Ҳуқуқи ҳамсоя дар гуфтору рафтори Пайғамбар(С)

  Пас аз хонавода, ки хурдтарин ва асоситарин иҷтимои инсонҳо ба шумор меояд, афроде, ки дар як маҳал гирди ҳам меоянд ва бо якдигар ҳамсоя мешаванд, бо ваҳдат ва робитаи отифӣ метавонанд зомини истеҳкому устувории иҷтимои хеш бошанд.
  Дар ояти 36 аз сураи Нисо, Худо-ванд аз инсони мусалмон ва бандаи боихлоси худ ме-хоҳад, ки пас аз итоат ва ибодати ӯ, ҳаққи бандагони дигар ва одоби муоширатро риоят кунад. Дар воқеъ, мутобиқи ин оят, Худованд нисбат ба ҳаққи хеш ва ҳуқуқи инсонҳо даҳ фармони бисёр муҳим содир намудааст, ки махсусан банди шашум ва ҳафтуми он, дар бораи ҳамсояҳои дуру наздик аст. Аввал ин ки риояти ҳуқуқи онон фармони воҷиби илоҳӣ аст  ва дигар ин ки ин фармон, дар канори парастиши Худовад ва шарик наварзидан ба ӯ, омадааст.
  Паёбари Акрам (с) ба муслимин тавсия намудаанд: «Агар хостори он ҳастед, ки парвардигор ва фиристодааш шуморо дӯст бидоранд, вақте амонате ба шумо супурданд онро адо кунед ва дар гуфтор садоқатро дар назар дошта бошед ва бо ҳамсоягони худ ба некӣ рафтор кунед.»
   Расули Акрам (с) дар бораи ҳадди ҳамсоягӣ фармудаанд: «То чиҳил хона аз рӯ ба рӯ, пушти сар, тарафи рост самти чап, ҳамсоя ҳисоб мешавад». Ва низ аз Расули Акрам (с) дар бораи ҳадди ҳамсоягӣ савол шуд, фармуданд: «Ҳадди ҳамсоягӣ чиҳил хона аст.»
   Расули Худо (с) ба ҳазрати Алӣ (а) ва Абӯзар (р) фармуданд, ки дар масҷид фарёд бизананд: «Имон надорад касе, ки ҳамсояи ӯ аз шарраш дар амон нест.» Пас се бор ин матлабро гуфтанд. Баъд аз он бо дасти худ ишора фармуданд, то чиҳил хона аз пасу пеш ва росту чап.
   Агар мардум ин тавсияҳоро риоят кунанд ва вазифаҳои хешро дар бораи ҳамсоягон то чиҳил хона анҷом диҳанд, ба далели рафторҳои писандида нисбат ба ҳамдигар, аз зиндагии ором бархӯрдор хоҳанд шуд ва ин чиз ба рушди фарҳангӣ, беҳбуди вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии онон асари худро хоҳад бахшид. Ва афроди бисёре қодир хоҳанд шуд душвориҳоро пушти сар ниҳанд ё дар ҳангоми гирифториҳо, ба ёрии ҳам биштобанд ва аз мушкилоти зиндагии якдигар, гиреҳгушоӣ кунанд.
Аввал ҳамсоя, баъд хона
Яке аз падидаҳое, ки дар равобити ҳамсоягон дахолат дорад ва метавонад бар муносибатҳои онон таъсир гузорад, маҳалли сукунат аст. Дидгоҳи исломӣ, дар ин бора таъкид мекунад, ки ҳамсояҳо, дар оромишу осоиши аҳли хона дахолат доранд ва ҳатто метавонанд барои рушди отифӣ, ахлоқӣ ва фикрии фарзандону падару модарон таъсир  гузоранд. Аз ин ҷиҳат, қабл аз интихоби хонае дар ҳар маҳаллае, лозим аст вазъияти ҳамсоягон ва манзили мавриди назар, баррасӣ шавад ва аз солеҳ будани афроде, ки мехоҳем дар канорашон зиндагӣ кунем, хотирҷамъӣ ҳосил намоем. Расули Акрам (с) ба пайравони оини Ислом мефармоянд: «Қабл аз хариди хона, дар бораи ҳамсоя таҳқиқ кунед».
Расули худо (с) дар баёни нуроние фармудаанд: «Вақте ду нафар туро дар як замон даъват карданд, даъвати касеро, ки хонааш наздиктар аст, бипазир. Зеро касе, ки манзилаш дар наздикии хонаат қарор дорад,  дар ҳамсоягӣ муқаддам аст».
Нигоҳ доштани ҳурмати ҳамсоя ва таваҷҷӯҳ доштан ба арзишҳои инсонии вай, вазифаи ахлоқӣ ва виҷдонии  ҳамсягон аст. Паёмбари Акрам (с) чунин фармуданд:
«Ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, бояд ҳамсояашро ҳурмат кунад ва икром намояд».
Некӣ ба ҳамсоя
Аз чизҳое, ки Паёмбари Акрам (с) дар суханони худ зиёд ва дар ҷойҳои гуногун бисёр таъкид кардаанд ин аст, ки:
«Агар хостори он ҳастед, ки Парвардигор ва фиристодааш шуморо дӯст бидоранд… бо ҳамсоягон ба некӣ рафтор кунед».
    Расули Худо (с) чаҳор чизро сабаби зиёдии ризқу рӯзӣ донистаанд: хушхулқӣ, хушрафторӣ бо ҳамсоягон, парҳез аз озори мардум ва беқарорӣ накардан ҳангоми мушкилоти андӯҳовари рӯзгор. Ва низ аз он ҳазрат ривоят шуда аст, ки:
«Раҳмати илоҳӣ бар фарзанде бод, ки волидайни худро дар некӣ ёрӣ кунад ва раҳмат бар падаре, ки фарзанди хешро дар некӣ кумак кунад ва бар ҳамсояе, ки дар корҳои хуб, ёри ҳамсояи худ бошад.»
Ҷаъфар ибни Абӯтолиб, ки ҳам-роҳи иддае аз асҳоби Расули Акрам (с) ба сарзамини Ҳабаша муҳоҷират намуда буд -то аз як сӯй ба таблиғоти динӣ пардохта ва аз тарафи дигар барои муддате аз фишорҳои мушрикони Макка дар амон бошанд- ба унвони сухангӯ ва сарпарасти ин ҷамъ дар баробари подшоҳи Ҳабаша, бе ҳеҷ гуна нигаронӣ гуфт:
«Ман ончиро аз Расули Худо шунидаам бе каму кост хоҳам гуфт». Наҷошӣ ба вай гуфт:
«Чаро аз оини ниёгони худ даст бардошта ва ба оини ҷадид, ки на бо дини мо ва на бо дини аҷдоди шумо ҳамоҳангӣ дорад, гаравидаед?
 Ӯ дар посух гуфт:
«Мо гурӯҳи нодон ва бутпараст будем. Аз мурдор (гӯшти ҳайвони мурда) парҳез намекардем. Пайваста гирди корҳои хилоф ва мункар будем. Ҳамсоя, назди мо аз ҳар гуна эҳтироме маҳрум буд. Заиф, маҳкуми зӯрмандон гашта буд. Бар хешовандони худ ба ҷанг бархоста будем. Рӯзгоре ингуна будем, то ин ки як нафар аз миёни мо, ки собиқаи дурахшоне дар покӣ ва дурустӣ дошт, бархост ва ба фармони Худованд, моро ба тавҳид фаро хонд ва дастур дод дар амонат кӯшида, аз нопокиҳо парҳез кунем ва бо хешовандон ва ҳамсоягон хушрафторӣ кунем.»
Таваҷҷӯҳ ба мавзӯи «ҳамсоя» дар гуфтугӯи муҳим бо подшоҳи ғайри мусалмон аз сӯи сафири Расули Худо (с), ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Зеро Ҷаъфар, дар баён кардани вазъу аҳволи даврони ҷоҳилият ва барномаҳои ислоҳии Паёмбар, бояд ба чизҳои муҳим ишора мекард ва чун, вақти гуфтани тамоми мавзӯъҳо набуд, бояд чизҳои зебанда ва мавзӯоти муҳимтарро матраҳ менамуд, ки мавзӯъи ҳамсоя дар дастури кораш қарор гирифт.
Аз Расули Акрам (с) пурсиданд:
«Оё дар пулу моли инсон ғайр аз чизҳои воҷиб мисли закот ва монанди он, ҳаққе вуҷуд дорад?». Фармуданд:
«Оре, некӣ ба хешовандоне, ки қаҳр кардаанд ва пайванд бо ҳамсояи мусалмон.»
Ҳазрат афзуданд:
«Ончунон Ҷабраил дар бораи ҳамсоя бар ман суфориш намуд, то онҷо ки гумон кардам ҳамсоя, метавонад аз ҳамсояи худ ирс бибарад».
Озор нарасонидан ба ҳамсоя ва некӣ намудан ба ӯ, ба ин маъно аст, ки дар эҷоди оромишу осоиш барои ӯ ва аҳли хонааш дилсӯзӣ кунем, дар ҳадди тавонамон душвориҳоро аз сари роҳаш бардорем, тамаъ ба амволаш надошта ва бар асоси сафою самимият, бо ӯ иртибот барқарор кунем. Ин талоши ахлоқӣ ва рафтори инсонӣ, дар зиндагии дунёии мо таъсири бисёр-бисёр хуберо мегузорад ва сабаби афзоиши умед ба зиндагӣ, раҳоӣ аз ошуфтагиҳои асабӣ шуда, сабаби бартараф шудани ниёзҳо ва ширкат дар ободонии маҳалла мешавад ва ин гуна ҳамбастагии иҷтимоӣ, сабаби афзоиши неъматҳо ва афзоиши баракот, ҷалби эътимоди ҳамсоягон нисбати якдигар хоҳад шуд.
Албата хушрафторӣ бо ҳамсоягон набояд бо миннатгузорӣ ҳамроҳ бошад, балки бояд бидонем, ки ҳамсоягон ба хубӣ дар бораи рафторҳоямон қазоват хоҳанд кард. Чунончӣ Расули Акрам (с) фармудаанд:        
«Агар ҳамсоягонат туро некӯкор донистанд, пас ту некӯкорӣ ва дар ғайри ин сурат, бадкорӣ!».   

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...

Тарҷумаи СУРАИ НИСО

СУРАИ НИСО Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 176 оят дорад.   Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Зоте, ки...