ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД МУҲАММАДСИДДИҚ МИНШОВӢ

  Замоне ки зиндагии қориёни машҳури чаҳонро мулоҳиза мекунем, номи ошное дидагонро ба хештан ҷалб менамояд. Номе, ки рисолати қориёни Қуръонро дар хотираҳо ҷовидона месозад… Шаҳидулқуро  номе аст, ки бешак ҳар ошиқи қурониро бар он гузар афтодааст. Номе, ки ошиқони Қуръон борҳо ва борҳо бар он диранг карда ва аз хештан пурсидаанд, ки Муҳаммадсиддиқ аз чи рӯ ба ин ном мулаққаб гардидааст? Марде, ки тиловатҳояш  пас аз гузашти солҳо, ҳанӯз зинатбахши маҳофил ва маҷолис аст. Марде, ки муқаллидони бешуморе аз хеш бар ҷой гузошт.

 Агар бихоҳем Муҳаммадсиддиқро бишносем, шояд беҳтар он бошад, ки дар тазкираи урафои аср ба ҷустуҷӯи ӯ бипардозем, чунки Муҳаммадсиддиқ пеш аз онки як қорӣ бошад, як ориф аст. Орифе, ки роиҳаи маърифат ва зӯҳд аз ҷой-ҷои тиловатҳояш бармехезад. Оре, эшон зиндагии хешро вақфи каломи Парвардигор кардааст то ба онҷо ки лаҳзаи ҷудоӣ аз каломи дӯст бар ӯ чунон гарон омад, ки натавонист пазирои он гардад ва оқибат ҷони хешро дар ин роҳ қурбонӣ кард. Ӯро Шаҳидулқуро  номиданд, зеро замоне ки табибони муолиҷаш вайро  аз тиловати китоби Худо барҳазар  доштанд, вай  напазирифт. Чӣ зиндагие ҷудо аз мактаб ва каломи дӯст, на танҳо барои ӯ, балки барои тамоми касоне, ки дар ин роҳ қадам бардоштаанд, басе сахт ва душвор аст.

Муҳаммадсиддиқ Миншовӣ дар шаҳри Миншоти Миср дар хонаводаи бисёр мазҳабӣ по бар арсаи вуҷуд гузошт. Падараш Шайх Сиддиқ Миншовӣ яке аз қориёни орифе буд, ки ҳаргиз дар роҳи тиловаташ аҷру подоше талаб накард. Аз ин рӯ фарзандаш  Муҳаммадро низ бо чунин алоқае парвариш дод то ҷое, ки тиловатро танҳо ба ҷиҳати онки мутааллиқ ба ин Китоби Илоҳӣ аст баргузид. Шайх Сиддиқ Миншовиро фарде дар камоли хушӯъ ва хузӯъ мехонанд, гӯянд ӯ чунон тақвопеша буд, ки ҳаргиз дар ҳеҷ тиловате бар аҷр ва подоши он сухане нагуфт. Танҳо дар маҳал ҳозир мешуд, онгоҳ бо виқори саршор аз тарси илоҳӣ бозмегашт ва ин шевае буд, ки дар миёни фарзандонаш низ мушоҳида мешавад.

Муҳаммадсиддиқ аз онҷо ки дар шаҳри Миншот таваллуд ёфт, чун падараш ба Миншовӣ мулаққаб гардид. Бо ташвиқ ва таълими падар ба омӯзиши маорифи қуръонӣ ва таълими қироатҳои мухталиф пардохт, чаро ки падараш низ аз қориёни машҳури асри худ ба шумор меомад. Марҳум устод Миншовӣ аз ҳамон ибтидо ба ҳифзи комили Қуръон пардохт ва аз нӯҳсолагӣ дар моҳи шарифи Рамазон шабҳо, қироати Қуръон баргузор менамуд. Ин амр то синни ҷавонии устод идома дошт. Ин дар ҳоле буд, ки пас аз чандин бор вурудаш ба радиои Миср Араб ва пахши тиловатҳояш, ба шӯҳрати ӯ афзуда шуд то онки ба унвони яке аз устодон ва қориёни машҳури Миср матраҳ шуд. Ӯ қории бузурге аст, ки дар миёни мутаахирин беназир ва дар миёни мутақаддимин камназир будааст. Ӯ аз мафохири чаҳони Ислом ва мубтакири алҳони гуногуни қуръонӣ ба шумор меояд. Сабки тиловат, садои зебо, лаҳни гарму ҳазин, талаффузи саҳеҳ ва баёни қавии калимот аз мухтассоти қироати марҳум Миншовӣ ба шумор меояд, ки бо чирагӣ ва маҳорати комил ва тасаллути фавқулода, шунавандаро ба оёти илоҳӣ огоҳ месозад. Ӯ чунон тасаллуте ба қирооти ҳафтгона  ва даҳгонаи  ривоёти қориён дорад, ки вайро ба унвони яке аз беҳтарин устодони ин фан дар ҷаҳони Ислом матраҳ намудааст, то онҷо ки шӯҳраташ дар ҷой-ҷои ҷаҳони Ислом паҳн шудааст. Марҳуми Муҳаммадсиддиқ Миншовӣ бо тасаллути комил  ва сабки хос тамоми Қуръони Маҷидро бо қироати тартил тиловат намудааст ва акнун ганҷинае аз наворҳои таҳқиқи ин устод мавҷуд мебошад. Устод дар зиндагии кӯтоҳаш ба кишварҳои гунонун сафар кардааст. Аз он ҷумла ба Сурия, Кувейт ва бархе аз кишварҳои шайхнишини ҳошияи Халиҷи Форс метавон ишора кард, ки дар масҷидҳои мухталифи ин кишварҳо ба тиловати Қуръони Карим пардохтааст. Устод Миншовӣ дар сини 49 солагӣ  дар соли 1349 ҳ.қ. дар шаҳри Қоҳира ҷон ба ҷонофарин таслим кард ва ба ин тариқ гарди ғаму   андӯҳро бар ҷони ошиқони каломи дӯст нишонид, ҳарчанд, ки имрӯз пас аз гузашти солҳо навои  малакутии ӯ зинатбахши маҳфилҳо ва маҷлисҳои қуръонӣ ва парваришдиҳандаи истеъдодҳои нуҳӯфта дар ин асар аст.[1]

Таҳияи Рустамҷони Ёр



[1] . Нармафзори Ал-моида 2.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...