонад ва аз офатҳою зарарҳои он бохабар аст:

أَ لا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَ هُوَ اللَّطيفُ الْخَبيرُ

Оё касе, ки (мавҷудотро) офарид намедонад?! Дар ҳоле, ки ӯ  латиф ва огоҳ аст.[1] 

Касоне, ки ба ҷои қонуни Худованд ба суроғи қонунҳои башарӣ мераванд, монанди касоне ҳастанд, ки дафтарчаи роҳнамои созандаро канор гузошта ва аз ноаҳлону ҷоҳилон чигунагии истифодаи онро талаб мекунанд.[2]

Таҳияи Хайруллоҳи Файзуллоҳ

 



[1] . Мулк, 14.

[2] . Баргирифта аз тамсилоти устод Қироатӣ.

Охирин матолиб

Нигоҳе ба зиндаигии Паёмбари Аъзам(3)

… Абӯҷаҳл дар каминиРасули Худо(с) Пешрафти дини Ислом, Қурайшро хеле нороҳат карда буд. Рӯзе набуд, ки хабари мусулмон шудани фарде аз қабилаҳои Қурайш ба гӯши...

Нигоҳе ба зиндагии Паёмбари Аъзам(с) 1

Даромад Эй номи ту беҳтарин сароғоз, Бе номи ту нома кай кунам боз. Хондани таърихи Ислом махсусан зиндагии Паёмбари Ислом(с) ба инсон дарси ибрат медиҳад,...