Ошноӣ бо чанд муаммои Қуръонӣ

Қуръони Карим ба унвони каломи ваҳй дорои маориф, достонҳо, қиссаҳо, пандҳо ва муаммоҳои фаровон ва омузанда аст. Ҳарчанд ҳадаф аз нузули Қуръон танҳо баёни ин масоил набуда аст, аммо таваҷҷуҳ ба онҳо нишон аз эъҷози ин каломи илоҳӣ ва зебоиҳои он дорад, ки муҳаққиқон ва пажуҳишгарони қуръонӣ онҳоро берун овардаанд.

Ба намунае аз муаммоҳои қуръонӣ таваҷҷуҳ кунед:

Сураҳое, ки ҳазрати Муҳаммад(с) фармуд, ки он сураҳо маро пир кард, чист?

Ҷавоб: Сураҳои Ҳуд, Воқеа, Мурсалот ва Набаъ (Амма).

Кадом сураи Қуръон ба номи яке аз маъданҳо аст?

Ҷавоб: Сураи Ҳадид ки маънои “оҳан” аст.

Номи мавҷуде, ки на инсон аст ва на ҳайвон ва на фаришта ва номи яке аз сураҳои Қуръон аст?

Ҷавоб: Сураи Ҷин.

Сурае, ки номи мевае аст ва Худованд ба он қасам хурда аст?

Ҷавоб: Сураи Тин.

Номи сурае, ки ба маънои рӯзгор аст, чист?

Ҷавоб: Сураи Даҳр.

Кадом сураҳо нишондиҳандаи бахшҳое аз шабонарӯз ҳастанд?

Ҷавоб: Сураҳои Фалақ, Аср, Лайл ва Фаҷр.

Сураҳое, ки номи онҳо аз аввалин калимаи ҳамон сура гирифта шуда, кадоманд?

Ҷавоб: Сураҳои Таббат, Аср, Қориъа, Абаса, Лайл ва Шамс.

Номи марди донишманде, ки яке аз сураҳои Қуръон ба номи ӯст?

Ҷавоб: Сураи Луқмон.

Сурае, ки ба номи яке аз рӯзҳои ҳафта аст?

Ҷавоб: Сураи Ҷумъа.

Кадом сура ба қалби Қуръон маъруф аст?

Ҷавоб: Сураи Ёсин.

Ҷавоб: Сураи Кадом сура ба аруси Қуръон машҳур аст?

Арраҳмон.

Танҳо сурае, ки ба забони ҳоли бандагон нозил шуда, кадом аст?

Ҷавоб: Сураи Алҳамд.

Зинати Қуръон чист?

Ҷавоб:  Ба фармони ҳазрати Муҳаммад(с) садои зебо зинати Қуръон аст.

Кадом як аз асмои ҳуснои Худованд аст, ки 114 мартаба баробар бо сураҳои Қуръон омада аст?

Ҷавоб: Лафзи Раҳим, ки дар Қуръон 114 бор омада аст.

Нури тоҷикон

Ошнои бо чанд муаммои Қуръонӣ

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...