Насиҳати Шайтон ба ҳазрати Яҳё (а)

Рӯзе Шайтон ба ҳазрати Яҳё (а)гуфт: Мехоҳам туро насиҳат кунам!

Ҳазрати Яҳё (а) фармуд: Ман майл ба насиҳати ту надорам, вале мехоҳам бидонам табақоти мардум назди шумо чигунаанд.

Шайтон гуфт: Мардум аз назари мо ба се даста тақсим мешаванд:

1- Баъзеҳо монанди шумо пайғамбарон маъсум ҳастанд, аз онҳо ноумедем ва медонем, ки найранги мо дар онҳо асар намекунад.

2- Дастаи дигар баръакс, дар пеши мо мисли тупе ҳастанд, ки бар ҳар тараф мехоҳем мегардонем.

3- Дастае ҳам ҳастанд, ки аз дасти оноҳ ранҷ мебарем, зеро фиреб мехуранд, вале сипас аз кардаи худ пушаймон мешаванд ва истиғфор мекунанд ва тамоми заҳматҳои моро барбод медиҳанд. Мо аз чунин афрод ҳамеша ранҷ мебарем.

“Дари раҳмат ва бахшиши Худованд ҳамеша боз аст ва набояд ноумед шуд”.

Охирин матолиб

Нигоҳе ба зиндаигии Паёмбари Аъзам(3)

… Абӯҷаҳл дар каминиРасули Худо(с) Пешрафти дини Ислом, Қурайшро хеле нороҳат карда буд. Рӯзе набуд, ки хабари мусулмон шудани фарде аз қабилаҳои Қурайш ба гӯши...

Нигоҳе ба зиндагии Паёмбари Аъзам(с) 1

Даромад Эй номи ту беҳтарин сароғоз, Бе номи ту нома кай кунам боз. Хондани таърихи Ислом махсусан зиндагии Паёмбари Ислом(с) ба инсон дарси ибрат медиҳад,...