НИГОҲЕ БА ШАХСИЯТИ МАВЛАВӢ

Бузургӣ ва барҷастагии шахсияти Мавлоно дар дунёи имрӯз бар ҳеҷ касе пӯшида нест. Осори арзишманди ӯ қалбҳои ҷӯяндагони илму маърифатро дар шарқу ғарби ҷаҳон шефтаи худ сохтааст ва имрӯза мо аз ҷо-ҷои ин ҷаҳони паҳновар сухан аз “Мавлавӣ” ва “Маснавӣ” мешунавем.

Ҷалолуддин ибни Баҳоуддин Султон-ул-уламо Валад ибни Ҳусейн ибни Аҳмади Хатибӣ, шоир ва мутафаккири форсизабон дар таърихи рабиъ-ул-аввал 604 ҳ. қ. (30 сентябри 1208 м.) дар шаҳри Балх[1]   — наздики марзи Афғонистон ва Тоҷикистони имрӯзӣ – ё дар ҳудуди солҳои 600 – 607 ҳ. қ. 1204 – 1210 м. дар шаҳри Вахш,  ки имрӯза аз навоҳии Тоҷикистон аст – таваллуд шудааст.[2] 

 Падари Мавлоно-Баҳоуддин Валад-аз хутабои Балх будааст. Дар муддате, ки эҳтимоли валодати Мавлоно меравад, дар Вахш мезистааст, ки Вахш ҷойгоҳи ҳамешагии Баҳоуддин ва хонаводааш буда на Балх.[3]  Ишон ҳамроҳи хонаводааш ба Самарқанд муҳоҷират ва аз он ҷо ба кишварҳои ғарбӣ сафар кардаанд. Баҳоуддин чун  аз ҷиҳати илмӣ ва мазҳабӣ шахсияти барҷастаи минтақа буд, мураббии хубе барои фарзандаш низ,  маҳсуб мешудааст.

“Тибқи нақли тазкираҳо ва тарҷумаи аҳвол, ӯ (Баҳоуддин) пас аз ин ки бо Хоразмшоҳ Алоуддин Муҳаммад ва ҳомии маънавиаш- Фахриддини Розӣ (м. 606)- ихтилоф пайдо кард, Балхро тарк гуфт ва дар соли 609 ҳ.қ., дар ҳоле, ки фарзандаш Ҷалолуддин панҷсола буд ба шаҳрҳои ғарб сафар кард”.[4]

“Модари Мавлоно, ки аз вай ба “Модари султон” таъбир мекунанд, ҳамон Мӯъминахотун аст, ки дар Қаромон (Лоранда) мадфун аст”.[5] 

Падари Мавлоно дар соли 628 ҳ.қ. дар Қуния (яке аз шаҳрҳои Туркия) даргузашт ва як сол баъд яке аз шогирдон ва муридони ӯ ба номи Саид Бурҳониддин ба Қуния омад ва ҷонишини устоди худ шуд. Мавлоно то поёни умри Саид Бурҳониддин, ки 9 сол баъд аз марги падараш  даргузашт, шогирд ва муриди ӯ шуд. Дар воқеъ Бурҳониддин Мавлоноро, ки улуму фунуни замони худро ба хубӣ фаро гирифта буд, ба самти ирфон ва тасаввуф ҳидоят кард. Мавлоно баъд аз вафоти Бурҳониддин ҷонишини вай шуд ва пири ҷамоат буд, то ин ки баъд аз панҷ сол дарвеши саргардоне ба исми Шамсиддини Табрезӣ ба Қуния омад ва ин ду бо ҳам мулоқот карданд. Мавлоно дар ҳамон мулоқоти аввал ба маслаки тасаввуф маҷзуб ва шефтаи Шамс шуд ва ин мулоқот варақи наве  дар китоби  зиндагии Мавлоно буд.

“Мавлоно бо Шамс ҳамдам шуд ва сӯҳбати ӯро чун ҷон баргузид. Шабу рӯз дар хидмати вай буд ва дар ҷамоли ӯ нури Худоро медид. Ҷамоле, ки ҳеҷ кас ҷуз Мавлоно онро дар наёфт ва роиҳаи онро касе ҷуз вай нашунид”.[6] 

“Шамс воқеан орифи олим ва соҳибназари тавоно ва таҳлилгари бедор аст ва аз қобилияти шоён дар таҳлил ва таркиб бархурдор аст ва мантиқу истидлоли нерӯманде дорад”.[7]   Аз ин рӯст, ки таъсири аҷибе дар афкор ва рӯҳияи Мавлоно дошта ва инқилобе дар зиндагии ӯ падид овардааст.

