Бо баҳори дилҳо (1)

Ошноӣ бо Қуръони Карим ба шеваи пурсишу посух

Пешгуфтор

Қуръон танҳо китоби осмоние аст, ки аз таҳриф ва тағйир дар амон мондааст ва дар авҷи фасоҳат ва балоғат, ҳидояту растагориро навид медиҳад.[1]

Қуръон олитарин маорифи ганҷинаи ғайбиро бо оҳанги рӯҳнавоз ба оламиён ҳадя мекунад.[2]

Қуръон, саршор аз ҳақиқатҳоест, ки одамӣ, ҷуз дар партави ваҳй, аз он насибе нахоҳад дошт. Неъмати бузурге, ки Парвардигори ҳастӣ атои онро бар заминиён миннати бузург[3] ва сабаби ҳаёти инсонҳо медонад. [4]

Шуои пурфуруғи Қуръон равшанибахши дунёи торик аст.[5]

Ҷаҳоншумулӣ ва ҷовидонагии Қуръон, талаб мекунад, ки дар ҳамаи замонҳо меҳвари ҳалли мушкилот ва зудояндаи зулмату ҷаҳл ва ҳайрати гумроҳӣ бошад. Пешрафт ва такомули улум аз таровату тозагии он намекоҳад ва меҳварияти паёми осмониро махдуш намесозад.

Ин маҷмӯа посух ба пурсишҳои навҷавонон дар робита бо Қуръони Карим аст.

Аз тамоми афроде, ки дар таҳияи ин маҷмӯа, моро ёрӣ кардаанд, ташкаккур ва қадрдонӣ мекунем.

 

                                              Алии Хуросонӣ

Масъули маркази «Фарҳанг ва маорифи Қуръон«

Қуръон чӣ сифатҳое дорад?

Сифатҳои Қуръон дар каломи Худо

Худои Мутаол дар Қуръон сифатҳои ин китоби ҳидоятгарро ин чунин баён мекунад.

“Ин (Қуръон) баёни (равшан) барои мардум ва ҳидоят ва андарзе барои парҳезкорон аст.”[6]

“Китобе аст, ки мардумро аз зулмату торикӣ озод ва ба сӯи нуру рӯшаноӣ роҳнамоӣ мекунад.”[7]

“Бо далелҳои равшан сабаби шинохти ҳақ аз ботил мешавад.”[8]

“Ҳидоятгарест, ки ба беҳтарин роҳҳо ҳидоят мекунад ва ба мӯъминони некӯкор башорат медиҳад, ки барояшон подоши бузургест.”[9]

Сифатҳои Қуръон дар каломи Расули Худо (с)

Ҳоло ки аз зулоли ҷории Қуръон сероб шудем, ҳайф аст сифатҳои Қуръонро аз забони Паёмбар (с), ки Қуръон бар Ӯ нозил шудааст, нашунавем.

Паёмбари Аъзам (с) низ дар бораи Қуръон фармудааст:

“Қуръон китобест, ки ҳалли мушкилоти шумо дар он аст, ҳақ ва ботилро ба осонӣ аз ҳам ҷудо мекунад, ресмони маҳками илоҳист, ки боиси иртибот бо Худо мешавад. Донишмандон аз хондан ва тафаккур дар он сер намешаванд ва бо гузашти замонҳо ва қарнҳо кӯҳна намешавад. Ҳар кӣ бо Қуръон сухан бигӯяд, гуфтораш дуруст хоҳад буд… ва ҳар кас мувофиқи он амал кунад, подоши нек меёбад. Ҳар кас мардумро ба Қуръон даъват кунад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кардааст.”[10]

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Қуръон китобест, ки Худо фиристодааст, вале дигар китобҳо дастнавиштаи махлуқоти  Худо ҳастанд.

 Оё Қуръонро метавон ба дигар навиштаҳо муқоиса кард?

Чун Қуръон барои ҳама замонҳо нозил шуда бо гузашти замон тозагиҳояш бештар ошкор мешавад ва одамӣ, ҳар бор ки Қуръонро бо фикр ва диққат мехонад, матолиби наверо мефаҳмад, ки пеш аз ин, он матолибро дарк накарда буд, дар ҳоле ки бақияи китобҳо ба гунае ҳастанд, ки ба як ё ду бор хондан ҳамаи матолибаш ошкор мешавад ва дигар хонданаш тозагӣ ва ширинӣ надорад.

Китобҳое, ки инсонҳо менависанд ба як ё чанд ҷиҳат аз ниёзҳои башар диққат мекунанд, вале Қуръон баёнгари ҳама чиз аст.[11] Ҳамаи ниёзҳои маънавӣ ва рӯҳии башарро бартараф мекунад ва аз ин ҷиҳат, комилтарин китоб аст. Аз тарафи дигар Қуръон барои ҳамаи инсонҳо нозил шудааст.

 

Қуръон ҳаёти равшани дилҳост,

Қуръон фуруғи шамъи маҳфилҳост.

Дил аз фуруғаш нур мегирад,

Ҷон аз паёмаш шур мегирад.

Қуръон китоби мактабу оин,

Қуръон китоби устувори дин.

Амри дилнагезаш сафо дорад,

Дарсе зи ихлосу вафо дорад.

Қуръон шафеи рӯзи растохез,

Аз гавҳари ҳикмат бувад лабрез.[12]

 


[1]. Исро, ояти 17.

[2]. Зумар, ояти 55.

[3]. Оли Имрон, ояти 164.

[4]. Анфол, ояти 24.

 

[6]. Оли Имрон, ояти 138

[7]. Иброҳим, ояти 1.

[8]. Бақара, ояти 185.

[9] . Исро, ояти 9.

[10]. Мустадрак-ул- васоил, ҷ. 4, саҳ. 239.

[11]. Наҳл, ояти 89.

[12]. Ҷаводи Муҳаддисӣ, Баргу бор, саҳ. 238.

Ёсин

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,