Мафҳумшиносии вожаи Ҳиҷоб
Ҳиҷоб, калима ва вожаест, ки дар адабиёти муосир бар сари забонҳо афтода аст ва ба ин унвон собиқа ва пешинаи торихӣ ва фиқҳӣ надорад.
Ончизе, ки дар лисон ва забони фуқаҳо ва муфассирини маърӯф дунё мавриди истифода буда аст, аз он ба унвони “Сатр” ном мебурдаанд. Аммо аз ин ҷиҳат, ки акнун ҳамон ҳукми илоҳӣ, ки дар Қуръони карим бар занони Паёмбаои Ислом (с) ва ҷомеъаи исломӣ нозил шударо ба унвони “Ҳиҷоб” мешиносем, мо ҳам аз он ба унвони “Ҳиҷоб” ном бурда ва истифода мекунем.
Ҳиҷоб, калима ва вожаи мавриди истифода дар ҷомеъаи исломӣ аст ва ғараз аз он, ҳамон пӯшиши исломӣ мебошад.[ Тафсири Намуна, ҷ 17, саҳ 401]
Мафҳуми луғавии Ҳиҷоб
Калима ва вожаи Ҳиҷоб ба маънои: (парда, чодар, рӯпӯш, рӯбанд, рӯсарӣ, рӯймол ва ончизе, ки бо он чизи дигареро мепӯшонанд ва ҳамчунин чизе, ки монеъи ду чизи дигар бошад, ба он Ҳиҷоб мегӯянд).[ Фарҳанги Амид]
Ба хотири инки дар истеъмол ва корбурди ин мафҳум, калимот ва вожаҳои гуногун ва мутанаввиъе ба кор рафта, лозим аст то маҳдуда ва истеъмоли онро ба таври амиқ бишносем то ҳақиқати Ҳиҷоб, ин воҷиби илоҳӣ ба хубӣ равшан шавад.
Муҳофиз
Дар китоби Алъайн, дар таърифи “Ҳиҷоб” чунин оварда аст:
» حَجَب: الحُجب: «کلّ شئ منع شئا من شئ فقد حجبه حجبا».
Ҳар чизе, ки монеъ аз чизи дигаре шавад, ҳиҷоб аз он чиз шуда аст.
» و حجاب، اسم،: ما حجبت به شئا عن شئ «.
Ва ҳиҷоб, исми он чизе аст, ки ба василаи он аз чизи дигаре монеъ шудаем. Ҷамъи он ҳам дар луғати араб ҳуҷуб[ حُجُب] аст.
» والحجاب، » عظم العین، من فوق یستره بشعره و لحمه «.
Муҳофизи чашм, абрӯ ба он қисмат аз болои чашм мегӯянд, ки дорои устухони сахт, гӯшту мӯ мебошад, ки аз чашм ҳифозат ва нигаҳдорӣ менамояд. [Китоби Алъайн, ҷ 3, саҳ 86.]
Пӯшиш
Китоби Лисонулъараб, Ҳиҷобро ба маънои пӯшиш дониста аст. Барои исботи иддаои хеш ба ояи панҷи сураи Фуссилат истинод карда аст, ки мефармояд:
» و قالوا قلوبنا فی أکنّةٍ ممّا تَدعُوننا وقرً و من بیننا و بینک حجابٌ فاعمل إنّنا عاملون «.
Тарчумаи оя: Онҳо гуфтанд, ки қалбҳои мо нисбат ба ончӣ моро даъват мекунӣ, дар пӯшишҳое қарор гирифта ва дар гӯшҳои мо сангиние аст ва ҳамчунин миёни мо ва ту ҳиҷобе вуҷуд дорад.[ Сураи Фуссилат, ояи 5]
Ҳоло инҳое, ки хитоб ба Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мегӯянд: гӯшҳои мо сангин аст ва суханони шуморо намешунавем ва ҳамчунин хитоби миёни ману шумо ҳиҷоб ва пӯшише вуҷуд дорад, ин монеъ чӣ монеъи ҳиссӣ ва чӣ моддӣ бошад ва чӣ монеъи эътиқодӣ ва маънавӣ, дар ҳар ду сурат ба он монеъ гуфта мешавад.[ Лисонулъараб, ҷ 1, саҳ 298]
Ҳиҷоб, пӯшише аст, ки байни бинанда ва касе, ки дида мешавад фосила эҷод мекунад. Дар инҷо манзур ва ғараз аз Ҳиҷоб, яъне манъи чашмҳо аз дидан ба василаи руъят ва мушоҳида аст. Бинобарин чунин манъе ба унвони пӯшиш ҳисоб мешавад ва аз он ба маънии “пӯшиш” таъбир шуда аст.[ Маҷмаъулбаҳрайн, ҷ 2, саҳ 33, ҳаҷаба]
Аммо дар инҷо суоле пеш меояд, ки агар манзур ва ғараз аз Ҳиҷоб, монеъ бошад, пас чаро дар мавриди Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин таъбир ворид шуда аст, ки: Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳиҷоби Худо аст?
