Мағзи сари ашхоси мазҳабӣ солимтар аст

Натиҷаҳои як таҳқиқи муқоисаӣ дар ду иёлати Амрико, ки бо ҳамкории як устоди эронии донишкадаи пизишкии Гарвард анҷом гирифта аст, нишон дод ки ашхоси мазҳабӣ аз саломати мағзии бештаре нисбат ба афроди ғайримазҳабӣ бархурдоранд.

Ба гузориши ИРНА , муҳаққиқони амрикоӣ бо ҳамкории доктор Маҷиди Футуҳӣ бо анҷоми таҳқиқ руи шаҳрвандони ду иёлати Ҷорҷия ва Минисита, ба ин натиҷа расиданд, ки аҳолии Ҷорҷия ба далели анҷоми фаъолияти ҳоии мазҳабии бештар , мағзи солимтаре доранд.Ин таҳқиқ дар қолаби пружае мавсум ба пружаи «зеҳни зебо» ба анҷом расида, ки ҳамасола натиҷаи он аз суи барномаи миллии омӯзиши беҳдошти Амрико барои ҳар як аз иёлатҳои ин кишвар эълом ва мунташир мешавад.

Гаролд Куинг-мудири маркази маънавият, илоҳиёт ва саломати донишгоҳи Док ва устоди равоншиносӣ дар ин робита гуфт: Ашхоси диндор аз тариқи ниёиш ва ибодат , мизони таниши худро коҳиш медиҳанд ва гуш кардан ба мавъизаҳои мазҳабӣ ва хондани китобҳои динӣ боиси беҳбуди амалкарди шинохтии мағзи сар мешавад.

Маҷиди Футуҳӣ-бунёнгузор ва мудири бахши пизишкии маркази «Норо Экспанд» ва устоди донишкадаи пизишкии Гарвард, ки мушовири пружаи «зеҳни зебо» дар Амрико аст низ стрессро яке аз бадтарин қотилони ҳуҷайраҳои мағз донист. Вай бо баёни инки стресс, сатҳи кортизол дар мағзи сарро афзоиш медиҳад , афзуд: Яке аз роҳҳои коҳиши сатҳи стресс , намоз ва муноҷот аст, зеро муноҷот ба инсон ҳисси оромиши хотир ва осудагӣ медиҳад.

Садои Хуросон

Ин пажӯҳишгари эронӣ таъкид кард унсури иҷтимоии ҳузур дар маросимҳои мазҳабӣ низ бо саломати мағзи сар дар иртибот аст.

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст