Ин сура дар Макка нозил шуда ва 69 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Алиф,Лом, Мим.
2 Оё мардум гумон карданд ҳамин, ки бигӯянд: «Имон овардем», ба ҳоли худ раҳо мешаванд ва имтиҳон нахоҳанд шуд?!
3 Мо касонеро, ки пеш аз онон буданд, озмудем (ва инҳоро низ имтиҳон мекунем), бояд илми Худо дар бораи касоне, ки рост мегӯянд ва касоне, ки дурӯғ мегӯянд, таҳаққуқ ёбад.
4 Оё касоне, ки аъмоли бад анҷом медиҳанд, гумон карданд бар қудрати мо ғолиб хоҳанд шуд?! Чӣдоварии бад мекунанд!
5 Касе, ки умед ба дидори Худо (ва растохез) дорад, (бояд дар итоати фармони Ӯ бикӯшад), зеро саромадеро, ки Худо таъйин кардааст, фаро мерасад. Ва Ӯ Шунаво ва Доност.
6 Касе, ки ҷиҳоду талош кунад, барои худ ҷиҳод мекунад, зеро Худованд аз ҳамаи ҷаҳониён бениёз аст.
7 Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом доданд, гуноҳони ононро мепӯшонем (ва мебахшем) ва ононро ба беҳтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, подош медиҳем.
8 Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад ва агар он ду (мушрик бошанд ва) талош кунанд, ки барои Ман ҳамтое қоил шавӣ, ки ба он илм надорӣ, аз онҳо пайравӣ макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо аз он чӣ анҷом медодед, бохабар хоҳам сохт.
9 Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом доданд, онҳоро дар зумраи солеҳон дохил хаҳем кард.
10 Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба Худо имон овардаем». Аммо ҳангоме, ки дар роҳи Худо шиканҷаву озор мебинанд, озори мардумро ҳамчун азоби илоҳӣ мешуморанд (ва аз он сахт ваҳшат мекунанд), вале ҳангоме, ки пирӯзӣ аз сӯи Парвардигорат (барои шумо) биёяд, мегӯянд: «Мо ҳам бо шумо будем (ва дар ин пирӯзӣ шарикем)». Оё Худованд ба он чӣ дар синаҳои ҷаҳониён аст, огоҳтар нест?!
11 Ҳатман Худованд мӯъминонро мешиносад ва ба яқин мунофиқонро (низ) мешиносад.
12 Ва кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Шумо аз роҳи мо пайравӣ кунед (ва агар гуноҳе дорад), мо гуноҳонатонро бар ӯҳда хоҳем гирифт». Онон ҳаргиз чизе аз гуноҳони инҳоро бар дӯш нахоҳанд гирифт, онон ба яқин дурӯғгӯ ҳастанд.
13 Онҳо бори сангини (гуноҳони) худро бар дӯш мекашанд ва (ҳамчунин) борҳои сангини дигареро изофа бар борҳои сангини худ. Ва рӯзи қиёмат ба яқин аз тӯҳматҳое, ки мезаданд, савол хаҳанд шуд.
14 Ва мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ӯро дар миёни онон нӯҳсаду панҷоҳ сол даранг кард, аммо саранҷом тӯфон ва селоб ононро фаро гирифт, дар ҳоле, ки золим буданд.
15 Мо ӯ ва сарнишинони киштиро раҳоӣ бахшидем ва онро нишонае барои ҷаҳониён қарор додем.
16 Мо Иброҳимро (низ) фиристодем, ҳангоме, ки ба қавмаш гуфт: «Худоро парастиш кунед ва аз (азоби) Ӯ бипарҳезед, ки ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.
17 Шумо ғайр аз Худо фақат бутҳое (аз сангу чӯб)-ро мепарастед ва дурӯғе ба ҳам мебофед, онҳоеро, ки ғайр аз Худо парастиш мекунед, молики ҳеҷ ризқе барои шумо нестанд, рӯзиро танҳо назди Худо биталабед ва Ӯро парастиш кунед ва шукри Ӯро ба ҷо оваред, ки ба сӯи Ӯ бозгашт дода мешавед.
