Гуфтугӯ бо қуръон 4

Ту чигуна китобе ҳастӣ?

1.         Ман нурам

«يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَكُمْ بُرْهَانٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكُمْ نُورًا مُبِينًا»[1]

Эй мардум! Далели равшане аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омад ва нури ошкоре [китоби осмонӣ] ба сӯи шумо нозил кардаем.

2.         Аз тарафи нур омадаам

«اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ… «[2]

Худованд нури осмонҳо ва замин аст.

3.         Барои нур фиристода шудаам ва ба воситаи ӯ таълим дода мешавам.

«يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ شَاهِدًا وَمُبَشِّرًا وَنَذِيرًا وَدَاعِيًا إِلَى اللَّهِ بِإِذْنِهِ وَسِرَاجًا مُنِيرًا»[3]

Эй Паёмбар мо туро гувоҳ фиристодаем ва башоратдиҳанда ва бимдиҳанда ва туро даъваткунанда ба сӯи Худо ба фармони ӯ қарор додем ва чароғи равшанибахш.

4.         Мехоҳам аз зулмат ба сӯи нур ҳидоят кунам

«الر كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَى صِرَاطِ الْعَزِيزِ الْحَمِيد»[4]

Алиф. Лом. Ро. (Ин) Китобест, ки бар ту нозил кардем то мардумро аз торикиҳо (-и ширк ва зулму ҷаҳл) ба сӯи рушноӣ (имону адл ва огоҳӣ) ба хости Парвардигорашон берун оварӣ ва ба сӯи роҳи Худованди тавоно ва сутуда (ҳидоят кунӣ(.

[1] . Сураи Нисо, ояти 174.

[2] . Сураи Нур, ояти 35.

[3] . Сураи Аҳзоб, ояти 45-46.

[4] . Сураи Иброҳим, ояти 1.

Охирин матолиб

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *