Решаҳои беҳиҷобӣ ва бадҳиҷобӣ 1

1- Шахсӣ
А) Ҳавасронӣ

Инсон мисли дигар ҳаивонот аз қувваи шаҳват бархурдор аст. Ҳарчанд, ки дӯст доштани шаҳват айб набуда ва балки хуб ҳам ҳаст, аммо дил бастан ва таваҷҷӯҳи бештар ба он ӯро ба инсони ҳавасрон табдил мекунад, ки ҳеҷ вақт аз лаззати он сер намешавад.

Занҳои ҳавасрон ба хотири ирзо ва сер кардани ғароизи ҷинсии худ ба танаввуи либос, ороиш ва зинат, худнамоӣ ва лаззатхоҳӣ меандешанд. Аз ин рӯ беҳтарин авқоти худро дар худнамоӣ ва дар маърази диди мардони номаҳрам қарор медиҳанд. Чунин инсонҳое, бидуни он ки ба оқибати корашон нигоҳ кунанд, ба хостаҳои нафсонӣ ва шаҳвонии худ беш аз ҳар чизе аҳаммият медиҳанд. Чи инсонҳое, ки ба хотири тавваҷҷӯҳ накардан ба оқибати корашон ба анвоъ ва ақсоми гирифториҳо дучор шуда, вақте зиндагии худи ӯ дар хатар афтодааст чунон, ки Ҳазрати Алӣ(а) дар ин бора мефармояд:

“Касе, ки бар шаҳавот пеша гирад, офатҳо бар ӯ суръат ва шитоб мегирад.”

Дар ҳадиси дигар аз он ҳазрат нақл шудааст, ки мефармоянд: “Агар ҳавои нафси худро итоат кунӣ, кару курат мекунад ва охирати туро ба табоҳӣ ва нобудӣ мекашонад.”

Гузашта аз ҳама зарарҳо ва офатҳои рӯҳӣ ва ҷисмии зане, ки ҷавон аст мумкин аст, то ҳудуде ба ғароизи худ посухи мусбат диҳад. Аммо дар синини болотар танҳоӣ дар зиндагӣ бадтарин ранҷро ба армағон меоварад, дуруст дар мавқеъ ва замоне, ки ба ҳамдардӣ ва муҳаббат ниёз дорад, танҳо мешавад.

Дар ҳоле ки маъмулан инсон талош мекунад, ки дар синну соли болотар, вақте ки аз падар ва модари худ фосила мегирад, бояд оромиши мусбате дошта бошад ва ин оромиш дар сояи ҳиҷоб ва покдоманӣ ва таваҷҷӯҳ ба Худо муяссар аст. Зане, ки дар ҷиҳати инҳироф бо беҳиҷобӣ ба дунболи ғароизи нафсонии худ талош мекунад, дар роҳи Шайтон ва бо ресмони нафси аммора ба пеш бурда мешавад. Бидуни он ки хоҳиш ва иродаи бозгашт аз худ дошта бошад, масире, ки ҷиҳатдеҳии он ба амвоҷи ғароизи шаҳвонӣ интиҳои ҷаҳаннам ва азоби дарднок аст. Ва чи бад роҳе аст ин роҳ.

Б) Касби мавқеият

Инсон ҷоҳталаб аст ва ҳамеша мехоҳад дар миёни мардум мавқеият ва ҷойгоҳи боло дошта бошад.

Чунин ҷойгоҳе ба ду шакли воқеӣ ва дурӯғ ба даст меояд.

Ҷойгоҳи воқеӣ ва ҳақиқӣ дар асари омӯхтани илм ва дониш ва фазилатҳои ахлоқӣ ба даст меояд. Аммо баъзе аз заноне, ки дорои ин арзишҳо нестанд, бо нишон додани зебоиҳо ва ҷозибаҳои табиӣ ва сохтагии занонаи худ талош дар ҷалби таваҷҷӯҳи дигарон мекунанд, то ба камбудиҳои зоҳирии худ посух диҳанд. Бе хабар аз он ки ҳаргиз касе намоиши зебоиҳои занонаро далел ва нишона бар шахсият ва ҷойгоҳ ва арзиши зан намешуморад.

Беҳиҷобӣ ё бадҳиҷобӣ занро соҳиби ҷойгоҳ намекунад, балки аз ӯ лухтаке месозад, ки бо инсоният ва мақоми баланди инсонӣ фосила дорад. Зан агар дорои фазилат ва арзишҳои инсонӣ набошад, агар саросари вуҷуди худро ба тилло ва либосҳои фохир ҳам ороста кунад, заррае бар арзиши воқеии ӯ афзуда нахоҳад шуд, зеро ҳазор зеваролот ва тилло ва зебоӣ ба як дона ҷав тақво намеарзад.

Ба даст овардани ҷойгоҳ ва мақом дар ҷомеа ва дар байни мардум ҷуз аз роҳи талош ва кушиши фард барои доро шудани зебоҳои ботинӣ ва кудурати инсонӣ ва кӯмаки Худованд имкон надорад.

Савол мешавад, ки чаро дунболи ҷойгоҳ ва мавқеият дар ҷомеа ҳастӣ?

Зан! Арзиши ту болотар аз он аст, ки худро чарогоҳи чашмҳои гуруснаи мардони номаҳрам созӣ. Ту бояд аз ҳазрати Фотима(р) ва ҳазрати Марям пайрави кунӣ, ки фаришта бо онҳо сухан мегуфт, на онки аз арзиши худ кам кунӣ.[1]

Шоир аз сухани ҳазрати Фотима(р) ба занони мусалмон чунин месарояд:

                 Эй зан ба ту аз Фотима ингуна хитоб аст

                 Арзандатарин зинати зан ҳифзи ҳиҷоб аст.

[1]. Таҳлиле нав амали аз ҳиҷоб дар асри ҳозир, саҳ. 48

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.