Усули сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Қуръони Карим
Усули сонавӣ
Ҳурмати кумак ба гуноҳ ва таҷовуз
Аз ҷумла қавоиди фиқҳие, ки фуқаҳо дар бобҳои гуногни илми фиқҳ ба он истинод кардаанд ва дар арсаи сиёсати хориҷӣ низ корбурд дорад, қоида ё асли ҳурмати кумак ба гуноҳ ва таҷовуз аст. Фуқаҳо истилоҳи “ионаи бар исм”—ро барои ин қоида ва асл интихоб кардаанд.
Иона дар луғат ба маънои мусоидат ва кумак кардан, ва исм ба маънои мутлақи мухолифат ва маъсияти худованд дар таклифи вуҷубӣ ё таҳримӣ аст ва иона бар исм ҳамон мусоидат ва ҳамкори дар ҷиҳати таҳақуқи мухолифат ва исёни илоҳи мебошад.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:
«…وَ تَعَاوَنُواْ عَلىَ الْبرِِّ وَ التَّقْوَى وَ لَا تَعَاوَنُواْ عَلىَ الْاثْمِ وَ الْعُدْوَانِ…»[1]
“Ва ба(рои) некукорӣ ва порсоӣ бо як дигар ҳамкори кунед ва ба(рои) гуноҳ ва тааддӣ бо якдигар ҳамкори нанамоед”.
Фуқаҳо дар исботи ин қоида илова бар ояти мазкур ба оёти дигар,[2] ва ривоёт[3] истинод кардаанд, ва ин қоида яке аз пуркорбурдтарин қоидаҳое аст, ки дар ҷоҳои мухталиф қобили иҷро аст ва яке аз он мавориди корбурд дар сиёсати хориҷӣ мебошад, ба ин маъно, ки пуштибонӣ аз ҳар ҳаракати фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, низомӣ ва хориҷӣ, ки сабаби тасаллут ё зулм намудан ба дигарон мегардад, ҳамаги ионаи бар исм буда ва тибқи ин асл ҳаром ва маҳкуми шаръ мебошад.
Асли муқобила ба мисл
Яке аз қавоид ва усули муҳим дар равобити дохилӣ ва хориҷии давлати исломӣ қоида муқобила ба мисл аст. Қуръони Карим ин қоидаро ба ду шакли мусбат ва манфӣ ба кор бурда, ба иборати дигар аз нигоҳи Қуръони Карим ин қоида ба ду қисми муқобила ба мисли мусбат ва муқобила ба мисли манфӣ тақсим мешавад.
Бо канори ҳам қарор додани оёти ин ду навъ аз муқобила ба мисл ба хуби ин нукта равшан мегардад, ки аз манзари Қуръони Карим агар касе ба мо хуби кунад мо бояд муқобили хубии у ё мисли ҳамон хубиаш хуби кунем ё бештар аз он хубиаш хуби намоем. Аммо агар касе ба мо бади кард ё мисли ҳамон бадиаш барои у ҷавоб даҳем, ё ин ки бадиашро нодида бигирем ва уро бибахшем, ва ҳақ надорем бештар аз бадиаш, бади намое ки зулм ва таҷовуз ба ҳисоб меояд.
Қуръони Карим ин қоидаро бо равиш ва шеваҳои гуногун ба тарсим кашида ва мусалмононро ба пойбандӣ ба он даъват карда аст, дар ин ҷо танҳо ба зикри ду оят иктифо мекунем:
1. Худо дар Қуръони карим мефармояд:
«الشهَّْرُ الحَْرَامُ بِالشهَّْرِ الحَْرَامِ وَ الحُْرُمَاتُ قِصَاصٌ فَمَنِ اعْتَدَى عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُواْ عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَى عَلَيْكُم…»[4]
“Моҳи ҳаром дар баробари моҳи ҳаром!(агар душманон, эҳтироми онро шикастанд, ва дар он моҳ бо шумо ҷангиданд, шумо низ ҳақ доред муқобила ба мисл кунед ва бо онҳо биҷангед.) ва тамоми ҳаромҳо, (қобили) қисос аст. Ва (ба таври куллӣ) ҳаркас ба шумо таҷовуз кард, ҳамонанди он бар у тааддӣ кунед! Ва аз Худо бипарҳезед (ва зиёдарави нанамоед).
Ин оят яке аз оёте аст, ки муфассирон ва фуқаҳо бо такия бар он қоидаи муқобила ба мислро собит кардаанд, аз ҷумлаи онҳо метавон ба Замахшарӣ, Қуртубӣ, шайхи Тусӣ, Шавконӣ, Фахрирозӣ, Ҷассос ва Аллома таботабоӣ [5] ишора кард.
2. Худо дар ҷои дигар мефармояд:
«…وَ لَا تُقَاتِلُوهُمْ عِندَ المَْسْجِدِ الحَْرَامِ حَتىَ يُقَاتِلُوكُمْ فِيهِ فَإِن قَاتَلُوكُمْ فَاقْتُلُوه…»[6]
“Ва бо онҳо (мушрикон ва душманон), дар назди Масҷидулҳаром ҷанг накунед! Магар ин ки дар онҷо бо шумо биҷанганд, пас агар (дар онҷо) бо шумо пайкор карданд, онҳоро ба қатл бирасонед.
Коркарди ин қоида дар сиёсати хориҷӣ аз ин қарор аст, ки агар як асли аввалӣ ҳамчун вафои ба аҳд ва мисоқ аз суи кишвари мухолиф шикаста шуд ва ё ба аҳду паймони худ вафодор намонд ҳукумати исломӣ низ тибқи қоъидаи муқобила ба мисл, аҳду паймонро хоҳад шикаст.
Паёмбари Акрам(с) дар ҷоҳои гуногун аз ин қоида истифода намудаанд аз ҷумла ҳангоме, ки он ҳазрат(с) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд бо яҳудиёни Мадина аҳду паймонҳое бастанд, ва бар асоси ҳамин аҳду паймонҳо мусалмонон бо яҳуди Мадина бо эҳтиром рафтор намуда ва мутааризи онон намешуданд, то ин ки яҳудиён паймони худро шикастанд ва Паёмбари Акрам(с) бо онон муқобила ба мисл намуд.
Имруза ин қоида аз суи ҳама кишварҳо дунбол мешавад ба ин сурат, ки ҳаргоҳ кишваре эҳсос кунад, ки кишвари мухолиф ба аҳди худ вафо накарда ё ба марзҳои у ҳамлавар шуда аст, у низ дар мақоми муқобила ба мисл мебарояд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки Ислом дар қоидаи муқобила ба мисл тааддӣ ва таҷовуз аз мислро намепазирад ва онро зулм ва ситам медонад ва ҳаргиз онро иҷозат надода ва намедаҳад, бар хилофи ҳукуматҳое, ки фоқиди исломанд, ки ҳаргоҳ даст ба муқобила ба мисл бизананд ҳад ва ҳудудеро қоил намешаванд, ва ваҳшиёна ба ҷон ва мол ва номуси мухолифон меуфтанд.
Сухани охир онки ин қоида дар равобити хориҷии кишвари исломӣ дар арсаҳои мухталиф корбурд дошта ва яке аз усули танзим кунандаи равобити кишвари исломӣ бо дигар кишварҳо аст. Ба унвони намуна ин қоида метавонад дар арсаи равобити дипломатик ва консули монанде пазириш ё ихроҷи сафир ва маъмурони дипломатик ва қатъи равобити сиёсии иҷтимоӣ.
Ва дар арсаи иқтисодӣ монанди бархурди мутақобил бо тоҷирон ва бозаргонони дигар кишварҳо ва ахзи молиёт аз онҳо бар асоси қоидаи муқобила ба мисл, ва қатъи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ.
Дар арсаи низомӣ ва амниятӣ монанди муқобила ба мисл дар ҷанг, истифода аз силоҳҳои гуногун ва ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакӣ ва ғ. Ҳамчунин ин қоида метавонад дар арсаи қазоӣ ва доду ситадҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ эъмол гардад.
Аз ончи гуфта шуд метавон ба ин натиҷа расид, ки дини мубини Ислом як дини комил ва ҷомеъ аст, зеро дар тамоми заминаҳои зиндагии инсон аз қабили заминаҳои фардӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, тарбиятӣ, ва… роҳнамоиҳои дақиқеро бари инсон дар пеши руи у гузоштааст, ки дар ин навиштор қатрае аз он дарёи бекарон арза гардид.