Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам:

Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

-Агар китоберо як донишманд бинависад комилтар аст, ё чанд донишманд?

-Агар китоберо афроди оддӣ бинависанд ҳар чанд донишманд бошанд комилтар аст, ё Паёмбар(с), ки илму доиниши ғайб дорад ва бо фариштагон иртибот дорад?

Охирин савол ин аст:

Китобе, ки Худованд –ки офаринандаи илму дониш ва донишмандон ва қалам ва ғ. аст- барои паёмбараш, ки илми ғайб дорад- бифиристад беҳтар ва комилтар аст, ё китобе, ки донишмандон бинависанд?

Дар воқеъ, Қуръон китобест, ки Худо фиристодааст, вале дигар китобҳо дастнавиштаи махлуқоти  Худо ҳастанд. Оё Қуръонро метавон ба дигар навиштаҳо муқоиса кард?

Чун Қуръон барои ҳама замонҳо нозил шуда бо гузашти замон тозагиҳояш бештар ошкор мешавад ва одамӣ ҳар бор, ки Қуръонро бо фикр ва диққат мехонад, матолиби наверо мефаҳмад, ки пеш аз ин, он матолибро дарк накарда буд, дар ҳоле, ки бақияи китобҳо ба гунае ҳастанд, ки ба як ё ду бор хондан ҳама матолибаш ошкор мешавад ва дигар хонданаш тозагӣ ва ширинӣ надорад.

Китобҳое, ки инсонҳо менависанд ба як ё чанд ҷиҳат аз ниёзҳои башар диққат мекунанд, вале Қуръон баёнгари ҳама чиз аст.[1] Ҳамаи ниёзҳои маънавӣ ва рӯҳии башарро бар тараф мекунад ва аз ин ҷиҳат, комилтарин китоб аст. Аз тарафе, Қуръон барои ҳамаи инсонҳо нозил шудааст.

Дар ин ҷо муносиб аст бархе аз хусусиятҳои Қуръонро аз забони худи Қуръон бишнавем:

1. “Ин (Қуръон) баёни (равшан) барои мардум ва ҳидоят ва андарзе барои парҳезкорон аст.”[2]

2. “Ин (Қуръон) бар роҳе, ки устувортарин роҳҳост ҳидоят мекунад ва ба мӯъминоне, ки корҳои нек анҷом медиҳанд башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузургест.”[3]

3. Ҳамчунин дар аввалин ояти сураи Иброҳим Худованд Қуръонро китобе, ки мардумро аз зулмат раҳо ва ба нур раҳнамун мешавад, муаррифӣ мекунад, чунон ки дар даҳҳо ояти дигар низ Қуръон ба муаррифии Қуръон пардохтааст. Ин посухро ба шеъри зебо, ки дар муаррифии Қуръон аст ба поён мебарем.

 

Қуръон ҳаёти равшани дилҳост,

Қуръон фуруғу шамъи маҳфилҳост.

Дил аз фуруғаш нур мегирад,

Ҷон аз паёмаш шур мегирад.

Қуръон китоби мактабу оин,

Қуръон китоби устувори дин.

Амри дилнагезааш сафо дорад,

Дарсе зи ихолсу вафо дорад.

Қуръон шафии рӯзи растохез,

Аз гавҳари ҳикмат бувад лабрез.[4]

 

[1]. Наҳл, ояти 89.

[2]. П. К. Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.2, саҳ. 155-173; Кофӣ, ҷ.2, саҳ. 564.

[3]. Исро, ояти 9.

[4]. Ҷаводи Муҳаддисӣ, Баргу бор, саҳ. 238.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,