Имони мазҳабӣ

allah

allah          Аз мабоҳиси пеш равшан шуд, ки инсон наметавонад бидуни доштани идея, ормон ва имон, зиндагии солим дошта бошад ва ё кори муфид ва самарабахш барои башарият ва тамаддуни башарӣ анҷом диҳад. Инсони минҳои ҳаргуна идея ва имон, ё ба сурати мавҷуди ғарқи дар худхоҳӣ дар меояд, ки ҳеҷ вақт аз манофеи фардӣ хориҷ намешавад ва ё ба сурати мавҷуди мураддад ва саргардоне, ки таклифи хешро дар зиндагӣ дар масоили ахлоқӣ ва иҷтимоӣ намедонад. Инсон доиман бо масоили ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бархурд менамояд ва ночор бояд аксуламали хоссе дар баробари ингуна масоил нишон бидиҳад. Инсон агар ба мактаб, ақида ва имоне, пайваста бошад таклифаш равшан аст; ва аммо агар мактаб ва ойине таклифашро равшан накарда бошад ҳамеша мураддад ба сар мебарад; гоҳе ба ин сӯ кашида мешавад ва гоҳе ба он сӯ; мавҷуди ноҳамоҳанг мегардад.

Оре, дар асли зарурати пайвастан ба як мактаб ва як идея тардиде нест; он чизе, ки лозим аст мавриди таваҷҷуҳ воқеъ шавад ин аст, ки танҳо имони мазҳабӣ қодир аст, ки инсонро ба сурати як муъмини воқеӣ дароварад; ҳам худхоҳӣ ва ҳам худпарастиро таҳти шуои имон ва ақида ва маслак қарор диҳад, ва ҳам навъе тааббуд ва таслим дар фард иҷод кунад ба тавре, ки инсон дар кучактарин масъалае, ки мактаб арза медорад ба худ тардид роҳ надиҳад, ва ҳам онро ба сурати як чизи азиз ва маҳбуб ва гаронбаҳо дароварад дар ҳадде, ки зиндагӣ бидуни он барояш ҳечу пуч ва бемаъно бошад ва бо навъе ғайрат ва таассуб аз он ҳимоят кунад.

Гароишҳои имонии мазҳабӣ мавҷиби он аст, ки инсон талошҳое бо вуҷуди гароишҳои табии фардӣ анҷом диҳад ва аҳёнан ҳастӣ ва ҳайсият худро дар роҳи имони хеш фадо созад. Ин дар сурате муясар аст, ки идеяи инсон ҷанбаи тақаддусӣ пайдо кунад ва ҳокимияти мутлақ бар вуҷуди инсон биёбад. Танҳо нерӯи мазҳабӣ аст, ки қодир аст ба идеяҳо тақаддус бибахшад ва ҳукми онҳоро дар камоли қудрат бар инсон ҷорӣ созад.

Гоҳе афроде на аз роҳи идея ва ақидаи мазҳабӣ балки таҳти фишори уқдаҳо, кинатузиҳо, интиқомгириҳо ва билохира ба сурати аксуламали шадид дар баробари эҳсоси фишорҳо ва ситамҳо, даст ба фидокорӣ мезанад ва аз ҷону мол ва ҳамаи ҳайсиятҳои худ мегузаранд, ҳамчунонки монандашро дар гуша ва канори ҷаҳон мебинем. Вале фарқи як идеяи мазҳабӣ ва ғайри мазҳабӣ ин аст, ки онҷо, ки пои ақидаи мазҳабӣ ба миён ояд ва ба идея қадосат бибахшад, фидокориҳо аз рӯи камоли ризоят ва ба таври табиӣ сурат мегирад. Фарқ аст миёни коре, ки аз рӯи ризо ва имон сурат гирад, ки навъе интихоб аст, бо коре, ки таҳти таъсири уқдаҳо ва фишорҳои нороҳаткунандаи дарунӣ сурат мегирад, ки навъе инфиҷор аст.

Дуюман, агар ҷаҳонбинии инсон фақат ҷаҳонбинии моддӣ ва бар асоси инҳисори воқеият дар маҳсусот бошад, ҳаргуна идеяпарастӣ ва ормонхоҳии иҷтимоӣ ва инсонӣ бар хилофи воқеъиятҳои маҳсусе аст, ки инсон дар он ҳангом дар равобити худ бо ҷаҳон эҳсос мекунад.

Ончи натиҷаи ҷаҳонбинии ҳиссӣ аст худпарасатӣ аст, на идеяпарастӣ. Идеяпарастӣ агар бар асоси як ҷаҳонбиние, ки натиҷаи мантиқиаш он идея аст набошад аз ҳудуди хаёлпарастӣ таҷовуз намекунад; яъне инсон бояд ҷаҳони муҷаззо аз воқеъиятҳои мавҷуд, дар даруни худ ва аз хаёли худ бисозад ва бо ҳамон хуш бошад. Вале агар идеяпарастӣ аз дин ва мазҳаб бошад, муттакӣ ба навъе ҷаҳонбиние аст, ки натиҷаи мантиқии он ҷаҳонбинӣ, пайрави аз идеяҳо ва ормонҳои иҷтимоӣ аст. Имони мазҳабӣ пайванде аст дӯстона миёни инсон ва ҷаҳон, ва ба иборати дигар навъе ҳамоҳангӣ аст миёни инсон ва ормонҳои куллии ҷаҳон; аммо имон ва ормонҳои ғайри мазҳабӣ навъе бардагӣ аз ҷаҳон ва сохтани ҷаҳони хаёли барои худ аст, ки ба ҳеч ваҷҳ аз ҷаҳони берун ҳимоят намешавад.

Имони мазҳабӣ танҳо як сислсила таколиф барои инсон бо вуҷуди тамоюлоти табиӣ таъйин намекунад, балки қиёфаи ҷаҳонро дар назари инсон тағйир медиҳад; аносире илова бар аносири маҳсус, дар сохтмони ҷаҳон ироа медиҳад; ҷаҳони хушку сарди меконикӣ ва моддиро ба ҷаҳони ҷондор ва бо шуур ва огоҳ табдил мекунад. Имони мазҳабӣ талаққии инсонро нисбат ба ҷаҳон ва хилқат дигаргун месозад. Вилём Ҷемз, файласуф ва равоншиноси амрикоӣ авоили қарни бистум, мегӯяд:

Дунёе, ки як фикри мазҳабӣ ба мо арза мекунад на танҳо ҳамон дунёи моддӣ аст, ки қиёфаи он иваз шуда бошад балки дар сохтмони он олам чизҳое бештаре аст аз ончи як нафари моддӣ метавонад дошта бошад.[1]

Гузашта аз ҳамаи инҳо гароиш ба сӯи ҳақоиқ ва воқеиятҳои муқаддас ва қобили парастиш, дар сиришти ҳамаи афроди башар ҳаст. Инсон маркази як силсила тамоюлот ва истеъдодҳои ғайри моддии билқувва аст, ки омодаи парвариш аст. Тамоюлоти инсон мунҳасир ба тамоюлоти моддӣ нест ва гароишҳои маънавӣ сирфан талқинӣ ва иктисобӣ нест. Ин ҳақиқате аст, ки илм онро таъйид мекунад.

Вилём Ҷемз мегӯяд:

Ғолибан сарчашмаи ангеза ва муҳаррики майлҳои мо аз ин олами моддист, вале майлҳо ва орзуҳои дигаре ҳам дар мо вуҷуд дорад, ки аз олами моварои табиат сарчашма мегирад, чунки ғолиби онҳо бо ҳисобҳои моддӣ ба даст намеояд.[2]

Ин майлҳо чун вуҷуд дорад бояд парвариш ёбад ва агар дуруст парвариш наёбад ва мариди баҳрабардории саҳеҳ воқеъ нашавад дар як масир ва роҳи инҳирофӣ воқеъ мешавад ва зиёнҳои ғайри қобили тасаввуре ба бор меоварад, ҳамчунон, ки бутпарастиҳо, инсонпарастиҳо, табиатпарастиҳо ва ҳазазорон парастишҳои дигар маълули ҳамин ҷараён аст.

Эрик Фрум мегӯяд:

Ҳеч кас нест, ки ба дине ниёзманд набошад ва ҳудуде барои ҷиҳатёбӣ ва мавзуе барои дилбастагӣ хеш нахоҳад. Ӯ худ мумкин аст аз маҷмуаи муътақидоташ ба унвони дин, ҷудо аз ақоиди ғайри динӣ огоҳ набошад, ва мумкин аст бар акс, фикр кунад, ки ҳеч дине надорад ва маънои дилбастагии худро ба ғоятҳои зоҳиран ғайри динӣ монанди қудрат ва пул ё комёбӣ, фақат нишонаи алоқа ба умури амалӣ ва мувофиқи маслиҳат бидонад. Масъала бар сари ин нест, ки инсон дин дорад ё надорад, балки ин аст, ки кадом динро дорад.[3]

Мақсуди ин равоншинос ин аст, ки инсон, бидуни тақдис ва бидуни парастиш наметавонад зиндагӣ кунад; фарзан Худои ягонаро нашиносад ва напарастад, чизе дигарро ба унвони ҳақиқати бартар хоҳад сохт ва ӯро мавзуи имон ва парастиши худ қарор хоҳад дод.

Пас чун зарурат дорад башар идея, ормон ва имоне дошта бошад, ва аз тарафе имони мазҳабӣ танҳо имоне аст, ки қодир аст башарро зери нуфузи воқеии худ қарор диҳад, ва аз тарафи дигар инсон ба ҳукми сиришти хеш дар ҷӯстуҷӯи чизе аст, ки онро тақдис ва парастиш кунад, танҳо роҳ ин аст, ки имони мазҳабиро тақвият кунем.

Қуръони Карим аввалин китобе аст, ки аввалан дар камоли сароҳат, имони маҳзабиро навъе ҳамоҳангӣ бо дастгоҳи офариниш хондааст;

Оё чизи дигаре ҷуз дини Худоро ҷӯстуҷӯ мекунанд ва ҳол онки ҳарки дар осмонҳо ва замин аст сар бар фармони ӯст.[4]

Ва сониян имони мазҳабиро ҷузъи сиришти инсонҳо муаррифӣ кардааст;

Ҳақгароёна рӯи худро ба сӯи дин кун, ҳамон, ки сиришти худоӣ аст, ки мардумро бар он сиришта

аст.[5]

Осор ва фоидаҳои имон

Ҳарчанд аз ончи то кунун гуфтем то ҳадде осори имони мазҳабӣ равшан гашт, барои инки беҳтар бо осори неки ин “сармояи пурарзиши зиндагӣ” ва ин “мулки маънавӣ” ошно бишавем, мустақилан ин баҳсро тарҳ ва унвон менамоем.

Толстой нависандаи мутафаккири русӣ мегӯяд; Имон ончизе аст, ки мардум бо он зиндагӣ мекунанд.

Ҳаким Носири Хисрав хитоб ба фарзандаш мегӯяд:

Зи дунё рӯй зи дин кардам ийрок

Маро бедин ҷаҳон чаҳ буду зиндон

Маро пуро[6] зи дин мулкест дар дил

Ки он ҳаргиз нахоҳад гашт вайрон

Инмони мазҳабӣ осори неки фаровон дорад, чи аз назари тавлиди баҳҷату инбисот, чи аз назари неку сохтани равобити иҷтимоӣ, ва чи аз назари коҳишу рафъи нороҳатиҳои зарурие, ки лозимаи сохтмони ин ҷаҳон аст.

Инак осори имони мазҳабиро дар ин се бахш тавзеҳ медиҳем:

А. Баҳҷат ва инбисот

Авваллин асари имони мазҳабӣ аз назари баҳҷатзои ва инбисотофарини, хушбинӣ аст; хушбинӣ ба ҷаҳон ва хилқат ва ҳастӣ. Имони мазҳабӣ аз он ҷиҳат, ки талаққи инсонро нисбат ба ҷаҳон шакли хос медиҳад, ба ин гуна, ки офаринишро ҳадафдор ва ҳадфро хайру такомул ва саодат муъаррифӣ мекунад, табъан диди инсонро нисбат ба низоми куллии ҳастӣ ва қавонини ҳоким бар он хушбинона месозад. Ҳолати фарди боимон дар кишвари ҳастӣ, монанди ҳолати фарде аст, ки дар кишваре зиндагӣ мекунад, ки қавонин ва ташкилот ва низомоти он кишварро саҳеҳ ва одилона медонад, ба ҳусни нияти гардонандагони кишвар низ имон дорад ва қаҳран заминаи тараққӣ ва таолиро барои худаш ва ҳамаи афроди дигар фароҳам мебинад ва муътақид аст, ки танҳо чизе, ки мумкин аст мавҷиби ақабмондагии ӯ бишавад танбалӣ ва бетаҷрибагии худи ӯ ва инсонҳои ҳамонанди ӯст, ки монанди ӯ мукаллаф ва масъуланд.

Аз назари чунин шахсе, масъули ақабмондагии ӯ худаш аст на ташкилот ва низомоти кишвар ва ҳар нақсе вуҷуд дорад аз онҷост, ки ӯ ва амсоли ӯ вазифа ва масъулияти хешро анҷом надодаанд. Ин надеша табъан ӯро ба ғайрат меоварад ва бо хушбинӣ ва умедворӣ ба ҳаракат ва ҷунбиш вомедорад.

Аммо як фарди беимон дар кишвари ҳастӣ, монанди фарде аст, ки дар кишваре зиндагӣ мекунад, ки қавонин ва ташкилот ва таъсисоти кишварро фосид ва золимона медонад ва аз қабули онҳо ҳам чорае надорад. Даруни чунин фарде ҳамеша пур аз уқда ва кина аст. Ӯ ҳаргиз ба фикри ислоҳи худаш намеафтад, балки фикр мекунад дар ҷое ки замин ва осмон бар ноҳамворӣ аст ва саросари ҳастӣ зулму ҷавр ва нодурустӣ аст, дурустии заррае монанди ман чи асар дорад?! Чунин касе ҳаргиз аз ҷаҳон лаззат намебарад. Ҷаҳон барои ӯ ҳамеша монанди як зиндони тарснок аст. Ин аст, ки Қуръони Карим мефармояд:

Ҳар кас аз таваҷҷуҳ ва ёди ман рӯ баргардонад, зиндагӣ тангу пур аз фишор хоҳад дошт.[7]

Бале, имон аст, ки зиндагиро дар даруни ҷони мо бар мо вусъат мебахшад ва монеи фишори авомили рӯҳӣ мешавад.

Дувумин асари имони мазҳабӣ аз назари баҳҷатзудоӣ ва инбисотофаринӣ, равшандилӣ аст. Инсон ҳамин, ки ба ҳукми имони мазҳабӣ ҷаҳонро ба нури ҳақ ва ҳақиқат равшан дид, ҳамин равшанбинӣ, фазои рӯҳии ӯро равшан мекунад ва дар ҳукми чароғе мегардад, ки дар дарунаш равшан шуда бошад, бар хилофи як фарди беимон, ки ҷаҳон дар назараш пуч, торик, холӣ аз дарку биниш ва равшанӣ аст, ва ба ҳамин сабаб хонаи дили худаш ҳам дар ин торикхонае, ки худ фарз кардааст торику музлим аст.

Сеюмин асари имони мазҳабӣ аз назари тавлиди баҳҷат ва инбисот, умедворӣ ба натиҷаи хуб, талоши хуб аст.

Аз назари мантиқи моддӣ, ҷаҳон нисбат ба мардуме, ки дар роҳи саҳеҳ ва ё роҳи ботил, роҳи адолат ё роҳи зулм, роҳи дурустӣ ё роҳи нодурустӣ мераванд бетараф ва бетафовут аст; натиҷаи корашон баста аст танҳо ба як чиз: миқдори талошу бас.

Вале дар мантиқи фарди боимон, ҷаҳон нисбат ба талоши ин ду даста бетараф ва бетафовут нест; аксуламали ҷаҳон дар баробари ин ду навъ талош яксон нест, балки дастгоҳи офариниш пуштибони мардуме аст, ки дар роҳи ҳақ ва ҳақиқат, дурустию адолат ва хайрхоҳӣ талош мекунанд;

Агар Худоро ёрӣ кунед (яъне дар роҳи ҳақ қадам бардоред) Худованд шуморо ёрӣ мекунад.[8]

Аҷру подоши некукорон ҳаргиз ҳадар намеравад.[9]

Чоҳорумин асари имони мазҳабӣ аз назаргоҳи баҳҷату инбисот, оромиши хотир аст. Инсон фитратан ҷуёи саодати хеш аст; аз тасаввури расидан ба саодат ғарқи дар массарат мегардад ва аз фикри як ояндаи шум ва ҳамроҳ бо маҳрумият ларза бар андомаш меафтад, сахт дучори дилҳура ва изтироб мегардад. Ончи сабаби саодати инсон мегардад ду чиз аст:

  1. Талош.
  2. Итминон ба шароити муҳит.

Муваффақияти як донишомӯз, вобаста ду чиз аст: саъйю талоши худаш, ва дигар мусоидат ва омодагии муҳити мадраса ва ташвиқу тарғиб, ва тақдири масъулони мадраса. Як донишомӯзи кушо агар ба муҳите, ки дар онҷо дарс мехонад ва муаллиме, ки охири сол баҳо медиҳад эътимод надошта бошад ва нигарони як рафтори ғайриодилона бошад, дар тамоми рӯзҳои сол дилҳура ва изтироб саропои вуҷудашро мегирад.

Таклифи инсон бо худаш равшан аст. Аз ин ноҳия изтиробе даст немедиҳад, зеро изтироб аз шак ва тардид падид меояд. Инсон дар бораи ончи марбут ба худаш аст шак ва тардид надорад. Ончи, ки инсонро ба изтироб ва нигронӣ мекашонад ва одамӣ таклифи худашро дар бораи ӯ равшан намебинад ҷаҳон аст.

Оё кори хуб фоида дорад? Оё садоқат ва амонат беҳуда аст? Оё бо ҳамаи талошҳо ва анҷоми вазифаҳо поёни кор маҳрумият аст? Инҷост, ки дилҳура ва изтироб дар маҳибтарин шаклҳо рух менамояд.

Имони мазҳабӣ ба ҳукми инки ба инсон, ки як тарафи муомила аст, нисбат ба ҷаҳон, ки тарафи дигари муомила аст, эътимод ва итминон мебахшад, дилҳура ва нигаронӣ нисбат ба рафтори ҷаҳонро дар баробари инсон аз байн мебарад ва ба ҷои он ба ӯ оромиши хотир медиҳад. Ин аст, ки мегӯем яке аз осори имони мазҳабӣ оромиши хотир аст.

Яке дигар аз осори имони мазҳабӣ аз ҷанбаи инбисотбахшӣ, бархурдории бештар аз як силсила лаззатҳост, ки “лаззати маънавӣ” номида мешавад. Инсон ду гуна лаззат дорад: як навъ лаззатҳое ҳастанд, ки ба яке аз ҳавоси инсон тааллуқ дорад, ки дар асари барқарории навъе иртибот миёни як узв аз аъзо бо яке аз маводди хориҷӣ ҳосил мешавад, монанди лаззате, ки чашм аз роҳи дидан ва гуш аз роҳи шунидан ва даҳон аз роҳи чашидан ва ломиса аз роҳи тамос мебарад; навъе дигар лаззатҳое ҳастанд, ки ба умқи рӯҳу виҷдони одамӣ марбут аст ва ба ҳеч узви хоссе марбут нест ва таҳти таъсири барқарории робита бо як моддаи берунӣ ҳосил намешавад, монанди лаззате, ки инсон аз эҳсон ва хидмат, ё аз маҳбубияту эҳтиром, ё аз муваффақияти худ ё аз муваффақияти фарзанди худ мебарад, ки на ба узви хосе тааллуқ дорад ва на таҳти таъсири мустақими як омили моддии хориҷӣ аст.

Лаззатҳои маънавӣ аз лаззатҳои моддӣ, ҳам қавитар аст ва ҳам дерпотар. Лаззати ибодат ва парастиши Худо барои мардуми орифи ҳаққпараст аз ин гуна лаззатҳост. Обидони ориф, ки ибодаташон ҳамроҳи бо ҳузуру хузуъ ва истиғроқ аст болотарин лаззатҳоро аз ибодат мебаранд. Дар забони дин аз таъми имон ва ҳаловати имон ёд шудааст. Имон ҳаловате дорад, ки фавқи ҳамаи ҳаловатҳост. Лаззати маънавӣ онгоҳ дучандон мешавад, ки корҳое аз қабили касби илм, эъҳсон, хидмат, муваффақияту пирӯзи, аз ҳисси динӣ нашъат гирад ва барои Худо анҷом шавад ва дар қаламрави ибодат қарор гирад.

Б. Нақши имон дар беҳбуди робитаҳои иҷтимоӣ

Инсон монанди бархе аз ҷондорони дигар, иҷтимоӣ офарида шудааст. Фард ба танҳоӣ қодир нест ниёзҳои хешро бартараф созад. Зиндагӣ бояд ба сурати як ширкат дарояд, ки ҳама дар вазоиф ва баҳраҳо саҳим бошанд ва як навъ тақсими кор миёни афрод барқарор шавад бо ин тафовут миёни инсон ва дигар ҷондорҳои иҷтимоӣ монанди занбур, ки дар онҳо тақсими кор ва вазифа ба ҳукми ғариза ва ба фармони табиат сурат гирифтааст ва имкони ҳар навъ тахаллуф ва сарпечӣ аз онҳо гирифа шудааст, бар хилофи инсон, ки мавҷуди озод ва мухтор аст ва кори хешро озодона ва ба унвони вазифа ва таклиф бояд анҷом диҳад. Ба иборати дигар, он ҷондорҳо ҳамон тавре, ки ниёзҳояшон иҷтимоӣ аст, ғаризаҳои иҷтимоӣ низ ба сурати ҷабри ҳоким бар онҳост. Инсон ниёзҳояш интимоӣ аст бидуни онки чунон ғаризаҳое бар ӯ ҳукумат кунад. Ғаризаҳои иҷтимоӣ инсон ба сурати як силсила тақозо дар ботини инсон вуҷуд дорад, ки дар сояи таълиму тарбият бояд парвариш ёбад.

Зиндагии солими иҷтимоӣ он аст, ки афрод қавонин ва ҳудуду ҳуқуқи якдигарро муҳтарам шуморанд, адолатро амри муқаддас ба ҳисоб оваранд, ба якдигар меҳр варзанд, ҳар як барои дигари онро дӯст дорад, ки барои худ дӯст медорад ва онро написандад, ки барои худ намепасандад, ба якдигар эътимод ва итминон дошта бошанд, зомини эътимоди мутақобили онҳо кайфиятҳои рӯҳии онҳо бошад, ҳар фарде худро мутааҳҳид ва масъули иҷтимоӣ худаш бишуморад, дар сирритарин ниҳонхонаҳо ҳамон тақво ва покдоманӣ аз онҳо буруз кунад, ки дар малаъи ом, дар ниҳояти бетамаъӣ ба якдигар некӣ кунанд, дар муқобили зулму ситам бапо хезанд ва ба ситамгар ва фасодгар маҷоли ситамгарӣ ва фасод кардан надиҳанд, муттаҳид ва муттафиқ буда бошанд.

Он чизе, ки беш аз ҳар чиз ҳақро муҳтарам, адолатро муқаддас, дилҳоро ба якдигар меҳрубон ва эътимоди мутақобилро миёни афрод барқарор месозад, тақво ва ифофро то умқи виҷдони одами нуфуз медиҳад, ба арзишҳои ахлоқӣ эътибор мебахшад, шуҷоати муқобила бо ситам иҷод мекунад ва ҳамаи афродро монанди аъзои як пайкар ба ҳам пайванд медиҳад ва муттаҳид мекунад, имони мазҳабӣ аст.

Таҷаллиёти инсонҳо, ки монанди ситорагон дар осмони таърихи пурҳаводиси инсонӣ медурахшад, ҳамонҳое аст, ки аз эҳсосҳои мазҳабӣ сарчашма гирифтааст.

В. Коҳиши нороҳатиҳо

Зиндагӣ башар хоҳ-нохоҳ ҳамчунон, ки хушиҳо, шириниҳо, ба даст оварданҳо ва комёбиҳо дорад, ранҷҳо, шикастҳо, аз даст доданҳо, талхиҳо ва нокомиҳо дорад. Бисёре аз онҳо қобили пешгирӣ ё бартараф кардан аст ҳарчанд пас аз талоши зиёд. Ошкор аст, ки башар муваззаф аст бо табиат панҷа нарм кунад, талхиҳоро табдил ба ширинӣ намояд; аммо баъзе аз ҳодисаҳои ҷаҳон қобили пешгирӣ ва ё бартараф сохтан нест. Масалан пирӣ. Инсон хоҳнохоҳ ба сӯи пирӣ қадам мебардорад ва чароғи умраш рӯ ба хомушӣ меравад. Нотавонӣ ва заъфи пирӣ ва дигар аворизи он чеҳраи зиндагиро ғамгин ва тираву тор мекунад. Ба илова андешаи марг ва нестӣ, чашм бастан аз ҳастӣ, рафтан ва ҷаҳонро ба дигарон вогузоштан, ба навъе дигар инсонро ранҷ медиҳад.

Имони мазҳабӣ дар инсон нерӯи муқовимат меофаринад ва талхиҳоро ширин мегардонад. Инсони боимон медонад ҳар чизе дар ҷаҳон ҳисоби муайне дорад ва агар аксуламалаш дар баробари талхиҳо ба наҳви матлуб бошад, фарзан худи ин (талхӣ) ғайри қобили ҷуброн бошад, ба наҳви дигар аз тарафи Худованди Мутаол ҷуброн мешавад. Пирӣ ба ҳукми инки поёни кор нест ва ба илова як фарди боимон ҳамеша фароғати хешро бо ибодат ва унс гирифтан бо зикри Худо пур мекунад, дӯстдоштанӣ мешавад ба тавре, ки лаззати зиндагӣ дар давраи пирӣ барои мардуми худопараст аз давраи ҷавонӣ бештар мегардад.

Қиёфаи марг дар чашми фарди боимон бо ончи дар чашми фарди беимон менамояд, иваз мешавад. Аз назари чунин фарде, дигар марг, нестӣ ва фано нест, интиқол аз дунёи фонӣ ва гузаро ба дунёи боқӣ ва пойдор, ва аз ҷаҳони кучактар ба ҷаҳони бузургтар аст; марг, мунтақил шудан аз ҷаҳони амалу кишт аст ба ҷаҳони натиҷа ва маҳсул. Аз ин рӯ чунин фарде нигарониҳои хешро аз марг бо кушиш дар корҳои нек, ки дар забони дин амали солеҳ номида мешавад бартараф месозад.

Аз назари равоншиносон, мусаллам ва қатъӣ аст, ки аксари бемориҳои равоние, ки аз норҳатиҳои рӯҳӣ ва талхиҳои зиндагӣ нашъат гирифтааст, дар миёни афроди ғайри мазҳабӣ дида мешавад. Афароди мазҳабӣ ба ҳар нисбат, ки имони қавӣ ва мустаҳкам дошта бошанд аз ин бемориҳо маҳфуз ҳастанд. Аз ин рӯ яке аз мушкилоти зиндагии асри мо, ки дар асари заъфи имонҳои мазҳабӣ падид омадааст, афзоиши бемориҳои равонӣ ва асабӣ аст.

Муртазо Мутаҳҳарӣ

 


[1]Динваравон.

[2]Динваравон.

[3]Равонковӣвадин.

[4]ОлиИмрон, ояти 83<أَفَغَيْرَ دِينِ اللَّهِ يَبْغُونَ وَلَهُ أَسْلَمَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ>

[5]Румояти 30<فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا…>

[6]Писарам

[7]СураиТоҳоояти 124 <مَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا…>

[8]СураиМуҳаммадояти 7 < إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ>

[9]СураиТавбаояти 120 <إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ>

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...