Ҳокимияти Худо бар рӯйи замин

Дини Ислом дине аст, ки аз ҳамон ибтидо ба ақл ва пазириши ақлонӣ аҳамият фаровоне қоил шуда аст

ва бар асоси асли муштараки миёни инсонҳо ва фитрати салими онон иқдом ба даъват менамуд. Иллати пазириши ин дини осмони ҳам ҳамин хислати инсониаш аст, ки инсонҳо бо майлу рағбати қалбӣ аз он истиқбол менамоянд ва рӯз то рӯз бар густариши он дар ҷаҳон афзуда мешавад. Набии мукаррами Ислом (с)дар солҳои аввали биъсати хеш бо эъломи ҷаҳонӣ будани даъвати дини мубини Ислом, иқдом ба фиристодани нома ба гушаву канори ҷаҳон намуданд то ҳамагонро бо ин дини осмонӣ, ки пайравӣ аз он сабаби саъодат ва саранҷоми нек аст, ошно кунанд.

Паёмбари Ислом (с) пас аз машварат бо асҳобу ёрони хеш дар яке аз рӯзҳои моҳи Муҳаррам дар соли ҳафтуми қамарӣ, барои шаш тан аз шоҳону зимомдорони машҳури ҷаҳон номае навишт ва ба василаи шаш тан аз ёрони худ барои онон ирсол намуд, ки иборатанд аз:

Нома ба Қайсари Рум.

Нома ба Шоҳаншоҳи Эрон.

Нома ба Мақуқис[1], зимомдори Искандария ва сарзамини Миср.

Нома ба Наҷошӣ, зимомдори Ҳабаша дар Африқо.

Нома ба ҳокими Ғасония[2], бахше аз аз сарзамини Шом, ки шомили Дамишқ, Ҷавалон ва Юрмук, ки имрӯза Урдун бар бахшҳое аз он ҳокимият дорад ва бахшҳои дигараш ҷузъи Сурия аст.

Нома ба Ямома, сарзамине миёни Наҷд ва Баҳрайн.

Алба бояд донист, ки ҳазрат номаҳои гуногунеро ба нигориш дароварда аст ва ин теъдоди зикршуда танҳо бахше аз он номаҳо аст.

Муваррихони исломӣ, то кунун теъдоди 316 номаи он ҳазратро гирдоварӣ намудаанд, ки ҳамаи онҳо барои даъват ба Худопарастӣ ва дурӣ аз ширку бутпарастӣ ва куфру зудудани хурофот ва ақоиди ботил аз зеҳни мардум буда аст.

Матни номаи Расули Худо (с) ба Қайсари Рум ба шарҳи зер аст:

بسم الله الرحمن الرحیم . من محمد بن عبدالله الى هرقل عظیم الروم . سلام على من اتبع الهدى . اما بعد، فانى ادعوك بدعایة الاسلام ، اسلم تسلم یؤ تك الله اجرك مرتین . فان تولیت فانما علیك اثم الاءریسین و یا اهل الكتاب تعالوا الى كلمة سواء بیننا و بینكم الا نعبد الا الله و لا نشرك به شیئا و لا یتخذ بعضنا بعضا اربابا من دون الله فان تولوا، فقولوا اشهدوا باءنا مسلمون محمد رسول الله .

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Аз Муҳаммад фарзанди Абдуллоҳ ба Ҳерқул, бузурги Рум

Дуруд бар пайравони ҳидоят

Ман туро ба оини Ислом даъват мекунам. Ислом овар то дар амон бошӣ, дар он сурат Худованд ба ту ду подош хоҳад дод.-подоши имон овардани худат ва подоши имон овардан мардуми кишварат-

Агар аз оини Ислом рӯй гардондӣ гуноҳи арисиён[3] низ бар уҳдаи туст.

“Эй аҳли китоб! Мо шуморо ба як асли муштарак даъват мекунем. Ғайри Худоро напарстем, касеро шарики Ӯ қарор надиҳем, баъзе аз мо дигаронро ба худоӣ напазирад”.

Худованд мефармояд: Ҳар гоҳ (эй Муҳаммад) онон аз оини ҳақ сар боз заданд. Бигӯ: гувоҳ бошед, ки мо мусулмонем.

Имзо: Муҳаммад Расулуллоҳ(с)[4]

Нуктаи муҳим дар ин нома ва дигар номаҳои Расули Худо (с) ин аст, ки бо инки кутоҳ ҳастанд вале бисёр расо ва пурмаъноанд ва бо сароҳати тамом ба муаррифӣ ва баёни чистии ин дини осмонӣ мепардозанд:

Парастиши Худои ягона

Озодии иҷтимоии инсонҳо ва эҳтиром ба ҳуқуқи афрод дар ҷомеъа

Ва дар поён бо тамоми қотеъият ва устуворӣ бо мухолифон, ҳокимияти Худо бар рӯйи замин (на ҳокимияти мардум бар якдигар) итмоми ҳуҷҷат мекунад.

Ҳокимияти Худо бар рӯйи замин ба ин маъно аст, ки дар тамоми меҳварҳои зиндагии мо бояд ҳокимияти Худо машҳуд бошад. Ҳамаи меҳварҳо аз кӯчактарин корҳо то бузургтарин ва ҳар кори резу дуруште, ки ба зеҳн биёяд, бояд барои Худо ва ба хотири Ӯ бошаду бас. Вақте инсон ба ин мартаба бирасад ба таъбири ривоят ақли ӯ комил мешавад.

Имом Ризо (рз) дар ҳадиси бисёр зебое мефармояд:

Ақли шахси мусулмон тамому комил нест магар инки даҳ хислатро дошта бошад:

Умеди хайру баракат аз ӯ бошад.

Аз бадии ӯ дар амон бошанд.

Хайри андаки дигаронро бисёр шуморад.

Хайри бисёри худро андак шуморад.

Ҳар чӣ ҳоҷат аз ӯ хоҳанд дилтанг нашавад.

Дар умри худ аз доништалабӣ хаста нашавад.

Фақр дар роҳи Худояш аз тавонгарӣ маҳбубтар бошад.

Хорӣ дар роҳи Худояш аз иззат бо душманаш маҳбубтар бошад.

Гумномиро аз маъруфшудан бештар биписандад.

Ба касе нигоҳ накунад магар инки бигӯяд: ӯ аз ман беҳтар ва парҳезкортар аст.

Ва инҳо замоне ба даст меояд, ки ҳама чиз барои Худо бошад.[5]

                                                                                                                                                                               Сироҷ

Ёсин

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...