Гуфта шудааст, ки агар Мавлоно бо Шамс ошно намешуд ҳамоно гумном мебуд ва ҳаргиз ин гуна шӯҳраи офоқ намешуд. Мавлоно, ки зиндагӣ ва дарсу баҳс ва минбари маъмулие дошт якбора баъд аз ошноӣ бо Шамс ошиқи шоирпеша мегардад ва афкори баландеро дар қолаби назм тақдими чомеа мекунад.

Мазҳаби фиқҳии Мавлоноро “Ҳанафӣ” ва мазҳаби эътиқодии ӯро “Мотуридӣ” гуфтаанд,[8]    вале ишон агар чанде  дар ибтидо пайрави  ин мазҳаб буда бошад, бар ин мазҳаб ҷумуд надоштааст ва худ муҷтаҳид ва аҳли назар шудааст. “Ба сабаби таҳсили фунуни фиқҳ ва усул ва ҳадис ва тафсири Қуръон ва дигар донишҳо дар ҳар масъалае он чиро, ки мутобиқи иҷтиҳоди худи ӯст бар ҳасаби истинбот ва назари худ баргузидааст”.[9]  Ӯ худ дар ин маврид мефармояд:

Он тараф, ки ишқ меафзуду дард,  

                                                Буҳанифаву Шофеӣ дарсе накард.[10] 

Бо ишора  ба матлабе, ки дар боло баён шуд, шахсияти илмӣ ва иҷтимоии Мавлоно то ҳудуде ошкор мегардад. Ишон дар фиқҳ ва усул ва тафсир ва фалсафа ва калом соҳибназар будаанд ва таъсири маънавии Шамси Табрезӣ аз ишон як орифи комил сохтааст. Аз ин рӯ осори илмии ишон аз андӯхтаҳои илмӣ ва ирфонӣ сарчашма гирифтааст ва лоҷарам мақбули ҳар навъ мухотабе қарор мегирад.

Офтоби тобони умри Мавлоно дар панҷуми ҷимоди-ул-охири соли 672 ҳ. қ. 1273 м. дар Қуния ғуруб кард ва мазори ӯ имрӯза зиёратгоҳи аҳли дил аст.

Осори арзишманди ишон ба ҷуз Маснавӣ, иборат аст аз “Девони Шамс” (ғазалиёт ва қасоид ва ашъори Мавлоно), “Фиҳи мо фиҳ” (маҷмуае аз ақволи Мавлоно), “Мавоиз” (Маҷолиси сабъа) ва “Мактубот”, ки ҳамагӣ чоп шуда ва дар дастраси мухотабин қарор мегирад.

Дар поён қисмате аз суханони мавлавишиносонро меоварем, ки ба зебоӣ шахсияти илмӣ ва ирфонии Мавлоноро васф карданд:

Устод Ҳусейни Оҳӣ дар мавриди Мавлоно аз забони бузургони фан ингуна овардааст: “Устоди равоншод Саид Муҳаммад Алӣ Ҷамолзода дар” Ёдномаи Мавлавӣ” менависад: “Бояд донист, ки яке аз бузургтарин меъморони кохи баланди маърифат, балки барои мо эрониён ва форсизабонони ғайри эронӣ меъмори аслии  он ва ё беҳтар бигӯем гуётарин забони маърифат, ҳамоно Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ-соҳиби китоби Маснавӣ аст… Шакке нест, ки дар мақоми ҳикмат ва ирфон, агар Мавлавии мо дар олам якто ва беназир набошад, бисёр камназир аст. Ҳамон тавр, ки дар мавриди китоби аслии ӯ, яъне Маснавӣ гуфтаанд: дар ҳақиқат дар олами забони порсӣ аз он бартар китобе назм наёфта аст”. 

Устод Доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ дар” Гузидаи ғазалҳои Шамс” менависад: “Ҷалолиддин Муҳаммад, ки ба унвонҳои  “Мавлоно”, “Мавлавӣ”, “Муллоивум” гоҳ бо тахаллуси “Хомӯш” дар миёни форсизабонон шӯҳрат ёфтааст, аз шигифтиҳои табори инсонӣ аст. Муаррифии ин оташи афрӯхта дар бешаи андеша ва эҳсос ва васфи ин дарёи нопайдокарон бас душвор аст ва барои шинохтанаш гӯш бояд чашм шавад:

Оинаам,,  оинаам  марди  мақолот  наям

                               Дида шавад ҳоли ман, ар чашм шавад гӯши шумо

Аллома-Устод Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ(р) дар нақд ва тафсири Маснавӣ ингуна менависад: “Он қиёфаи илмӣ ва ирфонӣ ва рӯҳиро, ки Ҷалолиддин дар китоби Маснавӣ нишон медиҳад ба таври қатъӣ аз чеҳраҳои фавқулодае аст, ки қаламрави дониш ва маърифат марбут ба усули олияи инсонӣ суроғ дорад. Вусъату умқи дидгоҳи Ҷалолиддин дар ҳақоиқи инсонӣ махсусан аз назари робитаи инсон бо моварои табиат дар ҳадде аст, ки гуё мавзӯъҳое, ки дар ин робита барои ӯ матраҳ мегардад уқёнусҳои муталотиме аз ҳақоиқ ва масоили шигифтангез аст, агарчи ин мавзӯъҳо ба ҷиҳати қарор гирифтан бар пардаи ҷаҳони ҳастӣ аз дидгоҳи инсонҳо бисёр маҳдуд менамоняд ва ночиз дида мешаванд…”[11] 

Устод Карими Замонӣ дар мавриди ҳунари адабӣ ва диққати Мавлоно дар баёни масоил чунин мефармояд: “Аммо Мавлоно инсирофи маонӣ, дақиқтарин масоили лоҳут ва носутро бо маҳорати том ва нозукии шигифтангез дар баён овардааст… каломи гарму оташини Мавлоно ҳувияти фаромушшудаи башарро ба ӯ нишон медиҳад ва ғубори ғафлатро аз гавҳари тобони ӯ мезудояд”.[12] 

Инак аз маснавии маънавӣ абётеро ба сурати интихобӣ пешкаши шумо мегардонем.

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад

К-аз найистон то маро бубридаанд

Дар нафирам марду зан нолидаанд

Сина хоҳам шарҳ шарҳе аз фироқ

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш

Аз Худо ҷӯям тавфиқи адаб

Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб

Беадаб танҳо на худро дошт бад

Балки оташ дар ҳама офоқ зад

Моида аз осмон дар мерасад

Бешариу байъу бегуфту шунуд

Дар миёни қавми Мӯсо чанд кас

Бе адаб гуфтанд ку сиру адас

Мунқатеъ шуд хону нон аз осмон

Монда ранҷу заръу билу досмон

Абр барнояд пайи манъи закот

Ваз зино афтад вабо андар чаҳот

Ҳар чи бар ту ояд аз зулмоту ғам

Он зи бебокию густохист ҳам

Ҳар ки бебокӣ кунад дар роҳи дӯст

Раҳзани мардон шуду номард ӯст

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак

В-аз адаб маъсуму пок омад  малак

Саид Тоҷуддини Ҳисомуддин

 

 

 



[1] . Миръот-ул-маснавӣ, Тилмиз Ҳусейн, с. 11.

[2] . Мавлоно дирӯз то имрӯзи Шарқ то Ғарб,  Фронклин Дин Луин, тарҷумаи Ҳасани Лоҳутӣ, с. 61.

[3] . Ҳамон.

[4] . Миръот-ул-маснавӣ, Тилмиз Ҳусейн, с. 11.

[5] . Мавлоно Ҷалолиддин, Абдулбоқӣ Гулпинорлӣ, тарҷумаи Тавфиқи Субҳонӣ, с.97.

[6] . Ҳамон, с. 137.

[7] . Ҳамон, с. 171.

[8] . Мавлавинома, Ҷалолиддини Ҳумоӣ, с. 38.

[9] . Калом дар каломи Мавлавӣ, Ҷалили Машидӣ, с. 9.

[10] . Маснавӣ, 3/3832.

[11] . Муқаддимаи нармафзори  “Маснавии  маънавӣ”,  муаcсисаи  хадамоти  роёнаии Нур.

[12] . Ҳамон.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.