Вижагиҳои инсон

Зидди арзишҳо

Дар айни ҳол, ҳамин мавҷуд дар Қуръон мавриди бузургтарин сарзанишҳо ва мазамматҳо қарор гирифтааст:

Ӯ бисёр ситамкору бисёр нодон аст.[1]

Ӯ нисбат ба Парвардигораш бисёр носипос аст.[2]

Ӯ туғёну саркашӣ мекунад, онгоҳ ки худро бениёз бинад.[3]

Ӯ шитобгар аст.[4]

Ӯ ҳаргоҳ ба сахтӣ афтад ва худро гирифтор бинад моро дар ҳар ҳол (ба якпаҳлу афтода ва ё нишаста ва ё истода) мехонад, дар ҳоле ки гирифториро аз ӯ бартараф кунем гӯё чунин ҳодисае пеш наёмадааст.[5]

Ӯ бисёр бахилу тангчашм аст.[6]

Ӯ муҷодилагартарин махлуқ аст.[7]

Ӯ ҳарис офарида шудааст.[8]

Агар бадӣ ба ӯ расад бетоб аст ва агар неъмат ба ӯ расад бахил аст.[9]

Зишт ё зебо?

Оё инсон аз диди Қуръон як мавҷуди ҳам зишт ва ҳам зебост?

Оё инсон як мавҷуди ду сириштӣ аст; ниме аз сиришташ нуру равшаноӣ ва ниме зулмату торикӣ? Чӣ гуна аст, ки Қуръон ҳам ӯро то болотарин дараҷа ситоиш мекунад ва ҳам то поинтарин дараҷа мазаммат мекунад?!

Ҳақиқат ин аст, ки ин ситоишу мазаммат аз он ҷиҳат нест, ки инсон як мавҷуди ду сириштӣ асту ниме аз сиришташ сутуданӣ ва ними дигараш накӯҳиданӣ. Назари Қуръон ба ин аст, ки ҳамаи камолҳо дар инсон наҳуфта аст ва бояд инсон ин камолҳоро ба худ гирад ва ин худи ӯст, ки бояд созандаи худ бошад. Шарти аслии расидани инсон ба камолҳое, ки дар ӯ наҳуфта, «имон» аст. Аз имон аст, ки тақво, амали шоиста ва кӯшиш дар роҳи Худо ба вуҷуд меояд. Ба воситаи имон аст, ки илму дониш аз ҳолати корбурди нодуруст, ки дар дасти нафси аммора аст хориҷ мешавад ва ба ҳолати як корбурди пурфоида тағйир мекунад.

Пас инсони ҳақиқӣ, ки халифаи Худост, саҷдашудаи фариштагон аст, ҳама чиз барои ӯст ва дар ниҳоят дарбардорандаи ҳамаи камолҳои инсонист, инсони ҳамроҳи имон аст на иснони ҷудои аз имон. Инсони ҷудои аз имон нақс дорад. Чунин инсоне ҳарис аст, хунрез аст, бахил аст, кофир аст ва аз ҳайвон ҳам пасттар аст.

Дар Қуръон оятҳое омадааст, ки равшан мекунад инсони ситоишшуда чи инсонест ва инсони мазаммматшуда чи инсонест. Аз ин оятҳо фаҳмида мешавад, ки инсони беимон ва ҷудои аз Худо инсони воқеӣ нест. Агар инсон ба ягона ҳақиқате, ки бо имон ба Ӯ ва ёди Ӯ ором мегирад бипайвандад, дорандаи ҳамаи камолҳост ва агар аз он ҳақиқат яъне Худо ҷудо бимонад, монанди дарахтест, ки аз решаи худ ҷудо шудааст. Мо ба унвони намуна ду оятро баён мекунем:

Савганд ба аср! Ба ростӣ инсон дар зиён аст, магар ононе ки имон оварда ва амали шоиста карда ва якдигарро ба ҳаққу сабр тавсия кардаанд. [10]

Ба ростӣ бисёре аз ҷинниёну одамиёнро барои ҷаҳанам офаридаем (поёни корашон ҷаҳанам аст), зеро дилҳо доранд ва бо онҳо фаҳм намекунанд, чашмҳо доранд ва бо онҳо намебинанд, гӯшҳо доранд ва бо онҳо намешинаванд. Инҳо монанди чаҳорпоёнанд, балки роҳгумкардатаранд[11].

[1]- Аҳзоб\72.

[2]- Ҳаҷ\66.

[3]- Алақ\6-7.

[4]- Исро\11.

[5]- Юунус\12.

[6]- Исро\100.

[7]- Каҳф\54.

[8]- Маориҷ\19.

[9]- Маориҷ\20-21.

[10]- Аср\1-3.

[11]- Аъроф\179.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...