ХАЛЛОҚИ ДУ ОЛАМ БА ТУ НОЗАД

Эй ҷони ҷаҳон баста ба як ними нигоҳат,
Дил гашта чу гул сабз ба хоки сари роҳат.
Ҳам боми фалак пойгаҳи қадру ҷалолат,
Ҳам чашми малак хоки қадамҳои сипоҳат.
Исо ба шамими нафасат рӯҳ гирифта,
Дил баста дусад Юсуфи сиддиқ ба чоҳат.
Дилҳои худоӣ ҳама чун гӯӣ ба чавгон,
Арвоҳи мукаррам ҳама дармондаи ҷоҳат.
Аз арши Худованд ило фарш, ба ҳар он,
Ҳастанд ҳамаи олами хилқат ба паноҳат.
Доим салавот аз тарафи холиқу хилқат,

Бар рӯи сафеди туву бар холи сиёҳат.
Зеботару болотарӣ аз он ки ба байте,
Ташбеҳ ба офтоб кунам ё ки ба моҳат.
Савганд ба чашмат ки расулони илоҳӣ,
Ҳастанд ба маҳшар ҳама муштоқи нигоҳат.
Зебад, ки кунад ноз ба гулхонаи ҷаннат,
Хоре ки шавад сабз дар атрофи гиёҳат.
Ин нест мақоми ту ки Одам ба ту нозад,
Олам ба ту, халлоқи ду олам ба ту нозад!

Реҳлати Расули акрам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бар ҳамаи мусалмонони ҷаҳон таслият бод.

Таҳияи Сайидолими Сироҷ

 

Ёсин

Охирин матолиб

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *