СУРАИ МОИДА
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо кунед. Чорпоёни забонбаста барои шумо ҳалол шудааст, магар он чи [ҳукмаш] бар шумо хонда мешавад. Дар ҳоле ки шумо дар эҳром ҳастед, шикор карданро ҳалол нашуморед. Ба дурустӣ Худо он чиро бихоҳад ҳукм мекунад.
- Эй касоне, ки имон овардаед! [Шикастани ҳурмати] нишонаҳои Худо ва на моҳҳои ҳаром ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор ва на қасдкунандагони Байтулҳаромро, ки аз Парвардигори худ фазлу хушнудӣ металабанд, ҳалол нашуморед. Ва ҳангоме ки аз эҳром берун омадед, пас [метавонед] шикор кунед ва албатта душмании гурӯҳе, барои ин ки шуморо аз Масҷид-ул-ҳаром боздоштанд, водор накунад, ки [бар ҳуқуқи онҳо] таҷовуз кунед. Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар ҳамкорӣ накунед ва аз Худо битарсед; ҳамоно Худованд сахткайфар аст.
- Бар шумо ҳаром шудааст; мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чи [вақти зибҳи он] номи ғайри Худо бар он бурда шавад ва [ҳайвоне, ки] ба хафа кардан бимирад ва бар асари задан мурда бошад ва аз баландӣ афтода бимирад ва бо шох задан мурда бошад ва он чи дарранда хӯрда бошад, магар он чиро [зинда ёбед ва] зибҳ кунед ва он чиро барои бутҳо зибҳ шудаанд ва тақсим кардани [гӯшти ҳайвон] ба василаи чӯбҳои шартбандӣ [ҳамаи] инҳо нофармонӣ аст. Имрӯз касоне, ки куфр варзиданд аз [шикасти] дини шумо ноумед шудаанд; пас аз онон натарсед ва [аз Ман] битарсед. Имрӯз динатонро барои шумо комил кардам ва неъмати Хешро барои шумо комил кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо писандидам. Ва ҳар кас дар гуруснагӣ ночор шавад ва ба гуноҳ моил набошад, пас ҳамоно Худованд омурзандаи Меҳрубон аст.
- Аз ту мепурсанд: «чӣ чизе барои онҳо ҳалол шудааст?» Бигӯ: «покизаҳо барои шумо ҳалол шудаанд ва [низ сайди] ҳайвоноти шикорие, ки таълим додаед, дар ҳоле ки тарбияткунандаи сагҳои шикорӣ ҳастед, ки аз он чи Худо ба шумо таълим додааст, ба онҳо меомӯзед; пас аз он чи барои шумо [гирифта ва] нигоҳ доштаанд, бихӯред ва [ҳангоми фиристодани ҳайвони шикорӣ] номи Худоро бар он ёд кунед ва аз Худо битарсед; ҳамоно Худованд зудҳисобрас аст.
- Имрӯз покизаҳо барои шумо ҳалол карда шуд ва таоми касоне, ки ба онҳо китоб дода шуд, барои шумо ҳалол аст ва таоми шумо барои онҳо ҳалол аст ва [низ издивоҷ бо] занони покдомани аз мӯъминон ва занони покдомани аз касоне, ки пеш аз шумо ба онҳо китоб дода шудааст [барои шумо ҳалол шуд] ба шарти он ки маҳрашонро ба онҳо бидиҳед; дар ҳоле ки покдоман бошед, на зинокор ва на гирандагони дӯстони пинҳонӣ. Ва ҳар кас ба [аркони] имон куфр варзад, пас қатъан амалаш табоҳ шавад ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки ба намоз бархезед, пас рӯйҳо ва дастҳоятонро то оринҷҳо бишӯед ва сарҳоятонро масҳ кунед ва пойҳоятонро то ду буҷулак [бишӯед]. Ва агар ҷунуб бошед, пас ғусл кунед ва агар бемор ё мусофир бошед ё касе аз шумо аз қазои ҳоҷат биёяд ё бо занон наздикӣ кардед ва обе наёфтед, пас бар замини пок таяммум кунед ва аз он ба рӯйҳоятон ва дастонатон масҳ кунед; Худо намехоҳад, ки барои шумо сахтие қарор диҳад, валекин мехоҳад шуморо пок созад ва неъматашро бар шумо тамом намояд; бошад, ки шумо шукргузор бошед.
- Ва ба ёд оваред неъмати Худоро бар худ ва паймонашро, ки бо он аз шумо паймон гирифт, онгоҳ ки гуфтед: «шунидем ва итоат кардем». Ва тақвои Худоро пеша кунед; ба яқин Худо ба рози дилҳо доност.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Қиёмкунанда барои Худо [ва] гувоҳидиҳанда ба адолат бошед ва албатта, душмании гурӯҳе шуморо ба тарки адолат водор накунад; адолат пеша кунед, ки он ба тақво наздиктар аст ва тақвои Худоро пеша кунед; ҳамоно Худованд ба он чи анҷом медиҳед огоҳ аст.
- Худо касонеро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, барояшон ваъдаи омурзиш ва подоши бузурге додааст.
- Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оятҳои Моро такзиб карданд, онон аҳли дӯзаханд.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Неъмати Худоро бар худ ба ёд оваред, онгоҳ ки гурӯҳе қасди дастдарозӣ ба сӯи шумо карданд, пас дастонашонро [Худо] аз шумо боз дошт ва тақвои Худоро пеша кунед ва мӯъминон пас бояд бар Худо таваккал кунанд.
- Ва ҳамоно Худо аз Банӣ Исроил паймон гирифт ва аз онҳо дувоздаҳ сардор барангехтем. Ва Худо гуфт: «ҳамоно Ман бо шумо ҳастам, агар намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ба паёмбаронам имон оваред ва онҳоро ёрӣ кунед ва қарз диҳед ба Худо қарзи некӯ, қатъан бадиҳоятонро аз шумо мепӯшонам ва ҳатман шуморо ба боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст, ворид мекунам. Ва ҳар кас аз шумо баъд аз он куфр варзад, пас қатъан роҳи дурустро гум кардааст».
- Пас ба сабаби шикастани онҳо паймонашонро лаънаташон кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем; дар ҳоле ки калимот [-и Худо]-ро аз ҷоҳои худ таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро ба он панд дода шуданд, фаромӯш карданд. Ва ту ҳамеша бар хиёнате аз онон огоҳ мешавӣ -магар андаке аз онҳо- пас ононро афв кун ва гузашт намо; ба яқин Худо некӯкоронро дӯст медорад.
- Ва аз касоне, ки гуфтанд: «ба дурустӣ мо масеҳӣ ҳастем» паймони онҳоро гирифтем ва қисмате аз он чиро, ки ба он панд дода шуданд, фаромӯш карданд; пас дар миёни онҳо то рӯзи қиёмат душманӣ ва кина афкандем ва Худо ба зудӣ онҳоро ба он чи ҳамеша анҷом медоданд, хабар хоҳад дод.
- Эй Аҳли Китоб! Ба дурустӣ, ки паёмбари Мо ба сӯи шумо омад; бисёре аз он чи аз китоб [-и осмони]-ро, ки пинҳон медоштед, барои шумо равшан месозад ва аз [кӯтоҳиҳои] бисёре мегузарад. Дар ҳақиқат аз ҷониби Худо барои шумо нур ва китоби равшане омадааст.
- Худо ба сабаби он, ҳар касеро, ки хушнудии Ӯро пайравӣ кунад, ба роҳҳои саломат [ва наҷот] ҳидоят мекунад ва онҳоро ба хости Худ аз торикиҳо ба сӯи нур берун мебарад ва ононро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
- Касоне, ки гуфтанд: «қатъан Худо ҳамон Масеҳ, писари Марям аст» ҳатман кофир шуданд; бигӯ: «агар [Худо] бихоҳад Масеҳ, писари Марям ва модараш ва ҳар он касро, ки дар замин аст, ҳамагиро ҳалок кунад, пас чӣ касе дар баробари Худо молики чизест? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни он ду аст, барои Худост; ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва Худо бар ҳар чизе тавоност».
- Ва яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд: «мо писарони Худо ва дӯстони Ӯ ҳастем». Бигӯ: «пас чаро шуморо барои гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо башаре ҳастед аз онҳое ки офаридааст. Ҳар касро бихоҳад, меомурзад ва ҳар касро бихоҳад, азоб мекунад ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни он ду аст, барои Худост ва бозгашт фақат ба сӯи Ӯст».
- Эй Аҳли Китоб! Ба дурустӣ, ки Паёмбари Мо пас аз фосилае аз паёмбарон, ба сӯи шумо омад; дар ҳоле ки барои шумо [ҳақоиқро] баён мекунад, то [мабодо] бигӯед: «ҳеҷ башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳандае ба сӯи мо наёмад». Ва дар ҳақиқат башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда ба сӯи шумо омад ва Худо бар ҳар чизе тавоност.
- Ва ҳангоме ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «эй қавм [-и ман]! Неъмати Худоро бар худ ёд кунед, онгоҳ ки дар миёни шумо паёмбароне қарор дод ва шуморо фармонраво сохт ва он чиро ба шумо дод, ки ба ҳеҷ кас аз ҷаҳониён надода буд.
- Эй қавм [-и ман]! Бар сарзамини муқаддасе, ки Худо барои шумо муқаррар намудааст, ворид шавед ва ба пушти саратон барнагардед, ки зиёнкор хоҳед шуд».
- Гуфтанд: «эй Мӯсо! Ҳамоно дар он ҷо гурӯҳи зӯрманде ҳастанд ва мо ҳаргиз ба он ҷо ворид намешавем, то он ки онон аз он ҷо берун раванд ва агар онҳо аз он ҷо хориҷ шаванд, пас ҳатман мо ворид хоҳем шуд».
- Ду мард аз касоне, ки [аз Худо] метарсиданд [ва] Худо бар он ду инъом карда буд, гуфтанд: «аз он дарвоза бар онон ворид шавед ва чун вориди он шудед, пас қатъан шумо пирӯзед ва агар мӯъминед, пас бар Худо таваккал кунед».
- Гуфтанд: «эй Мӯсо! То вақте ки дар он ҷо ҳастанд, мо ҳаргиз вориди он нахоҳем шуд, пас ту ва Парвардигорат биравед ва биҷангед, қатъан мо ҳамин ҷо нишастаем».
- [Мӯсо] гуфт: «Парвардигоро! Ҳамоно ман ҷуз ихтиёри худам ва бародарамро надорам, пас байни мо ва байни гурӯҳи нофармон ҷудоӣ биандоз».
- [Худованд] фармуд: «пас дар ҳақиқат он (сарзамин) чиҳил сол бар онҳо ҳаром шудааст; дар ҳоле ки дар замин саргардон хоҳанд буд; пас бар гурӯҳи нофармон андӯҳгин набош».
- Ва хабари ду фарзанди одамро ба ҳақ бар онон бихон; ҳангоме ки он ду барои наздикӣ [ба Парвардигор] қурбонӣ карданд. Пас, аз яке пазируфта шуд ва аз дигарӣ пазируфта нашуд. [Қобил] гуфт: «қатъан туро хоҳам кушт!» [Ҳобил] гуфт: «Худо фақат аз парҳезгорон мепазирад».
- [Ҳобил гуфт:] агар дастатро ба сӯи ман дароз кунӣ, то маро бикушӣ ман ҳаргиз дасти худро ба сӯи ту дароз нахоҳам кард, то туро бикушам; ба ростӣ, ки ман аз Худо, Парвардигори оламиён метарсам.
- Ҳамоно ман мехоҳам, ки гуноҳи ман ва гуноҳи худро бар дӯш кашӣ ва аз аҳли дӯзах бошӣ ва ин ҷазои ситамгарон аст.
- Пас нафсаш ӯро ба куштани бародараш водор кард ва ӯро кушт ва аз зиёнкорон гардид.
- Пас Худо зоғеро фиристод, то дар замин кандуков кунад, то ба ӯ нишон диҳад, ки чигуна ҷасади бародарашро пинҳон кунад. [Қобил] гуфт: «эй вой бар ман, оё нотавонам аз ин ки мисли ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро пинҳон кунам?» Пас, аз пушаймонон гардид.
- Ба ҳамин сабаб, бар Банӣ Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас шахсеро бидуни [қисоси] нафсе ё фасоде дар замин бикушад, пас гӯё ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кас онро зинда бидорад, пас гӯё ҳамаи мардумро зинда доштааст ва ба таҳқиқ паёмбарони Мо барои онҳо нишонаҳои равшан оварданд; онгоҳ, қатъан бисёре аз онон баъд аз он дар замин зиёдаравӣ мекарданд.
- Ҷазои касоне, ки бо Худо ва паёмбари Ӯ меҷанганд ва дар замин барои фасод талош мекунанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ва ё ба дор овехта шаванд ё дасту пояшон бар хилоф [-и якдигар] бурида шавад ё аз сарзамини [худ] табъид гарданд. Ин барояшон расвоӣ дар дунёст ва дар охират барои онҳо азоби бузургест.
- Магар касоне, ки пеш аз он, ки бар онҳо даст ёбед, тавба кунанд; пас бидонед, ки Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба сӯи Ӯ васила биҷӯед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, бошад, ки шумо растагор шавед.
- Дар ҳақиқат касоне, ки куфр варзиданд, ҳамоно агар тамоми он чи дар рӯи замин аст ва мисли он ба ҳамроҳаш, барои онон бошад, то [барои наҷот] аз азоби рӯзи қиёмат онро фидя диҳанд, аз онҳо пазируфта намешавад ва барояшон азоби дарднокест.
- Мехоҳанд, ки аз оташ [-и дӯзах] берун раванд; дар ҳоле ки онон аз он берун шуданӣ нестанд ва барояшон азоби пойдор аст.
- Ва марди дузду зани дузд ба ҷазои он чи анҷом додаанд, ба унвони муҷозоте аз ҷониби Худо, дастонашонро бибуред ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
- Ва ҳар кӣ баъд аз ситам карданаш тавба кунад ва ислоҳ намояд, пас ба яқин Худо тавбаи ӯро мепазирад; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Оё намедонӣ, ки Худо, фармонравоии осмонҳо ва замин барои Ӯст? Ҳар касеро бихоҳад азоб мекунад ва ҳар касеро бихоҳад меомурзад ва Худо бар ҳар чизе тавоност.
- Эй Паёмбар! Касоне, ки дар куфр варзидан мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд [чӣ] аз касоне, ки бо забонашон гуфтанд: «имон овардем», дар ҳоле ки дилҳояшон имон наёварда буд ва [чӣ] аз касоне, ки яҳудианд, ки шунавандагон барои дурӯғ ҳастанд, шунавандагон [ва ҷосусон] барои гурӯҳи дигаре ҳастанд, ки назди ту наёмадаанд. Калимот [-и Худо]-ро баъд аз [қарор гирифтан дар] ҷойгоҳояшон дигаргун мекунанд [ва ба якдигар] мегӯянд: «агар ин [ҳукм] ба шумо дода шуд, пас онро бипазиред ва агар он ба шумо дода нашуд, пас дурӣ кунед» ва касеро, ки Худо фитна [ва муҷозот]-и ӯро бихоҳад, ҳаргиз аз тарафи Худо барои [наҷоти] ӯ молики чизе нестӣ. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо нахостааст дилҳояшонро пок кунад; дар дунё барояшон расвоӣ ва дар охират барояшон азоби бузург аст.
- Шунавандагоне барои дурӯғ ҳастанд [ва] бисёр ришвахӯр ҳастанд ва агар ба назди ту оянд, пас байни онон доварӣ кун ё аз онон рӯй гардон. Ва агар аз онон рӯй гардонӣ, пас ҳеҷ зараре ба ту намерасонанд ва агар доварӣ кардӣ, пас ба адл дар миёнашон доварӣ кун. Қатъан Худованд адолатпешагонро дӯст медорад.
- Ва чигуна туро довар қарор медиҳанд? Дар ҳоле ки Таврот, ки ҳукми Худо дар он аст, назди онҳост! Онгоҳ баъд аз ин [доварӣ] рӯй мегардонанд ва онҳо мӯъмин нестанд.
- Дар ҳақиқат Мо Тавротро, ки дар он нуру ҳидоят аст, нозил кардем. Паёмбароне, ки [дар баробари аҳкоми илоҳӣ] таслиманд, ба василаи он барои касоне, ки яҳудӣ буданд, ҳукм мекарданд ва [ҳамчунин] олимони раббонӣ ва донишмандон, бо он чи аз китоби Худо ба онҳо супурда шуда буд ва бар он гувоҳ буданд [ҳукм мекарданд] пас, аз мардум матарсед ва аз Ман битарсед ва оятҳои Маро ба баҳои андак нафурӯшед ва ҳар кас бар асоси он чи Худо нозил кардааст ҳукм накунад, пас онҳо худ кофиранд.
- Дар он [Таврот] бар онҳо муқаррар доштем, ки ҷон дар баробари ҷон ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон [қисос] дорад ва ҷароҳатҳо [ҳам] қисос доранд. Ва ҳар кас он [қисос]-ро бибахшад, пас он каффорае барои [гуноҳони] ӯст ва ҳар кас, ки бар он чи Худованд нозил кардааст ҳукм накунад, пас онҳо худ ситамгаранд.
- Ва ба дунболи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроти пеш аз худ буд ва Инҷилро ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва нур буд ва тасдиқкунандаи Тавроти пеш аз худ ва ҳидояту панде барои парҳезгорон буд.
- Ва аҳли Инҷил бояд бар асоси он чи Худо дар он нозил кардааст, ҳукм кунанд ва ҳар кас, ки ба он чи Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, пас онҳо худ фосиқонанд.
- Ва Китоб (Қуръон)-ро ба ҳақ ба сӯи ту нозил кардем, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он ва нигаҳбон бар он [-ҳо] аст; пас бар асоси он чи Худо нозил кардааст, миёни онҳо ҳукм кун ва аз хостаҳои нафсонии] онҳо [ба ҷои] он чи аз ҳақ, ки ба ту расидааст, пайравӣ макун. Барои ҳар як аз шумо шариату роҳи равшане қарор додаем ва агар Худо мехост, ҳатман шуморо як уммат қарор медод, вале [мехоҳад] то шуморо дар мавриди он чи ба шумо додааст, имтиҳон кунад; пас [ба сӯи] некиҳо бишитобед; бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Худо аст ва шуморо ба [ҳақиқати] он чи ҳамеша дар он ихтилоф мекардед, хабар медиҳад.
- Ва дар миёни онон бар асоси он чи Худо нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостаҳои [нафсонии] онҳо пайравӣ макун ва аз онҳо барҳазар бош, ки мабодо туро аз бархе аз он чи Худо бар ту нозил кардааст, ба бероҳа кашонанд ва агар онҳо рӯй гардонанд, пас бидон, ки Худо мехоҳад онҳоро ба [ҷазои] бархе аз гуноҳонашон бирасонад ва қатъан бисёре аз мардум фосиқонанд.
- Ва оё хостори ҳукми ҷоҳилиятанд? Ва чӣ касе дар доварӣ беҳтар аз Худост? Барои гурӯҳе, ки яқин доранд.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Яҳуд ва насороро дӯстон [-и хеш] нагиред; баъзе аз онон дӯстони баъзе [дигар]-анд ва ҳар кас аз шумо ононро дӯст гирад, пас дар ҳақиқат ӯ аз онҳост; ба яқин Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
- Ва мебинӣ касонеро, ки дар дилҳояшон бемориест, дар [дӯстӣ бо] онон мешитобанд; дар ҳоле ки мегӯянд: «метарсем, ки балое ба мо бирасад» ва умед аст, ки Худо пирӯзӣ ё амре аз назди хеш биёварад; то аз он чи дар дилҳояшон пинҳон доштанд, пушаймон шаванд.
- Ва касоне, ки имон оварданд, мегӯянд: «оё инҳо (мунофиқон) касоне ҳастанд, ки бо сахттарин савгандҳои хеш ба Худо савганд ёд карданд, ки ҳатман онон бо шумо ҳастанд?» Амалҳои онҳо табоҳ шуд ва зиёнкор гардиданд.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар кас аз шумо аз дини худ баргардад [ба Худо зараре намерасонад] ва ба зудӣ Худо гурӯҳеро меоварад, ки онҳоро дӯст дорад ва онҳо [низ] ӯро дӯст доранд; дар баробари мӯъминон фурӯтан ва дар баробари кофирон сарбаланд ҳастанд; дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре наметарсанд. Ин фазли Худост; онро ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Худованд кушоишгари доност.
- Ҷуз ин нест, ки валии шумо, Худо ва Паёмбари ӯ ва касоне ҳастанд, ки имон овардаанд [ҳамон] касоне, ки намозро барпо медоранд ва дар ҳоле ки онҳо дар рукӯъ ҳастанд, закот медиҳанд.
- Ва ҳар кас вилояти Худо ва паёмбари Ӯ ва касонеро, ки имон овардаанд бипазирад, пас ба яқин ҳизби Худо пирӯз аст.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Касонеро, ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шуд, ки дини шуморо ба масхара ва бозӣ гирифтаанд ва [низ] кофиронро дӯстон [-и худ] нагиред ва тақвои Худоро пеша кунед, агар шумо мӯъмин ҳастед.
- Ва ҳангоме ки [бо азон] ба намоз нидо медиҳед, онро ба масхара ва бозӣ мегиранд; ин ба хотири он аст, ки онон гурӯҳе ҳастанд, ки намеандешанд.
- Бигӯ: «эй Аҳли Китоб! Оё ҷуз ба ин хотир аз мо интиқом мегиред, ки ба Худо ва он чи ба сӯи мо нозил шудааст ва он чи пеш [аз ин] нозил шудааст, имон овардаем? Ва ин ки бештари шумо нофармонед!»
- Бигӯ: «оё шуморо ба кайфари бадтар аз ин дар назди Худо хабар диҳам? Касе, ки Худо ӯро лаънат кардааст ва бар ӯ хашм гирифтааст ва баъзе аз онҳоро маймунҳо ва хукҳо қарор додааст ва тоғутро парастиш кардаанд; ҷойгоҳи онҳо бадтар ва аз роҳи дуруст гумроҳтаранд».
- Ва чун назди шумо биоянд, гӯянд: «имон овардаем», дар ҳоле ки қатъан бо куфр ворид шуданд ва ба яқин бо он [куфр] хориҷ шуданд ва Худо нисбат ба он чи ҳамвора пинҳон мекарданд, донотар аст.
- Ва бисёре аз ононро мебинӣ, ки дар гуноҳ ва таҷовуз ва ҳаромхӯрии худ мешитобанд; бисёр бад аст, он чи ҳамеша анҷом медоданд.
- Чаро [олимони] раббонӣ ва донишмандон онҳоро аз дурӯғ гуфтанашон ва ҳаромхӯриашон наҳй намекунанд? Бисёр бад аст он чи ҳамеша анҷом медоданд.
- Ва яҳудиён гуфтанд: «дасти Худо баста аст». Дастҳояшон баста бод! Ва ба сабаби он чи гуфтанд лаънат шуданд, балки ҳар ду дасти Ӯ кушода аст; ҳар гуна бихоҳад инфоқ мекунад ва он чи ба сӯи ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ҳатман ба саркашӣ ва куфри бисёре аз онҳо меафзояд ва Мо дар байни онҳо то рӯзи қиёмат душманӣ ва кина афкандем. Ҳар гоҳ оташе барои ҷанг афрӯхтанд Худо онро хомӯш намуд ва барои фасод дар замин талош мекунанд ва Худо фасодкоронро дӯст намедорад.
- Ва агар Аҳли Китоб имон биёваранд ва тақво пеша кунанд, қатъан бадиҳояшонро аз онҳо мепӯшонем ва ҳатман ононро ба боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ворид месозем.
- Ва агар онҳо Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Парвардигорашон бар онон нозил шудааст барпо медоштанд, ҳатман аз болои сарашон ва аз зери пойҳояшон [аз неъматҳои осмонӣ ва заминӣ рӯзӣ] мехӯрданд; гурӯҳе аз онҳо муътадил ва бисёре аз онҳо бадрафторӣ мекунанд.
- Эй Паёмбар! Он чиро, ки аз ҷониби Парвардигорат ба сӯи ту нозил шудааст, бирасон ва агар [чунин] накунӣ, пас паёми Ӯро нарасонидаӣ ва Худо туро аз [шарри] мардум нигоҳ медорад; бешак, Худо гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад.
- Бигӯ: «эй Аҳли Китоб! Шумо бар чизе [аз ҳақ] нестед, то ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба сӯи шумо нозил шудааст, барпо доред». Ва қатъан он чи аз ҷониби Парвардигорат ба сӯи ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд; пас бар гурӯҳи кофирон андӯҳгин мабош.
- Дар ҳақиқат касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки яҳудӣ шуданд ва собион ва масеҳиён, ҳар касе [аз онон] ба Худо ва рӯзи охират имон оварад ва [кори] шоиста анҷом диҳад, пас на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
- Ҳамоно аз Банӣ Исроил паймон гирифтем ва ба сӯи онон паёмбароне фиристодем; ҳар гоҳ паёмбаре чизеро, ки дилхоҳи нафсашон набуд, барояшон овард, гурӯҳеро дурӯғгӯ пиндоштанд ва гурӯҳеро мекуштанд.
- Ва пиндоштанд, ки озмоиш [ва азобе] нахоҳад буд, пас кӯр ва кар шуданд; онгоҳ Худо тавбаашонро пазируфт; бори дигар бисёре аз онон кӯр ва кар шуданд ва Худо бар он чи анҷом медиҳанд, биност.
- Касоне, ки гуфтанд: «қатъан Худо ҳамон Масеҳ писари Марям аст», ҳатман кофир шуданд; дар ҳоле ки Масеҳ гуфт: «эй Банӣ Исроил! Худоро, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, бипарастед; бегумон ҳар кас ба Худо ширк варзад, пас ҳатман Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром сохтааст ва ҷойгоҳаш оташ [-и дӯзах] аст ва барои ситамгарон ҳеҷ ёваре нест».
- Касоне, ки гуфтанд: «ҳамоно Худо севумини [Худо аз] се [Худо] аст» ҳатман кофир шуданд ва ҳеҷ маъбуде ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд даст накашанд, қатъан ба касоне аз онҳо, ки куфр варзиданд, азоби дарднок хоҳад расид.
- Пас чаро ба сӯи Худо бознамегарданд ва аз Ӯ омурзиш намехоҳанд? Дар ҳоле ки Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Масеҳ, писари Марям ҷуз паёмбаре нест, ки қатъан пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва модараш бисёр ростгӯ буд; ҳар ду таом мехӯрданд [ва Худо набуданд] бингар чигуна нишонаҳоро барояшон баён мекунем; сипас бингар чигуна [аз ҳақ] бозгардонида мешаванд.
- Бигӯ: «оё ба ҷои Худо чизеро мепарастед, ки молики ҳеҷ зарар ва суде барои шумо нест? Дар ҳоле ки Худо Худ шунавои доност».
- Эй Аҳли Китоб! Дар динатон ба ноҳақ ғулув (зиёдаравӣ) накунед ва аз хостаҳои гурӯҳе, ки аз пеш гумроҳ шудаанд ва бисёреро гумроҳ кардаанд ва аз роҳи дуруст гумроҳ шудаанд, пайравӣ накунед.
- Касоне аз Банӣ Исроил, ки куфр варзиданд, ба забони Довуд ва Исо писари Марям лаънат шуданд; ин ба сабаби он аст, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳад мегузаштанд.
- Ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро аз он [кори] зиште, ки анҷом медоданд, наҳй намекарданд; бисёр бад аст, он чи анҷом медоданд.
- Бисёре аз онҳоро мебинӣ, ки бо касоне, ки куфр варзидаанд, дӯстӣ мекунанд; воқеан, чи бад аст, он чи худашон аз қабл барои худ фиристоданд, ки Худо бар онон хашм гирифт ва онон дар азоб мондагоранд.
- Ва агар ҳамеша ба Худо ва Паёмбар ва он чи ба сӯи ӯ нозил шудааст, имон меоварданд, онҳоро дӯст намегирифтанд валекин бисёре аз онон фосиқанд.
- Қатъан яҳудиён ва касонеро, ки ширк варзиданд, душмантарини мардум нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, меёбӣ ва қатъан касонеро, ки гуфтанд: «ҳамоно мо масеҳӣ ҳастем», наздиктарини онҳо (мардум) дар дӯстӣ бо касоне, ки имон овардаанд, меёбӣ. Ин ба сабаби он аст, ки дар миёни онон кашишон ва роҳибон ҳастанд ва албатта, ки онҳо такаббур намеварзанд.
- Ва ҳар вақт он чиро, ки ба сӯи Паёмбар нозил шудааст, бишнаванд, мебинӣ ба сабаби он чи аз ҳақ шинохтаанд ашк [-и шавқ] аз чашмонашон ҷорӣ мешавад, мегӯянд: «Парвардигори мо! Имон овардем, пас моро бо шоҳидон бинавис.
- Ва моро чӣ шудааст, ки ба Худо ва ба он чи аз ҳақ бароямон омадааст, имон наёварем; дар ҳоле ки орзу дорем Парвардигорамон моро дар гурӯҳи солиҳон дохил кунад?»
- Пас ба сабаби он чи гуфтанд, Худо ба онҳо боғҳое подош дод, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист; дар он ҷо ҷовидонанд ва ин подоши некӯкорон аст.
- Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оятҳои Моро такзиб карданд, онон аҳли дӯзаханд.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Чизҳои покизаеро, ки Худо барои шумо ҳалол намудааст, ҳаром накунед ва [аз ҳад] таҷовуз накунед. Ҳамоно Худо таҷовузкоронро дӯст намедорад.
- Ва аз он чи Худо рӯзии шумо кардааст, ҳалол [ва] покиза бихӯред ва аз Худое, ки шумо ба Ӯ имон доред, битарсед.
- Худо шуморо ба хотири беҳудагӯӣ дар савгандҳоятон бозхост намекунад, валекин шуморо ба сабаби савгандҳое ки [аз рӯи қасд] хӯрдаед, бозхост мекунад; пас каффорааш таом додани даҳ мискин аз миёнгини таомҳое, ки ба хонаводаи худ медиҳед ё либос пӯшонидан бар онҳо ва ё озод кардани як барда аст. Ва агар ҳар кас [инҳоро] наёбад, пас се рӯз рӯза доштан аст. Ин каффораи савгандҳои шумост, ба ҳангоме ки савганд ёд мекунед [ва мешиканед]. Ва савгандҳои худро нигоҳ доред. Ин гуна Худо оятҳои Худро барои шумо баён мекунад. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ҷуз ин нест, ки шароб ва қимор ва бутҳо ва чӯбҳои шартбандӣ, палид ва аз амали шайтон аст; пас аз он дурӣ кунед, бошад, ки шумо растагор шавед.
