Тарҷумаи Сураи Намл

Ин сурад дар Макка нозил шуда ва 93 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               То,Син. Ин оятҳои Қуръон ва Китоби Мубин аст,

2               Василаи ҳидоят ва башорат барои мўъминон аст.

3               Ҳамон касоне, ки намозро барпо медоранд ва закотро адо мекунанд ва онон ба охират яқин доранд.

4               Касоне, ки ба охират имон надоранд, аъмол (-и бад)-ашонро барои онон зинат медиҳем, ба тавре, ки саргардон мешаванд.

5               Онон касоне ҳастанд, ки азоби бад (ва дарднок) барои онҳост ва онҳо дар охират, зиёнкортарини мардуманд.

6               Ба яқин ин Қуръон аз сўи Ҳаким ва Доное бар ту илқо мешавад.

7               (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Мўсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман оташе аз дур дидам, (ҳамин ҷо таваққуф кунед), ба зудӣ хабаре аз он барои шумо меоварам ё шўълаи оташе, то гарм шавед».

8               Ҳангоме, ки назди оташ омад, нидое бархост, ки : «Муборак бод он кас, ки дар оташ аст ва касе, ки дар атрофи он аст (фариштагон ва Мўсо!) ва муназзаҳ аст Худованде, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!

9               Эй Мўсо! Ман Худованди Азиз ва Ҳакимам!

10           Ва асоятро бияфкан! — Ҳангоме, ки (Мўсо) ба он нигоҳ кард, дид (бо шитоб) ҳамчун море ба ҳар сў медавад, (тарсид ва) ба ақиб баргашт ва ҳатто пушти сари худро нигоҳ накард — Эй Мўсо! Натарс, ки расулон дар назди ман наметарсанд.

11           Магар касе, ки ситам кунад, сипас бадиро ба некӣ табдил намояд, ки (тавбаи ўро мепазирам ва) Ман Омурзандаи Меҳрубонам.

12           Ва дастатро дар гиребонат дохил кун, ҳангоме, ки берун мешавад, сафед ва дурахшанда аст бе он ки айбе дар он бошад. Ин дар зумраи мўъҷизоти нўҳгонае аст, ки ту бо онҳо ба сўи Фиръавн ва қавмаш фиристода мешавӣ. Онон қавми фосиқ ва туғёнгареанд».

13           Ва ҳангоме, ки оятҳои равшанбахши мо ба суроғи онҳо омад, гуфтанд: «Ин сеҳри ошкоре аст!».

14           Ва онро аз рўи зулму саркашӣ инкор карданд, дар ҳоле, ки дар дил ба он яқин доштанд. Пас бингар саранҷоми табаҳкорон (ва муфсидон) чӣ гуна буд!

15           Ва мо ба Довуд ва Сулаймон, дониши бузурге додем ва онон гуфтанд: «Ситоиш аз они Худованде аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мўъминаш бартарӣ бахшид».

16           Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум! Забони паррандагон ба мо таълим дода шуда ва аз ҳар чиз ба мо ато гардидааст, ин фазилати ошкоре аст».

17           Лашкариёни Сулаймон, аз ҷинну инс ва паррандагон назди ў ҷамъ шуданд, он қадар зиёд буданд, ки бояд таваққуф мекарданд, то ба ҳам мулҳақ шаванд.

18           (Онҳо ҳаракат карданд), то ба сарзамини мўрчагон расиданд, мўрчае гуфт: «Ба лонаҳои худ биравед, то Сулаймон ва лашкариёнаш шуморо поймол накунанд, дар ҳоле, ки намефаҳманд».

19           (Сулаймон)аз сухани ў табассуме карду хандид ва гуфт: «Парвардигоро! Шукри неъматҳоеро, ки бар ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ман илҳом кун ва тафиқ деҳ, то амали солеҳе, ки сабаби ризои туст, анҷом диҳам ва маро ба раҳмати худ дар зумраи бандагони солеҳат дохил кун».

20           (Сулаймон) дар ҷустуҷўи он парранда (Ҳуд-ҳуд) баромад ва гуфт: «Чаро Ҳуд-ҳудро намебинам ё ин ки ў аз ғоибон аст?!

21           Ҳатман ўро кайфари шадиде хоҳам дод ё ўро зибҳ мекунам магар он ки далели равшане (барои ғайбаташ) барои ман биёварад!».

22           Чандон даранг накард, (ки Ҳуд-ҳуд омад ва) гуфт: «Ман бар чизе огоҳӣ ёфтам, ки ту бар он огоҳӣ наёфтӣ, ман аз сарзамини «Сабо» як хабари қатъӣ барои ту овардаам.

23           Ман занеро дидам, ки бар онон ҳукумат мекунад ва ҳама чиз дар ихтиёр дорад ва (ба хусус) тахти бузурге дорад!

24           Ў ва қавмашро дидам, ки барои ғайри Худо – хуршед – саҷда мекунанд ва шайтон аъмолашонро дар назарашон ҷилва дода ва онҳоро аз роҳ боздоштааст, бинобар ин ҳидоят намешаванд».

25           Чаро барои Худованде саҷда намекунанд, ки он чиро дар осмонҳо ва замин пинҳон аст, хориҷ (ва ошкор) месозад ва он чиро пинҳон медоред ё ошкор мекунед, медонад?!

26           Худованде, ки маъбуде ҷуз Ў нест ва Парвардигори Арши Азим аст.

27           (Сулаймон) гуфт: «Мо тафтиш мекунем бубинем рост гуфтӣ ё аз дурўғгўён ҳастӣ.

28           Ин номаи маро бибар ва бар онон бияфкан, сипас баргард (ва дар гўшае таваққуф кун), бибин онҳо чӣ аксуламале нишон медиҳанд.

29           (Маликаи Сабо) гуфт: «Эй ашроф! Номаи пурарзише ба сўи ман афканда шудааст!

30           Ин нома аз Сулаймон аст ва чунин аст: Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар.

31           Тавсияи ман ин аст, ки нисбат ба ман бартариҷўӣ накунед ва ба сўи ман оед, дар ҳоле, ки таслими ҳақ ҳастед».

32           (Сипас) гуфт: «Эй ашроф (ва эй бузургон!) Назари худро дар ин амри муҳим ба ман бозгў кунед, ки ман ҳеҷ кори муҳимеро беҳузури (ва машварати) шумо анҷом надодаам.

33           Гуфтанд: «Мо нерўи бокифоят ва қудрати ҷангии фаровоне ҳастем, вале қасди ниҳоӣ бо туст, бибин чӣ дастур медиҳӣ».

34           Гуфт: «Подшоҳон ҳангоме, ки дохили минтақаи ободе шаванд, онро ба фасоду табоҳӣ мекашанд ва азизони он ҷоро хор мекунанд. (Оре) кори онон ҳамин гуна аст.

35           Ва ман (акнун ҷангро салоҳ намебинам). Ҳадяи гиронбаҳое барои онон мефиристам, то бибинам фиристодагони ман чӣ хабар меоваранд (ва аз ин тариқ онҳоро имтиҳон кунам)».

36           Ҳангоме, ки (фиристодаи маликаи Сабо) назди Сулаймон омад, гуфт: «Мехоҳед маро бо мол кўмак кунед (ва фиреб диҳед?!). Он чӣ Худо ба ман дода, беҳтар аст аз он чӣ ба шумо додааст, балки шумо ҳастед, ки ба ҳадяҳоятон хушҳол мешавед.

37           Ба сўи онон бозгард (ва эълом кун), бо лашкариёне ба суроғи онон меоем, ки қудрати муқобила бо онро надошта бошанд ва ононро аз он (сарзамини обод) бо зиллату хорӣ берун меронем!».

38           (Сулаймон) гуфт: «Эй бузургон! Кадом як аз шумо тахти ўро барои ман меоварад, пеш аз он ки ба ҳоли таслим назди ман оянд?».

39           Ифрите аз ҷин гуфт: «Ман онро назди ту меоварам, пеш аз он ки аз маҷлисат бархезӣ ва ман нисбат ба ин кор тавоно ва аминам».