Дар инҷо, ки Русули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро ба унвони ҳиҷоб хитоб қарор додаанд, ба ин маъност, ки он ҳазрат ба унвони тарҷумон ва шиносонандаи Худованд ба бандагонаш фиристода шуда аст. Яъне чунин Паёмбаре лозим аст, ки Худованди бузургро ба бандагонаш бишносонад.[ Биҳор, ҷ 23, саҳ 103]
Бархе низ бар ин боваранд, ки чашмҳои бандагон, ки аз мушоҳидаи Худованди маннон оҷизу нотавон ҳастанд, Худованд ҳиҷобе байни худ ва бандагонаш қарор дод то ба василаи он ҳиҷоб, ки аз тарафи зоти поки Парвардигор, Раҳмате барои оламиён, Сайидулмурсалин, дорои ахлоқи поку ҳамида ном гирфт, нисбат ба холиқу розиқи хештан шинохту маърифат пайдо намоянд.
Сатр (Иститор)
Парда, Ҳиҷоб ва Пӯшиш, ҷамъи инҳо сутур ва астор[ستور و استار] аст. Масалан агар ба фарде мегӯянд: фалон одам бепарда аст, яъне шарму ҳаё надорад. Яъне ин одам ҳама чизро бепарда баён мекунад, дар ҳоле ки ин кори дуруст ва писандидае нест ва зиндагии рӯзмарраи одамӣ иқтизо мекунад, ки бояд бархе аз калимот ва суханонро дар лаффофа ва пӯшише ба дигарон ироа дод. Бинобарин инсони фаҳмида ва афроде, ки дорои шарму ҳаё ҳастанд, маъмулан дар парда сухан мегӯянд.
Сутра[ سُتره] низ аз ҳамин реша ва ба маънои пӯшиш мебошад. Он чизе, ки баданҳои худро ба он мепӯшонанд. Он чизе, ки намозгузор онро дар пеши худ бигузорад, ё асо бошад ва ё ғайр аз асо ва хоҳ он чиз намозгузорро бипӯшонад ва ё напӯшонад, ба он чиз “сутра” гуфта мешавад. Ҷамъи сутра дар забони араб, сутар[سُتَر] аст. Ва (сутратуссатҳ)[ سدرة السّطح] ба маънои девор ва он чизе аст, ки гирдогирди ҳар сатҳе монанди пушти бом ва суффа[ Айвони хона] сохта шавад. Девора низ ба он гуфта мешавад.[ Фарҳанги Лорӯсии арабӣ. Фарҳанги форсии Амид] Ин вожа дар Қуръони маҷид низ ба кор рафта ва ба маънии пӯшиш аст.
Дар Қомуси Қуръон чунин омада аст, ки менависад: Сатр ба фатҳи ҳарфи (с) ба маънои пӯшондан аст.
» سَتَر الشّئ سَتراً: غطّاه «.
Сатр кард чизеро сатр кардане. Яъне онро пӯшонд.
Вале агар ҳарфи (с) дорои касра бошад ва ситр[ سِتر] хонда шавад, ба маънои парда ва пӯшиш аст.[ Ақрабулмаворид, ҷ 3, саҳ 214, моддаи сатр]
Худованд дар сураи Каҳф мефармояд:
» لم نجعل لّهم من دونا سِتراً «.
Тарҷумаи оя: Бар онҳо ҷуз Офтоб пӯшише қарор надода будем.[Сураи Каҳф, ояи 90]
Сатр ба маънои ихтифо ва махфӣ ва пинҳон шудан низ ба кор рафта аст, чуноне ки Қуръон мефармояд:
» و ما کنتم تستترون أن یشهد علیکم سمعکم و لا أبصارکم و لا جلودکم ولکن ظننتم أنّ الله لا یعلم کثیراً ممّا تعملون «.
Тарҷумаи оя: Шумо агар гуноҳонатонро махфӣ ва пинҳон мекардед, на ба хотири ин буд, ки аз шаҳодати гӯшу чашмҳо ва пӯстҳои танатон бим дошта ва метарсидед, балки шумо гумон мекардед, ки Худованд бисёре аз аъмолеро, ки анҷом медиҳед, намедонад.[ Сураи Фуссилат, ояи 22]
Сатр ба маънои махфӣ ва пинҳон кардан ҳам истеъмол шуда аст, ки Худованд дар сураи Исро, ин гуна фармуда аст:
» و إذا قَراتَ القرآن جعلنا بینک و بین الّذین لا یُؤمنون بالآخرةِ حِجاباً مستوراً «.
Тарҷумаи оя: Ва ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни Ту ва онҳое, ки ба рӯзи Қиёмат имон намеоваранд, ҳиҷоби нопайдое қарор медиҳем.[ Сураи Исро, ояи 45]
Хамр (пӯшондан)
Марҳуми Табарсӣ, дар китоби Маҷмаъулбаён мегӯяд: асли Хамр ба маънои сатр ва пӯшондан аст.[ Маҷмаъулбаён, Табарсӣ]
Роғиби Исфаҳонӣ дар Муфрадоти хеш менависад: асли вожаи “Хамр” ба маънои пӯшондани чизе аст ва ба он чизе, ки бо он чизи дигареро мепӯшонанд, “Химор” гуфта мешавад вале дар урф ва дар миёни мардум ба он чизе, ки занон сари худро бо он мепғшонанд, маърӯф ва машҳӯр гардида аст. Ҷамъи хамр дар забони араб хумур[ خُمُر] (бар вазни унуқ[ عُنُق]) аст.[ Муфрадоти Роғиб]
Бинобарин вақте мебинем, ки ба шароб, дар миёни мардум хамр гуфта мешавад, ба ҳамин маъно ба кор рафта аст. Яъне хамр (шароб) ақлро мепӯшонад ва зоил намуда ва аз байн мебарад.[ Қомӯси Қуръон, сураи Бақара, ояи 219]
Ҷайб (ҷейб)
Худованди субҳон аз ҷайб ба унвони қалб ва сина ном бурда ва фармуда аст:
» ولیضربن بِخُمُرِهِنَّ علی جُیُوبِهِنَّ «.
Тарҷумаи оя:Чорқадҳо ва рӯймолҳои худро ба синаҳои хеш бизананд.[Сураи Нур, ояи 31]
Яъне вақте рӯймол варӯсарие бар сари худ меандозед, тавре бошад, ки синаҳои шуморо ҳам бипӯшонад ё то синаҳоятон бирасад.
Дар Маҷмаъулбаён омада аст: “Занон маъмур шуданд чорқадҳо ва рӯймолҳои хешро бар синаҳои худ бияфкананд то гарданҳояшон пӯшида (ва аз чашмони номаҳрамон махфӣ) бошад.[ Маҷмаъулбаён, Табарсӣ]
Нақл мекунанд, ки: пеш аз нозил шудани ояи Ҳиҷоб, занон атроф ва гӯшаҳои чорқадҳо ва рӯсарии худро ҷамъ карда ва пушти сарашон меандохтанд, ки бо ин кор синаҳояшо ошкор мешуд.[ Қомуси Қуръон]
Ҷалбоб
Ҷамъи Ҷалбоб дар забон ва луғати араб “Ҷалобиб”[جلباب و جمعها جلابیب] аст ва дар маъно ва мафҳуми он ихтилофи фаровоне вуҷуд дорад, ки дар инҷо ба чанд намуна аз ин маъонии мавриди ихтилоф, хидмати шумо азизон ироа ва пешкаш мешавад.