- Ҷуз ин нест, ки шайтон мехоҳад байни шумо ба сабаби шароб ва қимор душманӣ ва кина бияфканад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад; пас оё [аз ин кор] даст мекашед?
- Ва Худоро итоат кунед ва Паёмбарро итоат кунед ва барҳазар бошед ва агар рӯй гардонед, пас бидонед, ки бар ӯҳдаи Паёмбари Мо, фақат расонидани [паёми] ошкор аст.
- Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар он чи [пеш аз ин] хӯрдаанд гуноҳе нест; ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, сипас парҳезгорӣ кунанд ва имон оваранд, онгоҳ парҳезгорӣ кунанд ва некӣ намоянд ва Худо некӯкоронро дӯст медорад.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Қатъан Худо шуморо ба чизе аз шикор, ки дастҳо ва найзаҳои шумо ба он бирасад, меозмояд, то Худо маълум дорад, ки чи касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад; пас ҳар кас баъд аз ин [аз ҳад] таҷовуз кунад, пас барояш азоби дарднокест.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоле ки шумо мӯҳрим ҳастед сайдро накушед ва ҳар кас аз шумо онро қасдан бикушад, пас ҷазое монанди он чи куштааст, аз чорпоён [бар ӯ] воҷиб аст, ки ду одил аз шумо ба он ҳукм кунанд, дар ҳоле ки ба сурати қурбонӣ ба Каъба расида бошад; ё бояд каффорае ки [ҳамон] таом додан ба бенавоён аст ё баробари он рӯза гирифтан аст, то сазои корашро бичашад. Худо аз он чи гузашт, афв кардааст ва ҳар кас бозгардад Худо аз ӯ интиқом мегирад ва Худованд пирӯзманди соҳибинтиқом аст.
- Шикори дарёӣ ва хӯрданаш барои шумо ҳалол шудааст, то барои шумо ва барои корвониён баҳрае бошад ва то замоне ки дар ҳоли эҳром бошед, шикори биёбон бар шумо ҳаром шудааст ва аз Худое, ки ба сӯи Ӯ ҷамъ оварда мешавед, битарсед.
- Худо Каъба, Байтулҳаром ва моҳи ҳаром ва қурбонии бенишон ва қурбонии нишондорро василаи устувории мардум қарор додааст. Ин ба хотири он аст, то бидонед Худо он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад ва ин ки Худованд ба ҳама чиз доност.
- Бидонед, ки ҳамоно Худованд сахткайфар аст ва қатъан Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Бар [ӯҳдаи] Паёмбар ҷуз расонидан [-и паём] нест ва он чиро, ки ошкор мекунед ва он чиро, ки пинҳон медоред, Худо медонад.
- Бигӯ: «палиду пок баробар нест ва агарчи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад». Пас эй хирадмандон! Аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Аз чизҳое напурсед, ки агар барои шумо ошкор шавад, шуморо андӯҳгин созад ва агар вақте ки Қуръон нозил мешавад, аз он бипурсед, барои шумо ошкор мешавад. Худо аз он [пурсишҳои нораво] даргузашт ва Худованд омурзандаи бурдбор аст.
- Ба яқин гурӯҳе пеш аз шумо аз он [пурсишҳои нораво] пурсида буданд; сипас ба сабаби он кофир гардиданд.
- Худо [ҳеҷ манъе барои баҳрамандӣ аз] баҳира (шутури панҷ шикам зоида) ва на соиба (шутури даҳ шикам зоида) ва на васила (гӯсфанди ҳафт шикам зоида) ва на ҳом (шутури нари даҳ бор дар бордорӣ истифода шуда), қарор надодааст, валекин касоне, ки куфр варзиданд, бар Худо дурӯғ мебанданд ва бештари онҳо андеша намекунанд.
- Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: «ба сӯи он чи Худо нозил кардааст ва ба сӯи Паёмбар биёед» гӯянд: «он чи ниёгонамонро бар он ёфтаем барои мо бас аст» ва оё агарчи падаронашон чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд [боз ҳам аз онҳо пайравӣ мекарданд]?
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ба худатон бипардозед; агар шумо ҳидоят ёфта бошед, касе, ки гумроҳ шудааст ба шумо зараре намерасонад. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Худост ва шуморо ба он чи анҷом медодед огоҳ хоҳад кард.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Чун марг яке аз шуморо фаро расад, ҳангоми васият, бояд аз байни шумо ду шахси одил аз худатон гувоҳ бошад ё агар дар ҳоли сафар дар замин бошед ва мусибати марг бар шумо расид, ду шахси дигар аз ғайри худатон бошад. Агар [ба онон] шак дошта бошед, баъд аз намоз онҳоро нигоҳ доред, пас ба Худо савганд ёд кунанд, ки ин [гувоҳи]-ро ба ҳеҷ баҳое намефурӯшем ва ҳар чанд [ба нафъи] хешовандон бошад ва гувоҳии Худоро пинҳон намекунем; ки дар ин ҳангом ҳатман аз гуноҳкорон хоҳем буд.
