НАҚШИ ТАРБИЯТ ДАР ХОНАВОДА(2)

Иллатҳои беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон

Бо ин ки Худованд  хонаводаро тавре офаридааст, ки метавонад аз ӯҳдаи тарбияти фарзандон барояд, вале мутаассифона бисёре аз хонаводаҳо ба сабабҳои мухталиф сабаби бадахлоқии фарзандони худ  мешаванд. Аз онҷо, ки шариати Ислом таъкиди фаровоне рӯи масъалаи фарзандон дорад, ба назар чунин мерасад, ки ин кор як навъ ибодат аст. Аз тарафи дигар анҷом надодани ин вазифаи шаръӣ ё бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба он, маъсият ва гуноҳ хоҳад буд ва ҳамон тавр, ки қаблан зикр намудем кайфару ҷазоҳои сангинеро дар дунё ва қиёмат дар пай хоҳад дошт. Яке аз кайфарҳо ва азобҳое, ки    ба сабаби ин маъсият домангири волидайн ва ҷомеа мегардад, беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон аст.

   Пас метавон гуфт аввалин иллати беинзиботии фарзандон бетаваҷҷӯҳии падару модар нисбат ба тарбияти онҳо мебошад.

   Агар падару модар рафтору кирдори фарзандонро назорат накунанд, имкон дорад фарзандони онҳо рафтори нописанде анҷом  диҳанд ва чун касе онҳоро аз ин кор наҳй намекунад,  гумон мекунанд, ки рафторашон дуруст аст ва он роҳро идома медиҳанд, ки шояд ба ҷинояткории онон поён ёбад. Хусусан падару модар бояд муошират ва рафту омади фарзандони худро таҳти назар бигиранд, зеро аксари олудагиҳо ва каҷравиҳои фарзандон ба воситаи дӯстони бад пайдо мешавад. Фарзандон дар рафтори худ ниёз ба улгу ва роҳнамо доранд ва дар ҳоле, ки ин роҳнамоӣ аз ҷониби волидайн сурат нагирад, онҳо барои пайдо кардани роҳнамо рӯ ба берун аз хонавода меоваранд ва аксаран гирифтори доми афроди носолиму бетарбият мегарданд.

   Иллати дигаре, ки сабаби беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон мегардад худхоҳӣ ва зӯргӯии волидайн дар тарбияти фарзандон мебошад. Падару модар метавонанд бо яке аз ин ду роҳ бар фарзандон таъсир бигузоранд: муҳаббат ё зӯру хушунат.

   Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯдакон ҳамеша хоҳони меҳру муҳаббат ҳастанд, бинобар ин ба хубӣ метавонем ба ин нукта пай барем, ки зӯру хушунату қаҳр то чи андоза метавонад сабаби каҷрафторӣ ва бероҳа шудани онҳо аз роҳи дуруст мегардад. Тарсу ҳароси даврони кӯдакӣ ҳеҷ гоҳ аз ёди одамӣ намеравад. Кӯдаке, ки ба ҷои меҳрубонӣ ва навозиш ба танбеҳ одат кунад, дар даврони булуғ як шахсияти тарсу ва васвос хоҳад буд ва ҳамвора эҳсоси ҳақирӣ хоҳад намуд. Мутаасифона тарбият тавассути танбеҳу зӯргӯӣ дар миёни падару модарон ва мураббиён бисёр мушоҳида мешавад. Фарзандоне, ки  ин гуна тарбият ёфтаанд ё дар асари тарсуӣ аз ҳар касе итоат мекунанд ва ё ба қасди интиқом гирифтан аз атрофиёни худ аз ҳеҷ касе итоат намекунанд ва роҳи сарпечиро пеш мегиранд, ки дар ҳар ду сурат ҳам, ба ҷомеа зиён хоҳад расид.

   Яке дигар аз иллатҳое, ки сабаби тарбияти ғалати фарзандон мегардад  бемаърифатӣ ва ҷаҳолати волидайн аст. Барои исботи ин матлаб як мисол мезанем. Баъзе падару модарон бо доштани фарзанди хиҷолатӣ, камгапу итоаткор ва гӯшагир, фахр мекунанд ва фарзанди худро бисёр муаддаб  медонанд, ҳол он ки бо ин амали худ бемории заъфи шахсиятии фарзанди худро зиёд мекунад. Ин гуна фарзандон вақте ки по ба саҳнаи ҳаёт мегузоранд аз доштани як шахсияти оддӣ маҳрум хоҳанд буд ва шахсияти дурӯғин ва заифе, ки дар он тарбият шудааст онҳоро маҷбур ба пардапушӣ ва нишон додани аъмоли шармгинона ва хиҷолатӣ менамояд. Ин гуна афрод ҳамеша дар муқобили хостаҳои дигарон бе чуну чаро таслим мешаванд. Дар натиҷа ин гуна тарбият сабаби ба бор омадани афроди сустирода барои ҷомеа мегардад. Пас ин гуна тарбият яке аз сабабҳои ворид шудани сиёсатҳо, таблиғот ва хостаҳои бегонагон ба ҷомеа мебошад.

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...