Кӯдакони ҳар ҷомеа мардон ва занони оянда ва созандаи ҷомеаи фардо ҳастанд. Осебҳое, ки бар руҳи онон ворид мешавад, таъсири мустақиме бар сарнавишти иҷтимоъ хоҳад дошт.
Эҳтиром гузоштан ба кӯдакон ва тақвияти ҳисси иззати нафс дар эшон аз ҷумлаи муҳимтарин авомиле аст, ки дар саломат ва ҷисми онон дахолат мекунад.
Баид ба назар мерасад, паёмбар(с) ба унвони раҳбари як мактаб ки вазифаи ҳидояти инсонҳоро дар ҳамаи абъод ба уҳда дошт, нисбат ба ин матлаб улгуе ироа накарда бошад.
1. Сираи назарии паёмбар(с)
Каломи паёмбар(с) ки:
“أَكْرِمُوا أَوْلَادَكُمْ وَ أَحْسِنُوا آدَابَهُمْ یغْفَرْ لَكُمْ”
(Фарзандони худро такрим кунед ва ба онҳо одоби нек биёмузед то омурзида шавед[1]), намунаи ошкоре аз муҳтарам будани кудакон дар тафаккури илоҳии пақёмбар(с) аст.
Вуҷуди суханони фаровон аз Расули Акрам(с) дар бораи кӯдакон, таваҷҷуҳи зиёд ва амиқи эшонро ба ин масъала нишон медиҳад.
Паёмбар(с) тарбияти фарзандон ва фароҳам намудани заминаи рушд ва тараққии онҳоро аз садақа додан дар ҳар рӯз беҳтар дониста аст.[2]
Паёмбар(с) фармуда аст:
“الْوَلَدُ الصَّالِحُ رَیحَانَةٌ مِنْ رَیاحِینِ الْجَنَّة”
(фарзанди солеҳ, гуле аст аз гулҳои биҳишт)[3] ва ҳуқуқе барои фарзандон ба уҳдаи волидайни онҳо қоил шуда аст.[4] Эшон арзиши хушҳол кардани кӯдакро ҳампояи озод кардани бардае онҳам аз насли Исмоил(а) ва ашк рехтан аз тарси Худо эълом карда аст.[5]
Паёмбар(с) тавсия карда аст, мардум дар сурати доштани фарзанд рафторе ба андозаи фаҳм ва дарки кӯдак дошта ва худро бо дунёи ӯ ҳамоҳанг намоянд.[6]
Дар ривояте аз ҳазрат нақл шуда аст:
“أحبوا الصبیان و ارحموهم وعدتموهم شیئا فأوفوا لهم فإنهم لا یرون إلا أنكم ترزقونهم”
(Кӯдаконро дӯст бидоред, аз руи муҳаббат ва меҳрубонӣ бо онон рубару шавед ва агар ваъдае ба онҳо додед, амал кунед; чаро ки онон шуморо рузидиҳандагони худ тасаввур мекунанд, “шуморо танҳо такягоҳи худ медонанд”).
2. Сираи амалии паёмбар(с):
1-2 Салом кардан бо кӯдакон:
Паёмбари Ислом ба кудакон салом мекард.[7] Аз Анас ибни Молик нақл шуда аст:
“انّ رسول¬اللَّه(ص) مرّ على صبیان فسلّم علیهم و هو مغذ”
(Расули Худо(с) аз канори кӯдаконе гузашт, ба онҳо салом кард ва ғазо дод.)[8] Паёмбар(с) таъкид мекард, ки хостори ривоҷи ин суннат дар байни мусалмонон ва тадовуми он пас аз худ низ ҳаст.[9]
2-2 Бархурди каримона бо кӯдакон:
Паёмбар(с)-ро меҳрубонтарин мардум ба кӯдакон гуфтаанд. Дасти навозиш бар сари кӯдакон мекашид ва табъиз байни фарзандонро нафй карда ва касеро ки ба кӯдакони худ муҳаббат намекард, аз аҳли дузах медонист.[10]
Гуфта шуда Паёмбар(с), Фотима(с)-ро бисёр такрим мекард, пеш аз он чи мардум тасаввур мекарданд ва низ беш аз эҳтироми маъмули падарон ба духтаронашон.[12]
Эшон ҳатто бо навзодон низ бо эҳтиром ва нармиш бархурд мекард. Умми Фазл мегуяд: “Рӯзе Расули Худо(с) Ҳусейн(а)-ро, ки ширхора буд аз ман гирифт ва бағал кард. Рутубате аз ӯ ба пироҳани эшон расид, бо тундӣ кӯдакро гирифтам ба тавре, ки кӯдак гиря кард, паёмбар(с) фармуд: ей умми Фазл либоси маро об татҳир мекунад; аммо ғубори ранҷишро чи чизе аз қалби ин кӯдак пок мекунад.[13]
Рӯзе дар ҳоле ки Паёмбар(с) Ҳасан ва Ҳусейнро навозиш мекард ва мебусид, Иқраъ ибни Ҳобис ки марде аз ашрофи ҷоҳилият буд ворид шуд ва бо дидани ин саҳна гуфт: Ман даҳ писар дорам ва то ба ҳол ҳеҷ кадомашонро набусидаам. Паёмбар нороҳат шуд ва фармуд: “Он кас ки нисбат ба дигари раҳм надошта бошад Худованд низ барои ӯ раҳм нахоҳад кард.[14]
2-3 Бози кардан бо кӯдакон:
Тибқи гузоришоте, ки манобеи торихӣ ва ривоёт ироа карадаанд, паёмбар(с) бо кӯдакон бози мекард. Ҳангоме ки эшон аз сафар боз мегашт, кӯдакон ба пешвозаш мерафтанд паёмабр(с) назди эшон таваққуф карда ва ононро савор мекард ва ба асҳоб ҳам мефармуд то савор кунанд.[15]
2-4 Ҳадя додан ба кӯдакон:
Гоҳ паёмбар(с) барои ибрози лутф ва муҳаббат ба кӯдакон ҳадоёе ба эшон медоданд. Гуфта шуда аст рӯзе эшон оҳуе ки марди аъробӣ ба ӯ дода буд ба Имом Ҳасан(а) ҳадя кард ва ӯ низ аз ин ҷиҳат бисёр хушҳол шуд ва бо он бози мекард. Ҳамчунин нақл шуда аст эшон гарданбанди қиматиро, ки барояш ҳадя оварда буданд ба “Амома” наваи духтарии худ ҳадя намуд.
Бояд гуфт, ки бо мутолиаи зиндагии паёмбар(с) дарсҳои муҳимме дар бораи чигунагии бархурди дуруст бо кӯдакон ва навҷавонон метавон омӯхт. Эшон на танҳо меҳрварзӣ ва муҳаббат ба кӯдаконро дар меҳвари рафтории худ бо эшон қарор дода буд, балки шахсияти инсонӣ ва қобили эҳтиромеро барои онон қоил буд, ва ин дар сираи назарӣ ва амалии эшон машҳуд аст.
[1]. Макоримул ахлоқ, саҳ 115.
[2] . Ҳамон.
[3] . Ҳамон, саҳ 218.
[4] . Ҳамон.
[5] . Имолӣ, саҳ 72.
[6] . Ҳамон, ҷ 3, саҳ 484, Макоримулахлоқ, саҳ 220.
[7] . Аллома Таботабоӣ, Муҳаммад Ҳусайн; Сунан-ун-набӣ(с).
[8] . Ибни Асокир, Торихи Мадина Димишқ, ҷ 37, саӯ 408.
[9] . Имолӣ, саҳ 72.
[10] . Ибни Асокир, пешин, ҷ 41, саҳ 334.
[11] . Ибни Абил Ҳадиди Муътазилӣ; шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ 9, саҳ 193.
[12] . Мустадрак, ҷ2, саҳ 557.
[13] . Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ7, саҳ 75.
[14] . Фалсафӣ, ҷ3, саҳ 63.