ДОНИСТАНИҲОИ ҚУРЪОНӢ[2]

1. Номи мубораки Паёмбари Ислом(с) чанд бор дар Қуръон омадааст?[2]

2.  Чаро  соли таваллуди Паёмбари Ислом(с) ба соли Фил маъруф аст?[3] 

3.  Кадом паёмбарон дар Қуръон ба унвони сармашқ баён шудаанд?[4]

4. Кадом сура ва ояи Қуръон охирин паёмбар будани Паёмбари Ислом(с)-ро баён намудааст?[5] 

 

5.   Сабаби нозил шудани сураи “Кавсар” чӣ буд?[6]

6. Аввалин сурае, ки ба Паёмбар(с) нозил шуд чӣ ном дошт ва дар куҷо нозил шуд?[7]

7.  Ояе, ки суннати Паёмбар(с)-ро ҳуҷҷат медонад кадом аст?[8]

8. Кадом ояи Қуръони Каримро ҳар гоҳ Паёмбар(с) тиловат менамуданд мегиристанд.[9] 

9. Кадом паёмбар ба омадани Паёбари Ислом(с) башорат додааст?[10]  

10. Паёмбари Ислом(с) чанд сол ба таблиғи дини Ислом машғул буданд?[11]

Таҳияи Зафар Хоҷа



[1] . Бо истифода аз китоби 500 муаммо ва нуктаҳои Қуръонӣ таълифи Ҳасан Садрии Мозандаронӣ.

[2] .5  бор. 1) Оли Имрон, 144. 2) Фатҳ, 29. 3) Сафф, 6. 4)  Муҳаммад(с), 2. 5) Аҳзоб, 40.

[3] . Соли Фил соле аст,  ки лашкари Абраҳа бо филҳо ба хонаи Каъба ҳамла кард, аммо ба фармони Худо ҳалок гардиданд.

[4] . Ҳазрати Муҳаммад(с) ва ҳазрати Иброҳим(а).

[5] . Сураи муборакаи Аҳзоб ояи 40.

[6] . Яке аз душманони ҳазрати Паёмбар(с) бо нешханд гуфт, ки Муҳаммад чун писар надорад баъд аз вафо- таш номаш ҳам гум мешавад ва бенишон мемонад. Худо дар ҷавоб ин сураро нозил кард ва фаҳмонд, ки душмани паёмбар(а) бенишон аст ва ба паёмбар(а) хайри фаровоне додааст.

[7] . Сураи “Алақ” дар ғори “Ҳиро”.

[8] . Сураи Ҳашр ояи 7.

[9] . Сураи Юнус ояи 61. Худо ба Паёмбари Ислом(с) мефармояд: Эй Расули Худо (бидон ки ту) дар ҳар ҳол бошӣ ва ҳар ояе аз Қуръонро тиловат куни ва ҳар коре, ки ту ва умматат кунӣ мо ҳамон лаҳза шуморо мушоҳида мекунем ва ҳеҷ заррае дар замину осмон аз Худои ту пинҳон нест ва кӯчактар аз зарра ва бузургтар аз он ҳарчи ҳаст, ҳама дар китоби мубини ҳақ, навишта шудааст.

[10] . Ҳазрати Исо(а).

[11] . 13 сол дар Маккаи Муаззама ва 10 сол дар Мадинаи Мунаввара яъне 23 сол ба таблиғи дин машғул буда  нахустин ҳукумати исломиро баъд аз ҳиҷрат ба Мадина ташкил доданд.

 

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНФОЛ

СУРАИ АНФОЛ Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 75 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Аз ту дар бораи анфол (ғаниматҳо ва сарватҳои...

Бо баҳори дилҳо (4)

Ҳарфҳои муқаттаъа Чаро дар аввали сураҳои Қуръон монанди “Бақара” ва “Оли Имрон” калимаҳое монанди (алиф.лом.мим) омада аст? Ин калимаҳо чӣ маъно доранд? Ба ин ҳарфҳо,...

Хонавода дар Қуръони Карим

Бо назар ба оёти зиёди Қуръони Маҷид дар хусуси калимаи “байт” (хона) чунин ба даст меояд, ки ин макони сақфдори маҳдуд аввалин муҳити рушду парвариши...

Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, сод. [Ин] китобест, ки ба...

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...