Баҳсе аз ҳақ ва ботил

Аз баҳсҳои муҳимми ҷаҳонбинӣ баҳси «Ҳақ ва Ботил» мебошад, ки дар ду қаламрави «ҷаҳони ҳастӣ» ва «ҷомеа ва таърих» таҳқиқ ва баррасӣ мешавад.

Дар ин мақола бештар ба ҷанбаи дуюм таваҷҷӯҳ дорем, ҳарчанд ҷанбаи аввалро ҳам ба таври хулоса баён хоҳем кард.

Ҳақ ва Ботил дар ҷаҳони ҳастӣ

Дар ин бора, ки оё ҷаҳони ҳастӣ як низоми ҳақ аст ё ботил ё низоме аст, ки ҳамаи чизаш дар ҷои худ қарор дорад ё не, ҳадафдор аст ё беҳадаф, назарияҳои гуногуне дода шудааст.

Баъзе аз файласуфон махсусан модигароён[1] нисбат ба ҷаҳон ва инсон бадбин будаанд ва онро дар маҷмӯъ як амри номатлуб ва беҳадаф донистаанд. Аммо файласуфони илоҳӣ[2] махсусан Ислом ба таври равшан офариниши оламро барҳақ ва айни некӣ ва хубӣ медонанд ва мӯътақиданд, ки ҳеҷ камӣ ва зиёдатӣ ва ҳеҷ ботил ва беҳудагие дар низоми ҳастӣ вуҷуд надорад. Гуруҳи дигаре ҳам мегӯянд, ки ҷаҳон мураккаб аз хубию бадӣ мебошад, зеро мо дар ҷаҳон дугонагӣ; яъне хубию бадӣ, ҳаққу ботил, адлу зулм, камолу нақс ва ғайраро дар канори ҳам мебинем. Ин худ нишонаи он аст, ки дар сарчашма ва маншаи ҳастӣ дугонагӣ вуҷуд дорад. Зеро бо вуҷуди ин дугонагӣ дар олам намешавад гуфт, ки мабдаъ ва сарчашмаи он яке аст. Фикри санавият ва дугонапарастӣ ҳам, ки дар Эрони бостон будааст, аз   инҷо (яъне мӯътақид будан ба ин ки ҷаҳон мураккаб аз хубию бадӣ аст) сарчашма гирифтааст, бо вуҷуди ин ки онҳо оқибати ҷаҳонро ғалабаи лашкари хубӣ ва нобудии лашкари бадӣ медонанд.

Аммо аз он ҷо ки ин баҳс як баҳси фалсафӣ ва илмӣ ба назар мерасад, бояд ин баҳсро бо мисол задан баён кунем то дар натиҷа исбот шавад, ки дар ҳикмати илоҳӣ асолат бо ҳақ ва хайр мебошад. Аз он ҷо ки тамоми олами моддӣ ва ҳамаи мавҷудоте, ки дар ин олам ҳастанд маҳдуд ҳастанд (яъне ҳадду марз доранд, ки ин дар истилоҳи фалсафӣ ҳамон моҳият номида мешавад) ва баъзе аз сифатҳои мусбат ё камолотро надоранд, дар ин олами моддӣ нақсҳо ва бадиҳо ё зиштиҳо намоён мешаванд. Иллати намоён шудани нақсҳо ва шурур дар олами моддӣ ва дигар мавҷудоти ин олам ҳамон маҳдуд будан ё ба иборати дигар моҳият доштани ин олам мебошад ва ин маҳдуд будан сабаб мешавад, ки олами моддӣ

наметавонад тамоми сифатҳои мусбат ё камолотро дар худаш ҷой бидиҳад. Масалан инсонеро дар назар бигирем, ки илм надорад яъне олим намебошад. Дар ин ҳолат надоштани илм сабаб мешавад, ки нақс ё шарре (бадие) ба номи ҷаҳл дар ӯ намоён шавад. Маҳдуд будани инсон сабаб мешавад, ки натавоиад тамоми илмҳоро дар худаш ҷой бидиҳад ва ба хотири ҳамин сифати манфие бо номи ҷаҳл дар ӯ намоён мешавад. На ба ин маъно, ки дар ҳақиқат чизе ба номи ҷаҳл вуҷуд дошта бошад. Дар олами ҳастӣ асолат бо ҳақ ва хайр мебошад, аммо шурур ва бадиҳое, ки дида мешаванд монанди як сояе мебошанд, ки зарурати ҷудонопазире аз ин олами моддӣ ва маҳдуд доранд. Яъне сарчашма ва маншаи шуруру ноқисиҳои ин олам ҳамон набуданҳо ва нестиҳо мебошад.

