ТАРҶУМАИ МАНЗУМИ СУРАИ ФОТИҲА

Сураи Фотиҳа дар Макка нозил шудааст ва 7 оя дорад.

Ба номи Худое кунам ибтидо,

Ки раҳмат кунад, ҷумла мавҷудро. 

Бувад соҳиби раҳмати хос низ,

Басе омилонро намояд азиз. (1)

Тамоми ситоиш сазовори ӯ.

Ки тарбияти олам аст, кори ӯ. (2)

Мураббӣ, ки аз раҳмати ӯ мудом,

Ҳама баҳра доранд, аз хоссу ом.

Бувад соҳиби раҳмати хос низ,

Басе омилонро намояд азиз. (3)

Ба рӯзи дигар, чунки рӯзи ҷазост,

Фақат ӯ дар он рӯз фармонравост. (4)

Аз ин рӯ туро мепарастему бас.

Биҷӯем ёрӣ фақат аз ту пас. (5)

Ҳидоят намо бандагон, эй Раҳим!

Ба роҳе, ки бошем дар он мустақим. (6)

Ба роҳи касоне , ки неъмат ато,

Бикардӣ ба лутфи худ, эй Кибриё!

Бар ин роҳ монданд, нагаштанд ақаб,

Накардӣ бар онҳо ту хашму ғазаб.

Накарданд парвандаи худ сиёҳ,

Ки то гум насозанд як лаҳза роҳ. (7)

С. М.

 

 

 

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *