РОЗЕ АЗ УСВАИ НЕКӮ

Худованд Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар Қуръон ба унвони усваи некў ва намунаи инсони комил зикр намуда ва моро ба пайравӣ аз рафтору гуфтори эшон ташвиқ намудааст. Бинобар ин, барои ҳар як мусалмон барозанда ва зебанда аст, ки ҳамаи рафтору гуфтори Паёмбари бузурги исломро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Зеро ин суол ҷой дорад, ки оё ин чӣ сиррест, ки Худованди Ҳаким бандагонашро ба пайравӣ аз паёмбараш ва аҳли байти ў  фаро хондааст? Дар ин навиштори кўтоҳ саъй шудааст то ба гўшае аз зиндагии ин хонадони бузург нигоҳе андохта ва посухе ҳарчанд мухтасар ба суоли боло дошта бошем. Рўзе ҳазрати Салмони Форсӣ вориди хонаи Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) гардид ва чашмаш ба дастони ҳазрати Фотима афтод, ки дар ҳоли чархондани осиёби дастӣ буданд ва аз зарби кор дастони муборакашон хунӣ гашта буд ва ходими ҳазрати Заҳро — Физза низ он ҷо ҳозир буд.

Ҳазрати Салмон бо тааҷҷуб ба Фотима(с) гуфт:

Барои чӣ аз Физза, ки ходими ин хона аст кўмак намегиред ва худро ба машаққат андохтаед.

Ҳазрати Фотима(с) фармуданд:

— Ман ба ин хотир аз Физза кўмак намегирам, ки падарам – Расули Худо(с) фармудаанд, як рўз ман бояд корҳои хонаро анҷом диҳам ва як рўз навбати Физза аст, ки корҳои хонаро анҷом диҳад. Ва имрўз ҳам навбати ман аст.

Дар ин достони мухтасар паёмеро дармеёбем, ки ба мо мегўяд, бо ходим ва корманди худ рафтори некў дошта бош, бо онҳо ба мулоимат ва мурувват рафтор намо. Ин ҳамон андешаест, ки ҳазору чаҳорсад сол қабл Расули гиромии Ислом аз тариқи духтарашон ба мо расондаанд ва қатъан на танҳо баъд аз ҳазору чаҳорсад соли дигар, балки баъд аз ҳазору чаҳорсад милиион соли дигар ҳам кўҳнагӣ нахоҳад дошт ва ҳамеша ба тозагии худ боқист. Аз онҷо ки фармоишоти Паёмбари азиз аз манбаи ваҳй сарчашма мегирад ва аз сўи Офаридгор сарозер мегардад, дастуроти ҷовидонӣ, мояи саодат ва ҳидояту растгории инсон мебошад ва Паёмбар(с) шахсияте буд, ки бо вуҷуди худ ин роҳро барои башар равшан сохтааст. Инҷост, ки як мусалмон дарк мекунад, барои чӣ ба пайравӣ аз кирдор ва рафтори ин хонадон фаро хонда шудааст ва пай мебарад, ки дар ҳақиқат калиди саодатро ба даст овардааст.

        Акрамхони Зиёдуллоҳ

 

 


 

 



 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...