Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд:
‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ
Агар дин дар Сурайё(Назди ситораҳо) бошад, фарзандони Форс ҳатман онро ба даст меоваранд.(яъне адолату дини ҳақ ба дасти фарзандони Форс барпо мегардад.) Саҳеҳи Муслим, ҳ.6497 

Албатта нақш ва ҷойгоҳи қавми Форс дар касби илму дин ва мубориза бо золимону зургӯён дар тули таърих равшану ошкор аст. Аммо башоратҳои Расули Акрам(с) боз уфуқ ва масъулиятҳои тозаеро барои қавми Форс ва фарзандони Салмон(рз) таъкид менамояд. Ин ҳадиси нуронӣ дар вазъияту шароити сахте, ки аҳли дин ва уммати исломӣ қарор дорад, таҷалӣ ва маънои равшане пайдо мекунад. Ба хусӯс дар замони охири замон , ки диндорӣ ва ҳифзи дин дар миёни аҳли дин ва мусулмонон ба осебу дӯшвориҳое дучор мегардад. Ин осебу хатар чӣ аз дохили хӯди инсонҳо бошад, монанди шаҳватронӣ, ҳубби дӯнё ва пайравӣ аз ҳавои нафс ё авомилу осеби берун аз инсонҳо бошад, монанди шайтонҳои ҷиннию инсӣ ва дӯшманони сарсахти дини ислом(яҳуду мушрикону золимон). Дар ривоятҳои охири замон ҳам омили дарӯнӣ ва ҳам омили берӯнӣ ба унвони монеъ ва тазъифкунандаи дину адолат ва тақвияткунандаи зӯлму золимон муъарифӣ шудааст. Мо дар ҳоли ҳозир наздик ба охири замон қарор дорем ва нишонаҳои ҳатмии онро тибқи ривоят, ки фарогир ва пур шудани гӯноҳу зӯлм дар дӯнё бошад, мебинем ва ҳис мекунем. Онқадар золимону зургӯён сарвату дороии моддӣ ва маънавии инсонҳоро ба даст гирифтаанд, ки касе ва кишваре наметавонад аз адолату дин ва мустазъафону мазлӯмон ҳимоят ва тарафдорӣ кунад. Дар ин замона золимону динситизон дин ва суханони ҳақро зидди манофеъ ва зӯлми хӯд мебинанд ва ҳақталабӣ, адолатхоҳӣ ва диндориро ҷурму терорист маъно ва талаққӣ мекунанд ва даргир мешаванд. Ин рӯёрӯӣ ҷабҳаи ҳақ бо ботил аслитарин дард ва дағдағаи ин замона маҳсуб мешавад, ки тамоми мазлумону озодихоҳону адолатхоҳони ҷаҳонро ба ҳам ҳамфикру наздик месозад. Қиёму инқилобҳои мардӯмии зиёде дар баробари золимону мустакбирон шакл мегирад, вале ончунон давом ва мувафақиятеро ба даст намеоваранд ва шикаст мехӯранд. Миллатҳо дар ин замона ба шиддат мунтазири наҷотдиҳанда ва адолатгӯстар мебошанд то инки ин вазъияти сахту тоқатфарсоро тағйир диҳанд. Дар ҳамчунин вазъияти дӯшвору рӯёрӯи ҷабҳаи ҳаққу ботил мо ба хӯбӣ башорати Пайғамбари Акрам(с)-ро ҳис мекунем ва мебинем, қавми Форс дар мубориза бо золимону зургӯён медурахшад ва дар барпо намудани адолату  ҳоким намудани дин саҳми бисёр арзандае дорад. Монанди ҳамин башоратҳои Пайғамбари Акрам(с) дар мавриди пирӯзу ҳоким намудани адолату дин тавассути қавми Форс, дар китобҳои дигар адён мисли тавроти яҳудиён омадааст, ки дӯшманони дини исломро ки якеаш яҳудён бошад, ҳокимияташон ба дасти Форсҳо торумор ва аз байн хоҳанд рафт. Бинобарин инсон агар бихоҳад ҳадди ақал аз фитнаҳои охири замон наҷот пайдо кунад ва дар самти дурӯсту ҷабҳаи ҳақ қарор гирад, лозим аст ки хусӯсият ва нақши миллатҳо ва қавмҳоро бишносад ва бо адолатхоҳон ҳамроҳӣ намояд то аҳли наҷот гардад. Шинохти аҳли ҳақ ва ба хусӯс Форсҳо ва бетафовут намондан нисбат ба онҳо чӣ дар ҳолати мубориза бо золимон ва пуштибони аз мазлӯмон бошад ва ё чӣ дар мавқеияти барпо намудани адлу ҳокимияти Илоҳӣ бошад, инсонро аз бештари фитнаҳо метавонад наҷот диҳад.   

Охирин матолиб

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *