Котибони ваҳй

Котибони ваҳй

Дар шумораи котибони ваҳй ихтилофи зиёде вуҷуд дорад. Ҳофиз ибни Асокир (м.581қ.) дар Таърихи Димишқ 23 нафарро ёд мекунад; Абушома дар талхиси ин таърих, номи 25 нафарро мебарад; Шибр Амласӣ (м.1087қ.) теъдодро ба чил нафар мерасонад ва ҳол он ки Ҳофиз Ироқӣ (м.806қ.) қаблан номи 42 нафарро ба назм дароварда буд. Бурҳон Ҳалабӣ дар ҳавошии Шифо 43 нафар ба ном мешуморад. Муҷтаҳид Занҷонӣ низ ҳамин ададро нақл мекунад.

Дар миёни мусташриқон, Блошар Фаронсавӣ мегӯяд: “теъдоди котибони ваҳй ба чил нафар мерасид.” Омореро, ки муҳаддисон ва муваррихон додаанд бо таваҷҷӯҳ ба замони рӯй овардани саҳоба ба Ислом метавон бадин тартиб танзим кард:

Нависандагони даврони Макка: Хулафои чоргона, Шураҳбил ибни Ҳасана (м.18қ.), Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисараҳ (м.37қ.) Холид ибин Саъид ибни Ос ибни Умая, Талҳа (м.36қ.), Зубайр (м.36қ.), Саъд ибни Абивақос (м.55қ.), Омир ибни Фуҳайра (м.4қ.), Ало ибни Ҳазрамӣ (21қ.), Маиқиб ибни Абифотима (м.40қ.), Арқам ибни Абиарқам (м.11қ.), Ҳотиб ибни Амр, Ҳотиб ибни Абибалтаа (м.30қ.), Мусъаб ибни Умайр, Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, Ҷаҳм ибни Қайс ва Солим Мавло Абиҳузайфа (м.12қ.).

Нависандагони даврони Мадина: дар оғоз бештар Убай ибни Кааб нависандагиро анҷом медод. Онгоҳ Зайд ибни Собит, ки омӯхтатар ва варзидатар шуда ва китобатро назди асирони Бадр такмил карда буд, бештар дар маҳзари Паёмбар (с) ҳузур меёфт. Касоне, ки баъдҳо ба ин ҷамъ пайвастанд иборатанд аз: Абдуллоҳ ибни Равоҳа(м.8қ.), Собит ибни Қайс(м.12қ.), Ҳанзала ибни Рабиъ (м.45қ.), Ҳузайфа ибни Ямон(м.36қ.), Ало ибни Уқба, Ҷаҳим ибни Салт, Абдуллоҳи Зайд (м.63қ.), Муҳаммад ибни Муслим(м.43қ.), Ҳанзала ибни Абиомир(м.3қ.), Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Аби ибни Салул, Абузайд Қайс ибни Сакан, Уқба ибни Омир(м.58қ.), Маоз ибни Ҷабал, Абуаюби Ансорӣ(м.52қ.), Муғира ибни Шуъба(м.50қ.), Абусуфён ва ду писараш Язид ва Муовия, Абдуллоҳ ибни Арқам(м.44қ.) ва Ҳувайтаб ибни Абдулуззо(м.54қ.)-ро низ гуфтаанд, ки аз соли ҳашти ҳиҷрӣ дар ин ҷамъ будаанд. Бадин тартиб 45 тан аз саҳоба дар китобати ваҳй ширкат доштаанд.[1]

Абдуллоҳи Занҷонӣ пас аз онки номи 43 танро ба унвони котибони ваҳй зикр мекунад, мегӯяд: “Онон ки бештарин китобат ва мулозиматро бо Паёмбар доштанд, Зайд ибни Собит ва Алӣ ибни Абитолиб буданд”.[2]

Рофеӣ пас аз баёни ин нукта, ки дар таъйини нависандагони ваҳй, ихтилофи назар вуҷуд дорад, менависад: Дар мавриди панҷ тан, ки иборатанд аз: Алӣ ибни Абитолиб, Маоз ибни Ҷабал, Убай ибни Кааб, Зайд ибни Собит ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (рз) иттифоқи назар вуҷуд дорад.[3]

Шояд манзури эшон ин бошад, ки ин панҷ тан аз котибони доимӣ ва мулозимони ҳамешагии Расули Акрам (с) дар амри китобат ва нигориши ваҳй будаанд ва бақия дар муддати кутоҳтар ё мавориди ҷузъитаре ин ифтихорро доштаанд.

 


[1] . ДуктурРомиёр, Маҳмуд, ТаърихиҚуръон, с.262-264.

[2] . Занҷонӣ, Абуабдуллоҳ, ТаърихулҚуръон, с.42.

[3] . Рофеӣ, Абдулқодир, ЭъҷозулҚуръонваАлбалоғатунабавия, с.32.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...