18 Агар шумо (маро) инкор кунед, (ҷои ҳайрат нест), умматҳои пеш аз шумо низ (пайғамбаронашонро) инкор карданд. Вазифаи фиристода (-и Худо) ҷуз иблоғи ошкор нест».
19 Оё онон надиданд, чӣ гуна Худованд офаринишро оғоз мекунад, сипас бозмегардонад?! Ин кор барои Худо осон аст.
20 Бигӯ: «Дар замин багардед ва бинигаред, Худованд чӣ гуна офаринишро оғоз кардааст? Сипас Худованд (ба ҳамин гуна) ҷаҳони охиратро эҷод мекунад, яқинан Худо бар ҳар чиз тавоност.
21 Ҳар касро бихоҳад (ва мутаҳиқ бидонад), муҷозот мекунад ва ҳар касро бихоҳад мавриди раҳмат қарор медиҳад. Ва шуморо ба сӯи Ӯ бозмегардонанд.
22 Шумо ҳаргиз наметавонед бар иродаи Худо ғолиб шавед ва аз ҳавзаи қудрати Ӯ дар замину осмон бигурезед ва барои шумо ҷуз Худо, валӣ ва ёваре нест».
23 Касоне, ки ба оятҳои Худо ва дидори Ӯ кофир шуданд, аз раҳмати Ман маъюсанд ва баро онҳо азоби дордноке аст!
24 Аммо ҷавоби қавми ӯ (Иброҳим) ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ӯро бикушед ё бисӯзонед!». Вале Худованд ӯро аз оташ раҳоӣ бахшид, дар ин ҳодиса нишонаҳое аст барои касоне, ки имон меоваранд.
25 (Иброҳим) гуфт: «Шумо ғайр аз Худо бутҳое барои худ интихоб кардаед, ки сабаби дӯстӣ ва муҳаббат миёни шумо дар зиндагии дунё бошад, сипас рӯзи қиёмат аз якдигар безорӣ меҷӯед ва якдигарро лаън мекунед. Ва ҷойгоҳи (ҳамаи) шумо оташ аст ва ҳеҷ ёру ёваре барои шумо нахоҳад буд».
26 Ва Лут ба ӯ (Иброҳим) имон овард ва (Иброҳим) гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам ҳиҷрат мекунам, ки Ӯ соҳиби қудрат ва Ҳаким аст».
27 Ва (дар авохири умр), Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва нубувват ва китоби осмониро дар наслашон қарор додем ва подоши ӯро дар дунё додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст.
28 Ва Лутро фиристодем ҳангоме, ки ба қавми худ гуфт: «Шумо амали бисёр палиде анҷом медиҳед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо онро анҷом надодааст!
29 Оё шумо ба суроғи мардон меравед ва роҳ (-и идомаи насли инсон)-ро қатъ мекунед ва дар маҷлисатон аъмоли нописанд анҷом медиҳед?!». Аммо ҷавоби қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ, азоби илоҳиро барои мо биёвар!».
30 (Лут) гуфт: «Парвардигоро! Маро дар баробари ин қавми табаҳкор ёрӣ фармо!».
31 Ва ҳангоме, ки фиристодагони мо (аз фариштагон) башорат (-и таваллуди фарзанд) барои Иброҳим оварданд, гуфтанд: «Аҳли ин шаҳру ободиро (ва ба шаҳрҳои қавми Лут ишора карданд), ҳалок хоҳем кард, зеро аҳли он ситамгаранд».
32 (Иброҳим) гуфт: «Дар ин ободӣ Лут аст!». Гуфтанд: «Мо ба касоне, ки дар он ҳастанд огоҳтарем.Ӯ ва хонаводаашро наҷот медиҳем, ҷуз ҳамсараш, ки дар миёни қавм (-и гунаҳкор) боқӣ хоҳад монд».
33 Ҳангоме, ки фиристодагони мо назди Лут омаданд, аз дидани онҳо бадҳолу дилтанг шуд, гуфтанд: «Натарс ва ғамгин мабош, мо ту ва хонаводаатро наҷот хоҳем дод, ҷуз ҳамсарат, ки дар миёни қавм боқӣ мемонад.
34 Мо бар аҳли ин шаҳру ободӣ, ба хотири гуноҳонашон, азобе аз осмон фурӯ хоҳем рехт».
35 Ва аз ин ободӣ нишонаи равшане (ва дарси ибрате) барои касоне, ки меандешанд, боқӣ гузоштем.
36 Ва мо ба сӯи «Мадян», бародарашон «Шуайб»-ро фиристодем, гуфт: «Эй қавми ман! Худоро бипарастед ва ба рӯзи бозпасин умедвор бошед ва дар замин фасод накунед».
37 (Вале) онҳо ӯро инкор карданд ва ба ин сабаб зилзила ононро фаро гирифт ва ҳангоми бомдод дар хонаҳои худ ба рӯ афтода ва мурда буданд.
38 Мо тоифаи «Од» ва «Самуд»-ро низ (ҳалок кардем) ва масканҳои (вайроншудаи) онҳо барои шумо ошкор аст. Шайтон аъмолашонро барои онон ороста буд, бинобар ин ононро аз роҳ (-и Худо) боздошт, дар ҳоле, ки бино буданд.
39 Ва «Қорун» ва «Фиръавн» ва «Ҳомон»-ро низ ҳалок кардем, Мӯсо бо далелҳои равшан ба суроғашон омад, аммо онон дар замин бартариҷӯӣ карданд, вале натавонистанд (бар Худо) пешӣ гиранд.
40 Мо ҳар як аз ононро ба гуноҳонашон гирифтем, бар баъзе аз онҳо тӯфоне аз сангреза фиристодем ва баъзе аз онҳоро сайҳаи осмонӣ фурӯ гирифт ва баъзеи дигарро дар замин фурӯ бурдем ва баъзеро ғарқ кардем. Худовандҳаргиз ба онҳо ситам накард, вале онҳо худашон бар худ ситам мекарданд.
41 Масали касоне, ки ғайр аз Худоро авлиёи худ баргузиданд, масали анкабут (тортанак) аст, ки хонае барои худ интихоб кардааст, дар ҳоле, ки сусттарини хонаҳо хонаи анкабут аст, агар медонистанд.
42 Худованд он чиро ғайр аз Ӯ мехонанд, медонад ва Ӯ Шикастнопазир ва Ҳаким аст.
43 Инҳо мисолҳое аст, ки мо барои мардум мезанем ва ҷуз доноён онро дарк намекунанд.
44 Худованд, осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид, дар ин нишонае аст барои мӯъминон.
45 Он чиро аз китоб (-и осмонӣ) ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун ва намзро барпо дор, ки намоз (инсонро) аз палидиҳо ва гуноҳ бозмедорад ва ёди Худо бузургтар аст. Ва Худованд он чиро анҷом медиҳед, медонад.
46 Бо аҳли китоб ҷуз ба равише, ки аз ҳама некӯтар аст, муҷодила накунед, магар касоне аз онон, ки ситам карданд ва (ба онҳо) бигӯед: «Мо ба тамоми он чӣ аз сӯи Худо бар мо ва шумо нозил шудааст, имон овардаем ва маъбуди мо ва шумо яке аст ва мо дар баробари Ӯ таслим ҳастем».
47 Ва ин гуна, китоб (-и Қуръон)-ро бар ту нозил кардем, касоне, ки китоб (-и осмонӣ) ба онҳо додаем, ба ин китоб имон меоваранд ва баъзе аз ин гурӯҳ (-и мушрикон) низ ба он мӯъмин мешаванд ва оятҳои моро ҷуз кофирон инкор намекунанд.
48 Ту ҳаргиз пеш аз ин китобе намехондӣ ва бо дасти худ чизе наменавиштӣ, мабодо касоне, ки дар садади ( инкор ва) ибтлои суханони ту ҳастанд, шакку тардид кунанд.
49 Вале ин оятҳои равшане аст, ки дар синаи донишварон ҷой дорад. Ва оятҳои моро ҷуз ситамгарон инкор намекунанд.
50 Гуфтанд: «Чаро мӯъҷизоте аз сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст?!». Бигӯ: «Мӯъҷизот ҳама назди Худост (ва ба фармони Ӯ нозил мешавад, на ба майли ман ва шумо). Ман танҳо бимдиҳандаи ошкоре ҳастам».
51 Оё барои онон кифоят намекунад, ки ин китобро бар ту нозил кардем, ки пайваста бар онҳо тиловат мешавад?! Дар ин, раҳмат ва тазаккуре аст барои касоне, ки имон меоваранд (ва ин мӯъҷизаи бисёр равшане аст).
52 Бигӯ: «Ҳамин бас, ки Худо миёни ман ва шумо гувоҳ аст, он чиро дар осмонҳо ва замин аст, медонад. Ва касоне, ки ба ботил имон оварданд ва ба Худо кофир шуданд, зинёкорони ҳақиқӣ ҳастанд.
53 Онон бо шитоб аз ту азобро металабанд. Ва агар мавъиди муқарраре таъйин нашуда буд, азоб (-и илоҳӣ) ба суроғи онҳо меомад ва саранҷом ин азоб ба таври ногаҳонӣ бар онҳо нозил мешавад, дар ҳоле, ки намедонанд (ва ғофиланд).
54 Онон бо шитоб аз ту азоб металабанд, дар ҳоле, ки ҷаҳаннам ба кофирон иҳота дорад.
55 Он рӯз, ки азоб (-и илоҳӣ) онҳоро аз болои сар ва поини пояшон фаро мегирад ва ба онҳо мегӯяд: «Бичашед он чиро амал мекардед», (рӯзи сахту дардноке барои онҳост!).
56 Эй бандагони ман, ки имон овардаед! Замини ман васеъ аст, пас танҳо маро бипарастед (ва дар баробари фишорҳои душманон таслим нашавед).
57 Ҳар инсоне маргро мечашад, сипас шуморо ба сӯи мо бозмегардонанд.
58 Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом доданд, ононро дар ҳуҷраҳое аз биҳишт ҷой медиҳем, ки наҳрҳо дар зери он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хаҳанд монд, чӣ хуб аст подоши амалкунандагон!
59 Ҳамонҳо, ки (дар баробари мушкилот) сабр (ва истиқомат) карданд ва танҳо бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.
60 Чӣ басо ҷунбандае, ки қудрати ҳамли рӯзии худро надорад, Худованд ӯ ва шуморо рӯзӣ медиҳад ва Ӯ Шунаво ва Доност.
61 Ва ҳар гоҳ аз онон бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст ва хуршеду моҳро мусаххар кардааст?». Мегӯянд: «Аллоҳ!». Пас бо ин ҳол чӣ гуна ононро (аз ибодати Худо) мунҳариф месозанд?!
62 Худованд рӯзиро барои ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, густарда мекунад ва барои ҳар кас бихоҳад танг месозад. Худовандба ҳама чиз доност.
63 Ва агар аз онон бипурсӣ: «Чӣ касе аз осмон обе фиристод ва ба василаи он, заминро пас аз мурданаш зинда кард?». Мегӯянд: «Аллоҳ!». Бигӯ: «Ҳамду ситоиш махсуси Худост», аммо бештари онҳо намедонанд.
64 Ин зиндагии дунё чизе ҷуз саргармӣ ва бозӣ нест ва зиндагии ҳақиқӣ сарои охират аст, агар медонистанд.
65 Ҳангоме, ки савори бар киштӣ шаванд, Худоро бо ихлос мехонанд (ва ғайри Ӯро фаромӯш мекунанд), аммо ҳангоме, ки Худо ононро ба хушкӣ расонд ва наҷот дод, боз мушрик мешаванд.
66 (Бигузор) он чиро (аз оятҳо) ба онҳо додаем, инкор кунанд ва аз лаззатҳои зудгузари зиндагӣ баҳра гиранд, аммо ба зудӣ хоҳанд фаҳмид!
67 Оё надиданд, ки мо ҳарами амне (барои онҳо) қарор додем, дар ҳоле, ки мардумро дар атрофи онон (дар беруни ин ҳарам) мерубоянд?! Оё ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?!
68 Чӣ касе ситамкортар аз он кас аст, ки бар Худо дурӯғ баста ё ҳақро пас аз он ки ба суроғаш омадааст, инкор намояд?! Оё ҷойгоҳи кофирон дар дӯзах нест?!
69 Ва онҳо, ки дар роҳи мо (бо ихлоси ният) ҷиҳод кунанд, ҳатман ба роҳҳои худ, ҳидояташон хоҳем кард. Ва Худованд бо некӯкорон аст.