МУАММОҲОИ ҚУРЪОНӢ

 1. Сурае, ки  дар ҳамаи ояҳояш калимаи ҷалолаи «Аллоҳ» омадааст кадом аст?[1] 

 2. Сурае, ки номи он  яке аз усули  дин аст кадом аст?[2] 

 3.  Кадом сураро аруси Қуръон мегӯянд?[3]

 4. Мевае, ки номи яке аз сураҳост  ва Худованд ба он қасам  хӯрдааст чист?[4]

 5. Сурае, ки камтарин оя дорад кадом аст?[5] 

 6. Кадом пайғамбар дар гаҳвора бо мардум сухан гуфт?[6] 

 7. Номи сурае, ки силоҳи донишмандон аст, чист? [7]

 8.  Парандагоне, ки лашкари Абраҳаро, ки мехостанд Каъбаро вайрон кунанд ҳалок карданд чӣ ном доштанд ва дар кадом сура омадааст? [8]

 9. Кадом ҳайвон Намрудро ҳалок кард?[9]

10. Сурае, ки ҳамноми пойтахти яке аз кишварҳо аст, кадом аст?[10]

                                                              Таҳияи Зафар Хоҷаев

 



[1] . Сураи  «Муҷодала».

[2] . Сураи  «Тавҳид».

[3] . Сураи  «Ар-раҳмон».

[4] . Сураи  «Тин».

[5] . Сураи «Кавсар», ки 3 оят дорад.

[6] . Ҳазрати Исо(а).

[7] . Сураи «Қалам».

[8] . Абобил дар сураи «Фил».

[9] . Паша, ки аз роҳи бинӣ ба мағзаш даромад ва ӯро  ҳалок кард.

[10] .10 сураи Рум.

Охирин матолиб

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *