Номаи Имом(рз) ба Бани Ҳошим дар Мадина

Шаҳриддини Муҳаммадамин[1]

 Имом Ҳусайн(рз) номае барои Муҳаммади Ҳанафия фиристоданд ва дар ин нома навиштанд:

بسم الله الرحمن الرحيم. من الحسين بن علي الي محمد بن علي و من قبله من بني هاشم. اما بعد فان من لحق بي استشهد و من تخلف لم يدرك الفتح. و السلام .

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Аз Ҳусайн ибни Алӣ(а) ба Муҳаммади Ҳанафия ва касоне аз Бани Ҳошим, ки назди вай ҳастанд.

Ҳар кас ба ман напайвандад, пирӯзиро дарк нахоҳад кард, вассалом [2].

Савол

Мақсуди Имом Ҳусайн(рз) аз ин ки фармуданд: “Ҳар кас аз ҳамроҳии ман худдорӣ варзад, ба фатҳ ва пирӯзӣ даст нахоҳад ёфт» чист?

 

Ҷавоб

Бояд гуфт: Агар ин каломи Имом Ҳусайн(рз)-ро бо дигар суханони эшон дар тӯли сафар аз Мадина то Карбало бисанҷем ба ду эҳтимол мерасем:

1. Ин ки бозмондагон пас аз шаҳодати ман ба оромиш ва хушии дунё намерасанд ва ҳар рӯз ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамон гуна ки мардуми Мадина пас аз воқеаи Карбало ба бало ва фитнаи ҳуҷуми лашкари Язид бо фармондеҳии Муслим ибни Уқба гирифтор шуданд, ки бо номи ҷанги Ҳарра машҳур аст.[3]

Бинобар ин агар мардуми Мадина ва касоне, ки имом Ҳусайн(рз) онҳоро даъват кард, ба номаи Имом Ҳусайн(рз) посухи амалӣ медоданд, ҳаргиз Язид ибни Муовия наметавонист баъдҳо ба Мадина, ҳарами Паёмбари аъзам(с) ва Аҳли байти ҳазрат(с), таҷовуз кунад ва чунин фоҷеаи талх ва ғамангезеро ба вуҷуд биёварад.

 

2. Ин ки агар фикр мекунанд бо наҳзати имом Ҳусейн ҳамроҳ намешаванд ва сабр мекунанд, то шароит ва заминаи ғалаба ва пирӯзии зоҳирӣ бар ҳукумати Язид ибни Муовия фароҳам шавад, иштибоҳ мекунанд. Язиде, ки имрӯз пояҳои ҳукуматаш ларзон аст, агар шикаст нахӯрад қатъан пас аз чанд соле, ки мустаҳкам шавад, шикаст намехӯрад. Пас вазифаи ҳама дар ин шароит қиём дар муқобили Язид аст ва пирӯзии ниҳоӣ бо ҳақ аст ва ҳақ ҳамеша пирӯз аст. Пас ҳама бидонанд:

“و من تخلف لم يدرك الفتح

Ёсин


[1]. Донишпажӯҳи забон ва адабиёти форсӣ.

[2]. Таърихи Исломи Заҳабӣ, ҷ.2, саҳ.343; Албидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.187; Комилуз зиёрот, саҳ.75.

[3] Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ.295; Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.250; Алимомату вассиёсат, ҷ.1, саҳ.213; Ансобул ашроф, ҷ.4, саҳ.27. 

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...