Авомил, осебҳо ва мавонеи тарбияти фарзандон 4

4 – Муҳити иҷтимоъ — ҷомеа

   Муҳити иҷтимоӣ – илова бар афроди иҷтимоъ ва фазои ҳоким бар он низ афродро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ба таъбири яке аз донишмандон «ҳар инсоне пок ва покиза ба дунё меояд, яъне муҷаҳҳаз ба як тақвои зотӣ аст. Вале мумкин аст, ки ба тадриҷ бар асари олудагиҳои муҳит аз масири фитрат хориҷ шуда, то онҷо ки ба куллӣ масх гардад».[1]

   Фазои иҷтимоии фосид, ҷавви руҳии афродро фосид мекунад, заминаи рушди андешаҳои мутаолиро тазъиф ва заминаи рушди андешаҳои бадро тақвият мекунад. Ба ҳамин далел аст, ки дар Ислом   ба ислоҳи муҳити иҷтимоӣ аҳамияти зиёде дода шудааст.

Ҳазрати Алӣ(а) аҳамият ва нақши муҳити иҷтимоиро дар сохтори тарбияти фард ёдовар шуда, дар номаи худ ба Ҳориси Ҳамдонӣ мефармояд:

وَاسْكُنِ الْامْصارَ الْعِظامَ فَانَّها جِماعُ الْمُسْلِمينَ وَاحْذَرْ مَنازِلَ الْغَفْلَةِ وَالْجَفاءِ وَ قِلَّةِ الْاعْوانِ عَلى طاعَةِ اللَّهِ[2]

Дар шаҳрҳои бузург сукунат кун; зеро маркази иҷтимои мусулмонон аст ва аз ҷойҳое, ки мардуми он аз ёди Худо дуранд ва ба якдигар ситам раво медоранд ва бар итоати Худо ба якдигар кӯмак намекунанд, бипарҳез.

5 – Муҳити дӯстӣ ва муошират

   Инсон мавҷуди иҷтимоӣ ва аҳли дӯстию муошират аст, ки аз ин роҳ ҳам ниёзи фитрии худро посух медиҳад ва ҳам таъсир мегузорад ва таъсир мепазирад. Аз ин рӯ, муҳити дӯстӣ ва муошират аз муҳитҳое аст, ки ҷиҳати мусбат ва манфии он нақши ҷиддӣ дар тарбияти фарзандон мегузорад ва шоиста аст мавриди таваҷҷӯҳи падарону модарон ва мураббиёни тарбиятӣ қарор гирад. Ҳар фард дуруст ба андозаи мизони дӯстӣ ва рафоқат, дар умури моддӣ ва маънавии фарди дигар метавонад нуфуз кунад ва рӯи ақоид, ахлоқ, рафтор ва гуфтори ӯ таъсир гузорад. Расули Акрам(с) фармуд:

«الْمرْءُ عَلى دينِ خَليلِهِ وَ قَرينِهِ».

Одамӣ дар дини рафиқ ва қарини хеш аст.[3]

Ва низ фармуд: “Ҳикояти ҳамнишини хуб монанди аттор аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, бӯи хуши ӯ бар ту асар мекунад ва ҳамнишини бад мисли оҳангар аст. Агар оташи он туро насӯзонад бӯи бади он бар ту таъсир мегузорад”.[4]

Ҳазрати Алӣ(а) низ фармуд:

«وَاعْلَمُوا انَّ مُجالَسَةَ اهْلِ الْهوى‏ مَنْساةٌ لِلْايمانِ وَ مَحْضَرةٌ لِلشَّيْطانِ».

«Бидонед ки ҳамнишинии ҳавопарастон, фаромӯшхонаи имон ва ҷои шайтон аст».[5]

6 – Тағзия

Таъсири ғизо бар рафтор ва тарбияти динӣ ва ахлоқии инсон, ҷои инкор надорад. Аз ин рӯ дини Ислом барои пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори он дар бораи тағзияи модарон ва фарзандон, тавсияҳои фаровоне дорад, ки агар ба хубӣ иҷро шавад, аз ба вуҷуд омадани бисёре аз мушкилоти тарбиятӣ пешгирӣ хоҳад шуд.

   Имрӯза бисёре аз ноҳинҷориҳои фардӣ ва иҷтимоӣ бар асари ғизоҳое аст, ки ба гунае аз роҳи ҳаром ба даст омадааст ва дар хонаводаҳо истифода мешавад. Кӯдаконе, ки бо ғизои ҳаром тағзия мешаванд ва давраи ҳассоси кӯдакиро ба ҳамин сурат сипарӣ мекунанд, фитрати динии худро аз даст медиҳанд.

Расули Худо(с) дар бораи занони бордор фармуданд:

“Ба занони бордор дар охирин моҳҳои ҳомилагӣ хурмо бихӯронед, то фарзандони шумо бурдбор ва муттақӣ шаванд”.[6]

Тибқи ин ривоят, хӯрдани хурмо дар давраи бордорӣ тавассути модар, ба тарбияти динии кӯдак кӯмак мекунад ва ӯро диндор ва ботақво бор меоварад.

Нахустин ғизое, ки кӯдак пас аз таваллуд аз он тағзия мекунад, шири модар аст. Шири модар аз ҷанбаҳои гуногун бар кӯдак таъсир мегузорад ва ончи муҳим аст таъсироти руҳии он аст. Дар бораи тағзия аз шири модар ва чигунагии он дастуроте аз пешвоёни дин ба мо расидааст, ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: “Чизе барои кӯдак беҳтар ва судмандтар аз шири модар нест”.[7]

Ва низ аз Пайғамбари Акрам(с) фармуд: “Аз шири занони бадкора ва девона ба фарзандонатон надиҳед, зеро шир ба ахлоқи кӯдак сироят мекунад”.[8]          

Аз ривоёт чунин ба даст меояд, ки тағзияи ҳалол ва матлуб, чӣ аз шири модар ва чӣ ғизо, дар давраи кӯдакӣ бар тарбияти динии кӯдак таъсири фаровон дорад. Аз ин рӯ, бар падарон ва модарон лозим аст ба дастуроти пешвоёни дин таваҷҷӯҳ кунанд ва аз ғизоҳои ҳалол истифода намоянд, то фарзандони солеҳ тарбият кунанд. Ҳамон гуна ки шахсиятҳои бузурги динӣ ва Ислом ӣ дар оғӯши падарон ва модарони мӯъмин ва мутадаййин парвариш ёфтаанд.

идома дорад.

[1].Муртазо Муттаҳҳарӣ, Маҷмаи осор, ҷ.26, саҳ.121.

[2].Шарҳи Наҳҷулбалоға, Муҳаммад Абдуҳ, саҳ.130.

[3]. Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.778; Ахлоқ дар Қуръон, Макорими Шерозӣ, саҳ.12.

[4]. Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ. 714.

[5]. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Муҳаммад Абдуҳ, саҳ.150.

[6]. Шайх Ҳасан, Макорим-ул-ахлоқ, саҳ.169

[7]. Тафсири Руҳ-ул-баён, ҷ.6, саҳ.387.

[8]. Макорим-ул-ахлоқ, шайх Ҳасан, саҳ.223.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...