НАЗОРАТИ ИЛОҲӢ[1]

Он рӯз имтиҳони забони англисӣ  доштем. Муаллима Амирӣ гуфт: Бачаҳо! Имрӯз ба лабароторияи забон меравем ва имтиҳон низ ҳамон ҷо баргузор мешавад. Ҳама ба лабаротория рафтем. Варақаҳои имтиҳонӣ  ба донишомӯзон дода шуд. Хонум Амирӣ бо хати сабзранг бар рӯи тахта навишт: “الم يعلم بان الله يري” Оё инсон намедонад, ки Худо ӯро мебинад.[2]  

Пас аз он ба пушти мизаш нишаст ва китобчаеро аз ҷайбаш бароварду машғули мутолиа шуд. Чун дарси забони англисиам хуб буд ва дугонаҳоям ба кӯмаки ман ниёз доштанд бо ҳам маслиҳат кардем, ки пинҳонӣ ба дӯстонам кӯмак кунам. Ваъдаҳои зиёде бароям дода буданд. Шумораҳои савол бо аломати даст ва ангушт маълум мешуд ва ҷавоби дурустро бо зарбаҳои пошнаи кафшам ба замин мефаҳмондам.

Ибтидо ҷумлае, ки дар тахта навишта шуда буд фикрамро ба худ машғул кард, ки хуб аст имрӯз ин кори нодурустро накунам, вале … ин садои оҳистаи Соро буд, ки гуфт: Чӣ шуд? Чаро ором нишастаӣ? Ҷумлаи тахтаро ба ӯ нишон додам. Сарашро ҷунбонда гуфт: Ба ин зудӣ  ваъдаатро фаромӯш кардӣ? Эй тарсу. Аз кай то ҳоло Худотарс шудӣ?

Диламро ба дарё задам ва тибқи қарори қаблӣ ҷавобҳоро бо ишора ба онҳо гуфтам. Вақте ки дидам хонум Амирӣ ғарқи мутолиа аст ҷавоби баъзе аз саволҳоро бо садои баландтар барои дӯстон гуфтам. Тақрибан ҳама ғарқ дар шодӣ будем, ки ногаҳон чашмам ба ду дурбини атрофи тахта, ки ба сӯи ман нишона рафта буд, ҷалб шуд! Ба худ ларзидам. Ранги аз рухсорам парид. Вақте дақиқтар ба атроф  нигоҳ кардам дидам, ки аз чапу рост низ ду дурбини дигаре маро зери назар доштанд. Ранги чеҳраам сурх шуд, ашк аз чашмонам сарозер шуд. Мехостам фарёд бикашам, ки беихтиёр қалам аз дастам афтод. Хостам қаламро бардорам, ки таваҷҷуҳам ба магнитафоне, ки зери курсиям гузошта шуда буд ҷалб шуд. Аҷаб! Ҳам ҳаракатҳои даст ва ҳам садои зарабаҳои по забт шудааст. Ҳатман баҳоям сифр хоҳад  шуд. Аҷаб ғалате кардам. Аз худ бехуд мешудам. Тамоми баданам ба шиддат меларзид. Бачаҳо пурсиданд чӣ шуд?! Бо ишораи даст дурбинҳоро ба онҳо нишон додам. Ранг аз рухсори ҳама парид. Шодиҳо ба ғам ва сармастиҳо ба дилнигаронии шадид табдил шуд. Садои ҳиқ-ҳиқи гиря баланд шуд, аммо хонум Амирӣ бо оромиш саргарми мутолиа буд.

Кам-кам  садои муаллима бибахшед, иштибоҳ кардем, дубора имтиҳон медиҳем, муаллима туро ба ҳаққи Худо ба мо баҳои сифр надиҳед ва ғайра баланд шуд. Хонум Амирӣ аз ҷо бархост ва дар ҳоле, ки ором-ором қадам мезад  гуфт: Шумо бояд бидонед, ки ҳамеша таҳти назорат ҳастед, аз ҳама муҳимтар назорати Худо аст. Касе, ки ба назорати Худо бетаваҷҷуҳ бошад ҳеҷ чизи дигар монеъ намешавад. Магар Худо, ҳамеша ва ҳама ҷо нест? Магар аз раги гардан ба ҳамаи мо наздиктар нест? Магар байни инсон ва қалбаш нест? 

Шумо аз чандто дурбин ва магнитафон тарсидед, вале аз нозирони фаровони Илоҳӣ наметарсед! Оё барои сабти аъмоли ҳар инсон ду фаришта қарор дода нашудааст? Оё замин корҳои моро сабт намекунад? Оё аъзои худамон дар қиёмат шаҳодат намедиҳанд!

Чаро ба ҳушдори рӯи тахта аҳамият надодед?

Ҳама сар ба зер афканда будем ва ҷавобе барои гуфтан надоштем. Ман бисёр меларзидам, зеро нақши аслиро дар ин кор ман ба ӯҳда доштам ва дилам ба ҳоли худам месӯхт, ки аз ҳама бештар дарс хонда будам ва акнун обрӯям пеши ҳама рафта ва баҳоям низ мисли дигарон сифр аст.

Муаллима, ки моро ғофилгир карда буд, дар идомаи сӯҳбатҳояш гуфт: Имрӯз дар ду имтиҳон баҳои сифр гирифтед. Фарз кунед имтиҳони забонро дубора аз шумо бигирам, аммо имтиҳони дигарро чӣ кор мекунед? Шумо дар баробари як муаллиме,  ки аз ҷинси шумо ва байни шумо аст ин қадар эҳсоси тарс ва шармандагӣ мекунед, дар ҳоле ки дар муқобили Худое, ки  шуморо офарида ва ҳамаи имконотро бароятон фароҳам сохта аст, эҳсоси шарм намекунед? Бо ин ки дурбин мумкин аст дақиқ танзим набошад. Ман ҳам, ки машғули мутолиа будам ва аз кори шумо чизе нафаҳмам, вале дурбинҳои Худо хуб кор мекунанд ва худаш низ ҳамеша ҳозиру нозир аст.

Ҳазрати Алӣ(а) дар дуои Кумайл мефармояд: Худоё! Ҳар кори нописанде, ки фармони сабташро ба Киромалкотибин, ки барои ҳифзи ончи анҷом медиҳам вазифадорашон кардӣ ва ононро бо ҳамроҳи аъзои баданам гувоҳони [аъмол] ман қарор додӣ ва ту худ илова бар онон нигаҳбони ман ҳастӣ ва гувоҳӣ бар он чи, ки бар онон махфӣ мондааст.

Агар ин ҷо барои имтиҳони дарси забон фақат дурбин ва дастгоҳи забт буд, аммо дар бораи назорати Илоҳӣ ба фармудаи ҳазрати Алӣ(а) дар баробари тамоми корҳои ману шумо се шоҳид вуҷуд дорад, ки назораташон аз ҳар чизе, ки шумо фикр мекунед қавитар аст:

1-Фариштагони масъули сабти аъмол.

2-Андом ва аъзои худи инсон.

3-Худованд, ки илова бар назорат ба аъмол ба афкор ва умури зеҳнӣ, ки бар малоика махфӣ аст низ огоҳ аст.

Шумо қабл аз ин ки нигарони имтиҳони забон бошед, нигарони имтиҳони аслӣ бошед, чунки ӯ аз ҳеҷ кору нияту нақшаҳо ва чобукиҳо ғофил нест ва ҳатто васвасаҳои дарунии синаҳоро низ медонад.

Оё ба ростӣ мо ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳ намудаем, ки ҳамаи корҳоямон дар ҳузури Худованди доно ва тавоно анҷом мешавад ва ҳамаи он ҳисобу китоб дорад.

 

 



[1] . Таҳияшуда аз маҷаллаи Башорат шумораи 55.

[2] . Алақ,14.

 

 

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...