Вижагиҳои як муаллими мутааҳҳид

1) Барқарории робитаи отифӣ: Муаллимон бояд бо барқарории робитаи отифии дутарафа, сабаби ҷалби эътимоди шогирдони худ шаванд. Ин иртибот бояд ба сурате бошад, ки шогирдон ҳамвора вуҷуди фарди дилсуз ва алоқаманд ба саодати хешро дар канори худ эҳсос кунанд ва дар ҳангоми зарурат мушкилоташонро бо ӯ дар миён бигузоранд.

2) Ошноӣ бо равоншинохтии рушд: Муаллимон бояд бо усули равоншиносии рушд ошно бошанд ва рушди ҷанбаҳои мутафовити шахсияти шогирдон монанди ҷанбаҳои баданӣ, ақлонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, отифӣ ва ғайраро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд ва бидонанд, ки инҳо бо ҳам маҷмӯаи комилеро ташкил медиҳанд ва нодида гирифтани ҳар як аз ин ҷанбаҳо сабаб мешавад, ки рушд ба сурати мутаносиб ва мавзун сурат нагирад.

3) Итминон аз яксон будани арзишҳои ҳоким дар хона ва мактаб: Тазодди арзишҳои ҳоким дар хона ва дар мактаб сабаби эҷоди тазод дар шахсияти навҷавонон мешавад ва ҳар гуна талош дар заминаҳои тарбиятиро беасар мекунад. Муаллимон бояд аз иртибот бо волидайни шогирдон ба ҷиҳати шинохти беҳтар, мубодилаи таҷрибаҳои тарбият ва итминон аз яксон будани арзишҳои ҳоким бар мактаб ва хона барои пешбурди аҳдофи тарбиятӣ истифода кунанд.

4) Таваҷҷӯҳ ба тафовутҳои фардӣ: Тафовутҳои фардӣ аз дигар усуле аст, ки равоншиносон дар заминаи рушд мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Ба далели вуҷуди тафовутҳои фардӣ дар шогирдон, дар заминаҳои ҳушӣ, вазъи иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, истеъдодҳо ва тавоноиҳо ва бо дар назар гирифтани маҳдудиятҳои онон, арзиш қоил шаванд ва ба ҳамон нисбат онҳоро мавриди ташвиқ қарор диҳанд. Бахусус интизороти болотар аз тавоноиҳои навҷавонон надошта бошанд, зеро нотавонии навҷавонон барои таъмини хостаҳо ва интизороти бузургсолон сабаби эҷоди нооромӣ ва навасоноти рӯҳӣ мегардад ва монеи эътимод ба нафси ҷавонон мешавад.

5) Ҳадафманд будани ташвиқ: Дар шароите, ки навҷавонон натавонанд ба кӯмаки хонавода роҳи муайянро интихоб ва дар зиндагӣ дунбол кунанд, муаллимон метавонанд бо ташвиқи онон бо ҳадафманд будан, ба истеъдодҳои онҳо ҷиҳат диҳанд. Ташвиқ кардан на танҳо донишомӯзонро маҷбур мекунад, ки талоши бисёре барои ёдгирӣ аз худ нишон диҳанд, балки ононро ба ширкат дар баҳс ва таваҷҷӯҳ ба матолиби дарс низ ташвиқу тарғиб мекунад. Ташвиқ метавонад гуфторӣ ва ғайригуфторӣ бошад, ки дар ҳар ҳол боиси ҷалби таваҷҷӯҳи шогирдон, лаззатбахш шудани дарс, суръат дар амри омӯзиш ва пешрафти таҳсилӣ мешавад.

6) Фароҳам овардани шароити ибрози вуҷуд дар синф: Муаллимон бояд ҳамонанди хонавода, ҷоеро омода кунанд, ки дар он имкони ибрози вуҷуд ва баёни ақоид ва афкор, ҳунар, авотиф ва эҳсосоти навҷавонон фароҳам гардад. Таъмини ин ниёз дар таъмини амнияти равонӣ, рушди қувваи ибтикор ва халлоқияти шогирдон, афзоиши эътимод банафс ва рушди шахсияти иҷтимоии онон таъсири бисёре дорад. Зеро навҷавонон агар натавонанд аз роҳҳои мусбат ва созанда монанди дарс, варзиш ва ҳунар ибрози вуҷуд кунанд, аз роҳҳои зидди арзишҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд.

7) Таъмини амнияти равонӣ: Ҳамонанди хонаводаҳо, ки бояд бо таъмини ниёзҳои отифӣ, равонӣ ва маишатии фарзандон муҳити муносиберо фароҳам оваранд, муаллимон низ, бояд дар мактаб фазоеро муҳайё кунанд, ки амнияти равонии шогирдон бахусус дар давраи булуғ ва навҷавонӣ, таъмин гардад. Чи бисёр навҷавононе, ки аз хонаводаҳои муташанниҷ ва бидуни бархурдорӣ аз камтарин вобастагии отифӣ басар мебаранд ва аз мактаб ба манзалаи паноҳгоҳе барои таскини дардҳои дарунӣ ва ҷуброни камбудҳои отифии худ ва низ фаро гирифтани дарсҳо истифода мекунанд. Дар ин сурат фароҳам овардани муҳити муносиб дар синф сабаби коҳиши даргирӣ ва изтироби ин гуна шогирдон мешавад, имкони дарс хонданро барои онҳо ба вуҷуд меоварад ва қудрати таҳаммули онҳоро дар баробари мушкилот афзоиш медиҳад. Акси он замоне аст, ки мактаб низ натавонад халаи отифӣ ва равонии ин қабил шогирдонро пур кунад. Дар ин сурат, ки навҷавон худро танҳо ва бепаноҳ ҳис мекунад ва ба доми афроди нобоб меафтад ва заминаи хилофкориҳои онон фароҳам мешавад.

идома дорад

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...