Пироҳан ва рӯсарӣ
Роғиби Исфаҳонӣ ҷалбобро ба маънии пироҳан ва рӯсарӣ гуфта ва аз он ба унвони Қамис ва Химор[ قمیص و جمار] ёд намуда аст.[ Муфрадоти Роғиб]
Маҷмаъулбаён низ ҳамонанди Роғиби Исфаҳонӣ ҷалбобро пироҳан ва рӯсарӣ маъно намуда аст, ки занон ҳангоми берун рафтан аз манзил, сару сурат ва рӯяшонро бо он мепӯшонанд.[ Маҷмаъулбаён]
Малҳафа[ Порчае, ки монанди чодар аст]
Сиҳои ситта, ҷалбобро ба маънии малҳафа, ки порчае шабеҳи чодар аст, ёд намуда аст.[ Сиҳоҳи ситта]
Ибни Асир низ дар Ниҳояи худ, монанди Сиҳоҳи ситта, ҷалбобро чодур ва ридо ва чорқад маъно намуда ва мегӯяд: ҷалбоб, чорқад ва монанди малҳафа аст.[ Ниҳояи Ибни Асир]
Пироҳан ва либоси кушод
Дар Қомуси Қуръон овардаанд, ки: Ҷалбоб, пироҳан ва либоси кушод ва васеъе, ки кӯчактар аз малҳафа ё чизе аст мисли малҳафа, ки занон либоҳои худро бо он мепӯшонанд.[ Қомуси Қуръон]
Парда ва пӯшиш
Амири мӯъминон, ҳазрати Алӣ (саломуллоҳи алайҳ) дар Наҳҷулбалоға, дар мавриди кушта шудани Талҳа фармудаанд:
» سَتَّرَنی عنکم جلباب الدّین و بَصَّرَنیکم صدق النّیّةِ «.
“Пардаи дин буд, ки манро аз шумо пӯшонид”.[ Наҳҷулбалоға, хутбаи 4. Биҳор, 32, 236]
Либос
Ҳамчунин ҳазрати дар ҷои дигаре мефармоянд:
» من أحبّنا أهل البیت فلیستعدّ للفقر جلبابا «.
Касе, ки мо аҳли байти Набӣ (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дӯст дорад, барои фақру тангдастӣ либосе омода ва таёр кунад.[ Ҳамон, ҳикмати 12]
Амири мӯъминон, Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) вақте ба кормандони ҳукумати исломиаш нома навишта ва онҳоро дар амри ҳукуматдорӣ, ба тақво ва риояти адли илоҳӣ даъват мекарданд, навиштаанд:
» فالبس لهم جلبابا من اللین «.
Ба хотири марду либос аз ҷинси нармӣ бипӯш.[ Ҳамон, номаи 19]
Натиҷа
Ҷалбоб, малҳафа ва либоси чодармонандест, ки бар рӯи либосҳо пӯшида мешавад. Албатта лозим ба зикр аст, ки на фақат рӯсарӣ ва химор бошад, балки ба таври куллӣ ба либоси рӯӣ ҷалбоб гуфта мешавад. Бинобарин маънои ҷалбобин аст: “Эй Паёмбар ! ба ҳамсарону духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ, ки либосҳои чодармонанди хешро бипӯшанд ва худашонро бо он ҷамъу ҷур кунанд ва ҳамчунин ҷалбобро тавре аз худ дур нигаҳ надоранд ва бадани худашонро аз он берун накунанд, ки дар ин сурат напӯшидан, беҳтар аз пӯшидани он аст.
Ҳуҷуб
Ҳуҷуб ва ҳиҷоб[ حُجُب و حجاب] дар забони араб, ҳар ду масдар буда ва ба маънои пинҳон кардан ва манъ аз вуруд мебошад.
Ҳиҷоб дар оёти гуногуне ба маънои парда низ ба кор рафта аст, ки ба чанд намуна аз ин оёти карима ба таври мухтасар ишора менамоем:
» و من بیننا و بینک حجابٌ فاعمل إنّنا عاملون «.
Ва миёни мо ва ту ҳиҷобе вуҷуд дорад.[ Сураи Фуссилат, ояи 5]
» کلّا إنّهم عن ربّهم یومئِذٍ لَمَحجُوبُون «.
Чунин нест, ки мепиндоред, балки онҳо дар он рӯз аз парвардигорашон маҳҷуб ҳастанд.[ Сураи Мутаффифин, ояи 15]
» بینهما حجابٌ «.
Ва дар миёни он ду (биҳиштиён ва дӯзахиён) ҳиҷобе аст.[ Сураи Аъроф, ояи 46]
» و إذا قَراتَ القرآن جعلنا بینک و بین الّذین لا یُؤمنون بالآخرةِ حِجاباً مستوراً «.
Тарҷумаи оя: Ва ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни Ту ва онҳое, ки ба рӯзи Қиёмат имон намеоваранд, ҳиҷоби нопайдое қарор медиҳем.[ Сураи Исро, ояи 45]
» فاتّخَذَت من دونهم حجاباً «.
Миёни худ ва онон ҳиҷобе афканд.[ Сураи Марям, ояи 17]
» وإذا سألتموهنَّ متاعاً فاسئلوهنّ من وراء حجابٍ «.
Ва чун аз занони Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) матоъе хостед, аз паси парда бихоҳед.[ Сураи Аҳзоб, ояи 53]
Ин ояе, ки дар инҷо овардем, ҳамон ояи маърӯфи Ҳиҷоб, дар бораи занони Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст ва бо илғои танқеҳи манот[ Тавзеҳаш дар зер хоҳад омад] шомили занони дигар низ мешавад, ки ин ғайр аз пӯшида ва пинҳон будани зан аз диди номаҳрам аст, ки дар сураи муборакаи Нур омада аст. Бархе аз ин ояи шарифа чунин бардошт намудаанд, ки заноне, ки талоқ гирифтаанд бояд дар паси парда ва ҳиҷоб бошанд ғофил аз онки мазмуни оя чизи дигаре (ҳиҷоб ва пӯшиш аз номаҳрам) мебошад.[ Қомуси Қуръон] Албатта ин нукта низ бояд дар назар гирифта шавад, ки ин ба он маъно нест, ки занонро аз мушорикати созанда маҳрум сохта ва дар гӯшаи узлат ҷояшон диҳем.
Танқеҳи манот
Танқеҳи манот, яъне фаҳмидани милок ва меъёре, ки ба хотири он ҳиҷоб бар занони Паёмбари акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) воҷиб ва зарурӣ гардид. Ҳамон милок ва меъёр дар инҷо иқтизо мекунад, ки бар дигар занони мусалмон низ ҳиҷоб ва сатр лозим бошад. Ҳарчанд ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон дар инҷо ҳикмати ҳиҷоб матраҳ буда аст, на иллати ҳиҷоб, ки дар ҷои худ қобили баррасӣ ва таҳқиқ аст. Бар соҳибназарони мунсифу Худошинос лозим ва зарурӣ аст, ки дар ин мавзӯъ ворид шаванд ва дар ин замоне, ки бар алайҳи ҳиҷоб, ин фаризаи илоҳӣ, бераҳмона тохту тоз мешавад ва ҳатто мавриди ҳуҷӯми расонаҳои ғарбӣ ва гоҳ-гоҳ расонаҳои худӣ, ки аз рӯи ноогоҳӣ қарор мегирад, дидгоҳҳои арзишманди хешро баён намуда ва дар ин робита равшанӣ андозанд то алоқамандон бештар бо мавзӯи Ҳиҷоб ва Пӯшиш аз дидгоҳи шаръи муқаддаси Ислом, ошно гарданд.
» فقال إنّی أحببتُ حُبّ الخیرِ عن ذکرِ ربّی حتّی تَوارَت بِالحِجابِ «.
Гуфт: ман ин аспҳоро ба хотири парвардигорам дӯст дорам (ва мехоҳам аз онҳо дар Ҷиҳод истифода кунад. Ӯ ҳамчунон ба онҳо нигоҳ мекард) то аз дидагонаш пинҳон шуданд.[ Сураи Сод, ояи 32]
» وما کان لِبَشَرٍ أن یُکَلَّمَهُ اللهُ إلّا وحیاً أو من وراء حجابٍ «.
Ва шоистаи ҳеҷ инсоне нест, ки Худо бо ӯ сухан гӯяд, магар аз роҳи ваҳй ё аз пушти ҳиҷоб.[ Сураи Шуро, ояи 51]
Натиҷа
Ба назар мерасад баррасии муфрадоти вожаи Ҳиҷоб ба ҳамин андоза дар ин мухтасар кифоят мекунад, зеро қасди баҳси зиёд ва беҳӯда дар ин заминаро надорем. Ҳамин андоза, ки ба баҳсу баррасӣ дар оёти Қуръони маҷид пардохтем, ба миқдори лозим Ҳиҷоб барои занонро исбот намуда ва дидгоҳи Қуръонро мабни бар воҷиб будани пӯшиши занон дар муқобили номаҳрамро равшан месозад.
Дар баҳси баъдӣ иншоаллоҳ ба торихчаи Ҳиҷоб хоҳем пардохт, ки ин торих ба тӯли хилқати башарият баробарӣ дорад. Башарият, ки аз нопокӣ ва палидӣ ҳамеша безорӣ ҷӯста аст, бояд дид, ки ин бараҳнагӣ чаро бар ҷомеъаи башарият соя афканда аст.