Ба гӯзориши хабаргӯзории Икно, Ҳоҷия Фоира (Фойиза), бонуи 92-сола аз вилояти Баҳираи кишвари Миср, бо дастнавис кардани Қуръони Карим танҳо дар шаш моҳ, ба намунаи зиндаи ирода ва азми қавӣ, фаротар аз синну солаш, табдил ёфтааст.
Ин дастоварди аҷиб ва истисноӣ на танҳо натиҷаи талош ва пуштибонии пайваста аст, балки нишон медиҳад, ки солмандон низ метавонанд дар эҷодкорӣ ва навоварӣ тавоно бошанд, ҳатто агар синнашон ба навад сол расида бошад.
Ҳоҷия Фоира орзӯи дидор бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Мисрро дорад, то ин дастоварди хӯдро ба ӯ тақдим намояд ва мегӯяд: он чӣ анҷом додааст, самараи сабр ва фидокорист.
Ӯ умедвор аст, ки дар масъалаи устуворӣ ва пофишорӣ барои расидан ба ҳадафҳо барои ҳамаи наслҳо намуна бошад.
Ин дастоварди қуръонӣ бар он ишора дорад, ки синну сол монеъи донишомӯзӣ ва эҷодкорӣ нест. Навиштани Қуръони Карим ниёзманди диққати баланд дар навиштани оятҳо ва ҳамчунин талоши ҷисмонӣ ва равонӣ мебошад. Ин ҳиммати баланд, бонуи мисриро водор сохт, ки дар муддати шаш моҳ, ҳар рӯз кори муназзам анҷом диҳад ва ба ҷузъиёти Қуръон бо диққати комил таваҷҷӯҳ ва назар намояд.
Ин амали Ҳоҷия Фоира ҳамчунин ин паёмро мерасонад, ки синну сол танҳо як рақам аст ва инсон дар ҳар марҳилаи зиндагӣ қодир ва тавоно ба эҷодкорӣ ва таъсиргӯзории мусбат мебошад. Ӯ таъкид мекунад, ки муваффақиятро метавон бо кори муназзам ва бовар ба қобилияти расидан ба он ва хӯдбоварӣ ба даст овард.
Ин дастоварди арзишманд бо истиқболи гарми шаҳрвандони мисрӣ ва сокинони вилояти Баҳира рӯ ба рӯ шуд ва бисёриҳо онро рамзи мубориза, пуштибонӣ ва ирода дар миёни солмандон донистанд. Онҳо достони Ҳоҷия Фоираро манбаъи илҳом барои ҷавонон ва наслҳои оянда мешуморанд.
Албатта ногӯфта намонад, ки тавон ва истеъдодҳои инсон аз назари дини Ислом фаротар аз ончезе аст, ки инсонҳо то ҳол расиданд ва кашф карданд. Балки ҳанӯз он рӯшди инсони илоҳӣ ва матлуби ислом ҳанӯз таҳаққуқ наёфта аст. Ин табақабандии таҳсилӣ, ки дар мактабу донишгоҳҳо ва ҳатто даврону замони бознишастагӣ матраҳ кардаанд, натанҳо сабаби рӯшди истеъдодҳо ва муваффақиятҳои башар шуда аст, балки навъе ноумедӣ, танбалӣ, бесаводӣ ва сустиродагиро дар инсони имрӯзӣ ба бор оварда аст. Аслан намешавад инсони 15 солаи имрӯзаро бо инсони 15 солаи 5аср пеш муқоиса кард. Баъдан ҳам дар замонҳои пеш мо нобиғаҳо ва донишмандони беназире доштем, вале имрӯза бо ин сохторҳои омӯзишии мадерну пӯркабкабаю пӯрдабдаба чӣ дорем? Ғайр аз бесаводию ноамнӣ, беарзишии инсонҳо ва сарватманд шудани ғоратгарону ситамгарон чиро мебинем? Арзиши илму адолат? Ё инки башар ба як бунбастҳои илмӣ, омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва тарбиявӣ расида истода аст?
Барои ҳамин инро бояд фаҳмид, ки Ҳоҷия Фоира барин инсонҳои сахткӯш ва ҳимматбаланд, ки барои мо тааҷҷубовар аст на барои қадимиҳо, аз сохторҳои омӯзишии мадерну нав берун намеоянд ё бисёр камтар меоянд…..