- Ва агар маълум шуд, ки он ду сазовори гуноҳ шудаанд, пас ду шахси дигар аз касоне, ки ситам дидаанд [ва ба майит] наздиктаранд, ба ҷои он ду [хиёнаткор] қарор мегиранд; пас ба Худо савганд ёд мекунанд, ки ҳатман гувоҳии мо аз гувоҳии он ду сазовортар аст ва мо [аз ҳақ] таҷовуз накардаем, ки дар ин ҳангом ҳатман аз ситамгарон хоҳем буд.
- Ин [равиш] наздиктар аст, ки гувоҳиро ба тарзи дуруст адо кунанд ё битарсанд аз он ки савгандҳое баъд аз савгандҳояшон рад карда шавад ва тақвои Худоро пеша кунед ва бишнавед! Ва Худо гурӯҳи фосиқонро ҳидоят намекунад.
- Рӯзе, ки Худо паёмбаронро ҷамъ мекунад, пас мегӯяд: «[дар баробари даъвати ҳақ] чӣ посухе ба шумо дода шуд?» Гӯянд: «моро ҳеҷ илме нест; қатъан Ту Худ бисёр донои [умури] пинҳон ҳастӣ».
- Ҳангоме ки Худо гуфт: «эй Исо писари Марям! Неъмати Маро бар худат ва бар модарат ба ёд овар; онгоҳ, ки туро ба Рӯҳ-ул-қудус ёрӣ намудам, ки бо мардум дар гаҳвора ва дар миёнсолӣ сухан мегуфтӣ ва ҳангоме ки китоб ва ҳикмат ва Таврот ва Инҷилро ба ту омӯхтем ва ҳангоме ки ба хости Ман аз гил монанди шакли паранда месохтӣ, сипас дар он медамидӣ, онгоҳ ба хости Ман парандае мешуд ва кӯри модарзод ва песро ба хости Ман беҳбуд мебахшидӣ ва ҳангоме ки мурдагонро ба хости Ман [зинда аз гӯр] берун меовардӣ ва ҳангоме ки [шарри] Банӣ Исроилро аз ту боз доштам, он замон ки барояшон мӯъҷизаҳо овардӣ». Пас касоне аз онҳо, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «ин ҷуз сеҳри ошкор нест».
- Ва ҳангоме ки ба ҳавориён илҳом кардам, ки ба Ман ва ба Паёмбари Ман имон оваред, гуфтанд: «имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо қатъан таслим ҳастем».
- Ҳангоме ки ҳавориён гуфтанд: «эй Исо писари Марям! Оё Парвардигори ту метавонад суфрае аз осмон бар мо фурӯ фиристад?» Гуфт: «агар мӯъмин ҳастед, аз Худо битарсед».
- Гуфтанд: «мехоҳем аз он бихӯрем ва дилҳои мо ором гирад ва бидонем, ки қатъан ба мо рост гуфтаӣ ва бар он аз гувоҳон бошем».
- Исо писари Марям гуфт: «Худоё! Парвардигори мо! Суфрае аз осмон бар мо фурӯ фирист, ки иде барои мо бошад, барои аввали мо ва охири мо ва мӯъҷизае аз ҷониби Ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ ва Ту беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ».
- Худо фармуд: «ҳамоно Ман онро бар шумо фурӯ мефиристам, онгоҳ касе аз шумо баъд [аз он] куфр варзад, пас ҳатман Ман ӯро ба азобе азоб мекунам, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониёнро ба он азоб накарда бошам».
- Ва ҳангоме ки Худо фармояд: «эй Исо писари Марям! Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро ду маъбуд ғайр аз Худо бигиред?» [Исо] гӯяд: «муназзаҳи Ту! Маро насазад он чиро бигӯям, ки шоистаи ман нест; агар онро гуфта бошам, пас қатъан онро медонистӣ; он чиро, ки дар зоти ман аст, медонӣ ва он чиро, ки дар зоти Туст, намедонам; қатъан Ту Худ бисёр донои [умури] пинҳон ҳастӣ;
- Ба онҳо чизе нагуфтаам, ҷуз он чи маро ба он фармон дода будӣ, ки Худоро, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, бипарастед ва то замоне ки дар миёнашон будам, бар онон гувоҳ будам ва чун маро баргирифтӣ, Ту Худ бар онон нигаҳбон будӣ ва Ту бар ҳама чиз гувоҳӣ.
- Агар онҳоро азоб кунӣ, пас ба дурустӣ, ки онон бандагони Ту ҳастанд ва агар онҳоро биёмурзӣ, пас ба ростӣ, ки Ту Худ пирӯзманди ҳаким ҳастӣ».
- Худо гӯяд: «ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростиашон суд мебахшад; барои онҳо боғҳоест, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист; ҳамеша дар он ҷо ҷовидонанд; Худо аз онон хушнуд аст ва онон [низ] аз Ӯ хушнуданд; ин комёбии бузург аст».
- Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи дар онҳост, фақат аз они Худост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.