Муфтии Сурия: “Мусалмон ба дасти мусалмон бо силоҳи кофир кушта мешавад”
Муфтии Сурия, ки аз аҳли суннат мебошад ва фарзандаш дар даргириҳои ин кишвар кушта шуда буд, таъкид дошт: “Такфир ва интиҳор падидаи хатарнок буда, аз фарҳанги исломӣ нест. Такфир ва интиҳор моли куфр аст. Паёмбар (с) омили сулҳ, субот, амният, низом, бедорӣ ва ваҳдати исломӣ буд ва ҳаст. Паёмбар (с) ягон мусалмонро такфир накард, саҳобагон ҳамдами мусалмонон буданд. Падидаи тафриқа, такфир, ихтилоф, низоъ, шикастани ҳурмати мусалмон аз аввал моли душманони ислом буда, ҳолиё моҳияти ҷадид ва равиши муосир касб намудаанд дар муқобили ваҳдати исломӣ ва бедории исломӣ. Интиҳор ва инфиҷорро касоне мепазиранд, ки ислом надоранд. Дар масҷидҳо худкафонии интиҳориҳо чӣ маънӣ дорад? Паси ин амалҳои зидди қуръонӣ кӣ пинҳон аст? Чаро мусалмононро мекушанд? Кӣ ва киҳо аз қатли мусалмонон манфиатдор мебошанд? Чаро суннӣ ва шиъа то кунун бозичаи куфр мегардад? Оё таълимоти Қуръон ва Паёмбар (с) мо мусалмононро кифоя нест?
Душманон бо ин роҳ мехоҳанд ҷилави пешрафти маориф ва андешаи исломиро бигиранд. Мусалмононро дар ҳолати даргирӣ, дастнигарӣ ва муҳтоҷӣ қарор бидиҳанд, то парешон бошанд ва ҳар чӣ бихоҳанд бикунанд! Ҷаҳони куфр бо истифода аз нерӯи кори исломӣ ва андешаи мо мусалмонон, пешрафт доранд ва моро намегузоранд, ки пешрафту рушду нумӯ дошта бошем. Аз ҷавонони ноогоҳи исломӣ террорист ва худкафонҳо месозанд, то чеҳраи сулҳофарини исломро бадном намоянд.
Силоҳи душман эҷоди ҷанги дохилӣ аст, ки намунаи онро дар кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Сурия дидаем. Ҷанги таҳмилӣ дар Сурия идома дорад. Дар ин ҷо мусалмонони шиъа ва суннӣ кушта мешаванд. Душман раҳм надорад. Ин афроди зархарид бо номи «муҷоҳидон» аз силоҳи кимиёӣ истифода намуданд. Пирону атфол ва занону хоҳарони маъсум ҷони худро аз даст додаанд. Ин зархаридон бардуруғ худро суннӣ муааррифӣ мекунанд. Муқаддасоти исломӣ барои онон арзиш надоранд. Мақбараҳои исломиро тахриб намуда, дар зери шиорҳои «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» мусалмонони Сурияро ба қатл мерасонанд. Оини ислом чизи дигар аст. Оини ислом қатли инсони бегуноҳро маҳкум намудааст.
Ин қотилони хуношом дар зери мафҳуми мубориза ба муқобили режими Башшор, мусалмононро мекушанд. Муқаддасоти исломиро оташ мезананд, ёдгориҳои таърихиро тахриб мекунанд, рухсораи модари мусалмонро захмин ва қалби хазорон хоҳарони исломиро мехарошанд. Навдаи умри ҳазорон ноболиғи исломиро шикастаанд. Модарону хоҳарон бе шавҳар ва тифлон бе падару бе модар монда, хуни шаҳидон аз дастаи теғ ва силоҳҳои зархаридони аҷнабии такфирӣ метаровад.
Масъулияти сангин ба души уламо аст. Ваҳдатофаринӣ суннати Расулуллоҳ (с) буд, пас шумо низ ваҳдатофаринӣ намоед. Бародарони аҳди қиблаи худро ба такфир мутаҳҳам насозед! Такфир ва интиҳор моли ислом ва роҳи мусалмонон нест. Мусалмонон аз ҷониби мусалмонон бо силоҳи кофирон кушта мешаванд. Нагузоред, ки такфир ва такфириён дар ҷомеаҳои мусалмоннишин рушд ёбад. Амният ва суботи минтақаи худро аз даст медиҳед, дигар дер мешавад. Ин такфириён дар лагер-урдугоҳҳои низомии куфр парвариш ёфтаанд, қатли мусалмонон ва ғайримусалмононро вазифаи «исломӣ»-и худ меҳисобанд…”