Аммо аз он ҷо ки Худованди Таборак ва Таоло ҳастии мутлақ мебошад, яъне ҳеҷ моҳияте (ҳаду марзе) надорад, дар ӯ ҳеҷ шар ва нақсе роҳ надорад. Шар ва нақс доштан хосияти мавҷудоти маҳдуд мебошад. Ӯ на моҳияте дорад ва на нестие. Аммо махлуқот, ки ҳама офаридаи Худованд ба ҳисоб меоянд ва чун маҳдуд ва моҳиятдор мебошанд аз нақсҳо ва шурур бархурдоранд. На ба ин маъно, ки Худованд мавҷуди ноқис ва ё шар меофаринад, балки ин маҳдуд будан ва моҳият доштан сабаби пайдоиши нақсҳо ва шурур мешавад. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки моҳият доштан ва маҳдуд будан фақат дар олами моддӣ ва мавҷудоти ин олам сабаби пайдоиши шурур (бадиҳо) мешавад. Зеро дар аввали ин баҳс баён шуд, ки хосияти мавҷуди моддӣ ва маҳдуд ин аст, ки нақсҳо ва шурурро монанди сояи инсон доро бошанд.[3]

Пас нестӣ дар айни ин ки асолат ва ҳақиқат надорад, аммо ба хотири маҳдуд будани махлуқот, дар ҳастӣ роҳ пайдо мекунад ва ҳамчунин баён кардем, ки нақсҳо ва шурур (бадиҳо) маншаашон ҳамон набудҳо ва нестиҳо мебошад, аз ин рӯ ҳақиқат ва асолат надоранд. Олами табиат заифтарин олами вуҷудӣ аст, ки нишонаҳои моҳият ва нестӣ дар он бештар пайдо мешавад.

Ба ин тартиб агар низоми ҳастиро аз боло ва аз ҷиҳати ҳастиаш нигоҳ кунем, ботил ва нестие дар он роҳ надорад ва ҳама ҳастию нур мебошад. Аммо агар аз поён нигоҳ кунем соя мебинем ва соя ҳамон набудани нур дар як маҳдуда мебошад, ки атрофи онро нур фаро гирифтааст.

Ҳикмати илоҳӣ ҳама чизро дар

«بِسمِ اللهِ الرَّحمن الَّحِیمِ«

» Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон»

хулоса мекунад ва мегӯяд:

«ظَهَرَ الوُجُودُ بِبِسمِ اللهِ الرَّحمن الرَّحِیمِ»

«Олами ҳастӣ бо бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим зоҳир шуд»

Яъне олами ҳастӣ ба номи Аллоҳ, Раҳмон ва Раҳим халқ шуда ва намоён мешавад. Аз як нигоҳи хеле олӣ дар олам ҷуз Аллоҳ ва Раҳмонияти Аллоҳ ва Раҳимияти Аллоҳ чизи дигаре нест. Тасаввур кардани ин маъно бисёр мушкил аст, вале хеле олӣ ва латиф мебошад. Агар инсон ин нуктаро дарк кунад бисёре аз нофаҳмиҳо барои ӯ ҳал мешавад. Дар ин гуна биниш олам ду чеҳра дорад:

1) Чеҳраи Раҳмоният (аз ӯ будан).

2) Чеҳраи Раҳимият (ба сӯи ӯ рафтан).

Дигар исмҳои Илоҳӣ исмҳои табиӣ ҳастанд, яъне сарчашмаашон ҳамон Раҳмоният ва Раҳимияти Худованд мебошад ва ба гуфтаи худи устод Мутаҳҳарӣ дар дараҷаи дуюм ва сеюманд.

Худованд Ҷаббор (ҷубронкунанда) ва Мунтақим (интиқом-гиранда аз саркашон) ҳам мебошад, аммо сифати аслии Худованд Раҳмоният ва Раҳимияти Ӯ мебошад. Сифатҳои дигар дар воқеъ аз ин исмҳо сарчашма мегиранд. Ҳатто сифати » Қаҳҳорият » ҳам аз сифати лутфи илоҳӣ нашъат мегирад. Он асолате, ки лутф дорад қаҳҳорият надорад. Нигоҳи тавҳидӣ наметавонад ғайр аз ин бошад. Нигоҳи фалсафии воқеӣ ҳам ҳамин мебошад ва ҳастишиносии воқеъӣ низ фақат аз ҳамин роҳ муяссар аст.

НАБАРДИ ҲАҚ ВА БОТИЛ, УСТОДИ ШАҲИД, МУТАФАККИРИ РАВШАНГАР МУРТАЗО МУТАҲҲАРӢ

[1] — Модигароён: Файласуфоне ҳастанд, ки фақат олами моддӣ ва табиатро қабул доранд.

[2] — Файласуфони илоҳӣ: касоне ҳастанд, ки илова бар олами табиат ва модда ба олами фавқи табии ва Худо қоил ҳастанд.

[3] Шарҳи асмо -ул – ҳусно, ҷ.1, с.5.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...