Рӯзи Мубоҳила, рӯзи иқтидору ҳаққонияти Ислом

Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)  ҳамзамон бо мукотиба бо сарону зимомдорони ҷаҳон, номае низ

ба усқуфи аъзами Наҷрон[1] навишт. Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин нома бо ситоиш аз Худои Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб аз ӯ (ва масеҳиёни дигар) хост, ки аз парастиши бандагон даст кашида ва ба парастиши Худованд рӯй оваранд ва аз вилояти бандагон баромада, ба вилояти Худо гардан ниҳанд ва ё ҷизя[2] бипардозанд ва дар ғайри ин сурат дар интизори ҷанг бошанд.[3]

 Мубоҳила бо масеҳиёни Наҷрон, рӯзи иқтидори мусалмонон

  Мубоҳилаи Паёмбари  акрам(саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо масеҳиёни Наҷрон, воқеъае нест, ки аз чашми торихнависон пинҳон монда ва касе ба нақли ин воқеъаи торихи ва беназири “Мубоҳила” ишора накарда бошад. Ҳодисае, ки дар торихи башарият, дар рӯзи 24-уми  моҳи Зилҳиҷа соли дуввуми ҳиҷрии қамарӣ итифоқ  афтод ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) иқтидору ҳаққонияти дини овардаи хешро бар рухи масеҳиёну яҳудиён бикашад. Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо номае сокинони масеҳии наҷронро ба оини Ислом дават кард. Мардуми Наҷрон, ки намехостанд исломро бипазиранд намояндагони худро ба сӯи Мадина фиристоданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ононро ба амри Худо ба мубоҳила дават кард.

 

» بسم الله الرّحمن الرّحیم»

فَمَنْ حَاجَّكَ فِيهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْا نَدْعُ أَبْنَاءَنَا وَأَبْنَاءَكُمْ وَنِسَاءَنَا وَنِسَاءَكُمْ وَأَنْفُسَنَا وَأَنْفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَةَ اللَّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ

Тарҷумаи оя:   “Пас ҳар кас бад аз донише, ки (дар бораи Масеҳ) ба ту расида аст бо ту ба ситез бар хезад (ва нахоҳад ҳақро қабул кунад) бигӯ: биёед мо фарзандони худро дават кунем ва шумо фарзандони худро ва мо занони худро бихонем ва шумо занонатонро ва мо нафсҳои худро бихоҳем ва шумо нафсҳоятонро, пас лаънати Худоро бар дуруғгӯён қарор медиҳем”.[4]

 

  Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва намояндагони Наҷрон барои Мубоҳила ба маҳалли қарор рафтанд. Вақте намояндагони Наҷрон дар он маҳалл диданд, ки ҳазрати Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) фарзандаш Имом Ҳусайн (алайҳи салом)-ро дар оғуш дорад ва дасти Имом Ҳасан(алайҳиссалом)-ро дар даст гирифта ва домоду бародараш Алӣ ибни Абӯтолиб (алайҳи салом) ва духтараш  Фотимаи Заҳро(алайҳо салом) ҳамроҳи Паёмбаранд ва ба онҳо суфориш мекунад ҳаргоҳ ман дуо кардам, шумо омин бигӯед.

 

   Масеҳиён, ҳангоме, ки ин саҳнаро мушоҳида карданд, сахт ба ваҳшат афтоданд ва аз ин ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) азизтарин ва наздиктарин касони худро ба майдони мубоҳила оварда буданд, ба ин натиҷа расиданд, ки ӯ нисбат ба идаои худ имони комил дорад ва медонад, ки чӣ кор кунад зеро агар эшон ба гуфтаҳои хеш ва дине, ки барои башарият ба армуғон оварда аст имон надошта бошанд, азизону наздикони худро дар маърази хатари осмонӣ ва илоҳӣ қарор нмедоданд. Бинобарин аз иқдом ба мубоҳила намудан бо Расули меҳрубониҳо, Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) худдорӣ карданд ва ҳозир ба мусолиҳа шуданд.

Имрӯз дар ҳамон макон масҷидеро бино намуда ва ба гиромидошти он рӯзи муқаддасу муборак исми он масҷидро Мубоҳила номгузорӣ намудаанд.

Сайид ибни Товус ва баъзе аз ровиён овардаанд, ки Тибқи баъзе ривоятҳо, Паёмбари Ислом (с) ояе аз сураи муборакаи «Оли Имрон» ро низ дар номаи худ зикр намуда аст.[5]

» بسم الله الرّحمن الرّحیم»

« قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ فَإِن تَوَلَّوْاْ فَقُولُواْ اشْهَدُواْ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ »

Тарҷумаи оя: «Бигӯ: «Эй Аҳли Китоб! Биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст, ки ҷуз Худованди Ягонаро напарастем ва чизеро ҳамтои Ӯ қарор надиҳем ва баъзе аз мо баъзеи дигарро — ғайр аз Худои ягона — ба худоӣ напазирад». Ҳар гоҳ (аз ин даъват) саркашӣ кунанд, бигӯед: «Гувоҳ бошед, ки мо мусулмонем!». [6]

 

Усқуфи Наҷрон пас аз дарёфти номаи Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), шӯрое бо ширкати бузургони Наҷрон ва шахситяҳои динӣ ҷиҳтаи баррасии мавзӯъ ташкил дод. Чун донишмандони масеҳӣ иттилооте дар мавриди нишонаҳои Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва беъсати зудҳангоми ӯ доштанд, шӯро назар дод, ки ҳайъате равонаи Мадина шавад, то аз наздик бо Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) иртибот дошта, далелҳои нубуввати ӯро баррасӣ кунанд.

 

Пас аз вуруди гурӯҳи намояндагони масеҳиёни Наҷрон ба Мадина, ки дар раъси он се нафар аз шахсиятҳои бузурги динӣ ва аз он ҷумла худи усқуф қарор дошт, Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо онон дидору гуфтугӯ намуд, ононро ба пазириши оини Ислом даъват кард ва оятҳое аз Қуръони маҷидро тиловат намуд. Масеҳиён гуфтанд: Мо қабл аз ту мусулмон будем. Ҳазрат фармуд: Дурӯғ гуфтед, се чиз монеи исломи шумост, (ба се иллат наметавон шуморо мусулмон номид): салибро ибодат мекунед, гӯшти хук мехӯред ва Худоро дорои фарзанд мепиндоред (Исо (алайҳиссалом)-ро фарзанди Худо медонед).

 

Он гоҳ баҳс бар сари бандагӣ ё улуҳияти ҳазрати Исо оғоз шуд, онон ба иттикои мӯъҷизаҳои ҳазрати Исо (алайҳи салом) монанди: зинда кардани мурдагон, хабар додан аз ғайб, шифои беморон ва ба хусус таваллуди ӯ бидуни доштани падар, ӯро Худо муаррифӣ мекарданд, дар ҳоле, ки Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар башар будани ӯ таъкид дошт. Сухан дар ин бора ба дарозо кашид ва онон башарияти ҳазрати Исоро напазируфтанд. Дар ин ҳангом аз тарафи Худованд ваҳй нозил шуд, ки:

« لَّقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَآلُواْ إِنَّ اللّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ»

Касоне, ки гуфтанд: «Худо, ҳамон Масеҳ ибни Марям аст», ба таври ҳатмӣ кофир шуданд.[7]

 

Масали Исо (алайҳи салом) дар назди Худо (ҷалла ҷалолуҳ) ҳамчун Одам (алайҳи салом) аст, ки ӯро аз хок офарид ва сипас ба ӯ фармуд: «Мавҷуд бош!», ӯ ҳам фавран мавҷуд шуд. (Бинобар ин, тавллуди Масеҳи бепадар, ҳаргиз далел бар улуҳияти ӯ нест).

 

Инҳо ҳақиқатест аз ҷониби Парвардигори ту, пас, аз шаккунандагон мабош!

 

«إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِندَ اللّهِ كَمَثَلِ آدَمَ خَلَقَهُ مِن تُرَابٍ ثِمَّ قَالَ لَهُ كُن فَيَكُونُ ﴿۵۹﴾

الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلاَ تَكُن مِّن الْمُمْتَرِينَ ﴿۶۰﴾

فَمَنْ حَآجَّكَ فِيهِ مِن بَعْدِ مَا جَاءكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْاْ نَدْعُ أَبْنَاءنَا وَأَبْنَاءكُمْ وَنِسَاءنَا وَنِسَاءكُمْ وَأَنفُسَنَا وأَنفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَةَ اللّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ ﴿۶۱﴾ »

Ҳар гоҳ баъд аз илму донише, ки (дар бораи Масеҳ) ба ту расидааст, (боз) касоне бо ту ба ҷидолу ситез бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Биёед мо фарзандони худро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони худро, мо занони худро даъват намоем, шумо ҳам занони худро, мо аз нуфуси худ даъват кунем, шумо ҳам аз нуфуси худ, он гоҳ мубоҳила кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгуён қарор диҳем.[8]

 

Пас аз нузули ин ояҳо, Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Худо ба ман дастур додааст, ки агар пайрави Ислом нашавед, бо шумо «мубоҳила» кунам».[9] Аллома Маҷлисӣ гузоришҳо ва ривоятҳои марбут ба дидор ва мунозираи Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо ҳайъати наҷрониро дар ҷилди 21 Биҳоруланвор, аз саҳифаи 319 то 355 аз масдарҳои мухталиф ҷамъоварӣ кардааст.

 

Онон гуфтанд: Дар ин бора фикр мекунем. Он гоҳ ба мақарри худ бозгашта, дар ҷамъи худ ба мушовира пардохтанд. Усқуф ва бузурги гурӯҳ ба онон ҳушдор дод, ки Муҳаммад фиристодаи Худост ва дар сурати мубоҳила бо ӯ, дучори азоби Худо ва ҳалок мешавед, аммо онон зери бор нарафтанд ва бар мубоҳила пой фишурданд. Қарори мубоҳила барои фардои он рӯз буд, дар ин ҳангом усқуф гуфт: Бибинед фардо Муҳаммад чӣ гуна ба мубоҳила ҳозир мешавад? Агар бо фарзандон ва аъзои хонаводааш биёяд, аз мубоҳила бо ӯ худдорӣ кунед, (зеро нишонаи ин аст, ки ба гуфтаҳои худ имон дорад ва ҳозир аст дар ин роҳ на танҳо ҷони худ, балки ҷони гиромитарин ашхоси хонадонашро низ ба хатар андозад). Ва агар бо ёрону пайравонаш ҳозир шавад, бо ӯ мубоҳила кунед ва бидонед иддаоҳои ӯ беасос аст (ва бо овардани ин ашхос, шукӯҳи зоҳирии худро ба мо нишон медиҳад».[10]

 

Фардои он рӯз Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамроҳи Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн дар мавъиди муқаррар ҷиҳати мубоҳила ҳузур ёфт.[11] Усқуф бо мушоҳидаи ҳамроҳони Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), пурсид: Инҳо киёнанд? Гуфтанд: Ин писари амаки вай ва ин духтараш ва ин ду писарони ӯ ҳастанд.[12] Усқуф ба ҳамроҳон гуфт: Ман чеҳраҳоеро мушоҳида мекунам, ки агар аз Худо дархост кунад, ки кӯҳро аз ҷой барканад, ҳатман аз ҷо канда хоҳад шуд. Бо инҳо мубоҳила накунед, вагарна ҳалок мешавед ва дар рӯи замин як нафар масеҳӣ боқӣ намемонад. Бо ҳушдори усқуф, ҳайъат аз мубоҳила мунсариф шуд.[13] Ва дар муоҳидае бо Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мутааҳҳид ба пардохти ҷизя шуданд, ки тафсили он дар масдарҳои тафсирӣ ва таърихӣ омадааст.[14]

 

Фазилати бузург

 

Чунон ки бузургони тафсиру ҳадис гуфтаанд, ин ки баъд аз нузули ояти мубоҳила, Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамроҳи ин чаҳор нафар ҳозир шуд, фазилати бузурге барои онон ба шумор меравад, зеро оят ва ҳодисаи мубоҳила нишон медиҳад, ки Ҳасан ва Ҳусайн (алайҳимуссулом) фарзандони Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Алӣ (алайҳиссалом) ҳамчун ҷони он ҳазратанд ва духтараш Фотима (алайҳоссалом) танҳо зане буд, ки дар мубоҳила ҳузур ёфт ва мисдоқи «занон» дар ин маврид, касе ҷуз ӯ наметавонист бошад.

 

Аз Уммулмӯъминин Оиша (разияллоҳу анҳо) нақл шудааст, ки рӯзи мубоҳила Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин чаҳор танро зери ридои сиёҳрангу хатдори худ ворид кард ва ин оятро тиловат намуд:

 

إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا

Тарҷумаи оя: «Ҳамоно Худованди субҳон мехоҳад олӯдагиро аз шумо Аҳли Байт (и Паёмбар) дур кунад ва комилан шуморо поку покиза гардонад.»[15]

Фахри Розӣ, бидуни ном бурдан аз Оиша, ин ривоятро нақл карда ва изофа мекунад: «Бидон, ки ин ривоят дар миёни аҳли тафсиру ҳадис ҳамчун ҳадиси саҳеҳ ва мавриди иттифоқ аст».[16] Шабланҷӣ мегӯяд: «Ин ривоят аз тариқи зиёд ва саҳеҳ нақл шудааст».[17]

Ҳамроҳии ин чаҳор нафар бо Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар мубоҳила, мавриди иттифоқи донишмандони исломӣ аст ва дар масдарҳои таърихӣ, тафсирӣ ва ҳадисии фаровоне нақл шудааст[18] ва муҳаққиқон бар ин фазилати бузург таъкид кардаанд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ривоятҳои ҳикояткунанда аз ҳузури Аҳли Байт дар мубоҳила, баъзе аз муаррихон бар ҳасаби гузоришҳои мутаассибона ривояти мубоҳиларо дасткорӣ карда ва бар ҳасаби салиқаи худ ҳазфу изофаҳое дар он ба амал овардаанд, аз он ҷумла: Билозарӣ, Ибни Касир ва Шаъбӣ номи Алиро аз ҳадиси мубоҳила ҳазф кардаанд.[19]

Ҳалабӣ ва Зайнӣ Даҳлон, Оиша ва Ҳафса ҳамсарони Паёмабарро номзади ҳузур дар мубоҳила қарор дода, аз Умар ибни Хаттоб нақл намудаанд, ки Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Агар бо онҳо (масеҳиён) мубоҳила мекардам, дасти Алӣ ва Ҳасан ва Ҳусайн ва Фотима ва Оиша ва Ҳафсаро мегирифтам ва ҳозир мешудам».[20]

Ва Суютӣ аз ибни Асокир нақл кардааст, ки Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои мубоҳила, Абӯбакр ва фарзандони вай, Умар ва фарзандонаш, Усмон ва фарзандони вай ва Алӣ ва фарзандони ӯро даъват кард!![21]

Осори ҷаълу таҳриф дар ин ривоятҳо ба қадре ошкор аст, ки ниёзе ба шарҳ надорад, фақат дар ҳадди ишора ёдоварӣ мекунем, ки агар калимаи «нисоано» (занони мо) шомили ҳамсарони Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ мешуд, чаро ва чӣ гуна танҳо ду нафар аз онон шоистагии ҳузур дар мубоҳилро доштанд, аммо дигар ҳамсарони он ҳазрат на?!

Муслим – муҳаддиси бузург – аз Саъди Ваққос нақл мекунад, ки гуфт: Рӯзе, ки ояти: «Биёед мо фарзандони худро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони худро» нозил шуд, Расули Худо (с) Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро назди хеш хонду гуфт: «Худоё! Инҳо хонадони мананд».[22]

 

Замахшарӣ пас аз нақли ҳодисаи мубоҳила ва ривояти Оиша мегӯяд:

Ин ҳодиса нерӯмандтарин далел бар фазилати Асҳоби Кисо (ридо) ва бурҳони ошкоре бар ҳаққонияти Паёмбари Ислом (с) аст.[23]

 

Қозӣ Байзовӣ низ пас аз нақли достони мубоҳила мегӯяд:

 

Ин матлаб далел бар ҳаққонияти Паёмбар (с) ва фазилат бар ҳамроҳони ӯ аз Аҳли Байти он ҳазрат аст.[24]

 

Сайид ибни Товус дар китоби Саъдуссуъуд менависад:

Муҳаммад ибни Аббос ибни Марвон дар китоби худ Мо назала минал Қуръони финнабӣ ва Аҳли Байтиҳ ҳадиси мубоҳиларо аз панҷоҳу як тариқ аз саҳоба ва ғайри саҳоба нақл кардааст.[25]

Дар поёни ин баҳс ёдоварӣ менамоем, ки дар бораи таърихи солу моҳ ва рӯзи ҳодисаи мубоҳила, ихтилофи назар вуҷуд дорад ва чун фурсати матраҳ намудан дар ин мухтасар барои мо муяссар нест, аз хонандагони мунсифу иродатманд ба матолиби торихи Ислом даъват менамоем то ба ин китобҳо муроҷиа намоянд.[26]

Ёсин

Таҳияи Сайидолими Сироҷ



[1] Наҷрон яке аз марокизи Яман дар тарафи Макка будааст. (Ёқути Ҳимавӣ, Мӯъҷамулбулдон, ҷ 5, саҳ 266). Имодуддин Абулфидо (672-732 ҳ.қ) менависад: «Наҷрон шаҳри кӯчакест пур аз нахлистонҳо … аз роҳи мӯътадил, аз Макка то Наҷрон дар ҳудуди бист рӯз тай мекунанд». (Тақвимулбулдон, саҳ 127). Гӯё ин шаҳр дар чанд қарн баъд густариш ёфтааст, зеро Зайнӣ Даҳлон (1231-1304 ҳ.қ) менависад: «Наҷрон шаҳри бузургест дар ҳафт манзилии Макка, дар тарафи Яман, ки ҳафтоду се қаря ва қишлоқ дорад». (Сираи Набавия, ҷ 2, саҳ 144). Имрӯз чунон ки нақшаи кишвари Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, Наҷрон яке аз шаҳрҳои ин кишвар наздики марзи Яман аст.

[2] Кумаки молие, ки аз тарафи аҳли китоб дар баробари масъулияте, ки мусалмонон ба манзури таъмини амнияти ҷону моли онҳо ба уҳда мегиранд, пардохт мегардад.

[3] Ибни Возеҳ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 70-71. Ниг: Албидоя ванниҳоя, ҷ 5, саҳ 53. Биҳоруланвор, ҷ 21, саҳ 285. Васоиқ, Муҳаммад Ҳамидулло, тарҷумаи доктор Маҳмуди Домғонӣ, саҳ 34. Алӣ Аҳмадӣ, Макотибурррасул, ҷ 1, саҳ 175.

[4] Сураи Оли Имрон, ояи 61

[5] Сайид ибни Товус, Алиқбол билаъмолилҳасана, ҷ 2, саҳ 311.

[6] Сураи Оли Имрон, ояи 64

[7] Сураи Моида, ояи 17

[8]  Сураи Оли Имрон, ояи 59 то 61

[9] Ҳалабӣ, Сираи Ҳалабис, ҷ 2, саҳ 235-236. Зайнӣ Даҳлон, Сираи Набавия, ҷ 2, саҳ 144. Маҷлисӣ, Биҳор, ҷ 21, саҳ 347 (бо андаке ихтилоф).

[10] Табарсӣ, Аъломулваро, с 129. Маҷмаулбаён, ҷ 2, саҳ 452. Маҷлисӣ, Биҳоруланвор, ҷ 21, саҳ 337.

[11] Ҳалабӣ, Сираи Ҳалабия, ҷ 3, саҳ 236. Зайнӣ Даҳлон, Сираи Набавия, ҷ 2, саҳ 144.

[12] Ибни Возеҳ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 72. Табарсӣ, Аъломулваро, саҳ 129.

[13] Ҳалабӣ, пешин. Зайнӣ Даҳлон, пешин. Замахшарӣ, Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193. Фахри Розӣ, Мафотеҳулғайб (Тафсири Кабир), ҷ 8, саҳ 82. Аллома Таботабоӣ, Алмизон, ҷ 3, саҳ 231 (ба нақл аз тафсири Саълабӣ). Қозӣ Байзовӣ, Анворуттанзил, саҳ 74.

[14] Ниг: Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 72. Табақотулкубро, ҷ 2, саҳ 358. Футуҳулбулдон, саҳ 75-76. Васоиқ, тарҷумаи Маҳмуди Домғонӣ, саҳ 134, 135. Сиратуннабавия валосорилмуҳаммадия, ҷ 2, саҳ 144. Сираи Ҳалабия, ҷ 3, саҳ 236. Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 191. Тафсири Кабир, ҷ 8, саҳ 182. Алмизон, ҷ 3, саҳ 232.

[15] Сураи Аҳзоб, ояи 33

[16] Тафсири Кабир, ҷ 8, саҳ 82

[17] Нурулабсор, саҳ 111

[18] Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193. Тафсири Кабир, ҷ 8, саҳ 82. Суютӣ, Дурр-ул-мансур, Дор-ул-фикр, ҷ 2, саҳ 231 то 233. ба нақл аз Абӯнаим дар китоби Аддалоил. Муслим, Тирмизӣ, ибни Мунзир, Байҳақӣ дар китоби Ассунан. Ва Ибни Ҷарири Табарӣ. Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 71. Шарафуннабӣ, Абӯсаиди Воиз, тарҷумаи Наҷмуддини Ровандӣ, саҳ 262. Қозӣ Байзовӣ, Анворуттанзил, саҳ 74. Нурулабсор, саҳ 111. Маноқиби Алӣ ибни Абӯтолиб, Ибни Мардвайҳ, саҳ 226. Аммо мабсуттарину густардатрин гузоришро дар ин бора марҳум Сайид ибни Товус дар китоби Ал-иқбол бил-аъмол, ҷ 2, саҳ 310-348 овардааст

[19] Футуҳулбулдон, саҳ 75. Албидоя ванниҳоя, ҷ 5, саҳ 54. Дуррулмансур, ҷ 2, саҳ 232

[20] Сираи Ҳалабия, ҷ 3, саҳ 236. Сираи Набавия, ҷ 2, саҳ 144-145

[21] Дуррулмансур, ҷ 2, саҳ 333

[22] Саҳеҳ Муслим, ба шарҳи Нававӣ, ҷ 15, саҳ 176

[23] Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193

[24] Анворуттанзил, чопи қадим, раҳлӣ, саҳ 74

[25] Маҷлисӣ, Биҳоруланвор, ҷ 21, саҳ 350

[26] Макотибуррасул, ҷ 1, саҳ 179

 Фурӯғи абадият, чопи панҷум, ҷ 2, саҳ 441-445

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,