Тарҷумаи сураи Анфол

 

 

 

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 75 оят аст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. Аз ту дар бораи анфол (ғаниматҳо ва ҳар гуна моли мушаххаси бемолик) савол мекунанд, бигў:

«Анфол махсуси Худо ва Пайғамбар аст, пас аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед ва хусуматҳоеро, ки дар миёни шумост, оштӣ диҳед. Ва Худо ва Пайғамбарашро итоат кунед, агар имон доред.

2               Мўъминон танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ номи Худо бурда шавад, дилҳояшон тарсон мегардад ва ҳангоме, ки оятҳои Ў бар онҳо хонда мешавад, имонашон афзунтар мегардад. Ва танҳо бар Парвардигорашон таваккул доранд.

3               Онҳо, ки намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онҳо рўзӣ додаем, бахшиш мекунанд.

4               (Оре), мўъминони ҳақиқӣ онҳо ҳастанд, барои онон дараҷоти (муҳимме) назди Парвардигорашон аст ва барои онҳо омурзиш ва рўзии бенақсу айб аст.

5               Ҳамон гуна, ки Худо туро ба ҳақ аз хона (ба сўи майдони Бадр) берун фиристод, дар ҳоле, ки гурўҳе аз мўъминон хушнуд набуданд, (вале саранҷомаш пирўзӣ буд), нохушнудии гурўҳе аз чӣ гунагии тақсими ғаниматҳои Бадр низ чунин аст).

6               Онҳо пас аз равшан шудани ҳақ, боз бо ту муҷодила мекарданд (ва чунон тарсу ваҳшат онҳоро фаро гирифта буд, ки) гўё ба сўи марг ронда мешаванд ва онро бо чашми худ менигаранд.

7               Ва (ба ёди оваред) ҳангомеро, ки Худованд ба шумо ваъда дод, ки яке аз ду гурўҳ (корвони тиҷории Қурайш ё лашкари мусаллаҳи онҳо), насиби шумо хоҳад буд ва шумо дўст медоштед, ки корвон (-и ғайри мусаллаҳ) барои шумо бошад (ва бар он пирўз шавед), вале Худованд мехоҳад ҳақро бо калимаҳои худ қувват бахшад ва решаи кофиронро қатъ кунад. (Аз ин рў шуморо бар хилофи майлатон бо лашкари Қурайш даргир сохт ва он пирўзии бузург насибатон шуд).

8               То ҳақро собит кунад ва ботилро аз миён бардорад, ҳар чанд муҷримон кароҳат дошта бошанд.

9               (Ба хотир биёваред) замонеро, (ки аз шиддати нороҳатӣ дар майдони Бадр), аз Парвардигоратон ёрӣ мехостед ва Ў хостаҳои шуморо пазируфт (ва гуфт): Ман шуморо бо як ҳазор аз фариштагон, ки пушти сари ҳам фуруд меоянд, ёрӣ мекунам.

10           Вале Худованд инро танҳо барои шодӣ ва итминони қалби шумо қарор дод ва гарна пирўзӣ, ҷуз аз тарафи Худо нест, Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

11           Ва (ёд оваред) ҳангомеро, ки хоби сабуке, ки сабаби оромиш аз сўи Худо буд, шуморо фаро гирифт ва обе аз осмон бароятон фиристод, то шуморо бо он пок кунад ва палидии шайтонро аз шумо дур созад ва дилҳоятонро маҳкам ва гомҳоро бо он устувор дорад.

12           Ва (ба ёд ор) вақтеро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Маш бо шумо ҳастам, касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам доред. Ба зудӣ дар дилҳои кофирон тарсу ваҳшат меафканам, зарбаҳоро бар болотар аз гардан (бар сарҳои душманон) фуруд оред ва ҳамаи ангуштонашонро қатъ кунед!

13           Ин ба хотири он аст, ки онҳо бо Худо ва Пайғамбараш (с) душманӣ варзиданд. Ва ҳар касе бо Худо ва Пайғамбараш душманӣ кунад, (кайфари шадиде мебинад). Ва Худованд шадид-ул-иқоб аст.

14           Ин (муҷозоти дунё)-ро бичашед! Ва барои кофирон муҷозоти оташ (дар ҷаҳони дигар) хоҳад буд.

15           Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки бо анбўҳи кофирон дар майдони набард, рў ба рў шавед, ба онҳо пушт накунед (ва нагурезед).

16           Ва ҳар кас дар он ҳангом ба онҳо пушт кунад – магар он ки мақсадаш канорагирӣ аз майдон барои ҳамлаи ду бора ва ё ба қасди пайвастан ба гурўҳе (аз муҷоҳидон) бошад, – (чунин касе) ба ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд ва ҷойгоҳи ў ҷаҳаннам аст ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!

17           Ин шумо набудед, ки онҳоро куштед, балки Худованд онҳоро кушт. Ва ин ту набудӣ (эй Пайғамбар, ки хоку санг ба чеҳраи онҳо) андохтӣ, балки Худо андохт. Ва Худо мехост мўъминонро ба ин васила имтиҳони хубе кунад, Худованд Шунаво ва Доност.

18           (Сарнавишти мўъминон ва кофирон), ҳамон буд, (ки дидед!). Ва Худованд сусткунандаи нақшаҳои кофирон аст.

19           Агар шумо фатҳу пирўзӣ мехоҳед, пирўзӣ ба суроғи шумо омад. Ва агар (аз мухолифат) худдорӣ кунед, барои шумо беҳтар аст. Ва агар бозгардед, мо ҳам боз хоҳем гашт. Ва ҷамъияти шумо ҳар чанд зиёд бошад, шуморо (аз ёрии Худо) бе ниёз нахоҳад кард ва Худованд бо мўъминон аст.

20           Эй касоне, ки имон овардаед! Худо ва Пайғамбарашро итоат кунед ва сарпечӣ нанамоед, дар ҳоле, ки (суханони ўро) мешунавед.

21           Ва монанди касоне набошед, ки мегуфтанд: «Шунидем». Вале дар ҳақиқат намешуниданд.

22           Бадтарини ҷунбандагон назди Худо, ашхоси кару лоле ҳастанд, ки андеша намекунанд.

23           Ва агар Худованд хайре дар онҳо медонист, (сухани ҳақро) ба гўши онҳо мерасонд, вале (бо ин ҳол, ки доранд), агар ҳақро ба гўши онҳо бирасонад, сарпечӣ карда ва рўйгардон мешаванд.

24           Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва Пайғамбарро иҷобат кунед, ҳангоме, ки шуморо ба сўи чизе даъват мекунад, ки шуморо ҳаёт мебахшад. Ва бидонед Худованд миёни инсон ва қалби ў ҳоил мешавад ва ҳамаи шумо (дар қиёмат) назди Ў гирдоварӣ мешавед.

25           Ва аз фитнае бапарҳезед, ки танҳо ба ситамкорони шумо намерасад, (балки ҳамаро фаро хоҳад гирифт, зеро дигарон сукут ихтиёр карданд). Ва бидонед Худованд шадид-ул-иқоб аст!

26           Ва ба хотир биёваред ҳангомеро, ки шумо дар рўи замин, гурўҳи кўчаку андак ва забуне будед, он чунон, ки метрасидед, мардум шуморо бирубоянд, вале Ў шуморо паноҳ дод ва бо ёрии худ қувват бахшид ва аз рўзиҳои покиза баҳраманд сохт, шояд шукри неъматашро ба ҷо оваред.

27           Эй касоне, ки имон овардаед! Ба Худо ва Пайғамбар хиёнат накунед ва (низ) дар амонатҳои худ хиёнат раво мадоред, дар ҳоле, ки медонед (ин кор гуноҳи бузурге аст).

28           Ва бидонед, амвол ва авлоди шумо василаи имтиҳон аст ва (барои касоне, ки аз ўҳдаи имтиҳон бароянд), подоши бузурге назди Худост.

29           Эй касоне, ки имон овардаед! Агар аз (мухолифти фармони) Худо бипарҳезед, барои шумо василае ҷиҳати ҷудо сохтани ҳақ аз ботил қарор медиҳад, (равшанбинии хоссе, ки дар партави он ҳақро аз ботил хоҳид шинохт) ва гуноҳонатонро мепўшонад ва шуморо меомурзад ва Худованд соҳиби фазлу бахшиши бузург аст.

30           (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки кофирон нақша мекашиданд, ки туро ба зиндон афкананд ё ба қатл расонанд ва ё (аз Макка) хориҷ созанд, онҳо чора меандешиданд (ва нақша мекашиданд) ва Худованд ҳам тадбир мекард. Ва Худо беҳтарин чораҷўён ва тадбиркунандагон аст.

31           Ва ҳангоме, ки оятҳои мо бар онҳо хонда мешавад, мегўянд: «Шунидем, (чизи муҳимме нест), мо ҳам агар бихоҳем, мисли онро мегўем, инҳо ҳамон афсонаҳои пешиниён аст!». (Вале дурўғ мегўянд ва ҳаргиз мисли онро намеоваранд).

32           Ва (ба хотир биёвар) замонеро, ки гуфтанд: «Парвардигоро! Агар ин ҳақ аст ва аз тарафи туст, бороне аз санг аз осмон бар мо фуруд ор, ё азоби дардноке бар мо бифирист!».

33           Вале (эй Пайғамбар!). То ту дар миёни онҳо ҳастӣ, Худованд онҳоро муҷозот нахоҳад кард ва (низ) то истиғфор мекунанд, Худо азобашон намекунад.

34           Чаро Худо онҳоро муҷозот накунад, бо ин ки аз (ибодати муваҳҳидон дар канори) Масҷид-ул-ҳаром пешгирӣ мекунанд, дар ҳоле, ки сарпарасти он нестанд?! Сарпарасти он фақат парҳезгоронанд, вале бештари онҳо намедонанд.

35           (Онҳо, ки иддио доранд, мо ҳам намоз дорем), намозашон назди хонаи (-и Худо) чизе ҷуз овозхонӣ ва каф задан набуд, пас бичашед азоб (илоҳи)-ро ба хотири куфратон!

36           Онҳо, ки кофир шуданд, амволашонро барои боздоштан (-и мардум) аз роҳи Худо харҷ мекунанд, онон ин амволро, (ки барои ба даст оварданаш заҳмат кашидаанд, дар ин роҳ) масраф мекунанд, аммо сабаби ҳасрату андўҳашон хоҳад шуд ва сипас шикаст хоҳанд хўрд. Ва (дар ҷаҳони дигар) кофирон ҳамагӣ ба сўи дўзах гирдоварӣ хоҳанд шуд.

37           (Инҳо ҳама) ба хотири он аст, ки Худованд (мехоҳад), нопокро аз пок ҷудо созад ва нопокҳоро рўи ҳам бигузорад ва ҳамаро мутароким созад ва як ҷо дар дўзах қарор диҳад. Ва инҳо зиёнкорон ҳастанд.

38           Ба онҳо, ки кофир шуданд, бигў: «Чунон чӣ аз мухолифт боз истанд (ва имон оваранд), гузаштаи онҳо бахшида хоҳад шуд ва агар ба аъмоли пешин бозгарданд, суннати (Худованд дар) гузаштагон, (дар бораи онҳо) ҷорӣ мешавад (ва ҳукми нобудии онон содир мегардад).

39           Ва бо онҳо пайкор кунед, то фитна (ширк ва салби озодӣ) барчида шавад ва дин (ва парастиш) ҳама махсуси Худо бошад. Ва агар онҳо (аз роҳи ширку фасод бозгарданд ва аз аъмоли нодуруст) худдорӣ кунанд, (Худованд онҳоро мепазирад). Худо ба он чӣ анҷом медиҳанд, биност.

40           Ва агар сарпечӣ кунанд, бидонед (зараре ба шумо намерасонанд). Худованд сарпарасти шумост, чӣ сарпарасти хубе ва чӣ ёвари хубе!