40           (Аммо) касе, ки донише аз китоб (-и осмонӣ) дошт, гуфт: «Пеш аз он ки чашм барҳам занӣ, онро назди ту хоҳам овард!». Ва ҳангоме, ки (Сулаймон) он (тахт)-ро назди худ собит ва побарҷо дид, гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то маро имтиҳон кунад, ки оё шукри Ўро ба ҷо меоварам ё куфрон мекунам?! Ва ҳар кас шукр кунад, ба нафъи худ шукр мекунад ва ҳар кас куфрон намояд, (ба зиёни худ намудааст, ки) Парвардигори ман, Ғанӣ ва Карим аст».

41           (Сулаймон) гуфт: «Тахти ўро барояш ношинос созед, бибинем оё мутаваҷҷеҳ мешавад ё аз касоне аст, ки ҳидоят нахоҳанд шуд?!

42           Ҳангоме, ки омад, ба ў гуфта шуд: «Оё тахти ту ин гуна аст?». Гуфт: «Гўё худи он аст! Ва мо пеш аз ин ҳам огоҳ будем ва ислом оварда будем».

43           Ва ўро аз он чӣ ғайр аз Худо мепарастид боздошт, ки ў (маликаи Сабо) аз қавми кофирон буд.

44           Ба ў гуфта шуд: «Дохили саҳн (-и қаср) шав!». Ҳангоме, ки назар ба он афканд, пиндошт наҳри обе аст ва соқи поҳои худро бараҳна кард, (то аз об бугзарад, аммо Сулаймон) гуфт: «(Ин об нест), балки қасре аст аз булури соф». (Маликаи Сабо) гуфт: «Парвардигоро! Ман ба худ ситам кардам ва (инак) бо Сулаймон барои Худованде, ки Парвардигои оламиён аст, ислом овардам».

45           Мо ба сўи «Самуд» бародарашон «Солеҳ»-ро фиристодем, ки: Худои Ягонаро бипарастед, аммо онон ба ду гурўҳ тақсим шуданд, ки ба мухосима пардохтанд.

46           (Солеҳ) гуфт: «Эй қавми ман! Чаро барои бадӣ пеш аз некӣ шотоб мекунед (ва азоби илоҳиро металабед на раҳмати ўро?!). Чаро аз Худованд дархости омурзиш намекунед, то шояд машмули раҳмат (-и Ў) шавед?!».

47           Онҳо гуфтанд: «Мо туро ва касоне, ки бо ту ҳастанд, ба фоли бад гирифтем». (Солеҳ) гуфт: «Фоли (нек ва) бади шумо назди Худост (ва ҳамаи муқаррарот ба қудрати Ў таъйин мегардад), балки шумо гурўҳи фиребхўрдае ҳастед.

48           Ва дар он шаҳр, нўҳ гурўҳак буданд, ки дар замин фасод мекарданд ва ислоҳ намекарданд.

49           Онҳо гуфтанд: «Биёед қасам ёд кунед ба Худо, ки бар ў (Солеҳ) ва хонаводааш шабихун мезанем (ва онҳоро ба қатл мерасонем), сипас ба сарпарасти хуни ў мегўем: Мо ҳаргиз аз ҳалокати хонаводаи ў хабар надоштем ва дар ин гуфтори худ содиқ ҳастем».

50           Онҳо нақшаи муҳимме кашиданд ва мо ҳам нақшаи муҳимме, дар ҳоле, ки онҳо дарк намекарданд.

51           Бинигар оқибати тавтиаи онҳо чӣ шуд, ки мо онҳо ва қавмашон ҳамагиро нобуд кардем!

52           Ин хонаҳои онҳост, ки ба хотири зулму ситамашон холӣ мондааст. Ва дар ин нишонаи равшане аст барои касоне, ки огоҳанд.

53           Ва касонеро, ки имон оварда ва тақво пеша карда буданд, наҷот додем.

54           Ва Лутро (ба ёд овар) ҳангоме, ки ба қавмаш гуфт: «Оё шумо ба суроғи кори бисёр палиде меравед, дар ҳоле, ки (натиҷаҳои шуми онро) мебинед?!

55           Оё шумо ба ҷои занон, аз рўи шаҳват ба суроғи мардон меравед?! Шумо қавми нодонед».

56           Онҳо ҷавобе ҷуз ин надоштанд, ки (ба якдигар) гуфтанд: «Хонадони Лутро аз шаҳру диёри худ берун кунед, ки инҳо ашхоси покдомане ҳастанд!».

57           Мо ў ва хонаводаашро наҷот додем, ба ҷуз ҳамсараш, ки муқаддар кардем ҷузъи боқимондагон (дар он шаҳр) бошад.

58           Сипас бороне (аз санг) бар сари онҳо борондем (ва ҳамагӣ зери он мадфун шуданд). Ва чӣ бад аст борони инзоршудагон!

59           Бигў: «Ҳамд махсуси Худост ва салом бар бандагони баргузидааш!». Оё Худованд беҳтар аст ё бутҳое, ки ҳамтои Ў қарор медиҳанд?!

60           (Оё бутҳое, ки маъбуди шумо ҳастанд беҳтаранд) ё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст?! Ва барои шумо аз осмон, обе фиристод, ки бо он, боғҳои зебо ва сурурангез рўёндем. Шумо ҳаргиз қудрат надоштед дарахтони онро бирўёнед! Оё маъбуди дигаре бо Худост?! На, балки онҳо гурўҳе ҳастанд, ки (аз рўи нодонӣ, махлуқотро) ҳамтароз (-и Парвардигорашон) қарор медиҳанд.

61           Ё касе, ки заминро мустақар ва ором қарор дод ва миёни он, наҳрҳое равон сохт ва барои он кўҳҳои собит ва побарҷо эҷод кард ва миёни ду дарё ҳоиле қарор дод, (то бо ҳам махлут нашаванд, бо ин ҳол) оё маъбуде бо Худост?! На, балки бештари онон намедонанд (ва ҷоҳиланд).

62           Ё касе, ки дуои музтарро иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф месозад ва шуморо халифаҳои замин қарор медиҳад, оё маъбуде бо Худост?! Камтар мутазаккир мешавед.

63           Ё касе, ки шуморо дар торикиҳои саҳро ва дарё ҳидоят мекунад ва касе, ки бодҳоро ба унвони башорат пеш аз нузули раҳматаш мефиристад, оё маъбуде бо Худост?! Худованд бартар аст аз он чӣ барои Ў шарик қарор медиҳанд.

64           Ё касе, ки офаринишро оғоз кард, сипас онро таҷдид мекунад. Ва касе, ки шуморо аз осмону замин рўзӣ медиҳад, оё маъбуде бо Худост?! Бигў: «Далелатонро биёваред, агар рост мегўед!».

65           Бигў: «Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, ғайбро намедонанд, ҷуз Худо ва намедонанд кай барангехта мешаванд».

66           Онҳо (мушрикон) иттилои дурусте дар бораи охират надоранд, балки дар асли он шак доранд, балки нисбат ба он нобино ҳастанд.

67           Ва кофирон гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мо ва падаронамон хок шудем, (зинда мешавем ва) аз дили хок берун меоем?!

68           Ин ваъдае аст, ки ба мо ва падаронамон аз пеш дода шудааст, инҳо ҳамон афсонаҳои хурофии пешиниён аст».

69           Бигў: «Дар рўи замин сайр кунед ва бибинед, оқибати кори муҷримон ба куҷо расид!».

70           Аз (такзибу инкори) онон ғамгин мабош ва синаат аз тавтиаи онон танг нашавад.

71           Онҳо мегўянд: «Ин ваъда (-и азоб, ки ба мо медиҳед), кай хоҳад омад, агар рост мегўед?!».

72           Бигў: «Шояд порае аз он чӣ дар бораи он шитоб мекунед, наздик ва дар канори шумо бошад».

73           Ҳатман Парвардигори ту нисбат ба мардум, фазл (ва раҳмат) дорад, вале бештарашон шукргузор нестанд.

74           Ва Парвардигорат он чиро дар синаҳояшон пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд, ба хубӣ медонанд.

75           Ва ҳеҷ мавҷуди пинҳоне дар осмону замин нест, магар ин ки дар китоби мубин (дар лавҳи маҳфуз ва илми бепоёни Парвардигор) сабт аст.

76           Ин Қуръон аксари чизҳоеро, ки Банӣ Исроил дар он ихтилоф доранд, барои онон баён мекунад.

77           Ва сабаби ҳидояту раҳмат барои мўъминон аст.

78           Парвардигори ту миёни онҳо дар қиёмат ба ҳукми худ доварӣ мекунад ва Ўст Қодири Доно.

79           Пас бар Худо таваккул кун, ки ту барҳаққи ошкоре ҳастӣ.

80           Ҳатман ту наметавонӣ суханатро ба гўши мурдагон бирасонӣ ва наметавонӣ каронро ҳангоме, ки рўй бармегардонанд ва пушт мекунанд, фаро хонӣ.

81           Ва низ наметавонӣ кўронро аз гумроҳияшон бираҳонӣ. Ту фақат метавонӣ сухани худро ба гўши касоне бирасонӣ, ки омодаи пазириши имон ба оятҳои мо ҳастанд ва дар баробари ҳақ таслиманд.

82           Ва ҳангоме, ки фармони азоби онҳо расад (ва дар остонаи растохез қарор гиранд), ҷунбандаеро аз замин барои онҳо хориҷ мекунем, ки бо онон такаллум мекунад (ва мегўяд), ки мардум ба оятҳои мо имон намеоварданд.

83           (Ба хотир биёвар) рўзеро, ки мо аз ҳар уммате, гурўҳеро аз касоне, ки оятҳои моро инкор мекарданд, маҳшур мекунем ва онҳоро нигаҳ медорем, то ба якдигар мулҳақ шаванд.

84           То замоне, ки (ба пои ҳисоб) меоянд, (ба онон) мегўяд: «Оё оятҳои маро инкор кардед ва дар садади таҳқиқ бар наомадед?! Шумо чӣ аъмоле анҷом медодед?!».

85           Дар ин ҳангом, фармони азоб ба хотири шулмашон бар онҳо воқеъ мешавад ва онҳо сухане надоранд, ки бигўянд.

86           Ё надиданд, ки мо шабро барои оромиши онҳо қарор додем ва рўзро равшанибахш?! Дар ин корҳо нишонаҳои равшане аст барои касоне, ки имон меоваранд (ва омодаи қабули ҳаққанд).

87           Ва (ба хотир оваред) рўзеро, ки дар «сур» дамида мешавад ва тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, дар ваҳшат фурў мераванд, ҷуз касоне, ки Худо хостааст. Ва ҳамагӣ бо хузўъ дар пешгоҳи Ў ҳозир мешаванд.

88           Кўҳҳоро мебинӣ ва онҳоро сокину ҷомид мепиндорӣ, дар ҳоле, ки монанди абр дар ҳаракатанд. Ин саноат ва офариниши Худованде аст, ки ҳама чизро мутқан офаридааст. Ў аз корҳое, ки шумо анҷом медиҳед, ҳатман огоҳ аст.

89           Касоне, ки кори неке анҷом диҳанд, подоши беҳтаре аз он хоҳанд дошт ва онон аз ваҳшати он рўз дар амонанд.

90           Ва онҳо, ки аъмоли баде анҷом диҳанд, ба чеҳра дар оташ афканда мешаванд. Оё ҷазое ҷуз он чӣ амал мекардед хоҳед дошт?!

91           (Бигў:) Ман маъмурам Парвардигори ин шаҳр (-и муқаддаси Макка)-ро ибодат кунам, ҳамон касе, ки ин шаҳрро ҳурмат бахшидааст, дар ҳоле, ки ҳама чиз аз они Ўст ва ман маъмурам, ки аз муслимин бошам.

92           Ва ин ки Қуръонро тиловат кунам. Ҳар кас ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шудааст ва ҳар кас гумроҳ гардад, бигў: «Ман фақат аз инзоркунандагонам».

93           Бигў: «Ҳамду ситоиш махсуси зоти Худост. Ба зудӣ оятҳояшро ба шумо нишон медиҳад, то онро бишиносед. Ва Парвардигори ту аз он чӣ анҷом медиҳед, ғофил нест.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...