ҲАҚИҚАТИ ЗУҲД(1)

 

  Зӯҳд яке аз мафҳумҳое аст, ки маънояш дар байни мо ба таври комил дигаргун шудааст. Калимаи зӯҳд дар луғат ба маънои бемайлӣ ва берағбатӣ мебошад. Аммо маънои истилоҳӣ ва ахлоқии калимаи зӯҳд, ки уламо ба кор мебаранд (зоҳид) яъне инсон нисбат ба дунё ишқу муҳаббат надошта бошад, дар Қуръон наомадааст.  Вале дар каломи Паёмбар(с) ва пешвоёни уммат бисёр зикр шудааст. Аммо зоҳид, ба тавре ки дар ахбор ва суннат гуфта шудааст, ғайр аз он зоҳиде аст, ки имрӯза мо дар ҷомеа мешиносем.

Дуруст аст, ки шахси зоҳид ба кам доштан қаноат мекунад, аммо ҳар шахси қаноаткунандае зоҳид намебошад. Ислом тарафдори ду навъ қудрат мебошад: қудрати иқтисодӣ ва қудрати рӯҳӣ. Зӯҳду зоҳидӣ ҳам яке аз қисмҳои ҳамин қудрати рӯҳӣ мебошад ва маънои он ворастагӣ аз дунё аст. Молу сарват, мақому мансаб агар аз роҳе, ки шариат розӣ аст, ба даст оварда шавад ва дар роҳи як ҳадафи муқаддас ба кор равад бо зӯҳду зоҳидӣ ҳеҷ зиддият ва мухолифате надорад, балки мавриди супориши Ислом ҳам мебошад. Барои исботи ин иддао ки аз маънои зӯҳд шуд, саргузашти имом Содиқ(а)-ро зикр мекунем.

Имом Содиқ(а) ба зоҳидҳои нодони замони худаш, ки ба тарзи либоспушии зоҳирӣ ва ороста будани ӯ эътироз ва мухолифат доштанд, фармуд: «Агар матлаб он тавре ҳаст, ки шумо мегӯед пас чаро Юсуфи Сиддиқ(а), вақте ки аз зиндон озод мешавад бузургтарин мақомҳо (вазорати иқтисодӣ)-ро мехоҳад ва мегӯяд:

اِجعَلنِی عَلی خَزَائِنِ الأرضِ إِنِّی حَفِیظٌَ عَلِیمٌ

«Дар ин сурат маро ба хазонадории мамлакат  мансуб дор, ки ман дар нигоҳдории хазина ва масрафи он нигаҳбон ва доно ҳастам».

Қуръони Карим ҳам ин корро бар ӯ айб нагирифт ва ӯро дунёпараст низ эълон накард.

Иллати ин кори ҳазрати Юсуф(а) ба хотири ин мебошад, ки ӯ молу мақомро барои ҳадафҳои маънавӣ (яъне хидмат дар роҳи Худо) мехост. Масъалаи мақому мансаб он қадар муҳим аст, ки дар як ҳолати оддӣ қабул кардани мақому мансаб аз тарафи афроди золим, ҳароми бузурге мебошад, аммо агар ҳадаф аз қабул кардани он наҷоти ҷони мусулмонон бошад, на танҳо ҳаром нест, балки ба фатвои баъзе аз уламо мустаҳаб ва ба фатвои баъзеҳо воҷиб мебошад. Касби молу сарват ҳам монанди масъалаи мақому мансаб мебошад. Яъне ба ҳадаф ва мақсади афрод вобастааст.

Ҳазрати Алӣ(к) мақсади Ислом аз зӯҳду зоҳидиро ин тавр баён мефармоянд:  » ألزُّهدُ کُلُّهُ بَینَ کَلِمَتَینِ مِنَ القُرآن لِکَیلا تأسوا علی ما فاتکم و لا تفرحوا بما آتاکم»

«Маънои зӯҳд байни ду каломе аз Қуръон қарор гирифтааст: ба он чи ки аз дасти шумо рафтааст андуҳгин нашавед ва ончи ба шумо дода шуд шодмонӣ накунед».

Зӯҳд яъне аз назари рӯҳӣ ба мақоме расидан аст, ки агар тамоми дунёро аз шумо бигиранд, рӯҳатон шикаст нахӯрад ва агар тамоми дунёро ба шумо бидиҳанд, шод ва асири он нашавед. Аммо бар хилофи ин омӯзаҳои Ислом мебинем, ки зоҳидҳои мо ҳам заъфи рӯҳӣ доранд  ва ҳам заъфи иқтисодӣ. Инҳо зоҳидоне ҳастанд, ки ҳамеша аз қудрати иқтисодӣ дӯрӣ мекунанд. Ва чун пулу сарват надоштанд ҳамеша дасти гадоӣ пеши дигарон дароз кардаанд. Аз ноҳияи рӯҳӣ ҳам заиф мебошанд, зеро агар рӯзе дунё ба онҳо рӯй оварад, ихтиёр аз дасташон берун рафта ва фосид мешаванд.

Зоҳидҳои мо ҳам монанди ҳамон касоне ҳастанд, ки ба имом Содиқ(а) эътироз карданд, зеро фалсафаи зӯҳди ҳазрати Алӣ(к)-ро намедонанд. Алӣ(к) марде буд, ки бештар аз ҳар кас вориди иҷтимоъ мешуд ва истеҳсоли сарват мекард. Ва тақрибан ҳамаи корҳои истеҳсолии он замон монанди зироат, тиҷорат, кандани чоҳи об, сарбозӣ ва дарахткориро анҷом медод. Аммо дар айни ҳол чизе барои худ ҷамъ намекард. Ҳатто аз ҳаққи сад дар сад шаръии худаш ҳам истифода намекард. Ва ҳозир набуд бо шиками сер бихобад, зеро дарди инсоният дошт ва мефармуд:

«لَعَلَّ بِالحِجازِ أَو الیَمامة مِن لا طَمَعَ لَهُ فِی القُرص «

» Шояд дар Ҳиҷоз ё Ямома касе бошад, ки ба қурси ноне ниёзманд аст».

Идома дорад.

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...