41           Бидонед, ҳар гуна ғанимате ба даст оваред, хумси (як панҷуми) он барои Худо ва барои Паёмбар ва барои наздикон ва ятимон ва мискинон ва дармондагони дар роҳ (аз онҳо) аст, агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи худ дар рўзи ҷудоии ҳақ аз ботил, рўзи даргирии ду гурўҳ (-и боимон ва беимон-рўзи ҷанги Бадр) нозил кардем, имон овардаед. Ва Худованд бар ҳар чизе Тавоност.

42           Дар он ҳангом, ки шумо дар тарафи поин будед ва онҳо дар тарафи боло (ва душман бар шумо бартарӣ дошт) ва корвон (-и Қурайш) поинтар аз шумо буд (ва вазъият чунон сахт буд, ки) агар бо якдигар ваъда мегузоштед, (ки дар майдони набард ҳозир шавед), дар анҷоми ваъдаи худ ихтилоф мекардед, вале (ҳамаи инҳо) барои он буд, ки Худованд, кореро, ки бояд анҷом шавад, таҳаққуқ бахшад, то онҳо, ки ҳалок (ва гумроҳ) мешаванд, аз рўи итмоми ҳуҷҷат бошад ва онҳо, ки зинда мешаванд (ва ҳидоят меёбанд), аз рўи далели равшан бошад. Ва Худованд Шунаво ва Доност.

43           Дар он ҳангом, ки Худованд шумори онҳоро дар хоб ба ту кам нишон дод ва агар фаровон нишон медод, ҳатман суст мешудед ва (дар бораи оғози ҷанг бо онҳо) коратон ба ихтилоф мекашид, вале Худованд (шуморо аз шарри инҳо) солим нигаҳ дошт. Худованд ба он чӣ даруни синаҳост, доност.

44           Ва дар он ҳангом, (ки дар майдони набард), бо ҳам рў ба рў шудед, онҳоро ба чашми шумо кам нишон медод ва шуморо (низ) ба чашми онҳо кам менамуд, то Худованд кореро, ки бояд анҷом гирад, сурат бахшад. (Шумо натарсед ва иқдом ба ҷанг кунед, онҳо ҳам ваҳшат накунанд ва ҳозир ба ҷанг шаванд ва саранҷом шикаст бихўранд!). Ва ҳамаи корҳо ба Худованд бозгардонида мешаванд.

45           Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки (дар майдони набард) бо гурўҳе рў ба рў мешавед, собитқадам бошед ва Худоро фаровон ёд кунед, то растагор шавед.

46           Ва (фармони) Худо ва Пайғамбарашро итоат намоед ва низоъ (ва кашмакаш) накунед, то суст шавед ва қудрат (ва шавкати) шумо аз миён биравад! Ва сабру истиқомат кунед, ки Худованд бо истиқоматкунандагон аст.

47           Ва монанди касоне набошед, ки аз рўи ҳавопарастӣ ва ғуруру худнамоӣ дар баробари мардум, аз сарзамини худ ба (сўи майдони Бадр) берун омаданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боз медоштанд (ва саранҷом шикаст хўрданд). Ва Худованд ба он чӣ амал мекунанд, иҳота (ва огоҳӣ) дорад.

48           Ва (ба ёд овар) ҳангомеро, ки шайтон, аъмоли онҳо (мушрикон)-ро дар назарашон ҷилва дод ва гуфт: «Имрўз ҳеҷ кас аз мардум бар шумо пирўз намегардад ва ман, ҳамсоя (ва паноҳандаи) шумо ҳастам». Аммо ҳангоме, ки ду гурўҳ (кофирон ва мўъминони мавриди ҳимояти фариштагон), дар баробари якдигар қарор гирифтанд, ба ақиб баргашт ва гуфт: «Ман аз шумо (дўстон ва пайравонам) безорам. Ман чизе мебинам, ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, Худованд шадидул-иқоб аст!».

49           Ва ҳангомеро, ки мунофиқон ва онҳо, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, мегуфтанд: «Ин гурўҳ (мусулмонон)-ро динашон мағрур сохтааст». (Онҳо намедонистанд, ки) ҳар кас бар Худо таваккул кунад, (пирўз мегардад). Худованд Қудратманд ва Ҳаким аст.

50           Ва агар бибинӣ кофиронро, ҳангоме, ки фариштагон (-и марг) ҷонашонро мегиранд ва бар чеҳраву пушти онҳо мезананд ва (мегўянд:) Бичашед азоби сўзандаро, (ба ҳоли онон таассуф хоҳӣ хўрд!).

51           Ин дар муқобили корҳое аст, ки аз пеш фиристодаед. Ва Худованд нисбат ба бандагонаш ҳаргиз ситам раво намедорад.

52           (Ҳоли ин гурўҳи мушрикон) монанди ҳоли наздикони фиръавн ва касоне аст, ки пеш аз онон буданд, онҳо оятҳои Худоро инкор карданд, Худованд ҳам ононро ба гуноҳонашон кайфар дод, Худо Қудратманд ва шидид-ул-иқоб аст!

53           Ин, ба хотири он аст, ки Худованд ҳеҷ неъматеро, ки ба гурўҳе додааст, тағйир намедиҳад, ҷуз он ки онҳо худашонро тағйир диҳанд. Ва Худованд Шунаво ва Доност.

54           Ин, (дуруст) шабеҳи ҳоли фиръавниён ва касоне аст, ки пеш аз онҳо буданд, оятҳои Парвардигорашонро инкор карданд, мо ҳам ба хотири гуноҳонашон, онҳоро ҳалок кардем ва фиръавниёнро ғарқ намудем. Ва ҳамаи онҳо золим (ва ситамгар) буданд.

55           Ба яқин, бадтарини ҷунбандагон назди Худо, касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва имон намеоваранд.

56           Ҳамон касоне, ки бо онҳо паймон бастӣ, сипас ҳар бор аҳду паймони худро мешикананд ва (аз паймоншиканӣ ва хиёнат) парҳез надоранд.

57           Агар онҳоро дар (майдони) ҷанг биёбӣ, он чунон ба онҳо ҳамла кун, ки ҷамъиятҳое, ки пушти сари онҳо ҳастанд, пароканда шаванд, шояд мутазаккир шаванд (ва панд гиранд!).

58           Ва ҳар гоҳ (бо зоҳиор шудани нишонаҳое) аз хиёнати гурўҳе хавф дошта бошӣ, (ки аҳди худро шикаста, ҳамлаи ғофилгирона кунанд), ба таври одилона ба онҳо эълом кун, ки паймонашон лағв шудааст, зеро Худованд хоинонро дўст намедорад.

59           Онҳо, ки роҳи куфр пеш гирифтанд, гумон накунанд (бо ин аъмол), пеш бурдаанд (ва аз қаламрави кайфари мо берун рафтаанд)! Онҳо ҳаргиз моро нотавон нахоҳанд кард!

60           Ҳар нерўе дар қудрат доред, барои муқобила бо онҳо (душманон) омода созед. Ва (ҳамчунин) асбҳои варзида (барои майдони набард), то ба василаи он душмани Худо ва душмани худро битарсонед. Ва (ҳамчунин) гурўҳи дигаре ғайр аз инҳоро, ки шумо намешиносед ва Худо онҳоро мешиносад. Ва ҳар чӣ дар роҳи Худо (ва қувватбахшии бинои дифои Имлом), бахшиш кунед, ба таври комил ба шумо бозгардонида мешавад ва ба шумо ситам нахоҳад шуд.

61           Ва агар тамоюл ба сулҳ нишон диҳанд, ту низ аз дари сулҳ дарой ва бар Худо таваккул кун, ки Ў Шунаво ва Доност.

62           Ва агар бихоҳанд туро фиреб диҳанд, Худо барои ту кифоят мекунад. Ў ҳамон касе аст, ки туро бо ёрии худ ва мўъминон қувват бахшид.

63           Ва дилҳои онҳоро бо ҳам улфат дод. Агар тамоми он чиро рўи замин аст, сарф мекардӣ, ки миёни дилҳои онон улфат диҳӣ, наметавонистӣ. Вале Худованд дар миёни онҳо улфат эҷод кард. Ў Тавоно ва Ҳаким аст.

64           Эй Пайғамбар! Худованд ва мўъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд, барои ҳимояти ту кифоят мекунад, (фақат бар онҳо такя кун).

65           Эй Пайғамбар! Мўъминонро ба ҷанг (бо душман) шавқманд кун. Ҳар гоҳ бист нафар бо истиқомат аз шумо бошанд, бар дусад нафар ғалаба мекунанд. Ва агар сад нафар бошанд, бар ҳазор нафар аз касоне, ки кофир шуданд, пирўз мегарданд, чаро, ки онҳо гурўҳе ҳастанд, ки намефаҳманд.

66           Ҳамакнун Худованд бар шумо сабукӣ дод ва донист, ки дар шумо заъфе аст, бинобар ин ҳар гоҳ сад нафар боистиқомат аз шумо бошанд, бар дусад нафар пирўз мешаванд ва агар ҳазор нафар бошанд, бар ду ҳазор нафар ба фармони Худо ғалаба хоҳанд кард. Ва Худованд бо собирон аст.

67           Ҳеҷ пайғамбаре ҳақ надорад асироне (аз душман) гирад, то комилан бар онҳо пирўз гардад (ва ҷои пои худро дар замин маҳкам кунад). Шумо матои нопойдори дунёро мехоҳед (ва моил ҳастед асирони бештаре бигиред ва дар баробари гирифтани фидя озод кунед), вале Худованд сарои дигарро (барои шумо) мехоҳад. Ва Худованд Қодир ва Ҳаким аст.

68           Агар фармони пешини Худо набуд, (ки беиблоғ ҳеҷ умматеро кайфар надиҳад), ба хотири чизе (асироне), ки гирифтед, муҷозоти бузурге ба шумо мерасид.

69           Аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, ҳалолу покиза бихўред ва аз Худо бипарҳезед, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

70           Эй Пайғамбар! Ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигў: «Агар Худованд хайре дар дилҳои шумо бидонад (ва ниятҳои поке дошта бошед), беҳтар аз он чӣ аз шумо гирифта шуда ба шумо медиҳад ва шуморо мебахшад. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст».

71           Аммо агар бихоҳанд бо ту хиёнат кунанд, (тазагӣ надорад), онҳо пеш аз ин (низ), ба Худо хиёнат карданд. Ва Худованд (шуморо) бар онҳо пирўз кард. Худованд Доно ва Ҳаким аст.

72           Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва онҳо, ки паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, онҳо ёрони якдигаранд. Ва онҳо, ки имон оварданд ва муҳоҷират накарданд, ҳеҷ гуна вилоят (дўстӣ ва тааҳҳуде) дар баробари онҳо надоред, то ҳиҷрат кунанд. Ва (танҳо) агар дар (ҳифзи) дин (-и худ) аз шумо ёрӣ талабанд, бар шумост, ки онҳоро ёрӣ кунед, ҷуз бар зидди гурўҳе, ки миёни шумо ва онҳо, паймон (тарки душманӣ) аст. Ва Худованд ба он чӣ амал мекунед, биност.

73           Касоне, ки кофир шуданд, авлиё (ва ёварону мудофеони) якдигаранд. Агар (ин дастурро) анҷом надиҳед, фитнаву фасоди бузурге дар азмин рўй медиҳад.

74           Ва онҳо, ки имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва онҳо, ки паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, онон мўъминони ҳақиқианд. Барои онҳо омурзиш (ва раҳмати Худо) ва рўзии шоиста аст.

75           Ва касоне, ки баъдан имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо шумо ҷиҳод намуданд, аз шумо ҳастанд. Ва хешовандон нисбат ба якдигар, дар аҳкоме, ки Худо муқаррар доштааст, (аз дигарон) сазовортаранд. Худованд ба ҳамаи чиз доност.

 

Ёсин

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...