Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод!
Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ, баракату хонаи обод, рӯзгори босаодату ризқу рӯзии фаровонро таманно дорем.
Рамазон бо ин ки моҳи нузули Қуръон, моҳи тиловату ибодат ва моҳи хайру эҳсону қабули дуоҳост, ҳамчунин моҳи хӯдсозӣ, моҳи ислоҳсозии ҷомеа ва зудудани фасоду зулму истибдод, моҳи таҷдид ва таҳкими робитаҳо бо Худо ва мардум аст. Аз ин рӯ, бароятон тавфиқи бандагӣ, қабули ибодатаҳо ва маърифату бедории ҳақиқиро аз даргоҳи Худованди Маннон орзумандем.
Ривоят шудааст, ки Расули Акрам(с) фармӯданд: “Савоби ҳар амал аз даҳ баробар то ҳафтсад баробар афзуда мешавад, (яъне дар мавриди аъмоли хайри ин уммат қонуни Илоҳӣ чунин аст, ки аҷри як некӣ ҳадди ақал даҳ баробар ва гоҳе то ҳафтсад баробар дода хоҳад шуд), пас Расули Акрам(с) фармӯданд: Худованд мефармояд: Ҳисоби рӯза ҷудост ва он ҳадяи хосси бандаи ман барои ман аст ва ман ҳар тавре ки бихоҳам аҷру подоши онро хоҳам дод. Бандаи ман барои ризо ва хушнудии ман, ҳавои нафс ва хӯрдану нӯшиданро тарк кардааст, пас фидокории ӯро подоши шоиста хоҳам дод. Барои рӯзадор ду хӯшҳолӣ аст, яке вақти ифтор ва дигаре ҳангоми рафтан ба боргоҳи Молик ва Мавлои хӯд ва савганд ба Аллоҳ, ки бӯи даҳони рӯзадор назди Аллоҳ аз мӯшк хушбӯтар аст. Рӯза сипаре аст дар дӯнё барои дар амон мондан аз васвасаҳои нафсу шайтон ва дар охират барои дар амон мондан аз оташи дӯзах. Ва чун яке аз шумо рӯзадор бошад бар вай лозим аст, ки сӯханҳои беҳӯда ва бад нагӯяд ва ҷангу ҷидол накунад ва агар касе бо ӯ ҷидолу бадгӯӣ кард, бигӯяд, ки рӯзадорам.[1]
Эй Худои поку беанбозу ёр,
Даст гиру узри моро во гӯзор.
Ёд деҳ моро сӯханҳои дақиқ,
То ба раҳм орад туро он, эй шафиқ.
Ҳам дуъо аз ту, иҷобат ҳам зи ту,
Эминӣ аз ту, муҳаббат ҳам зи ту.
Худоё, ба мо cабру истиқомат ва тавфиқи бандагӣ дар роҳи Худоро дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт иноят фармо. Худовандо моро аз ҷӯмлаи рӯзадорони воқеъӣ қарор деҳ ва тавфиқи шабзиндадориву ибодату дуъоро дар ин моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи мо насибу рӯзӣ кун.
Худоё чунон кун, ки поёни кор,Ту хӯшнӯд бошиву мо растагор.
[1] — Васоил, ҷ 5, с. 3, боби якум, китоби Савм