Тарҷумаи тафсири сураи Саҷда оёти 5-9

Ояти 5

>يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ أَلْفَ سَنَةٍ مِّمَّا تَعُدُّونَ<

«(Худованд) амри (ин ҷаҳон)‑ро аз осмон ба сӯи замин тадбир мекунад, сипас дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аз солҳоест, ки мешуморед, (низоми ин олам барчида мешавад ва) ба сӯи Ӯ боло меравед.»

Нуктаҳо

v   Суол: Дар ояти 4 сураи Маориҷ мехонем: Малоика ва рӯҳ дар рӯзе, ки миқдори он панҷоҳ ҳазор сол аст, ба сӯи Ӯ боло мераванд. Ин оя мефармояд: Миқдори он рӯз, ҳазор сол аст? Ҷамъи ин ду чигуна аст?

Посух:

А: Дар ҳадис мехонем, ки қиёмат панҷоҳ мавқиф ва истгоҳ дорад ва ҳар мавқифе баробари ҳазор соли дунявӣ аст ва ин ояи сураи Саҷда танҳо ба як мавқиф ишора дорад.[1]

Б: Ин оя, дар мавриди уруҷи амр аст ва он оя, уруҷи малоикаро мегӯяд. Шояд уруҷи амр дар рӯзе бошад, ки ҳазор сол аст ва қиёмат нест, вале уруҷи фариштагон дар рӯзи қиёмате бошад, ки панҷоҳ ҳазор сол аст.

Паёмҳо

  1. Осмон маркази мудирияти замин аст. Барномаҳо аз он ҷо нозил мешавад ва ба он ҷо уруҷ мекунад.
  2. Тавҳид дар рубубият бояд ҳамроҳи тавҳид дар холиқият бошад.      
  3. Тадбири илоҳӣ, доимист на муваққатӣ.
  4. Ҳамон гуна ки дар офариниш, ҳама чиз аз Ӯ ва ба сӯи Ӯст, тадбири умур низ аз Ӯ ва ба сӯи Ӯст.


 

Оёти 6-9

>ذَلِكَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ<

«Ӯ (Худо) аст, ки аз пинҳону ошкор огоҳ, (ва) шикастнопазири меҳрубон аст.»

>الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنسَانِ مِن طِينٍ<

«Он касе, ки ҳар чи офарид неку офарид ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард.»

<ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِن سُلَالَةٍ مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ>

«Сипас (бақои) насли ӯро аз усорае аз оби паст ва бе миқдор муқаррар фармуд.»

>ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ<

«Сипас (андоми) ӯро мавзун сохт ва аз рӯҳи хеш дар вай дамид ва барои шумо гӯшу чашмҳо ва дилҳо қарор дод, (вале) андаке аз шумо сипос мегузоред.»

Нуктаҳо

v   Калимаи савво аз тасвия ба маънои эҷоди таодул, таносуб ва дурӣ аз ҳаргуна ифроту тафрит аст.

v   Ҳақоиқи ҷаҳон барои мо ду гуна аст; пайдо ва пинҳон, аммо назди Худо чизе ғоиб ва пинҳон нест.

Паёмҳо

  1. Қавонини ҳоким бар ҷаҳон, бар асоси илми бепоёни илоҳӣ аст. (Оре, тадбиру идораи ҳар маҷмӯае ба огоҳӣ аз он ниёз дорад.)
  2. Илми илоҳӣ, нисбат ба пайдо ва пинҳон яксон аст.   
  3. Қудрати Илоҳӣ бо меҳр аст.
  4. Ҳамаи офаридаҳо некуст.(Ҳатто заҳри бадани мор арзиш дорад, мисли неъмати оби даҳони инсон, аммо агар ба дигарӣ партоб шавад иҳонат ва ҳақорат аст.)
  5. Ҳама чиз офаридаи Худост.
  6. Зикри ҷудогонаи инсон, дар канори ҳамаи ҳастӣ, нишонаи аҳамият ва арзиши хосси инсон аст.
  7. Ончи нутфа мешавад як селлул ва эспрем аст.    
  8. Ҳунарманд, Худо аст, ки аз қатраи оби ночизу паст, мавҷуди шариф ва арзишманд месозад.
  9. Офариниши ҳазрати Одам(а) бо офариниши бани Одам фарқ дорад. (ҳазрати Одам(а) аз хок буд, вале наслаш аз нутфа офарида шудаанд.)
  10.  Дарёфти камолоти илоҳӣ, ба омодагӣ ва таодул ниёз дорад. (Аввал андоми мавзун, сипас дамидани рӯҳи илоҳӣ.)
  11.    Аз нишонаҳои шарофати инсон, дамида шудани рӯҳи Илоҳӣ дар ӯст.
  12.  Офариниши инсони аввалия тадриҷӣ будааст.
  13. Вусъати доираи диди инсон беш аз гӯши ӯст. (Инсон дар як лаҳза наметавонад ду садоро ҷудо аз ҳам бишнавад, вале метавонад чанд чизро бо ҳам тамошо кунад, ба илова инсон аз роҳи гӯш танҳо садои ашё ва афродро мешунавад, вале аз роҳи чашм, мавқеият, ранг, ҳаҷм, ҳаракат ва сукунро мебинад.) (шунидан танҳо ва дидаҳо ҷамъ омадааст.)
  14. Дар миёни аъзои бадан, ончи василаи шинохт ва маърифат аст, (гӯш, чашм ва дил)муҳимтар аст.
  15. Таваҷҷӯҳ ба давронҳои пайдоиши инсон, роҳе ба сӯи худшиносӣ ва Худошиносӣ ва шукргузорист.
  16. Инсон бояд шукргузор бошад, вагарна сазовори сарзаниш аст.


 



[1]. Тафсири Намуна.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...