ҶОНИШИНИ РАСУЛИ ХУДО(С) ДАР ҲАДИСУ РИВОЯТҲО

Ҳадис ва суннати Расули Худо(с) ҳамонанди Қуръони карим аз манобеъи аслии дини Ислом мебошад, ки дастурот ва қонунҳои Исломӣ аз он гирифта мешаванд. Таъин ва интихоб кардани ҷонишини Пайғамбарон ҳам мисли интихобу таъини Пайғамбарон аз ҷониби соҳиби шариъат, яъне Худованди карим мебошад. Чунки инсонҳоро саводашон барои интихоби ин амри мӯҳим ва таъини Пайғамбарону ҷонишинҳояшон кифоят намекунад. Бинобарин Парвардигори олам донотар ба ин аст, ки киро ва чигӯна шахсонеро ба вазифаи Пайғамбарию ҷонишинии он интихоб намояду ба тарафи ҳидояту рӯшд додани мардӯм бифиристад. Интихоби ҷонишинони Пайғамбарон он қадар ҳасос ва сарнавиштсоз аст, ки агар ба дурусти инсони олиму одилу тавоно интихоб нашавад ё интихоб шаваду вале мардӯм онро пайравию ҳамроҳӣ накунанд, он дин ва пайравонаш дӯчори таҳриф ва фитна хоҳанд шуд. Аз байн рафтан ва таҳрифи динҳои гӯзашта ҳам яке аз сабабҳояшон пайравӣ накардани раҳбари олиму одилу тавоно будааст. Дар натиҷаи набуди раҳбари олиму одилу тавоно дар сари ҳукумат, қонуну шариъат, бовару ахлоқи пайравони он дин, ҳатто амнияту обрӯю сарваташон аз байн меравад ва қонуни ҷангалу зургӯӣ ва ғӯломдорӣ ба ҷои он қарор мегирад. Дигар башар асрҳо дар ҳасрати адолату таъмини ниёзҳои аслияш мемонад ва аз дасти ҷаҳлу гӯмроҳӣ ва зӯлму беадолатӣ ба танг меояду орзӯи ҳукумати адлро мекунад. Мушкилоти мӯҳими инсонҳои рӯи замин набуди адолату саводи инсонсоз ҳаст, ки мардӯм аз дасти шоҳону подшоҳони дурӯғгӯ, хӯдкома(диктатор), бесавод ва хӯшгӯзарон хаста шудаанд. Мардӯм фақат барои шиками хӯду пӯр кардани кисаи шоҳон кору талош мекунанд ва ҳеҷгоҳ аз мушкилоти иқтисодӣ ва фақр берӯн намеоянд, то чӣ расад ба ҳалли мушкилоти илмию фарҳангӣ ва ғайра… .

Барои ҳамин сохтану нигаҳ доштани ҷомеъаи одилона бисёр кори сахту ҳасос мебошад. Нақши интихобу таъини раҳбарии ҷомеъа ҳам ки сутуни ҷомеъа шуморида мешавад, бисёр дӯшвортар хоҳад буд. Дар тамоми давру замонҳо инсонҳои мансабталабу сарватандӯз, ки ташнаи қудрату сарватанд дар паи ҳамчунин фӯрсатҳое мегарданд, ки раҳбарӣ ва сарпарастии ҷомеъаро зӯд ба даст бигиранд. Табиъатан амри равшан аст, ки дар замони ҷо ба ҷоии роҳбарони ҷомеъа, кашмакашҳои пинҳону ошкоре вуҷӯд дорад. Гоҳе миллатҳо дар ин мавқъияти сарнавиштсози интихоб ва пайравии раҳбари одилу тавоно ғофилгир мешаванд ва гоҳе сустӣ мекунанд, ки ин кор ба зарарашон тамом мешавад ва асрҳо ҳам дар азобу фақру ноамнӣ мемонанду зиндагӣ мекунанд. Ин бадбахтӣ бахотири ҷаҳлу фиреб хӯрдан ва масъӯлият нашносии миллатҳо сурат мегирад. 

Аммо дини Ислом ва Пайғамбари доно ва тавонои он(с), ҳамеша башариятро ба хусӯс мусулмононро бо ин хатари ҷуброннопазири ҷаҳлу ғафлат ошно ва ёдоварӣ мекард. Онҳоро роҳнамоии мекард, ки читавр мешавад аз дасти ҷаҳлу зӯлми башар наҷот ёфт ва чикор кард, ки гирифтори дубораи он нашаванд. Барои ҳамин Расули Худо(с)дар даврони зиндагиаш борҳо инсони олиму одилу тавоноро мӯаррифӣ менамуд, ки мабодо мардӯм дар шинохт ва пайравии он дучори нодонӣ, сустӣ ва ғафлат шаванду зарари дӯнёиву охиратӣ намоянд.  

Расули Худо(с) дар ҳадиси мутавотире хитоб ба Алӣ(рз) фармӯданд:

أمَا ترضَى أن تكونَ مني بمنزلةِ هارونَ من موسى، إلَّا أنَّهُ لا نَبِيَّ بَعْدِي

 Оё розӣ нестӣ, ки ҷойгоҳи ту барои ман ҳамонанди ҷойгоҳи Ҳорун барои Мӯсо(вазиру ҷонишин) бошад, бо ин фарқ ки баъди ман пайғамбаре нахоҳад буд.1

Дар ин ҳадиси нуронӣ Расули Худо(с) ҳазрати Ҳорун набӣ(а)-ро, ки вазир ва ҷонишини бародараш ҳазрати Мӯсо(а) буд, мавриди муқоиса бо ҷонишини хӯдаш ҳазрати Алӣ(рз)қарор медиҳад. Ҳазрати Ҳоруни набӣ(а), ки бартарину донотарину одилтарини мардӯм дар миёни қавм ва уммати ҳазрати Мӯсо(а) буд, дар набудани ҳазрати Мӯсо(а) вазифаи раҳбарии қавмро бар ӯҳда дошт ва анҷом медод. Итоати ҳазрати Ҳорун набӣ(а) барои қавми Мӯсо(а) як амри фарзу воҷибе буд ва Худованди карим бо вазиру ҷонишин қарор додани ҳазрати Ҳорун(а), пӯшти ҳазрати Мӯсо(а)-ро қавию маҳкам намуд ва шариъаташро бардавом сохт. Расули Худо(с) дар ин муқоиса ва татбиқи ҳакимона ҳазрати Алӣ(рз)-ро дорои тамоми шароиту вазоифи ҳазрати Ҳоруни пайғамбар(а) дониста ва танҳо вазифаи пайғамбариро аз ҳазрати Алӣ(рз) нафй ва рад мекунад. Ногӯфта намонад, ки ин татбиқу муқоисаи зебои ҷонишини ҳазрати Алӣ(рз) бо ҳазрати Ҳоруни пайғамбар(а) аз сӯи Расули Акрам(с), ки навъе таъйиди қуръонӣ ҳам маҳсуб мешавад.

Дар ҳадиси мутавотири дигаре Расули Акрам(с) дар бораи раҳбарӣ ва сарпарасти ҳамаи мӯъминон мефармоянд:

إنَّ عليَّا منِّي وأنا منْهُ وَهوَ وليُّ كلِّ مؤمنٍ بعدي

 Ба ростӣ Алӣ аз ман аст ва ман аз Ӯ ҳастам ва Ӯ баъд аз ман сарпарасти ҳамаи мӯъминон аст.2

Дар ин ривояти саҳеҳи мутавотир Пайғамбари Акрам(с) ҳазрати Алӣ(рз)-ро наздиктарин шахс аз назари илму амал ва насабу тавоноии бо хӯдаш дониста аст. То ин ки дар зеҳну фикри касе нагӯзарад, ки ҳазрати Алӣ(рз) бо илму амал ва ҳадафу вазифаи ҳасоси Пайғамбари Акрам(с) ошноӣ надорад ва шогирдиашро ҳам накарда асту мавриди таъйиди он ҳазрат нест. Балки тибқи тавсифи ҳакимонаи Расули Худо(с) ҳазрати Алӣ(рз) наздиктарин кас аз назари илму асрори нубувват ба ҳазрат(с) ва ҳамчунин шогирди фаъол, итоатпазиру тавоно ва мавриди қабули Пайғамбари Худо(с) буда аст, ки ба ин далел ин амонат ва вазифаи мӯҳими хӯдашро, ки ҳидояту сарпарастии уммат аст, ба он вогӯзор мекунад. Аз тарафе ҳам бар касе пӯшида нест, ки Пайғамбари Худо(с) ҳеҷвақт интихоб ва кори беҳуда ва нодурусте намекунад, балки тамоми қавлу феълаш мавриди таъйиди ваҳй ва зери роҳнамоии Худованди карим қарор дорад. Тибқи ин бовари қуръонӣ, интихоби ҷонишинони Расули Худо(с) ҳам монанди интихоби хӯди Расули Худо(с) аст, чунки онҳо вазифаи ҳифзу сарпарастии дини Худованди каримро бар ӯҳда доранд ва интихоби онҳо низ бар ӯҳдаи соҳиби дин, яъне Худованди карим мебошад на башари олӯдаи ба ҷаҳлу гӯноҳ, ки ҳамаро баъд бечора кунанд.

1 — Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 2404

2 — Саҳеҳи Термизӣ, ҳадиси 3712

Охирин матолиб

Осор ва баракатҳои таваллӯди Пайғамбар(с)

Нузӯли раҳмати Илоҳӣ бар башар Таваллӯди раҳмат; ин вилодати бузӯрг, таваллуди бартарин намунаҳои раҳмати Илоҳӣ бар башарият буд, чун вуҷӯди он бузӯргвор ва ирсоли ин...

Хутбаи оташини Имом Ҳусейн(рз) дар Карбало

Хутбаи оташини Имом Ҳусайн(рз) ба лашкари Язид Матни хутбаи аввал: أَيُّهَا النَّاسُ اسْمَعُوا قَوْلِي وَ لَا تَعْجَلُوا حَتَّى أَعِظَكُمْ بِمَا يَحِقُّ لَكُمْ عَلَيَّ وَ حَتَّى...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *