Имом Ҳусайн (а) аз забони Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)

Muharram

MuharramПаёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

هما ريحانتاي من الدنيا

“Ҳасан ва Ҳусайн ду райҳонаи ман аз ин дунёянд”.[1]

Тирмизӣ ба санадаш аз Юсуф ибни Иброҳим нақл карда, ки аз Анас инби Молик шунид ки мегуяд:

سئل رسول الله (صلي الله عليه وآله وسلم) ايّ اهل بيتک احبّ إليک؟ قال: الحسن والحسين. وکان يقول لفاطمة: ادعي لي ابني، فيشمهما ويضمهما إليه

“Аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) савол шуд: Кадомин шахс аз Аҳлибайти шумо наздатон маҳбубтар аст? Ҳазрат фамуданд: Ҳасан ва Ҳусайн. Ва ҳамеша ба ҳазрати Фотима (с) мефармуданд: Ду фарзандамро ба назди ман овар, онгоҳ ондуро мебуйид ва ба сина мечаспонид”.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

الحسن و الحسين ابناي، من احبّهما احبّني، و من احبّني احبّه اللَّه، و من احبّه اللَّه ادخله الجنة، و من ابغضهما ابغضني، و من ابغضني ابغضه اللَّه، و من ابغضه اللَّه أدخله النار

“Ҳасан ва Ҳусайн ду фарзандони ман ҳастанд, ҳар кас ондуро дуст бидорад маро дуст дошта ва ҳаркас маро дуст бидорад Худоро дуст дошта аст ва ҳаркас Худоро дуст бидорад, Худованд ӯро дохили Биҳишт хоҳад кард. Ва ҳаркас индуро душман бидорад маро душман дошта, ва ҳаркас маро душман бидорад Худоро душман дошта ва ҳаркас Худоро душман бидорад Худованд ӯро дохили дар Ҷаҳаннам хоҳад намуд.[2]

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

الحسن والحسين سيّدا شباب اهل الجنة و ابوهما خير منهما

“Ҳасан ва Ҳусайн сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд ва падарашон аз онду беҳтар аст”.[3]

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

حسین منی و انا من حسین

“Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳесайнам”.[4]

Ёсин

__________________________________________

[1] .Саҳеҳи Бухорӣ, китоби фазоил-ул-саҳоба, боби маноқиб-ул-Ҳасан ва Ҳусайн, ҳ 4543.

[2] .Мустадрак алассаҳеҳайн, ҷ3, саҳ181,ҳ 4776. Байрут.

[3] .Мустадрак алассаҳеҳайн, ҷ3, саҳ 181, ҳ 4776.

[4]. Сунани Тирмизӣ, маноқиби Ҳасан ва Ҳусайн, 12/245.

 

 

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...