Пӯшише,ки Ислом онро ба унвони як ҳукми шаръӣ эълон кардааст, як амали зоҳирӣ нест, балки ҳиҷоб хаймаи ифофи бонувоне аст,ки онро бар пояҳои худ устувор кардаанд. Ва чунончи ин пояҳо дар вуҷуди ҳар зане бавуҷуд ояд ҳиҷоби динии ӯ ба таври табиӣ шакл мегирад ва дар ғайри инсурат ба унвони як амали хушки физикӣ матраҳ хоҳад буд, ки ҳамеша дар маърази тазалзул аст.
1- Имон ба Худо ва охират
Имон ба Худованд ва тарс аз охират, аз муҳимтарин пояҳои ҳиҷоб ба шумор меравад.Вақте зане ба Худованди Олим ва Ҳаким имон оварад, муътақид мегардадаҳкоме,ки аз тарафи Худованд барои инсон ташреъ мешавад, бенақс ва дорои фавоид ва осори мусбате аст.Ва аз тарафе бовар кунад,ки бетаваҷҷуҳӣ ба аҳкоми Худои Таоло гирифторӣ ва азоби охиратро ба ҳамроҳаш дорад, аз ҳукми илоҳии ҳиҷоб истиқбол мекунад.
Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: Инсон ба василаи имон ба корҳои хуб раҳнамун мегардад.[1]
2- Огоҳии зан
Шинохти симои зан,ҳақиқати ҳиҷоб ва фалсафа ва осори он аз ҷумла пояҳои мустаҳками пӯшиши динӣ аст.Вақте хонуме ба посухи саволи дарунии худ, (ки чаро бояд ҳиҷоб бипӯшад?) бирасад, пояҳои ҳиҷоби динӣ дар даруни ӯ шакл мегирад ва ин огоҳӣ ба амали ӯ маъно ва арзиш мебахшад ва давоми онро низ замонат медиҳад.
Шинохти асари ҳиҷоб бахши дигаре аз огоҳиҳои зарурӣ аст.Инсоне, ки ба осори кори хуб огаҳӣ наёбад, ба анҷоми он кор майл ва рағбат нахоҳад дошт.Аммо агар ба осори хуби он огоҳӣ дошта бошад, бо алоқа онро анҷом медиҳад. Ба унвони мисол агар инсон ба фоидаҳои борон огоҳӣ надошта бошад, боридани боронро ҷуз таршудани замин ва эҷоди мушкилот барои мардум намебинад. Чунки монеъи фаъолиятҳои мардум ва ҷомеа мешавад ва ҳамчунин монеи берун рафтан аз манзил ва монанди он мегардад.Аммо вақте бидонад, ки асари борон сарсабзӣ ва таровати замин,ҳаёти ҷангалҳо,рушду тағзияи мавҷудоти зинда,поксозии замину осмон аз олудагиҳова осори фаровони дигаре, аз ҷумла посух ба ниёзҳои зарурӣ ва ҳаётии инсон мебошад,ба бориши борон алоқаманд мегардадва аз таршудани замин ва баъзе мушкилоти сатҳӣ ва зудгузари он камтарин нороҳатӣ ба худ роҳ намедиҳад.
Вақте зан аз осор ва баракоти ҳиҷоб огоҳӣ дошта бошад, на танҳо аз он эҳсоси сангинӣ намекунад, балки аз он истиқбол мекунад ва васвасаҳои шайтониро бино бар огоҳиҳое, ки дорад аз худ дур мекунад.Ва мо дар оянда иншоаллоҳ дар бораи осори ҳиҷоб баҳс хоҳем кард.[2]
Шинохти осори зиёнбори худнамоӣ ва ҷилвагариҳои зан ва таъсироти номатлубе,ки бар ҷинси мухолиф мегузорад мукаммили огоҳиҳое аст,ки аз онҳо сухан гуфтем.
3- Тақво
Парҳезкорӣ яке дигар аз пояҳои ҳиҷоби исломӣ аст.Тақво зомини иҷрои аҳкоми Худованд аст.То ин пояи қавим дар қалби хонуме шакл нагирад, либоси тақво дар бар нахоҳад кард.Имон, бе тақво инсонро ба сарманзили мақсадҳояш нахоҳад расонд.
Ҳазрати Алӣ(а) фармудааст:«لا ینفع الایمان بغیر تقوی[3]»
Имон, бе тақво суде намебахшад.
Дар ҳадиси дигаре фамуданд: “Ҳеҷ шарафе болотар аз тақво нест”.
Таъсири тақво дар гарави илму амал ба маорифи илоҳӣ,қироати оёт ва ривоёт,муҳосибаи нафс ва истимдод аз Худованд ва тавассул ба Пайғамбар(с) ва Аҳли байти ӯ(а) аст.
[1]. Ғурарул-ҳикам, тарҷумаи Сайид Ҳошим Расулӣ Маҳаллотӣ, ҷ.1, саҳ. 123
[2]. Масъалаи ҳиҷоб, Муртазо Мутаҳҳарӣ
[3]. Ғурарул-ҳикам, тарҷумаи Сайид Ҳошим Расулули Маҳаллотӣ, ҷ.1, саҳ. 123