Тавотур ва ҳуҷҷияти қироатҳои сабъа

Тавотур ва ҳуҷҷияти қироатҳои сабъа

Рӯшан аст, ки Қуръони карим аз ҷиҳати лафз ва маъно каломи илоҳӣ ва муъҷизаи раббонӣ аст ва мебойист ҳамонгуна тиловат шавад, ки Ҷабраил ба Расули Акрам (с) ва он ҷаноб ба муслимин таълим додаанд. Дар қарнҳои баъдӣ низ қироате ҳуҷҷият дорад, ки ба сурати мутавотир[1] ба Паёмбари Акрам (с) бирасад. Ба таъбири имом Заркашӣ:

Қироате эътибор дорад, ки ривояти марбут ба он нақлан ва қироатан ва лафзан муттасил бошад ва дар бораи ҳеҷ як аз ноқилони он хадшае дида нашавад.[2]

Яке аз масоили муҳим дар баҳси қироатҳо масъалаи тавотури қироатҳои сабъа аст, ки оё ин қироатҳо ҳамагӣ мутавотиранд ва ҳуҷҷияти қатъӣ доранд? Дар сурати мусбат будани посух, ҳар мусалмоне маҷоз ба тиловати Қуръон бар асоси ҳар як аз ин қироатҳо дар намоз мебошад, ҳамчунин муфассирин ва фуқаҳо метавонанд бар асоси ҳар кадом аз ин қироатҳо, оётро тафсир ва тибқи он фатво содир намоянд.

Қавли машҳур миёни муҳаққиқиини улуми қуръонӣ ва мабоҳиси тафсирӣ адами тавотур ва дар натиҷа адами ҳуҷҷияти қироатҳои сабъа ва қироатҳои чаҳордаҳгона аст. (Албата ба истиснои қирати Ҳафс аз Осим, ки ҳамон қироати машҳур ва мутадовил миёни муслимин аст ва бо тавотур аз садри Ислом то кунун нақл шуда ва маҳфуз мондааст.)

Бояд миёни насси Қуръон ва қироатҳо фарқ қоил шуд, зеро онҳо ду ҳақиқати ҷудогонаанд. Насси мунзили Қуръони Карим бар Расули Худо (с) як чиз аст ва қироатҳое, ки ба таври густарда бо он нас ихтилоф дорад, чизи дигаре аст.

Насси Қуръони Карим ҳамон ваҳй илоҳӣ аст, ки аз замони Паёмбари Акрам (с) то имрӯз дар миёни тамоми фирақи исломӣ бо ҳамаи ихтилофоти мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нажодие, ки доштаанд, насл ба насл ба таври мутавотир барқарор монда ва ҳеҷ дигаргунӣ дар он роҳ наёфтааст. Зеро сиёнати он аз сӯи Худои азизи ҳаким тазмин гардидааст. Дар ҳоле ки қироатҳои гуногуни қориён ҳаргиз бархурдор аз чунин вижагӣ ва тавотур набуда ва муттафиқуналайҳи уммати исломӣ намебошад:

“Қуръон ва қироатҳо ду ҳақиқати ҷудогона ва мутафовитанд, Қуръон ҳамон ваҳй Худованд аст, ки барои баёни эъҷоз ба Паёмбар (с) нозил гардидааст; аммо қироатҳо иборатанд аз ихтилоф дар адои алфози ваҳй ё навиштани ҳуруфи онҳо”[3]

Қироатҳои сабъа (ба ҷуз қироати Ҳафс аз осим) ҳам ба сурати суудӣ то Паёмбари Акрам (с) фоқиди тавотуранд ва ҳам ба сурати нузулӣ то қуруни баъдӣ ба сурати воҳид ё бидуни санад нақл шудаанд. Гузашта аз инҳо, нафси интисоби ҳар кадом аз қироатҳо ба як нафар баёнгари адами тавотури он аст, чунки дар фарзи тавотури он қироат, то замони қорӣ ва тавотури он баъд аз ӯ, таваққуфи он дар яке аз табақот ба як нафар, ки ҳамон қорӣ бошад қироатро аз тавотур соқит мекунад ва лизо наметавон барои қироат тавотур фарз кард. Аммо қироати Ҳафс, ки илова бар интисобаш ба як шахс, мутавотиран тавассути иддаи муслимин ва ба хусус уламо нақлу забт шуда ва масоҳиф бар асоси ҳамин қироат эъроб ва эъҷомгузорӣ шудааст ва албата аз он ҷо ки қироати Осим ба ривояти Ҳафс бо ҷумҳури муслимин мутобиқат дошт ва ӯ саҳми азиме дар тарвиҷи ин қироат дошт, лизо ба исми эшон шуҳрат ёфтааст.

Илова бар матлаби фавқ, тасреҳи бузургон ва ҳатто мухолифати уламо бар аксари қироатҳо, баёнгари адами тавотури онҳост. Магар метавон тасаввур кард, ки қироатҳои сабъа ё чаҳордаҳгона мутавотир бошанд, аммо бузургоне чун Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ба нҳо мухолифат намоянд.[4]

Ба ҳамин хотир аксар қариб ба иттифоқи муҳаққиқини улуми қуръонӣ ва мабоҳиси тафсирӣ, ҳуҷҷият ва тавотури қироатҳои сабъаро мункир шудаанд.

Ҳадиси “сабъата аҳруф” ва қиротаҳои ҳафтгона

Танҳо мустанади қоилин ба ҳуҷҷияти қироатҳои ҳафтгона ҳадиси сабъата аҳруф аст. Шайхайн дар саҳеҳи худашон ва дигарон нақл кардаанд, ки Расули Худо (с) баъд аз ихтилоф миёни ду саҳоба бар сари кайфияти қироати ояте фармуд:

إن هذا القرآن انزل علی سبعة احرف فاقرأوا ما تیسر منه[5]

“Ҳамоно ин Қуръон бар ҳафт ваҷҳ нозил шуда, пас ҳаргуна ки битавонед, онро қироат намоед.”

Бархе зоҳирбинон, пас аз ривоҷи қироатҳои сабъа гумон карданд, ки мустанади қироатҳои сабъа ҳамин ривояти мазкур аст ва ин пешгӯӣ, муъҷизае маҳсуб мешвад.[6]

Дар ҳоле ки ҳеҷ иртиботе миёни ин ривоятҳо ва қуррои сабъа вуҷуд надорад. На танҳо ҳеҷ як аз муҳаққиқин ин матлабро баён накардаанд, балки худи Ибни Муҷоҳид, ки ҳасркунандаи қироатҳо аст, ҳаргиз ба ин ҳадис дар тавҷеҳи амалаш истинод накардааст.

Ҷазоирӣ ба зебоии комил гуфатааст:

Порае аз мардум хаёл кардаанд, ки қироатҳои ҳафтгона ҳамон ҳуруф ва вуҷуҳи ҳафтгона аст, дар сурате ки чунин нест… ва ҳатто иддае аз донишмандон, Абубакр ибни Муҷоҳидро дар интихоби ҳафт қироат накӯҳиш ва маломат намуда, гуфтаанд, ки калимаи “ҳафт” гоҳе сабаби иштибоҳ дар миёни қироатҳо ва вуҷуҳи ҳафтгонаи Қуръон шудааст.

Ҷазоирӣ аз Аҳмад ибни Аммори Маҳдавӣ нақл мекунад, ки “… Ибни Муҷоҳид вақте мехост қироатҳоро ба теъдоди муайян мунҳасир кунад, кош якеро камтар ва ё бештар менамуд ва бадин васила ин иштибоҳро бартараф месохт…” Ибни Ҷазарӣ низ таваҳуми касонеро, ки хаёл мекунанд равишҳо ва сабкҳои ҳафтгонае, ки Қуръон бар тибқи он нозил гардида ва то қиёмат боқӣ аст, ботил дониста ва чунин мегӯяд: “Шумо худ заъиф ва бепоя будани ин назарияро мебинед, зеро афроди бо иттилоъ ба таври ҳатм медонанд, ки ин қироатҳои ҳафтгона ва даҳгона ва сездаҳгона, ки имрӯз машҳур гардидаанд; дар баробари қироатҳое, ки дар қуруни аввал буда, муште аз харвор ва қатрае аз дарё беш нест, чун қориёне, ки аз ҳафт қории маъруф ва ғайри онҳо ахзи қироат намудаанд, ончунон зиёд буданд, ки ба шумориш наёянд ва ба адад нагунҷанд.

