Хилофат ва ҳукумат аз дидгоҳи Имом Ҳусайн(а)

Баҳриддини Қурбон[1] Чакида:

Иҷтимои башарӣ, ба ҳар шакле бошад, бениёз аз ҳукумат нест. Дар Мадинаи фозила ва ҷомеаи идеали “Афлотун” файласуфон ҳукумат мекунанд. Ва дар биҳишти руъёии комунизм низ, асоси ташкилоти ҳукумат бо рангу либоси дигар дар қолаби иттиҳодияҳои синфӣ ва монанди он вуҷуд дорад. Ҳамчунин мутолиоти торихӣ ва кунҷковиҳои ҷомеашиносон, дар зиндагии ҷавомеи тақрибан ибтидоӣ нишон медиҳад, ки дар иҷтимои башарӣ, ҳама ҷо ва ҳама вақт, муқаррароти хоссе вуҷуд дошта ва якчанд нафар, ки афроди солеҳ ё ин ки худро солеҳтарин афрод медонистаанд, масъули вазъ ё иҷрои он будаанд.

Башар ҳамеша ба ин масъалаи ақлӣ, ки бояд вазъ ва иҷрои қонун тавассути солеҳтарин афрод бошад, имон дошта ва чунин ҳукуматеро орзу мекардааст. Имом Ҳусайн(а) низ мутобиқи ҳукми ақл ва дин, хилофат ва ҳукуматро ҳақ ва вазифаи солеҳтарин фард медонист ва худро низ баъд аз шаҳодати Имом Ҳасан(а) солеҳтарин фард барои анҷоми корҳои ҳукуматӣ медид. Имом Ҳусайн(а) мубориза бо ҳокими фосид ва ситамгарро воҷиб ва онро аз масодиқи боризи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар талаққӣ мекард.

Калидвожаҳо:Хилофат, ҳукумат, Имом Ҳусайн(а), хилофат ва ҳукумати илоҳӣ.

Мафҳумшиносӣ

  1) Хилофат: Хилофат аз решаи “халф” бар вазни “фаъл” аст ва дар маонии ҷонишинӣ, ояндагон ва пушт ба кор бурда мешавад. Ба оёти шарифае, ки дар ин маврид баён мешавад, таваҷҷуҳ фармоед:

فَالْیَوْمَ نُنَجِّیکَ بِبَدَنِکَ لِتَکُونَ لِمَنْ خَلْفَکَ آیَةً

“Имрӯз пайкари туро наҷот медиҳем ва аз об берун меафканем, то барои касоне, ки аз паси ту меоянд (ояндагон), мояи ибрат боши[2]”.

Халф дар ин ояти шарифа ба маънои ояндагон омадааст.

اتَّقُوا ما بَیْنَ أَیْدِیکُمْ وَ ما خَلْفَکُمْ

“Парво кунед аз он чи пеши рӯй ва пушти сари шумост[3]”.

Халф дар ин оя ба маънои пас ва пушти сар аст.

Ҳамчунин халф бар вазни “фаъл” маънои васфӣ ҳам дорад, ки ба маънои ҷонишини бад ва охирмондаи бад меояд, мисли:

فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ وَرِثُوا الْکِتابَ یَأْخُذُونَ عَرَضَ هذَا الْأَدْنى

“Аз паси онҳо ҷонишинони бад ба ҷо монданд, ки китоби осмониро ба мерос бурданд, моли дунёро (ба ҳаром) мегиранд[4]

فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ أَضاعُوا الصَّلاةَ وَ اتَّبَعُوا الشَّهَواتِ

“Баъд аз онҳо ҷонишинони бад монданд, ки намозро нобуд карданд ва пайрави шаҳавот шуданд[5]”.

     Аммо халифа, ба маънои ноиб ва ҷонишин аст.[6] Вожаи халифа дар Қуръон ба ду маъно ба кор рафтааст: Маънои нахусти он, хилофат ба маънои ҷонишинӣ аз тарафи Худованд бар рӯи замин аст, ки ин маъно тамом намешавад, магар ин ки халифа дар ҳамаи шууни вуҷудӣ ва осору аҳком ва тадбирҳо ҳокӣ ва баёнгар аз касе бошад, ки аз тарафи вай хилофат мекунад. Аз ин маъно ба хилофати инсонӣ таъбир мешавад, ки ба назар мерасад ихтисос ба фарде надорад ва ҳамаи инсонҳоро дар бар мегирад ва ишора ба Одам(а) дар сураи Бақара ояти 31 ба унвони танҳо мисдоқи мавҷуд аз ин навъ дар он замон буда аст ва ингуна нест, ки хилофат, танҳо хосси шахси Одам(а) буда аст ва дигар инсонҳоро шомил намешавад ва пас аз марги Одам(а) низ ин хилофати инсон аз Худо бардошта шуда бошад, балки метавон гуфт, ки ҳамаи инсонҳо хилофати илоҳиро ба ӯҳда доранд ва аз ин зарфият бархурдор мебошанд. Вале он касе, ки мисдоқи феълии хилофати илоҳӣ мешавад, мисдоқи атам ва акмале аст, ки дар ҳамаи шууни вуҷудӣ худро ба камол расонда бошад.

Дар ин ҷо ду мисдоқи ом ва хос барои хилофат метавон дар назар гирифт: Мисдоқи ом ба маънои ҳамаи инсонҳо, ки дар мавриди хоссе, ки аз тавоноӣ ва истеъдоди феълӣ бархурдор шудаанд, дар ҳамон маврид халифаи Худованд ҳастанд. Ва дуввум мисдоқи хос, ки ба маънои он аст, ки шахс дар ҳамаи ҳавзаҳо халифа ва ҷонишини Худост, ки ихтисос ба инсони комил ва маъсум(а) дорад.

   Маънои дуввуме, ки барои хилофат баён шудааст, хилофат ба маънои вилоят ва имомат ва раҳбарии уммат ва ҷомеа аст, ки дар Қуръон аз хилофати ҳазрати Довуд(а) ба сароҳат сухан ба миён омадааст ва Худованд ӯро халифа муаррифӣ мекунад ва мефармояд:

يا داوود انا جعلناك خليفه في الارض فاحكم بين الناس بالحق

  “Эй Довуд! мо туро халифа дар замин қарор додаем, пас ба ҳақ дар миёни мардум ҳукм кун[7]”. 

Дар ин оят сухан аз хилофати хос аст, ки ҳамон ҳукумат ва доварӣ дар миёни мардум ба маъно ва мафҳуми сиёсии он аст. Ҳарчанд ки хилофат ба маънои вилоят, шохае аз хилофати комили инсонӣ аст, бо ин ҳама, он чи дар ин навиштор мавриди таваҷҷӯҳ аст маъно ва мафҳуми дуввуми он аст, ки ба маънои вилоят ва раҳбарии уммат ва ҷомеа мебошад.

2) Ҳукумат: Ҳукумат аз “ҳукм” ба маънои “манъ” барои ислоҳ ва манъ аз зулм аст[8]. Ба ҳоким аз ин ҷиҳат ҳоким гуфта мешавад, ки золимро аз зулм кардан манъ мекунад[9]. Ҳукумат дар истилоҳ, фароянди эъмоли сиёсатҳо ва тасмимот аз сӯи мақомоти расмӣ дар дастгоҳи сиёсӣ ва ё ишора ба маҷмӯаи мақомоти расмии масъул барои гирифтани тасмимоти сиёсӣ лозимулиҷро аст.

Зарурати ҳукумат

    Ниёз ба ҳукумат, мавзӯест, ки ақли башар зарурати онро ба хубӣ дарк мекунад, чунки зиндагии иҷтимоӣ бидуни муқаррароти марбут ба ҳуқуқ ва ҳудуди афрод ва равобити онҳо бо якдигар сомон намеёбад ва низомоти иҷтимоӣ низ аз як сӯ, ниёз ба вазъи қонун ва аз сӯи дигар, ниёз ба иҷро дорад ва ин ду “коргузор” металабад. Бинобар ин иҷтимои башарӣ ба ҳар шакле бошад бениёз аз ҳукумат нест, ҳатто дар Мадинаи фозила ва ҷомеаи идеали “Афлотун” низ, файласуфон ҳукумат мекунанд. Дар биҳишти руъёии камунизм низ, асоси ташкилоти ҳукумат бо рангу либоси дигар дар қолаби иттиҳодияҳои синфӣ ва монанди он вуҷуд дорад. Ҳамчунин, мутолиоти торихӣ ва кунҷковиҳои ҷомеашиносон, дар зиндагӣ ҷавомеи тақрибан ибтидоӣ нишон медиҳад, ки дар иҷтимои башарӣ, ҳама ҷо ва ҳама вақт, муқаррароти хоссе вуҷуд дошта ва якчанд нафар, масъули вазъ ё иҷрои он будаанд.

Ҳукумат аз манзари Қуръон

Ҳукумате, ки Қуръон ба муаррифии он мепардозад, ҳукумате аст, ки на бар меҳвари иродаи фард ё афроде (ҳукуматҳои истибдодӣ ва демократия), балки бар асоси иродаи Худованд аст ва ба яқин Худованд иродае, ҷуз таъмини масолеҳи воқии бандагонаш надорад. Ин ҳукумат дар ҳукумати анбиё ва ҷонишинони ростини онҳо ва касоне, ки роҳи анбиёро идома медиҳанд дида мешавад. Дар Қуръон ба намунаҳое аз ҳукуматҳои истибдодӣ, демократиявӣ ва илоҳӣ ишора шудааст.

Анвои ҳукуматҳо дар Қуръон

1. Дар мавриди ҳукумати истибдодӣ ба муаррифии ҳукумати Фиръавн  мепардозад.

“إِنَّ فِرعَونَ عَلَا فِي الْأَرْضِ و َجَعَلَ أَهلَهَا شِيَعًا يَسْتَضعِفُ طَائِفَةً مِّنهُم يُذَبِّحُ أَْبنَاءهُم و َيَستَحيِي نِسَاءهُم إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفسِدِينَ”

“Фиръавн дар сарзамини (Миср) сар барафрошт ва мардуми онро табақа-табақа сохт. Табақае аз ононро хор медошт, писаронашонро сар мебурид ва занони онҳоро (барои канизӣ ва комҷӯӣ) зинда нигаҳ медошт. Ӯ ба яқин аз муфсидон буд[10]”.

Фиръавн тамоми сарзамини Мисрро мулки шахсии худ медонист ва рудхонаҳову наҳрҳои бузурги онро аз худ мепиндошт ва мегуфт: Эй қавми ман оё мулк ва ҳукумат аз они ман нест? Ва ин шаҳрҳо зери фармони ман ҷараён надорад? Оё намебинед?

يَا قَومِ أَلَيسَ لِي مُلْكُ مِصرَ و َهَذِهِ الْأَنْهَارُ تَجرِي مِن تَحتِي أَفَلَا تُبصِرُونَ

  “Эй мардуми (кишвари) ман оё подшоҳии Миср ва ин наҳрҳо, ки аз зери (кохҳои) ман равон аст, аз они ман нест, пас магар намебинед[11]?

Торихи башар аз ин гуна ҳукуматҳои худкома бисёр ба хотир дорад ва Қуръони Маҷид дар оёти мухталиф ишороти гуногуне ба ин гуна ҳукуматҳо дорад, ки бо миллати хеш ба сурати бардагон ва ҳатто бадтар аз он рафтор мекарданд. Ва усулан яке аз ҳадафҳои паёмбарон(а) мубориза бо ҳукуматҳои истибдодӣ ва ситамгар ва озодӣ ва раҳоии мардум аз таҳти фармони ҷабборон будааст.

2. Дар мавриди ҳукумати шӯроӣ (ки навъе демократия аст) низ ишороте дорад, дар оёти Қуръони Карим дида мешавад, ҳарчанд демократияе, ки имрӯз дар дунё ҳоким аст ба хусус ҳукуматҳои либерол-демократияи Ғарб, бо он чи Қуръон ба он ишора дорад, тафовутҳои асосӣ ва бунёдӣ дорад. Ҳукумати Паёмбари Акрам(с) ҳарчанд ҳукумати илоҳӣ буд, аммо дар айни ҳол, он ҳазрат маъмур ба машварат бо мардум будааст.

“وَ شَاوِهُم فِي الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ”

  “Ва дар кор(ҳо) бо онон машварат кун! Ва чун тасмим гирифтӣ бар Худо таваккул кун, зеро Худованд таваккулкунандагонро дӯст медорад[12]”.

Ва низ дар достони Сулаймон(а) ва маликаи Сабо мехонем: Ҳангоме ки номаи Сулаймон(а) ба ӯ расид, мушовирони худро ҷамъ кард ва ҷараёни номаро барои онҳо шарҳ дод ва гуфт: Эй бузургон! Назари худро дар ин амри муҳим бозгӯ кунед, ки ҳеҷ гоҳ кори муҳимеро бе ҳузури шумо анҷом надодаам.

“قَالَتْ يَا أَيُّهَا المَلَأُ أَفْتُونِي فِي أَمْرِي مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمْرًا حَتَّى تَشْهَدُونِ”

  “Гуфт эй сарон (-и кишвар) дар корам ба ман назар диҳед, ки бе ҳузури шумо (то ба ҳол) кореро анҷом надодаам”.

 Ба эҳтимоли зиёд дар он замон, на интихоботе дар кор буд ва на орои мардумӣ, вале ҳамин андоза, ки ӯ дар корҳояш муқайяд ба шӯро буд чеҳраи камранге аз ҳукумати шӯроиро нишон медиҳад.

3. Дар мавриди ҳукуматҳои илоҳӣ дар Қуръон баҳсҳои зиёде дида мешавад аз ҷумла дар бораи ҳукумати ҳазрати Довуд(а), ки низоми ҳукуматии бузурге дошт.

“وَآتَاهُ اللّهُ الْمُلْكَ وَالْحِكْمَةَ وَعَلَّمَهُ مِمَّا يَشَاء”

  “Ва Худованд ба ӯ подшоҳӣ ва ҳукумат арзонӣ дошт ва аз ончи мехост ба ӯ таълим дод[13]”. 

Дар бораи ҳазрати Сулаймон(а) Қуръон аз забони худаш мегӯяд:

قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَّا يَنبَغِي لِأَحَدٍ مِّنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ

  “Гуфт: Парвардигоро! Маро бубахш ва мулке ба ман арзонӣ дор, ки ҳеҷ касро пас аз ман сазовор набошад, дар ҳақиқат туӣ, ки худ бисёр бахшандаӣ[14]”.

Хилофат ва ҳукумат аз манзари Имом Ҳусайн(а)

Имом Ҳусайн(а) мутобиқи ҳукми ақл ва дин, хилофат ва ҳукуматро ҳақ ва вазифаи солеҳтарин фард медонист ва худро низ баъ аз шаҳодати Имом Ҳасан(а) солеҳтарин фард барои анҷоми корҳои ҳукуматӣ медид. Албатта ин ки ҳукумат мебоист дар дасти солеҳтарини онҳо бошад, як дастури ақлӣ ва динӣ буд, ки ҳама онро қабул доштанд.

  Умавиён низ ин асли бадеҳиро наметавонистанд ба осонӣ ва ошкоро инкор кунанд, лизо маҷбур шуданд, Язидро бартарин афрод барои тасаддии амри хилофат муаррифӣ намоянд. Муовия ибни Абӯсуфён дар Мадина, дар яке аз иҷтимооте, ки барои муаррифӣ ва байъат гирифтан барои Язид ташкил дода буд, гуфт: Эй мардум! Ба Худо қасам, агар касе беҳтар аз Язид барои хилофати мусулмонон суроғ доштам, барои ӯ байъат намегирифтам.

Имом Ҳусайн(а) бархост ва фармуд: Ба Худо савганд, касеро, ки аз ҷиҳати падар, модар ва худаш аз Язид беҳтар аст раҳо кардаӣ.

 Муовия ибни Абӯсуфён, ки мақсади Имом(а)- ро медонист, гуфт: Гӯё худатро дар назар дорӣ? Имом(а) фармуд: Оре, Худо туро ислоҳ кунад.

Бар асоси сухани дигаре Имом(а) фармуд: Ба Худо қасам, ман ба хилофат сазовортар аз ӯям, зеро падарам беҳтар аз падари ӯ ва бобоям низ аз бобои ӯ ва модарам беҳтар аз модари ӯ ва худам беҳтар аз ӯям.[15]

   Имом(а) дар ҷои дигар фармуд: Ба ҷонам савганд, ҳокими машрӯъ (ва низоми мақбули илоҳӣ) нест, магар касе, ки тибқи Қуръон ҳукумат кунад, посдори адолат бошад, сар бар дини Худо фуруд оварад ва ҷонро дар роҳи Худо вақф кунад.[16]

Ингуна фард касе аст, ки салоҳияти ҳукумат кардан бар инсонҳоро дорад.

 

 Ҳадафи Имом Ҳусайн(а) аз ташкили ҳукумат

 Раҳбарони илоҳӣ ва мардони осмонӣ барои ташкили ҳукумати динӣ то пои ҷон кӯшиданд ва барои наҷоти инсонҳо аз ситам  ва таҷовуз, ба номи қонун муқаррароте вазъ намуданд.

   Баъд аз шаҳодати ҳазрати Алӣ(а) ва сулҳи имом Ҳасан(а) бо рӯи кор омадани хонадони Умавӣ, ҳукумати исломӣ ба ҳукумати истибдодӣ – шоҳаншоҳӣ мубаддал шуд ва ҳокимҳо ба номи ҳалифаи исломӣ, дини Исломро бозича қарор доданд. Имтиёзҳои табақотӣ ба вуҷуд омад ва дӯстони ҳазрати Алӣ(а) аз тамоми ҳуқуқи исломӣ – иқтисодӣ ва ғайра маҳрум гаштанд. Дӯстони ҳазрати Алӣ(а) дар бадтарин вазъ ба сар мебурданд ва муҳаббат ба Алӣ(а) ва хонадони рисолат ҷурми бузурге буд, ки сабаби маҳрумият ва шиканҷаи онҳо мешуд. Тамоми ҳокимони зургӯи Бани Умайя, ҷуз хунрезӣ кори дигаре надоштанд ва дар як калима Ислом аз масири худ мунҳариф шуда буд.

  Аз дидгоҳи Имом Ҳусайн(а) ҳукумат ҳадаф нест. Кулли дунё дар нигоҳи ҳусайнӣ кӯчактар аз он аст, ки ҳадаф қарор гирад. Бузургтарин ҳадафи Имом Ҳусайн(а) ислоҳи ҷомеаи башарӣ будааст ва бар ҳамин асос буд, ки Имом Ҳусайн(а) борҳо дар тӯли муборизот ва қиёми худ мефармуд: Ман барои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар қиём мекунам. Ман хона ва кошонаамро раҳо накардам ва танҳо дар муқобили зулм наистодам, магар барои он ки инсонҳоро иршод кунам ва аз бадбахтӣ ва инҳироф наҷоташон диҳам. Ман барои ислоҳи умури мусулмонҳо хуруҷ намудам, на барои ба даст овардани қудрату мақом ва на барои зулму туғён.[17]

 Имом Ҳусайн(а) хитоб ба Куфиён фармуд: “Ман ба сӯятон наёмадам, магар онгоҳ ки номаҳои (даъвати) шумо ба ман расид ва (намояндагон ва) пайкҳоятон наздам омаданд (мабнӣ бар) ин ки: “Бар мо ворид шав! Чаро, ки моро раҳбаре нест. Умед аст, то Худо моро ба воситаи ту бар ҳидоят ва ҳақ гирд овард”. Пас, (ҳол) агар ҳамчунон бар он (раъйи худ) ҳастед, ҳамоно ба сӯи шумо омадаам. Пас, маро аҳду паймоне диҳед то бар он итминон ёбам ва агар чунин накунед ва омаданамро хуш намедоред, ман низ аз шумо рӯй бартобида ва ба ҳамон ҷо ки аз он омадаам, боз мегардам…. Агар шумо (мардум) аз Худо парво кунед ва ҳақро барои аҳли он (ба расмият) бишиносед, барои хушнудии Худованд беҳтар аст. Ва мо Аҳли байти Паёмбарем ва бар ӯҳдадории ин амр (ҳукумат) аз ин муддаиёни ба ноҳақ, ки бар шумо зулму зур раво медоранд шоистатарем.”[18]

   Оре ҳукумат барои Имом Ҳусайн(а) ҳадаф набуд, балки муҳимтарин василаи эҳёи таолими ҳақ ва пешгирӣ аз бидъатҳо маҳсуб мешуд. Ҳазрат дар номае, ки ба Молик ибни Мисмаъ, Аҳнаф ибни Қайс, Мунзар ибни Ҷоруд, Масъуд ибни Амр ва Қайс ибни Ҳайсам навиштанд, пас аз зикри номи Худо мефармоянд:  “Ман шуморо ба эҳёи нишонаи ҳақ ва нобудии бидъатҳо фаро мехонам. Агар посухи мусбат диҳед, роҳи ҳидоятро ёфтаед”.[19]

 Талоши Имом барои ҳукумати исломӣ

  Имом Ҳусайн(а) дар ҷавоби мардуми Куфа чунин навишт:

  “Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон.

Номае аз Ҳусайн ибни Алӣ ба сӯи гуруҳе аз мусулмонон ва мӯъминон.

Аммо баъд: Ҳамоно, Ҳонӣ ва Саид, ки охирин фиристодагони шумо буданд, ҳамроҳ бо номаҳо бар ман ворид шуданд. Ба ростӣ тамоми ончи гуфтед ва ҷараёнҳое, ки нақл кардед, ҳамаро фаҳмидам. Сухани бузургонатон ин аст, ки раҳбар ва ҳокиме надоранд. -Ба сӯи мо биё, шояд Худованд моро ба ҳидоят гирд оварад-. Ман бародар ва писарамак ва шахси мавриди эътимодам аз хонадонамро ба сӯи шумо мефиристам. Агар ба ман бинависад, ки дидгоҳи бузургон ва хирадмандон ва донишварони шумо мунтабиқ бар иттилооти расида тавассути фиристодагони шумо ва мазмуни номаҳои шумо аст, ба зудӣ ба сӯи шумо меоям, иншоаллоҳ таоло.”[20]

Имом ҳукуматро як масъулияти илоҳӣ медонад ва қудратро барои хеш ва манофеи фардӣ ва гуруҳии худ намехоҳад, аммо барои иқомаи маъруф ва зудудани мункирот, онро як вазифаи бузурги илоҳӣ мешиносад ва инак матни сухани Имом(а):

“Шигифто! Ва чаро дар шигифт набошам, ки диёри исломӣ дар ихтиёри фиребкори нобакор ва молиётгири ситамгар ва фармонравои бераҳм (= Язид) бар мӯъминон аст. Пас, Худо дар он чи мо кашмакаш дорем ҳоким аст ва дар он чи ихтилоф дорем доварӣ мекунад.

   Худоё! Ту медонӣ, ки ончи аз мо сар зад, барои рақобат дар фармонравоӣ ва низ дастрасӣ ба моли беарзиши дунё набуд, балки аз он рӯст, ки нишонаҳои оини туро бинамоёнем ва сару сомонбахширо дар сарзаминҳоят ошкор созем, то бандагони ситамдидаи ту осуда гарданд ва ба фароиз ва сунан ва аҳком амал кунанд. Ва шумо (эй мардум!) агар моро (дар ин роҳи муқаддас) ёрӣ нарасонед ва дар хидмати мо набошед, ситамгароне (беш аз пеш) бар шумо неру гиранд ва дар хомӯш кардани нури Паёмбари шумо бикӯшанд. Худо моро бас аст ва бар ӯ таваккул дорем ва ба сӯи ӯ боз мегардем ва саранҷом ба сӯи ӯст.[21]

 

Амал ба вазифа, натиҷа ҳар чӣ бошад

Нуктае, ки барои талош дар ҷиҳати барпоии ҳукумати исломӣ бояд ба он таваҷҷӯҳ кард, он аст, ки ҳар фарди мусулмоне, бояд ба шинохт ва анҷоми вазифаи худ дар баробари Борӣ Таоло биандешад, на ба натиҷаи хориҷӣ, ки чӣ пеш хоҳад омад. Агар вазифа рӯшан шуд, бояд ба қудрати бениҳояти Худованд таваккул кард ва ҳамаи неруро барои анҷоми вазифа ба кор гирифт, ки дар ин сурат натиҷа ҳар чӣ бошад барои бандаи солеҳи Худо хайр хоҳад буд. Аммо аз он ҷо ки таҳаққуқи бисёре аз аҳдофи баланди Ислом, расидани ҷомеа ба некиҳо ва хайрот ва иҷрои бисёре аз аҳкоми шариат ба ташкили ҳукумати исломӣ вобаста аст, авлиёи Худо(а) ҳамвора ташкили ҳукумати исломиро ба унвони яке аз вазоифи худ қаламдод мекарданд ва агар замоне ба дунболи он набуданд, ба ҷиҳати омода набудани шароити хориҷии ҷомеа ва набуди омодагии мардум будааст, вагарна ҳукумат ба унвони ҳукумат, дар назди авлиёи Худо(а) дорои ҳеҷ арзише набуда, чаро ки онон ба завоҳири дунё таваҷҷӯҳе надоштанд, балки ҳукумат аз он ҷиҳат барояшон муҳим буд, ки иҷрои бисёре аз аҳкоми дин ва шариати осмонӣ ба вуҷуди давлати солеҳ ва қудратманд вобаста аст, зеро агар мутаваллиёни ҳукумат, худогоҳ ва муқайяд ба амал ба қонун бошанд, ҷомеа, адолатмеҳвар ва рӯ ба пешрафт хоҳад буд, гарчӣ дар ҳар замон ба ҷиҳати вуҷуди афроди фосиқ ва манфиатталаб ва ё баъзан, содалавҳони ноошно ба вазифа, мушкилот ва нобасомониҳое вуҷуд хоҳад дошт, вале ҳаракати куллии ҷомеа  мусбат хоҳад буд. Аз тарафи дигар, дар ҷомеае, ки қудрат ва ҳукумат ба дасти афроди носолеҳ бошад, замина барои ҳаргуна фасод ва табъизе боз хоҳад буд ва мардуме, ки мутеи чунин раҳбароне бошанд, ҳаргиз таъми саодатро нахоҳанд чашид.

  Ва ин ҳамон рисолати Имом Ҳусайн(а) буд, ки худ фармуданд: “Ман беҳуда ва худхоҳона ва барои фасод ва ситамгарӣ қиём накардам, балки танҳо барои талаби ислоҳ дар уммати ҷаддам барпо хостам ва мехоҳам амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунам ва ба сираи ҷадду падарам амал намоям.[22]

Ба баёни дигар, иллати асосии ҳаракат ва қиёми Имом Ҳусайн(а), эҳёи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва мубориза бо ҳокими золим ба манзури аз байн бурдани ин тафаккури ғалати роиҷ дар байни мусулмонон буд, ки ақида доштанд, халифа ва ҳокими Ислом, ҳар кӣ бошад ва ҳар ҷинояте анҷом дода бошад, боз халифаи Худо ва итоати ӯ воҷиб аст.

Қиёми Имом(а) аз ин ҷиҳат пирӯз шуда ва ба натиҷа расидааст; зеро Имом Ҳусайн(а) бо қиёми ҷовидонаш дар дарозмуддат муваффақ шуд султаи халифаеро, ки афкор ва роҳу равишаш мунҳариф буд, аз байн бибарад ва ба умуми мусулмонон бифаҳмонад, ки халифа кӯчактарин ҳаққе дар қонунгузорӣ ё ҳукумат надорад ва қонунгузорӣ дар инҳисори китоби Худо ва суннати Паёмбар(с) ва он чи ба он ду мунтаҳӣ мегардад, аст. Агар наҳзати Имом Ҳусайн(а) набуд, бисёре аз аҳкоми Ислом тағйир ёфта ва таҳрифшуда ба дасти мо мерасид, ҳамонгуна ки дар замони ҳол, дар мавриди масеҳият ва диёнаташ мушоҳида мешавад.

   Имом Ҳусайн(а) аз ин рӯ барпо хост, то дар муқобили бозӣ бо аҳкоми дини мубини Ислом тавассути дуруғгӯён ва бадхоҳон монее қарор диҳад ва аз ин ҷиҳат, қиёми муборакаш пирузӣ ёфт ва чеҳраи Ислом барои ононе, ки ба дунболи ҳақиқат ҳастанд намоён гардид.

 

Ба даст овардани ҳукумат аз чӣ роҳе?

Дар посух ба ин суол, чунон чи гузашт, бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунем, ки паёмбарон ва авсиёашон ҳукуматро ба унвони як василаи бисёр муфид ва муассир барои иҷрои аҳкоми илоҳӣ ва заминасози амният ва таоливу рушди инсонҳо медиданд, ки мебоист дар дасти солеҳтарин мардум бошад ва худро ба унвони солеҳтарин мардум, муваззаф медонистанд барои ба даст гирифтани ҳукумат иқдом кунанд, вале фарқи ҳукуматхоҳии онон бо ҳукуматхоҳии аҳли дунё дар ду нукта аст:

1. Аҳли дунё ҳукуматро барои худ мехоҳанд. Аз нигоҳи онҳо худи ҳукумат ва қудрат ва салтанат арзиши зотӣ дорад ва барои расидан ба он бояд ниҳояти кӯшиш ва талошро ба харҷ кард. Вале паёмбарон ва авсиёву авлиё барои ҳукумат арзиши зотӣ қоил нестанд, балки онро васила медонанд. Албатта василае, ки бисёр сӯдманд ва муассир аст ва бидуни он наметавон ба дин ҳокимият дод ва заминаи бандагӣ ва таолии инсонҳоро ба таври комил фароҳам намуд ва дар ҳадди тавон ва ба таври машрӯъ барои таҳсили он бояд иқдом кард.

2. Аҳли дунё барои расидан ба ҳукумат аз ҳар роҳе иқдом мекунанд ва ҳеҷ қайду манъе дар ин роҳ барои онон вуҷуд надорад. Онон бо макр, ҳила, дуруғ, зур, таҳмил, истибдод, истеъмор ва ғ. ҳукуматро ба даст меоваранд ва бо ҳамин равишҳо нигоҳ медоранд. Вале анбиё ва авсиёву авлиё фақат аз роҳи садоқату ростӣ ва даъват ва ихтиёр ва хости мардум ҳукуматро ба даст меоваранд ва нигаҳ медоранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ, ба худ иҷоза намедиҳанд, на барои ба даст овардани ҳукумат ва на ҳифзи он, ба макр, ҳила, дуруғ, зур, истибдод, истеъмор ва монанди он мутавассил шаванд.

 

   Иқдомоти Имом(а) ҳангоми ба ҳукумат расидани Язид

   Акнун, ки назари Имом Ҳусайн(а) дар бораи хилофат ва ҳукумат рӯшан шуд, ба ихтисор дар бораи иқдомоти он ҳазрат барои ба даст овардани ҳукумати илоҳӣ ишора мекунем.

Пас аз марги Муовия ва ба хилофат расидани Язид, шароит барои мубориза бо ситамгарон ва ташкили ҳукумати исломӣ беш аз замони гузашта фароҳам шуда буд  ва он ҳазрат дар ин масир иқдомотеро дар пеш гирифт:

1. Тарки байъат бо Язид (ва эълони адами шоистагии ӯ барои хилофат): Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Имом Ҳусайн(а) Язидро ҳаргиз шоистаи ин ҷойгоҳи баланд намедонист ва худро ба ҳақ шоистатарин фард барои амри хилофат медид, бо Язид байъат накард ва ҳукумати ӯро ба расмият нашинохт. Аз ин рӯ ҳангоме ки хабари марги Муовия ба Мадина расид ва он ҳазрат тавассути волии Мадина даъват шуд, Имом(а) дар посух ба Абдуллоҳ ибни Зубайр, ки пурсид, чӣ хоҳӣ кард, фармуд:

“Ҳеҷ гоҳ бо Язид байъат нахоҳам кард, чунки амри хилофат, пас аз бародарам Ҳасан(а), танҳо шоистаи ман аст”. [23]

Ҳамчунин ба волии Мадина низ фармуд:

 “Мо аз хонадони нубувват ва маъдани рисолат ва ҷойгоҳи рафеи рафту омади фариштагонем…, дар ҳоле ки Язид марде фосиқ, шаробхор, қотили бегуноҳон аст. Ӯ касе аст, ки ошкоро фисқу фуҷур мекунад. Бинобар ин ҳаргиз шахсе ҳамонанди ман, бо марде ҳамонанди вай байъат нахоҳад кард”.[24]

Ҳамчунин Имом(а) дар паи исрори “Марвон ибни Ҳакам” барои байъат бо Язид, бо ҷиддият фармуд:

“Ҳангоме ки уммати исломӣ ба роҳбаре мисли Язид гирифтор ояд, бояд фотиҳаи Исломро хонд! Ман аз ҷаддам Расули Худо(с) шунидам, ки фармуданд: Хилофат бар хонадони Абӯсуфён ҳаром аст”.[25]

 Дар воқеъ Имом(а) бо ин ҷумла, умқи фоҷеаи замомдории Язидро баён мекунад ва бо истишҳод ба каломи Расули Худо(с) тасаддии хилофат, тавассути фарзандони Абӯсуфёнро ҳаром мешуморад.

 Дар сухани дигаре, ки он ҳазрат хитоб ба бародараш Муҳаммади Ҳанафия мефармояд, бори дигар, бар адами байъат бо Язид  таъкид меварзад ва мефармояд:

 “Эй бардар! Ба Худо савганд! Агар дар ҳеҷ нуқтае аз дунё, ҳеҷ паноҳгоҳ ва ҷои амне надошта бошам, ҳаргиз бо Язид ибни Муовия байъат нахоҳам кард”.[26]

2. Тасреҳ бар шоистагии худ барои хилофат: Имом Ҳусайн(а) илова бар он ки Язидро шоистаи ин ҷойгоҳи воло намедонист, ба шоистагии худ нисбат ба амри вилоят ва ҳокимияти исломӣ тасреҳ мекунад. Дар воқеъ, Имом(а), бо ин ҷумалот дар масири ташкили ҳукумати исломӣ ва ба ӯҳда гирифтани хилофати мусулмонон ҳаракат мекунад.

  Имом Ҳусайн(а) дар хутбае, ки пас аз намози аср дар ҷамъи лашкариёни “Ҳур”[27] хонд, фармуд: “Эй мардум! Ман фарзанди духтари Расули Худоям, мо ба вилояти ин умур бар шумо (ва имомати муслимин) аз ин муддаиёни дуруғин сазовортарем[28]”.

  Ин илова бар мавориде аст, ки Имом Ҳусайн(а) дар замони ҳаёти Муовия онгоҳ ки масъалаи вилоятаҳдии Язид матраҳ шуд – ба шойистагии хеш бар амри хилофат таъкид варзид.[29]

Аз намудҳои талоши Имом Ҳусайн(а) барои ташкили ҳукумати исломӣ, посух ба даъвати Кӯфиён ҷиҳати пазириши раҳбарии қиём бар зидди ҳукумати номашрӯи Язид аст.

   Ҳамчунин, фиристодани Имом(а) сафир ва намояндаи худ, ҷаноби Муслим ибни Ақил(рҳ)-ро ба Кӯфа барои арзёбии даъвати онон ва басиҷи нерӯҳо ва гирифтани байъат аз мардум, ҳикоят аз азми Имом(а) ҷиҳати ташкили ҳукумати исломӣ ва илоҳӣ дорад.

  Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Куфа маркази алоқамандони Алӣ ибни Абитолиб(а) буд, тасмими Имом Ҳусайн(а) бар он буд, ки ин шаҳрро пойгоҳи аслии қиём ва наҳзати исломии худ қарор дода ва аз он макон инқилобро раҳбарӣ карда ва ба дигар шаҳрҳо густариш диҳад.[30]

Хулоса ва ҷамъбандӣ

Хилофат аз решаи “халф” бар вазни “фаъл”  ба маънои ҷонишинӣ ва ҳукумат аз “ҳукм” ба маънои “манъ” барои ислоҳ ва манъ аз зулм аст.

Ниёз ба ҳукумат, мавзӯест, ки ақли башар зарурати онро ба хубӣ дарк мекунад, чунки зиндагии иҷтимоӣ бидуни муқаррароти марбут ба ҳуқуқ ва ҳудуди афрод ва равобити онҳо бо якдигар сомон намеёбад ва низомоти иҷтимоӣ низ аз як сӯ, ниёз ба вазъи қонун ва аз сӯи дигар, ниёз ба иҷро дорад ва ин ду “коргузор” металабад.

Ҳукумате, ки Қуръон ба муаррифии он мепардозад, бар асоси иродаи Худованд аст ва ба яқин Худованд иродае, ҷуз таъмини масолеҳи воқеии бандагонаш надорад. Ин ҳукумат, дар ҳукумати анбиё ва ҷонишинони ростини онҳо ва касоне, ки роҳи анбиёро идома медиҳанд дида мешавад.

Имом Ҳусайн(а) бо пайравӣ аз китоби Худо, мӯътақид буд, ки ҳукумат махсуси Худои Субҳон аст, ки тавассути анбиё ва авлиё дар миёни башар иҷро мешавад.

 Раҳбарони илоҳӣ ва мардони осмонӣ барои ташкили ҳукумати динӣ то пои ҷон кӯшиданд ва барои наҷоти инсонҳо аз ситам  ва таҷовуз, ба номи қонун муқаррароте вазъ намуданд. Онҳо ҳукуматро ҳадаф намедонистанд, балки онро василаи хубе барои иҷрои аҳкоми илоҳӣ ва ҳидояту саодати башар муаррифӣ мекарданд.

     Аз дидгоҳи Имом Ҳусайн(а) низ ҳукумат ҳадаф набуд. Кулли дунё дар нигоҳи ҳусайнӣ кӯчактар аз он аст, ки ҳадаф қарор гирад. Бузургтарин ҳадафи Имом Ҳусайн(а) ислоҳи ҷомеаи башарӣ буд ва бар ҳамин асос буд, ки Имом Ҳусайн(а) борҳо дар тӯли муборизот ва қиёми худ мефармуд: Ман барои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ислоҳи ҷомеа қиём мекунам.

Имом ҳукуматро як масъулияти илоҳӣ медонист ва қудратро барои хеш ва манофеи фардӣ ва гуруҳии худ намехост, аммо барои иқомаи маъруф ва зудудани мункарот, онро як вазифаи бузурги илоҳӣ мешинохт.

 

Манобеъ

Қуръон Карим

  1. Исфаҳонӣ Роғиб, алМуфрадот фи ғарибилқуръон, Лубнон, Дорулмаърифат,бето.
  2. Ибни Манзур, Лисонулараб, Қоҳира, Дорулмаориф, бето
  3. Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуаи калимоти Имом Ҳусайн(а), Ирон, нашри Маъруф, чопи севвум, 1415 ҳ.қ.
  4. Шайх Муфид, алИршод, Ирон, массисаи Олулбайт, чопи дуввум, 1416 ҳ.қ.
  5. Ибни Асир, Абдулкарими Шайбонӣ, алКомил фитторих, Бейрут, Дорулкутубилилмия, чопи дуввум, 1415ҳ.қ.
  6. Динаварӣ, Абӯҳанифа, Аҳмад ибни Довуд, алАхбор-ут-тивол, Бейрут-Лубнон, Дорулкутуб, чопи аввал 1421 ҳ.қ.
  7. Алҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, тарҷумаи Беҳроди Ҷаъфарӣ, Теҳрон, Дорулкутубил исломия, чопи аввал, 1380 ҳ.ш.
  8. Хоразмӣ, Абулмайяд, Мақтал-ул-ҳусайни, Ирон, Анворулҳудо, чопи аввал, 1418 ҳ.қ.
  9. Кӯфӣ, ибни Аъсам, алФутуҳ, тарҷумаи Муҳаммад ибни Аҳмад, Теҳрон, интишороти Инқилоби исломӣ, чопи нахуст, 1372 ҳ.ш.

10. Сайид ибни Товус, Луҳуф, тарҷумаи Маҳдии Лутфӣ, Ирон, Насими ҳаёт, чопи дувум, 1385 ҳ.ш.

11. Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут- Лубнон, Муассисатулвафо, чопи дуввум, 1403 ҳ.қ.

12. Ошӯро (решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо), зери назари Макорими Шерозӣ.

Ёсин



[1]. Коршиноси аршади фалсафа

[2] . Юнус, 92.

[3] . Ёсин, 45.

[4] . Аъроф, 169.

[5] . Марям, 59.

[6] . Исфаҳонӣ, Роғиб, Муфрадот, ҷ.1, саҳ. 294.

[7]. Намл, ояи 16.

[8]. Муфрадот, Роғиби Исфаҳонӣ, саҳ.248.

[9]. Лисон-ул-араб, ҷ.3, саҳ. 270.

[10] . Қасас /4

[11] . Зухруф /51.

[12] . Оли имрон /159.

[13] . Бақара /251.

[14] . Сод /35.

[15]. Мавсуаи калимоти Имом Ҳусайн(а), саҳ.263.

[16]. Иршоди шайх Муфид, ҷ.2, саҳ.35.

[17]. Мазмуни баёноти Имом(а), ки дар таърих ва мақотил омадааст.

[18]. Ал-комил фитторих, ҷ.3, саҳ.407.

[19]. ал-Ахбор-ут-тивол, Динаварӣ, саҳ.342.

[20]. Иршоди Шайх Муфид, саҳ.380-381.

[21] .Туҳаф-ул-уқул, саҳ.168.

[22]. Мақтал-ул-ҳусайни Хоразмӣ, ҷ.1, саҳ.182.

[23]. Мақтал-ул-ҳусайни Хоразмӣ, ҷ.1, саҳ.182.

[24]. Футуҳи ибни Аъсам, ҷ.5, саҳ.18.

[25]. Луҳуф, саҳ.99.

[26] .Футуҳи Ибни Аъсам, ҷ.5, саҳ.31 ва Биҳор, ҷ.44, саҳ.329.

[27] . Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ касе буд, ки аз тарафи ҳукумати Язид маъмури ҷилавгирӣ аз вуруди Имом Ҳусайн(а) ба Куфа буд. Ӯ роҳро бар Имом(а) баст ва баъд аз ҳамсуҳбат шудан бо Имом(а) ба лашкари он ҳазрат пайваст ва бо язидиён ҷангид ва шаҳид шуд.

[28] .Футуҳи Ибни Аъсам, ҷ 5, саҳ 137 ва Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.303. (бо андаке тафовут).

[29]. Мавсуаи калимоти имом Ҳусайн(а), саҳ.263.

[30]. Ошӯро решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо, саҳ.252.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...