ҲАҚИҚАТИ ТАҚВО ВА ТАРКИ ГУНОҲ(1)

Калимаи тақво аз решаи виқоя ба маънои нигаҳ доштан ва парҳез кардан аст ва шаръан ба маънои ҳифз кардани худ  аз ҳар чизе, ки зиёни охиратӣ дорад, мебошад. Имом Содиқ(а) дар бораи маънои тақво  фармуд: Тақво яъне ҳар ҷо Худо амр кардааст, ҳозир бошӣ ва ҷое, ки Худо наҳй кардааст, ҳозир набошӣ, яъне амрҳои Худоро ба ҷо оварӣ ва наҳйҳои ӯро тарк кунӣ.

Бинобар ин, тақво дорои ду ҷиҳат аст: Аввал саъй кунад, ки воҷибе[1]  аз ӯ тарк нашавад ва мустаҳабботро[2]  то он ҷо ки метавонад анҷом диҳад.[3] 

Дуюм саъй кунад, ки аз  корҳои ҳаром[4]  ва макруҳот[5]  ва он чи сабаби хашм ва қаҳри Худо  мешавад, худдорӣ намояд.

Касе, ки бихоҳад ба саодат бирасад ва аҳли тақво бошад бояд, ки дар парҳез аз муҳаррамот ва гуноҳон  бештар аҳамият диҳад. Зеро агар аз муҳаррамот парҳез кунад амали хубаш  ҳар миқдоре, ки бошад пазируфта  мешавад ва ӯро ба Худованд  наздик мегардонад.

 Қуръон мефармояд: Худованд фақат амали  парҳезгоронро мепазирад.[6]

Расули Худо(с) фармуд: «Кифоят мекунад бо некӯкорӣ аз дуо он чӣ таомро аз намак кифоят мекунад».[7]  Яъне ҳамон тавре, ки  барои гуворо шудани таом каме намак бас аст, барои қабул шудани дуо ҳам агар шахс ботақво бошад, дуои мухтасаре кофӣ аст.

Аҳамияти тарки ҳаром дар ривоёт

1-Расули Худо(с) фармуд: Нахӯрдани як луқмаи ҳаром назди Худованд аз хондани ду ҳазор ракъат намози мустаҳаббӣ  беҳтар аст.[8]

2-Имом Содиқ(а) фармуд: Баргардондани як дирҳам ба соҳибаш назди Худованд бо ҳафтод ҳаҷҷи қабулшуда баробар аст.

3-Ва низ фармуд: Саъю кӯшиш кунед, ки  амали солеҳ анҷом диҳед ва агар амали солеҳ  анҷом намедиҳед, пас ҳадди ақал маъсият ва гуноҳ накунед. Ба ростӣ касе, ки сохтмоне бисозад  ва хароб накунад, бинояш боло меравад, ҳарчанд кам бошад, вале касе, ки бино кунад ва хароб кунад, биное надорад.[9]

Дарахти биҳиштӣ ва оташи сӯзанда

4-Расули Худо(с) фармуд: Касе, ки “субҳоналлоҳ” бигӯяд Худованд дарахте дар биҳишт барояш мекорад (мерӯёнад). Марде аз Қурайш бархост ва гуфт: Пас мо дар биҳишт дарахтони зиёде дорем?

 Ҳазрат фармуд: “Оре, вале битарсед аз ин ки оташе ба сӯи онҳо бифиристед ва ҳамаро бисӯзонед”.[10]

5-Ҳасад имонро мехӯрад ва нобуд мекунад чунонки оташ ҳезумро.

Таҳияи Муҳаммадулло Ҳалимов



[1] . Воҷиб амре аст, ки дар анҷом надоданаш қаҳр ва хашми Парвардигори олам аст.

[2] . Ва мустаҳаб амале аст, ки ба ҷо оварданаш савоб дорад, вале таркаш азоб надорад.

[3] . Сафинат-ул-биҳор, ҷ/2, саҳ. 678.

[4] . Ҳаром амале аст, ки анҷом доданаш азоб дорад.

[5]. Макруҳ коре аст, ки анҷом надоданаш беҳтар, вале  анҷом додани он азоб надорад.

[6] . Сураи Моида  ояи 30.

[7] . Уддат-уд-доӣ.

[8] . Уддат-уд-доӣ.

[9] . Уддат-уд-доӣ, саҳ. 235.

[10] . Уддат-уд-доӣ, саҳ. 235.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.