Сипас эшон ба зикри катбӣ, ки аввалин бор дар мавриди қориён ва қурроъ нигошташуда мепардозад ва хотирнишон мекунад, ки дар баъзе аз онҳо 25 қорӣ, дар бархе 5 қорӣ ва дар бархе 20 қорӣ зикр шуда ва ниҳоятан тавассути Абубакр ибни Муҷоҳид дар ҳафт қорӣ ҳаср гардид, дар охар мегӯяд:

Мо ин фаслро бадон ҷиҳат тафсил додем, ки афроди беиттилоъ чунин пиндоштаанд, ки қироатҳои саҳеҳ танҳо ҳамон қироатҳои ҳафтгона аст ва “ҳуруф” ва вуҷуҳи ҳафтгонае, ки Расули Худо (с) ба он ишора намудааст, ҳамон қироатҳои ҳафтгонаи маъруф ҳастанд.”[7]

Суюти низ аз Абушома нақл мекунад, ки:

“Иддае хаёл кардаанд, ки қироатҳои ҳафтгонаи мутадовил, ҳамон аст, ки дар ҳадиси маъруф ба он ишора шудааст, дар сурате, ки ин матлаб мухолифи иҷмои тамоми уламо ва донишмандон мебошад. Оре танҳо баъзе афроди ҷоҳил ва бедониш тасаввур кардаанд”. Назири ин матлаб аз Абумуҳаммади Маккӣ ва Ибни Таямия низ нақл шудааст.[8]

Танҳо тавҷиҳе, ки барои ҳадиси сабъата аҳруф метавон кард, ин аст, ки манзур аз он лаҳҷаҳои қабоили араб аст.[9]

Ҳарф дар луғат ба маънои тараф ва канора аст. Аммо дар ҳадиси мавриди назар бинобар нақли Абуабид мегӯяд: манзур аз “анзала ало сабъати аҳруф“ “назала ало сабъа луғот мин луғотиил араб” аст. Азҳарӣ низ аз Абулабос нақл карда, ки дар маънои “назалал Қуръон ало сабаъати аҳруф” гуфта аст, мақсуд аз аҳруф чизе ҷуз луғот (лаҳҷаҳо) нест.[10]

Бағавӣ гӯяд: Саҳеҳтарин гуфта дар бораи ин ҳадис ва наздиктарин тафсирҳо ба зоҳири ҳадис он аст, ки манзур аз ин ҳуруф, луғот аст. Ба ин маъно ки ҳар қавме аз араб метавонад Қуръонро ба луғати худ қироат кунад ва ҳар калимаеро ба наҳве, ки равиш ва одати ӯст аам аз идғом, изҳор, имола, тафхим, ишмом, итмом, талйин ва дигар вуҷуҳ қироат кунад, то онҷо ки ҳар калимаеро ба ҳафт ваҷҳ мешавад хонд.[11]

 


[1] . Манзур аз тавотур он аст, ки асноди он илова бар иттисоли комил дар тамомии табақот ба гунае бошад, ки муҷиби илму итминон шавад ва теъдоди ноқилон ва вазъи онҳо ба сурате бошад, ки эҳтимоли ҳар гуна тавофуқ бар кизб ва ҷаълро мунтафӣ намояд.

[2] . Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.330.

[3] . Ҳамон, ҷ.1, навъи 22, с.465.

[4] . Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таҳзибу таҳзиб, ҷ.3. с.27 ва 28.

[5]. Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.6, с.288, китоби Фазоилул Қуръон, боби Анзалал Қуръон ало сабъати аҳруф, китоби Салотул мусофирин ва қасруҳо, боби Иннал Қуръона ало сабъати аҳруф. Саҳеҳ Муслим, китоби Салотул мусофирин ва қасруҳо, боби Иннал Қуръона ало сабъати аҳруфин.

[6] . Муҳаммад Алӣ Ҳасан, Алманор фи улумил Қуръон, с.118 ба баъд.

[7]. Ан нашр фи қироотил ашр, ҷ.1,с.33-37.

[8] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, навъи 22-27, ҷ.1. с.138.

[9] . Албата бархе онро ишора ба муҳтавои Қуръон мисли амр, наҳй, мусул, қасас ва ғайра ва бархеи дигар ишора ба бутуни Қуръон донистаанд.

[10] . Лисонул араб, моддаи ҳафр.

[11] . Бағавии Шомӣ, Муҳаммад ибни Фароъ, Шарҳис сунат, с.140; Аби Шома, Абулқосим Шаҳобиддин, Алмуршидил ваҷиз ило улумин татааллақу бил китобил азиз, с.134 низ ниг: Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.46.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...