Баъзе аз фалсафа ва фоидаҳои рӯзадорӣ

Баъзе аз фалсафа ва фоидаҳои рӯзадорӣ
Рӯза яке аз ибодатҳои мӯҳим дар ислом аст, ки фалсафа ва ҳадафҳои зиёде дорад. Ин ибодат на танҳо як вазифаи динӣ, балки таъсирҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто беҳдоштӣ низ бар зиндагии фардӣ ва иҷтимоъии инсонҳо мегӯзорад. Дар ин ҷо ба баъзе фалсафа ва ҳадафҳои рӯза аз назари дини ислом ишора мегардад:
1. Тақвияткунандаи тақво ва парҳезгорӣ:
Яке аз асоси‌тарин ҳадафҳои рӯза, тақвияти тақво ва парҳезгорӣ аст. Худованди карим дар Қуръон мефармоянд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون

Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо муқаррар шудааст, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед.[1]

Рӯза ба инсон кӯмак мекунад, то бо хӯднигаҳдорӣ аз хостаҳои нафсонӣ, монанди шаҳватронӣ, хӯрдан ва нӯшидан тақво ва хӯдкантролиро дар хӯд тақвият намояд.
Ин хӯдкантролӣ на танҳо дар корҳои ҷисмонӣ, балки дар рафторҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ низ таъсиргӯзор мебошад.
2. Тақвияткунандаи сабр ва истиқомат:
Рӯза ба инсон меомӯзад, ки дар баробари сахтиҳо ва мушкилиҳо сабр намояд ва аз лаззатҳои зӯдгӯзари дунёӣ чашмпӯшӣ кунад.
Ин сабр ва истиқомат дар ҳаёти ҳаррӯза низ ба инсон кӯмак мекунад, то дар баробари мушкилиҳо ва васвасаҳо пӯртоқат ва сабӯр кунад.
3. Ҳамдардӣ бо камбизоатҳо ва ниёзмандон:
Рӯза ба инсон ин имконро фароҳам месозад, ки гуруснагӣ ва ташнагиро таҷриба кунад ва бо фақирон ва ниёзмандоне, ки дар зиндагии ҳаррӯзаи хӯд бо ин ҳолатҳо мубориза мебаранд, ҳамроҳӣ ва ҳамдардӣ намояд.
Ин таҷрибаи рӯзадорӣ ба инсон меомӯзад, то ба дигарон ёрӣ ва кӯмак намояд ва корҳои хайр анҷом диҳад.
4. Поксозии рӯҳ ва тазкияи нафс:
Рӯза ба инсон кӯмак мекунад, то аз гӯноҳҳо дурӣ ҷӯста ва рӯҳу нафси хӯдро пок нмояад. Бо тамрин ва хӯддорӣ аз шаҳватҳо, хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо инсон бар тавоноии хӯд меафзояд ва тасаллут бар қӯвваҳои саркаши дарӯнии хӯд менамояд ва монеъи пиндор, кирдору рафтори бад мегардад.
Ин ибодат инсонро пок намуда ва ба Парвардигори олам наздиктар мекунад ва робитааш бо Ӯ тақвият менамояд.
Худованди карим дар Қуръон мефармоянд:

أَن تَصُومُواْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст агар бидонед.[1]

5. Таъмини саломати ҷисмонӣ:
Рӯза фоидаҳои беҳдоштӣ ва саломатии зиёде дорад. Бо гурӯснагӣ кашидан ва фурсату истироҳат додан ба системаи ҳозима ва поксозии бадан аз заҳрҳо ва равғанҳои изофа, саломати ҷисмонӣ таъмин ва тақвият мегардад ва аз бемориҳо пешгирӣ менамояд.
Албатта, ин таъсир ва фоидаҳо вақте ба даст меоянд, ки рӯза ба тарзи дурӯст ва мӯътадил анҷом дода шавад на бо фишору нодонӣ.
6. Эҷоди назм ва инзиботи ҳаёт:
Рӯза ба инсон меомӯзад, ки дар вақтҳои мӯаяни рӯз (аз тулӯъи фаҷр то ғурӯби офтоб) аз хӯрдан ва нӯшидан хӯддорӣ намояд ва дар вақти мӯаян ҳам бихӯраду биошомад. Ин кор ба эҷоди назм ва инзибот дар зиндагӣ ва таъмини ҷисмонӣ меанҷомад.
Ин назм ва тартибот метавонад дар ҷанбаҳои дигари ҳаёт монанди кор, таҳсил ва робитаҳои иҷтимоӣ низ таъсири мӯсбат гӯзорад ва изтиробу ошӯфгии фикрӣ ва дарӯниро сомон диҳад.
7. Тақвияти рӯҳияи иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ:
Рӯзаи моҳи Рамазонро мусулмонон ба таври ҷамъӣ анҷом медиҳанд ва ин кор ба тақвияти рӯҳияи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди байни мусулмонон меафзояд.
Ҳамаи афроди ҷомеъа, ҳам камбағал ва ҳам бой, дар як вақти муайян рӯза мегиранд ва ин кор ба эҷоди эҳсоси баробарӣ ва ҳамдардӣ низ кӯмак мекунад.
8. Тамрини қаноат ва дӯри аз исрофгароӣ:
Рӯза ба инсон меомӯзад, ки бо камтарин имкониятҳо низ метавон зиндагӣ кард ва аз исрофгароӣ дурӣ ҷуст.
Ин қаноат на танҳо дар зиндагии фардӣ, балки дар ҷамъӣ низ таъсири мусбат дорад ва ба кам кардани мушкилиҳои иқтисодӣ кӯмак мекунад.
9.Тақвияти ирода ва хӯдсозӣ:
Рӯза ба инсон кӯмак мекунад, то бар майлҳои нафсонӣ ғолиб ояд ва иродаи хӯдро тақвият кунад ва ба хӯдсозӣ бирасад.
Ин тақвияти ирода дар ҷанбаҳои дигари ҳаёт монанди таҳсил, кор ва робитаҳои иҷтимоӣ низ таъсиргӯзор аст.
10. Наздикӣ ва тақаррӯби ба Худо:
Рӯза яке аз беҳтарин роҳҳо барои қариб шудан ба Худо аст. Бо иҷрои ин ибодат, инсон ба Худо наздиктар мешавад ва эҳсоси оромӣ ва итминони дохилӣ пайдо мекунад.
Ин қариб шудан ба Худо ба инсон имкон медиҳад, ки дар зиндагии хӯд ба сӯи арзишҳои илоҳӣ ва инсонӣ ҳаракат кунад ва ҳаёти поку ақлонӣ бирасад.
Хулоса фалсафа ва самараҳои рӯза на танҳо маҳдӯд ба хӯддорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан аст, балки ҳадафҳои амиқтареро монанди тақвияти тақво, сабр, ҳамдардӣ бо камбизоатҳо, поксозии рӯҳ, саломатии ҷисмонӣ ва наздик шудан ба Худовандро дар пай дорад. Рӯза ба инсон кӯмак мекунад, то дар зиндагии хӯд назм, тавозун ва таъодул эҷод кунад ва ба сӯи камол ва ҳаёти маънавӣ ҳаракат кунад.

[1] -Сураи Бақара, ояи 183

[1] -Сураи Бақара ояи 184

Охирин матолиб

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *